Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Натиҷаҳои молиявӣ ва самаранокии фаъолияти хоҷагидории корхона

Дар зери мафҳуми самаранокии иқтисодии истеҳсолот муносибатҳои натиҷаҳои истеҳсолот (фоида) ва хароҷотхо ё истифодаи захираҳо, ки боиси ба даст овардани фоида мегардад, фахмида мешавад.Дарси 1 Мафҳуми фоидаи иқтисодӣ ва самаранокӣ

Моҳияти вазифаи баланд бардоштани самаранокӣ дар он аст, ки зиёдкунии масштаби истеҳсолот бо роҳи беҳтаркунии истифодабарии онҳо ба мақсад расад, яъне ки дигар хел карда гӯем, дар ҳар як донаи хароҷотҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявӣ боздеҳии аз пештара зиёдтар дида шавад.
Тағирёби истеҳсолот ба омилҳои интенсивии рушд маънои онро надорад, ки омилҳои экстенсивии тараққиёт пурра рад карда мешаванд.
Самаранокии ҷараёнхои дар иқтисодиёт ҷоришаванда бор охи муқоисакунии фоидаи истеҳсолӣ ва хароҷотхои истеҳсолӣ баҳо дода мешавад.
Фоидаи (самара) истеҳсолӣ – ин натиҷаи муайяне, ки дар давоми мӯхлати муайян ба даст оварда шудааст. Вайро ҳам аз ҷиҳати миқдорӣ ва ҳам ҷиҳати сифат баҳо додан мумкин аст. Умуман дар хоҷагидории миллат тавсифи миқдории самара дар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти ҷамъият ифода мегардад.
Барои баҳо додан ба самаранокӣ ҳаҷми фоидаи хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад.
Чӣ қадаре, ки даромади миллӣ зиёд бошад, ҳамон қадар имкониятҳо барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ васеъ аст, зиёд кардани масштаби такрористеҳсолии васеъкардашуда мебошад
Инчунин ҳангоми баҳодиҳии фаъолияти соҳахои саноат, иттиҳодияҳо, корхонаҳо саҳми онҳоро барои ташкили даромади миллӣ муайян кардан зарур аст. Барои муайян кардани дараҷаи иштироки онҳо ба ташкили даромади миллӣ, дар таҷриба нишондиҳандаҳои маҳсулоти соф ва фоидаро истифода мебаранд.
Маҳсулоти соф ба ҳаҷми маҳсулоти молӣ, ки аз он хароҷотхои моддӣ тарҳ карда шудаанд, мувофиқ меояд. Бо дигар суханҳо, ба таркиби он музди меҳнат, хориҷнависиҳо барои эҳтиёҷот иҷтимоӣ ва фоида дохил мешавад. Чӣ хел, ки маълум аст, ин нишондиҳанда ба нишондихандаи даромади миллӣ наздик аст.
Инчунин қайд кардан зарур аст, ки ин унсурҳои маҳсулоти соф, ба монанди музди меҳнат ва хориҷнависиҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, дар ташкилоти ҳисоби хоҷагӣ на ҳамчун даромад, балки ҳамчун қисми хароҷотҳо барои истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот баромад мекунад. Барои ҳамин барои гирифтани тафсифи сифатии самараи фоъолияти истеҳсолӣ – хоҷагидории ташкилотҳои ҳисоби хоҷагӣ истифодаи нишондиҳандаи фоида, ки яке аз шакли пулии ифодаёбии арзиши иловашудаи маҳсулот аст, мувофиқи мақсад мебошад
Ҳамин тавр, самараи истеҳсолоти саноатӣ, ҳамчун ҷараёни ташкили неъматҳои моддӣ дар ифодаи миқдорӣ бо воситаи нишондиҳандаҳои маҳсулоти моли фурӯхташуда ва дар ифодаи сифатӣ бошад бо ҳаҷми маҳсулоти соф ва фоида баҳо дода мешаванд.
Барои муайян кардани самаранокии истеҳсолот натиҷахои гирифташударо бо хароҷотҳои сарфшуда муқоима кардан зарур аст.
Дар таҷриба барои банақшагирӣ ва таҳлил ду категорияи хароҷотҳои истеҳсолотро ҷудо мекунанд.
1) хароҷотхои ҷорӣ – воситаҳое, ки барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот дар давоми мӯҳлати муайян харҷ мешаванд, дохил мешавад. Дар шакли пулӣ ҳа арзиши аслии маҳсулот баромад мекунанд. Хусусияти хароҷотҳои ҷорӣ дар он аст, ки баъди ҳар як сикл онҳо подошро (возмещение) талаб мекунад. Манбаи рӯйпушкунандаи онҳо даромад аз фурӯши маҳсулоти тайёр ба ҳисоб меравад.
2) хароҷотҳои капиталӣ воситаҳои таҷассумёфта дар фондҳои асосӣ истеҳсолӣ ва воситаҳои гардони моддӣ ба хисоб маеравад. Маҷмӯи ин хароҷотҳо фондҳои истеҳсолии саноатро ташкил медиҳад.
Муқоисакунии нишондиҳандаҳои фоидаи (самара) истеҳсолот ва хароҷот барои ба даст овардани қатори нишондиҳандаҳои пурраро имконият медиҳад, ки самаранокии истифодабарии намудҳои алоҳидаи захираҳои истеъмол ва истифодабурдашудаи истеҳсолиро тавсиф менамояд. Ин гурӯҳи нишондиҳандаҳо ки ба онҳо ҳосилнокии меҳнат, ғунҷоиши меҳнат, хароҷотхои ҷорӣ ба 1 сомонии маҳсулоти молӣ ва дигар нишондиҳандаҳо дохил мешаванд, нишондиҳандаҳои ҷузъии самаранокии фаъолияти корхона номида мешаванд.
Дар сифати нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти корхона бошад, инҳоро дохил мекунанд: сатҳи хароҷотҳои корхона, даромад дар намуди натиҷа аз фаъолияти истехва ё самараи истеҳсолӣ, фоида.
Дарси 2. Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти молиявӣ – хоҷагидории корхона
Даромади корхона ин натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ, ки суммаи даромад аз фурӯши маҳсулот , фурӯши барзиёдии фондҳои асосӣ ва дигар намудҳои амвол, даромад аз додани иҷора, даромад аз махсулотҳои ёрирасон ва таъминкунандаи хоҷагӣ мебошад.
Д = Вр+Вим+Ввнеопер П= Д+С (15.1)
Ҳамчунин фоидаро корхона аз ҳисоби якчанд намудҳои фаъолият ба даст оварда метавонад.Ҳосили ҷамъи бузургии ҳамаи фоидаҳо – ин фоидаи балансӣ (умумӣ) – и корхонаро ташкил медиҳад.
Пбал = Д-С = +Пр+Пим+Пвнеопер, (15.2)
ки дар ин ҷо Пр – фоида (зиён) аз фурӯши маҳсулот, иҷрои ко рва ё расонидани хадамот, (ин элементи асосии фоидаи балансӣ мебошад); Пим – фоида (зиён) аз фурӯши амволи корхона.(аз намуди фаъолият вобастагӣ надорад ); Пвнеопер – даромад (зиён) аз амалиётҳои ғайри истеҳсолӣ (ба иҷора додани амвол, гирифтани ҷарима ).
Ба ғайр аз фоида аз фурӯш, ки аз фаъолияти хоҷагидорӣ ба даст оварда шудааст, ҳамчун фоидаи муҳосибавӣ (умумӣ) ва соф баҳо медиҳанд.
Фоидаи муҳосибӣ (балансӣ) ба фоида аз фурӯши маҳсулот фоидаҳои истеҳсолоти ёрирасон ва таъминкунанда, ки ба истеҳсолоти асосӣ ягон вобастагӣ надоранд, фоидаи иштироки шакирӣ дар корхонаҳои муштарак, иҷорадиҳии амвол, дивидендҳои гуногун, инчунин зиёнҳо аз дигар амалиётҳои гуногуни хоҷагидорӣ (масалан, воридшавии қарзҳои бефоида, ҷарима, ҷаримаҳои аҳдшиканӣ, ки аз сабаби вайрон кардани шартномаҳои хоҷагидорӣ гирифта ва ё дода шудаанд.
Фоидаи балансӣ бар иловаи фоида аз фурӯш, фоидаи истеҳсолоти ёрирасон, ки бо фаъолияти истеҳсолии асосии корхонаи саноатӣ алоқаманд нестанд, фоида аз иштироки ҳиссавӣ дар корхонаҳои муштарак, додани амвол ба иҷора, дивидендҳои гуногун ва инчунин зарар аз амалиётҳои хоҷагии дигар (мисол воридшавии қарзҳои маъюсона, ҷаримаҳо, ки дар натиҷаи вайрон намудани шартномаҳои хоҷагӣ пардохт ё ба даст оварда мешаванд, дар бар мегирад).
Дар баланси корхонаҳои саноатӣ фоидаро ба фоидаи умумӣ ва соф ҷудо мекунанд..
Фоидаи умумӣ – ин фарқи байни даромад ва хароҷот то супориши андоз мебошад. Дар ин фоида даромад аз фурӯшм капитали асосӣ ва дигар амволҳои корхонаи саноатӣ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Андозаи даромад ҳамчун фарқи байни арзиши барҳамхӯрӣ ва арзиши боқимонда, ки ба индекси таваррум ислоҳкарда шудааст, баҳо дода мешавад.
Фоидаи соф ҳангоми аз фоидаи умумӣ супоридани ҳамаи андозҳое, ки қонун муқаррар кардааст, боқӣ мемонад.Пеш аз гузариш ба муносибатҳои бозорӣ замнамоӣ ба арзиши аслӣ ҳамчун нишондиҳандаи афзоиши фоида фақат аз тарафи давлат танзим карда мешу два бузургиҳои доимии нисбӣ ҷой доштанд.
Цопт = с/с + дельта П (15.3)
Ҳангоми гузариш ба муносибатҳои бозорӣ нарх ва замкуниҳои гуногун дар намуди фоида, ки аз рӯи бузургии вобаста аз талабот ва пешниход дар бозор танзим карда мешавад, вуҷуд дорад.
Аз ин ҷо фоида мақсади асосии фоъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад. Дар шароити муносибатҳои бозорӣ – ин шакли дигаршудаи арзиши иловашуда мебошад.Ба назаргирии фоида имконият медиҳад, ки чӣ тавр корхона самаранок фаъолияти хоҷагидориашро бурда истодааст, муайян намоем. Фоида ҳамчун як қисми арзиши (нархи) маҳсулоти иловашуда, ки барои ҷамъият бо меҳнати коргарони истеҳсолоти моддӣ тайёр шудааст, баромад мекунад.
Дар ҷараёни ташкилёбии фоида ҳамаи тарафҳои фаъолияти хоҷагидории корхонаи саноатӣ инъикос мегардад: сатҳи истифодабарии капитали асосӣ, мошина, таҷҳизот, технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат. Бузургии мутлақи фоида натиҷаи паст шудани арзиши аслии маҳсулот ва зиёд шудани ҳаҷми муҳсулоти фурӯхташударо нишон медиҳад.
Нишондиҳандаҳои ҷузъӣ: Боздеҳии фондҳо Фо = TR/Фср; Ғунҷоиши фондҳо; Таъминнокии фондҳо Фср/N; Боздеҳии моддӣ; Ғунҷоиши моддӣ; Ҳосилнокии меҳнат Пт = Q/Чср, Пт =TR/Чср
Нишондиҳандаҳои куллӣ: Хароҷотҳо; Даромади умумӣ; Фоида.
Аз рӯи дараҷаи тайёр шудани маҳсулот онро ба якчанд намудҳо ҷудо мекунанд:

Маҳсулоти молӣ – маҳсулоти тайёр, ки ҳамаи марҳилаҳои коркардро гузашна, ба талаботҳои ГОСТ ва ТУ ҷавобгӯ мебошад, сифаташ аз тарафи шӯъбаи дахлдор назорати техникӣ гузаштааст, бнамуди зоҳириаш ба фурӯхтан тайёр аст, ки ба фиристодан қуттикунонӣ карда шудааст, ба амбори таъминкунанда супоридашуда ва бо ҳуҷҷатҳои супоридашаванда таъмин шудааст.
Маҳсулоти нимтайёри истеҳсолот, яъне маҳсулоте, ки ҷараёни технологии тайёршавии он дар як сех тамом шуда, ба сехи дигар ва ё берун аз корхона барои коркард истодааст.
Маҳсулоти умумӣ, яъне ҳамаи намудҳои маҳсулоти корхона, новобаста аз дараҷаи тайёршавии он мебошад. Нишондиҳандаи маҳсулоти умумӣ тамоми ҳаҷми истеҳсолотро тавсиф медиҳад, аз ҷумла барои гардиши беруна ва истифодабарии дохилиистехсоли низ дохил мешавад
Дарси 3. Машғулияти амалӣ доир ба мавзӯи : «Натиҷаҳои молиявӣ ва самаранокии фаъолияти хоҷагидории корхона»
Масъалаи 1. Маълумотҳои заминавӣ:
Даромад аз фурӯши маҳсулот дар завод бо суммаи 1500 ҳаз. сомонӣ дар нақша аст.

Арзиши аслии маҳсулоти фурӯхташуда — 993 ҳаз. сомонӣ;
Даромадҳо аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ — 80 ҳаз. сомонӣ;
Хароҷотҳо аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ — 74 ҳаз. сомонӣ;
Фоида аз фурӯши арзишҳои моддӣ — 10 ҳаз. сомонӣ.
Андоз аз фоида 13% – ро ташкил медиҳад.
Муайян кунед: Фоида аз фурӯши маҳсулот, фоида аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ, фоидаи балансӣ, фоидаи соф
ҳалли масъала:
1) Пр = даром. Аз фурӯш.маҳсул – арзиши асл.маҳс.фурӯхт = 1500 – 993 = 507 ҳаз.сомонӣ
2) Пвнер.оп = даромад аз амал.ғайрифур.. – хароҷ.аз амал. ғайрифур. = 80 – 74 = 6 ҳаз.сомонӣ
3) фоидаи балансӣ = Пр + Пвнер.оп + Пот мат.цен = 507 + 6 + 10 = 523 ҳаз.сомонӣ
4) фоидаи соф = 523 – (523*0,13) = 523 – 67,99 = 455,01 ҳаз .сомонӣ
Масъалаи 2. Маълумотҳои заминавии корхонаи дар проект буда дар ҷадвали 1 оварда шудаанд. Нишондиҳандаҳои самаранокии норасоии корхонаро ҳисоб карда ҷадвали 2-ро пурра намоед
Ҷадвали 15.1
Маълумотхои заминавии корхонаи дар лоиҳа буда

№ б/т

нишондиҳандаҳо

базисӣ

хисоботӣ

1

даромад, Хаз.сомонӣ

2900

3100

2

НДС, ҳаз. сомонӣ

520

540

3

арзиши аслии маҳсулот, ҳаз.сомонӣ

1900

2000

4

фоида аз фурӯши дигар чизҳо, ҳаз.сом.

20

5

5

даромадҳо аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ

22

46

6

хароҷотҳо аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ

14

18

7

андоз аз фоида

180

200

Ҳалли масъала:

Ҷадвали 15.2

Ҳисоби нишондиҳандаҳои самараноки корхонаи дар нақшабуда
№ б/т

нишондиҳандаҳо

мӯҳлат

тағирёбӣ

базисӣ

ҳисоботӣ

мутлақ

%

1

даромад аз фурӯш, ҳаз. сом

2900

3100

200

107

2

андоз ба арзиши иловашуда, ҳаз. сом.

520

540

20

104

3

ААИ, % ба даромад.

17,9

17,4

-0,5

97,2

4

фоида аз фурӯши маҳсулот, ҳаз. сом

1000

1100

100

110

5

сатҳи даромаднокӣ, %

6

фоида аз фурӯши маҳсулот, % ба даромад.

34,5

35,5

1

102,9

7

фоида аз фурӯши дигар чизҳо

20

25

5

125

8

даромадҳо аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ

22

46

24

209

9

хароҷотҳо аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ

14

18

4

129

Фоида аз амал

8

28

20

350

10

фоидаи балансӣ, ҳаз. сом

1028

1153

125

112,2

11

андозҳое, ки аз фоида супорида мешавад, ҳаз. сом.

180

200

20

111

12

фоидаи соф, ҳаз.

848

953

105

112,4

Маводҳо барои санҷиши ҳафтаина доир ба мавзӯи «Натиҷаҳои молиявӣ ва самаранокии фаъолияти хоҷагидории корхона»
Масъалаи 1. Маълумотҳои заминавии корхонаи дар проект буда дар ҷадвали 1 оварда шудаанд. Нишондиҳандаҳои самаранокии норасоии корхонаро ҳисоб карда ҷадвали 2-ро пурра намоед
Ҷадвали 15.3
Маълумотхои заминавии корхонаи дар лоиҳа буда

№ б/т
нишондиҳандаҳо

Базисӣ

ҳисоботӣ

1

даромад, ҳаз.сомонӣ

3000

3200

2

НДС, ҳаз. сомонӣ

525

550

3

арзиши аслии маҳсулот, ҳаз.сомонӣ

2000

2100

4

фоида аз фурӯш. дигар чизҳо, ҳаз.сом.

15

25

5

даромадҳо аз амалиёт. ғайрифурӯшӣ

32

42

6

хароҷ. аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ

16

20

7

андоз аз фоида

190

215

Ҳалли масъала:

Ҷадвали 15.4
Ҳисоби нишондиҳандаҳои самараноки корхонаи дар нақшабуда
№ б/т

нишондиҳандаҳо

мӯҳлат

тағирёбӣ

базисӣ

ҳисоботӣ

мутлақ

%

1

даромад аз фурӯш, ҳаз. сом

2

андоз ба арзиши иловашуда, ҳаз. сом.

3

% ба даромад.

4

фоида аз фурӯши маҳсулот, ҳаз. сом

5

сатҳи даромаднокӣ, %

6

фоида аз фурӯши маҳсулот, % ба даромад.

7

фоида аз фурӯши дигар чизҳо

8

Даромад аз амалиёт.ғайрифурӯш

9

хароҷотҳо аз амалиётҳои ғайрифурӯшӣ

10

фоидаи балансӣ, ҳаз. сом

11

андозҳое, ки аз фоида супорида мешавад, ҳаз. сом.

12

фоидаи соф, ҳаз.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.