Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


СИЁСАТИ НАРХГУЗОРИИ КОРХОНА

Дар таҷриба намудҳои гуногуни стратегияҳои нархгузорӣ мавҷуданд: стратегияи нархҳои гарон, стратегияи нархҳои арзон ё стратегияи дохилшавӣ ба бозор, стратегияи нархҳои гуногун, стратегияи нархҳои имтиёзӣ барои муштариёне пешбинӣ шудаанд, ки ширкат ба онҳо ҳавасманд буда, молҳоро бон архи имтиёзӣ пешкаш мекунадДарси якум: Стратегияи нархгузории корхона
Дар таҷриба намудҳои гуногуни стратегияҳои нархгузорӣ мавҷуданд: стратегияи нархҳои гарон, стратегияи нархҳои арзон ё стратегияи дохилшавӣ ба бозор, стратегияи нархҳои гуногун, стратегияи нархҳои имтиёзӣ барои муштариёне пешбинӣ шудаанд, ки ширкат ба онҳо ҳавасманд буда, молҳоро бон архи имтиёзӣ пешкаш мекунад, стратегияи нархҳои чандирӣ, стратегияи нархҳои устувор, намунавии тағирёбанда, стратегияи нархҳои ғайрияклухт, ки дар ин ҳолат харидор молро ба $ 100, балки ба $99,99 мехарад, стратегияи нархҳои хариди оммавӣ, стратегияи нархҳои алоқаи мустаҳками сатҳи нарх бо сифати мол ва ғайра.
Чунин муносибат барои он зарур аст, ки нархи бозорӣ ба маҳсулоти шабеҳ хароҷоти ҷамъиятии миёнаи фоидаи ин молҳоро ифода менамояд. Меъёри миёнаи фоида тавасути гуногун будани корхонаҳо дар боздеҳии фондҳо, ғунҷоиши фондҳо, сохти техникии сармоя барои ҳар як гурӯҳи мол ва ҳар як соҳа фарқкунанда аст. Аз ин бар меояд, ки корхонаҳое, ки дар онҳо хароҷоти истеҳсолот нисбат ба хароҷоти ҷамъиятӣ баробар ё камтар бошад, фоида ба даст меоранд, аммо агар зиёд дода, дар охир муфлис мегарданд. Ин бар он далолат мекунад, ки андозаи хароҷоти истеҳсолот барои корхона ҳадди ақаллии сатҳи нархи гузошташаванда буда, аз ин сатҳ поён фурӯхтани маҳсулот барзарар мебошад.
Ҳадди болоии нархи гузошташаванда нархи бозорӣ мебошад, ки аз як тараф зери таъсири талабот ва пешниҳод, аз тарафи дигар – вобаста ба рақибони истеҳсолкунандаи маҳсулоти шабеҳ ҳосил мешавад.
Ҳангоми ҳисоби нархи имконпазир истифодаи усулҳои зерин тавсия карда мешаванд;
Ҳисоби нарх тавассути усули «хароҷоти миёна ҷамъ фоида». Асоси ҳисоб хароҷоти миёнаи истеҳсолӣ «ҷамъи нархи иловагӣ» мебошад. Нархи иловагӣ дар ҳудуди васеъ вобаста аз намуди мол тағир меёбад. Масалан, дар ИМА нархҳои иловагӣ барои маҳсулоти тамоку – 20%, камераҳои аксбардорӣ – 28%, китобҳ-34%, куртаҳои иловагии на он қадар зиёд ба қаҳва, маҳсулоти ширӣ ва шакари консервкардашуда, ба қадри кофӣ зиёдтар ба маҳсулоти хунуккардашуда, яхнӣ (желе) нархҳои иловагӣ 13-53%-ро ташкил медиҳанд.
Ин фарқ аз ҳаҷми фурӯш, суръати гардиши захираҳои молӣ ва ғайра вобаста аст. Қобили қайд аст, ки ҳангоми гузоштани нархи иловагӣ бояд хусусиятҳои ҷории талабот ва рақобат ба назар гирифта шаванд. Дар ҳолати мазкур корхона ба гузоштани нархе мекӯшад, ки онро бо андозаи фоидаи хостааш, ки аз ҳаҷми фурӯш вобаста аст, таъмин намояд. дар навбати худ ҳаҷми фурӯш ҳосили зарб аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо шарти мавҷуд будани талабот ба он аз имкониятҳои истеҳсолот (мавҷудияти таҷҳизоти зарурии истеҳсолӣ, мутахассисон, захираҳои моддӣ ва пулӣ) вобаста аст. Маҷмӯи омилҳои номбаршуда дар сиёсати нархгузории корхонаи муайян ифода ёфта метавонанд. Онҳо ҳамчунин дар ҷадвали безарарии тасвиршуда инъикос ёфтаанд:
Азбаски барои молҳои талаботи халқ талаботи чандирӣ, талаботе, ки ҳангоми каме зиёд шудани нархи мол ба камшавии маблағи фурӯши маҳсулот оварда мерасонад, хос аст, дар корхонаҳо гузаронидани таҳлили вобастагии байни нарх ва ҳаҷми фурӯш тавсия карда мешавад, ки ба муносибати гуногун ҳангоми гузоштани нарх ба молҳои гуногун имкон медиҳад.
Ҳалли масъалаи зерин тавассути муқаррар кардани сатҳи нархи саҳеҳ бо эътибори талабот имконпазир аст. Барои комёб шудан дар таҷрибаи иқтисодӣ усулҳои таҳлили риёзӣ истифода бурда мешаванд, ки онҳо ба қисм – қисм ва аниқ тадқиқ намудани қонунияти тағирёбии нархи мол вобаста аз як қатор омилҳои муҳиме, ки ба вазъи бозор таъсир мерасонанд, имкон медиҳанд. Ҳалли муаммои мазкурро дар мисоли яке аз омилҳо – ҳаҷми фурӯш дида мебароем. Ҳисоби нарх дар асоси таҳлили хароҷоти истеҳсолӣ ва баҳодиҳии талаботи бозорӣ гузаронида шудааст.
Дарси дуюм: Усулхои муайян намудани нарх. Нархи ратсионалӣ
Ҳамин тавр бо мақсади муайян кардани ҳаҷми фурӯши яке аз навъҳои курта дар минтақа дар мағозаҳо бо 200 нафар пурсиш гузаронида шуд. Дар давоми пурсиш муайян шуд, ки харидорон ҳамин навъи куртаро бо нархҳои гуногун ба даст овардан мехоҳанд.
Бо эътибори ҳаҷми қисмати бозор, ки ин мол ҷойгир аст (миқдори умумии муайяни муштариёни ин мол), фоизи муайяншудаи ҳаҷми фурӯши маҳсулоти мазкур бо сатҳи гуногун нарх дар ҳаҷми умумии фурӯши курта дар қисмати мазкури бозор вобастагии ҳаҷми фурӯш аз сатҳи нархи фурӯш муайян карда шуд.
Нархи фурӯш, сомонӣ. 1800 2100 2400 2700 3000 3300 3600 3900
Ҳаҷми фурӯш ҳазор дона. 215 17 151 126 94 63 28 4
Азбаски ба нархи фурӯш андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва иловапулии ташкилотҳои саводкунанда, ки фоидаи корхонаро ташкил намедиҳанд, дохил мешаванд, нархи фурӯшро бо мақсади муайян намудани нархи фурӯши озод, ки барои ҳисоби фоида истифода бурда мешавад, тасҳеҳ намудан лозим аст.
Дар ҳолате, ки агар ААИ 21,88% аз нархи фурӯш ва андозаи миёнаи иловапулии ташкилотҳои савдокунанда (бо эътибори ААИ) – 20%-ро аз сатҳи нархи фурӯш ташкил диҳанд, он гоҳ нархи фурӯши озод чунин муайян карда мешаванд:
Ц=Ц р/1,2888*1,2 = Ц р/1,4626, (12.1)
ки дар ин ҷо, Ц – нархи фурӯши озод, сомонӣ; Цр – нархи фурӯш, сомонӣ;
Дар асоси ин вобастагӣ ададҳои маълуми заминавиро барои тартиб додани ҷадвали талаботи чандирии нархӣ муайян намудан мумкин аст:

Нархи фурӯши озод (Ц) сомонӣ. 1231 1436 1641 1846 2051 2256 2461 2665
Ҳаҷмифурӯш ҳазор дона 215 179 151 126 94 63 28 3

Вобастагии байни ҳаҷми фурӯш ва нархи воҳиди маҳсулотро тавассути муодилаи регрессиявӣ, чун V = f (Ц) ифода кардан мумкин аст. Одатан ин вобастагӣ чунин намуд дорад:
V= a + bЦ (12.2)
Мафҳуми ададии коэффисентҳои а ва ӣ – ро тавассути усули квадратҳои хурдтарин бо истифодаи маълумотҳои санҷишии (экспертӣ) ҳаҷми фурӯш муайян мекунем: а=394000, b= -1468
Мафҳуми а ва b – ро ба муодила мегузорем: V = 394000 – 1468 Ц Муаммои дигаре, ки онро ҳангоми муқаррар кардани сатҳи нарх ҳал кардан лозим аст – муайян намудани хароҷот ба истеҳсоли мол мебошад. Азбаски хароҷот ба истеҳсоли маҳсулот аз хароҷоти доимӣ ва тағирёбанда иборат аст, вобастагии машҳури муайянии арзиши аслии маҳсулотро дар намуди муодилаи зерин истифода кардан мумкин аст:
С= П + С п V (12.3)
ки дар ин ҷо С – арзиши аслии ҳаҷми солонаи барориши маҳсулот, сомонӣ; П – хароҷоти доимӣ бо ҳисоби ҳаҷми барориши ҳаҷми солонаи барориши маҳсулот, сомонӣ; V – ҳаҷми солнаи барориши маҳсулоти банақшагирифташаванда, дона; Сп – хароҷоти тағирёбанда барои барориши воҳиди маҳсулот, сомонӣ.
Ҳангоми шартан қабул кардани он, ки тамоми маҳсулоти баровардашуда дар бозор фурӯхта мешавад, он гоҳ ҳаҷми истеҳсоли он ба ҳаҷми фурӯши он баробар мешавад: С = П + СпV = П + Сп (а+bЦ)
Таҳлили хароҷоти истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот ба муайян кардани хароҷоти доимӣ ва тағирёбандаи истеҳсоли маҳсулот имкон медиҳад. Ду вобастагиҳои ҳосилшудаи функсионалии ҳаҷми фурӯш нисбати нарх ва хароҷоти истеҳсолот аз нарх ба муқаррар кардани нархи саҳеҳ, яъне он сатҳи нархе, имкон медиҳад, ки дар он фоидаи максималӣ ба даст оварда мешавад, чунонки фоида ҳамчун фарқи маблағи фурӯши маҳсулот ва хориҷоти истеҳсолот С ифода карда мешавад: Bp = ЦV =Ц(a+bЦ) = aЦ +bЦ^2; Пр = Вр – С
Барои муайян намудани сатҳи нархе, ки дар он фоидаи максималӣ ба даст меояд, вобастагии байни андозаи фоида ва сатҳи нархро бо истифодаи формулаҳои С = П + СпV = П + Сп (а+bЦ) ва Пр = Вр – С –ро ҳосил мекунем:
Пр = Вр – С = (а*Ц+ӣ*Ц^2)- ҳП + Сп (а+ӣЦ)=
а*Ц+ӣ*Ц^2-П-Сп*а – Сп*ӣ*Ц = -(П+аСп)+Ц(а-ӣСп)+ӣЦ^2
Ҳосилаи муодилаи якумро ҳисоб намуда, онро ба сифр баробар мекунем ва экстремуми функсияро меёбем:Пр = (а-bCп)+2bЦ =0; Ц2=-(а+bСп)/2b Мафҳумҳои нархии аз муодилаи Bp = ЦV =Ц(a+bЦ) = aЦ +bЦ^2; Пр = Вр – С ва Пр = Вр – С = (а*Ц+ӣ*Ц^2)- ҳП + Сп (а+ӣЦ)=
а*Ц+ӣ*Ц^2-П-Сп*а – Сп*ӣ*Ц = -(П+аСп)+Ц(а-ӣСп)+ӣЦ^2 гузошта ҳаҷми истеҳсолот, маблағи фурӯш, арзиши аслӣ ва сатҳи фоидаи корхонаро ҳангоми тадбиқи стратегияи ба даст овардани фоидаи максималӣ ва истеҳсолот ва фурӯши моли мазкур муайян мекунем.
V= a+bЦ2=а-(а-Спb)/2=(а+Cпb)/2; С2 = П +Сп; Вр2=VЦ2=(Спb-a^2)/4b;
Пр2 = -(П+Спа+Ц(а-Спb)+bЦ^2=-(П+Спа)-(а-Спb^2)/4
ки дар ин ҷо: V2 – ҳаҷми истеҳсолот ҳангоми фоидаи максималӣ; Ц2 – нархи озод ҳангоми фоидаи максималӣ; С2 – арзиши аслии маҳсулот ҳангоми фоидаи максималӣ; Bp2 – маблағ аз фурӯш ҳангоми таъмини фоидаи максималӣ; Пр2 – андозаи фоидаи максималӣ;
Дарси сеюм. Машғулияти амалӣ доир ба мавзӯи « Сиёсати нархгузории корхона»
Масъалаи 1. Фирмаи савдоӣ молро бо нархи 170 воҳ.пулӣ барои як дона мехарад ва бо миқдори 200 дона ҳамин молро ҳар ҳафта бо нархи250 воҳиди пулӣ мефурӯшад.. шӯъбаи маркетингӣ азрӯи натиҷаҳои татқиқоти бозор тавсия медиҳад, ки як ҳафта нархро ба 10% арзон кунад.
Ҳисоб намоед, ки чанд дона фирма бояд маҳсулот фурӯшад, то ки фоидаи пештараро нигоҳ дорад.
Ҳалли масъала:
TR(1)=P1*Q1=250*200=50000
TC =170*200=34000
Pr(прибыль)=TR-TC=50000-34000=16000
P2=P1-(P1*0.1)=250-(0.1*250)=225
TR-TC=16000 225Q-170Q=16000
55Q=16000
Q2=291 дона
Хулоса: фирма бояд, ки 291 дона маҳсулотро фурӯшад, то ки фоидаи пештараро нигоҳ дорад.
Масъалаи 2. Корхона ду намуди махсулоро истеҳсол мекунад: – «В» и «Д». Хароҷотҳо барои истеҳсоли як донаи моли В 10 сомониро ташкил медиҳад.; ба истеҳсолоти моли Д – 20 сомони.
Фоида ва нархи ҳар яки молро муайян намоед, агар даромаднокии моли В -15%, ва моли Д. 20% ба арзиши аслии маҳсулот бошад.
Ҳалли масъала:
P(B)=TC+R=10+(10*0.15)=11,5 c
Pr(B)=R=10*0,15=1,5 c
P(Д)=TC+R=20+(20*0,2)=24 c
Pr(Д)=R=20*0,2=4 c

Масъалаи 3
Фирма молро бо нархи 30 ҳаз.сомони/тонна бо ҳачми истеҳсолот 1000тонна мефурӯшад. Пешниҳод оиди фурӯши 200тоннаи илова бо нархи 22ҳаз.сомони/тонна меояд. Мақсаднок будани пешниҳоди қабулшударо баҳо диҳед, агар хароҷотҳои мустақим 20 ҳаз.сом/тонна ва ҳосили харочотҳои ғайримустақим (условно=постоянные) – 5000ҳаз. сом ба тамоми ҳаҷми истеҳсолот ташкил диҳанд.
Дода шудааст:

Р1=30 сом/дона
Q1=1000тонн
Р2= 22 сом/дона
Q2=200тонна
AVC=20 сом/дона
FC=5000сом.
Ҳалли масъала:
TR1 = P1*Q1 = 30 * 1 000 = 30000 сомони.
TC1 = AVC*Q+FC = 20*1 000+5 000 = 25 000сомони.
Рr1 =TR1 – TC1 = 30 000 – 25 000 = 5 000 сомони.
TR2 = 30 * 1 000 + 22 * 200 = 34 400 сомони.
TC2 = AVC * Q + FC = ( (20*1 000)+(20*200))+5 000=29 000сомони.
Pr2 = 34 400 – 29 000 = 5 400 сомони
Pr = 5 400 – 5 000 = 400 сомони
Хулоса: ба фирма қабули пешниҳод мувофиқи мақсад аст, зеро ки фоидаи иловагиро яъне 400 сомониро ба даст меорад.
Масъалаи 4. Фирма дар нақша дорад, ки 1000 ҳаз. сомонӣ фоида гирад. Ҳаҷми истеҳсолотро муайян кунед, агар нархи мол 200 сомонӣ / дона, хароҷотҳои шартӣ – доимӣ 2000 ҳаз. сомонӣ, ва хароҷотҳои тағирёбанда 100 сомонӣ/донаро ташкил диҳанд.
Ҳалли масъала:
Pr = P*Q – (FC + AVC*Q) = 200Q – (2000 + 100Q) = -2000+100Q
1000=-2000+100Q
3000 = 100Q
Q=30
Хулоса: фирма бояд, ки 30 дона маҳсулотро истеҳсол намояд, то ки фоидаи даркориро ба даст биёрад.

Маводҳо барои санҷиши ҳафтаина доир ба мавзӯи «Сиёсати корхона оиди нарх»

Масъалаи 1
Фирма молро бо нархи 100 ҳаз.сомони/дона бо ҳачми истеҳсолот 10000 дона мефурӯшад. Пешниҳод оиди фурӯши 1000 донаи илова бо нархи 80 сомони/дона меояд. Мақсаднок будани пешниҳоди қабулшударо баҳо диҳед, агар хароҷотҳои мустақим 60 сом/тонна ва ҳосили харочотҳои ғайримустақим (условно=постоянные) – 200000 сом ба тамоми ҳаҷми истеҳсолот ташкил диҳанд.

Масъалаи 2
Корхона ду намуди махсулоро истеҳсол мекунад: – «В» и «Д». Хароҷотҳо барои истеҳсоли як донаи моли В 5 хаз. сомониро ташкил медиҳад.; ба истеҳсолоти моли Д – 2 ҳаз.сомони.
Фоида ва нархи ҳар яки молро муайян намоед, агар даромаднокии ҳар ду мол-. 20% ба арзиши аслии маҳсулот бошад.

Масъалаи 3
Фирмаи савдоӣ молро бо нархи 195 воҳ.пулӣ барои як дона мехарад ва бо миқдори 17000 дона ҳамин молро ҳар ҳафта бо нархи 235 воҳиди пулӣ мефурӯшад.. шӯъбаи маркетингӣ азрӯи натиҷаҳои татқиқоти бозор тавсия медиҳад, ки як ҳафта нархро ба 5% арзон кунад.
Ҳисоб намоед, ки чанд дона фирма бояд маҳсулот фурӯшад, то ки фоидаи пештараро нигоҳ дорад.

Масъалаи 4
Фирма дар нақша дорад, ки 2000 ҳаз. сомонӣ фоида гирад. Ҳаҷми истеҳсолотро муайян кунед, агар нархи мол 400 сомонӣ / дона , хароҷотҳои шартӣ – доимӣ 4000 ҳаз. сомонӣ, ва хароҷотҳои тағирёбанда 200 сомонӣ/донаро ташкил диҳанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.