Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Натиҷаҳои молиявӣ ва фаъолияти самаранокии хоҷагидории корхона

Механизми гузаронидани таҳлили оператсионӣ дар мисоли фаъолияти корхонаҳои саноатӣ Таҳлили оператсионӣ – ин қисми баҳисобдории идоравӣ мебошад.бар хилофи таҳлили берунии молиявӣ натиҷаҳои тахлили оператсионӣ (дохилӣ) сирри тиҷоратии корхонаро ташкил медиҳад, чунки онҳо дар шаклҳои гуногуни ҳисоботҳо инъикос намеёбанд ва баҳри беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи корхона истифода бурда мешаванд.Дарси якум: Механзми гузаронидани таҳлили оператсионӣ, моҳият ва аҳамияти он дар корхона.
Механизми гузаронидани таҳлили оператсионӣ дар мисоли фаъолияти корхонаҳои саноатӣ
Таҳлили оператсионӣ – ин қисми баҳисобдории идоравӣ мебошад.бар хилофи таҳлили берунии молиявӣ натиҷаҳои тахлили оператсионӣ (дохилӣ) сирри тиҷоратии корхонаро ташкил медиҳад, чунки онҳо дар шаклҳои гуногуни ҳисоботҳо инъикос намеёбанд ва баҳри беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи корхона истифода бурда мешаванд.Таъсири фишангӣ оператмионӣ, истеҳсолӣ ва хоҷагидорӣ дар он ифода меёбад, ки тағирёбии дилхоҳи фоида аз фурӯш ҳамеша боиси тағирёбии нисбатан баланди даромад мегардад.Дар ҳисобкунии амалӣ барои муайянкунии қувваи таъсири фишанги оператсионӣ (СВОР) муносибати бо номи фоидаи маржионалӣ (натиҷа аз фурӯш пас аз рӯйпӯшкунии хароҷотҳои тағирёбанда) ба фоида истифода мебаранд..Фоидаи маржиналӣ (Вм) чӣ хеле ки қайд карда шуд фарқи байни фоида аз фурӯш ва хароҷотҳои тағирёбандаро ифода мекунад. Хуб мешуд, агар фоидаи маржионалӣ на танҳо барои пӯшонидани хароҷотҳои доимӣ, балки барои ташкилёбии фоида ба таври кифоягӣ бошад.
Вм = TR – VC, (16.1)
ки дар ин ҷо TR – даромади умумӣ;VC – хароҷотҳои тағирёбанда дар сохтори арзиши аслӣ.
Қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣ (СВОР) = фоидаи маржионалӣ/фоида
Қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣ ҳама вақт барои ҳаҷми муайяни фурӯш ба назар гирифта мешавад.бо баробари тағиирёбии фоида аз фурӯш қувваи таъсири фишанги опреатсионӣ низ тағир меёбад. Қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣ аз бисёр ҷиҳат аз сатҳи миёнаи соҳавии гунҷоиши фондӣ вобаста аст: чӣ қадаре, ки арзиши воситаҳои асосӣ баланд щаваад, ҳамон қадар ҳамон қадар хароҷотҳои доимӣ зиёд мешавад.
Дар баробари ин самараи фишанги оператсионӣ маҳз дар асосӣ баҳисобгирии вобастагии қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣ аз бузургии хароҷотҳои доимӣ ба назорат гирифта мешавад, чӣ қадаре, ки хароҷотҳо зиёд шаванд, (ҳангоми даромад аз фурӯш доимӣ будан), таъсири фишанги оператсионӣ ҳамон қадар пурзӯртар мешавад ва баръакс. Инро тавассути формулаи қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣнишон додан осон аст:
Маржаи умумӣ/фоида = (хароҷотҳои доимӣ + фоида)/ фоида
Вақте ки дарромад аз фурӯш паст мешавад, қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣ ҳангоми баландшавӣ ва пастшавии вазни хоси хароҷотҳои доимии суммаи умумии онҳо меафзояд.Хар як фоизи пастшавии даромад боиси ҳарчӣ бештар кам шудани фоиданокӣ мегардад, аз ин ҷо қувваи бузурги таъсири фишанги оператсионӣ нисбат ба зиёдшавии хароҷотҳои доимӣ баланд мешавад.
Ҳангоми афзоиши даромад аз фурӯш агар нуқтаи безарарӣ (нуқтаи талафият) гузашта бошад, қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣ паст мешавад: ҳар як фоизи афзоиши даромадаз фурӯш боиси торафт пат шудани фоизи афзоиши фоида мегардад (дар инвақт ҳисаи хароҷотҳои доимӣ ба маблағи умумӣпаст мешавад). Аммо ҳангоми зиёд шудани хароҷотҳои доимие, ки манфиати минбаъдаи зиёдшавии даромадро ифода мекунад, корхонаро лозим аст, ки нуқтаи нави безарариро гузарад. Ҳангоми кифоягӣ будани хаҷми даромад аз фурӯш нуқтаи нави безарарӣ бо «санаи пештара» гузаронида мешавад. Ҳангоми аз нуқтаи безарарӣ наон қадар дурр шудан қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣмакксималӣ аст, пас аз он торафт то зиёд шудани зароҷотҳои нави доимӣ бо бартарафкунии нуқтаи навӣ безарарӣ паст шуда меравад, ки хело фоидаовар аст: барои банақшагирии маблағхо оиди андоз аз фоида, аз он ҷумла пешмуздҳо, барои коркарди деталҳои сиёсати тиҷоратии корхона.
Ҳангоми пешгӯӣ намудани динамикаи даромад аз фурӯш хароҷотҳои доимиро ниҳоят зиёд кардан мумкин нест, зеро гумм кардани фоида аз ҳар як фоизи даромади гумшуда аз сабаби самараи баланди фишанги оператсионӣ якчанд маротиба баланд шуданаш мумкин аст. Дар баробари ин дар нақшаи дурнамоӣ зиёд шудани талабот ба молҳои шумо ва хизматрасониҳо аз реҷаи иқтисодиёти устувор ба хароҷотхои доимӣ гузаштанаш мумкин аст, ё ки корхона азҳиссаи калони онҳо фоидаи калон ба даст оварданаш мумкин аст.
Чӣ хеле, ки ба мо маълум аст, ҳангоми пастшавии даромади корхона, хароҷотхои доимиро кам кардан мушкил аст. Дар ҳақиқат ин онро ифода менамояд, ки вазхи хоси хароҷотхои доимӣ ба маблаги умумиаш оиди сустшавии чандирии корхона щаҳодат медиҳад. Дар ҳолати зарурӣ баромадан аз тиҷорати худ ва гузаштан ба соҳаи дигари фаъолияти корхона аз ҷиҳати ташкилӣ ва хусусан молиявӣ ниҳоят мушкил мешавад. Чӣ қадаре, ки арзиши маводҳои моддии асосӣ баланд башад, ҳамон қадар корхона аз мавқеи бозории худ алоқаманд мешавад.
Вазни хоси баландшудаи хароҷотҳои доимӣ таъсири фишангҳои оператсиониро пурзӯр менамояд ва пастшавии фаъолнокии меҳнатии корхона ба талафоти фоидаи замшуда ҷорӣ мегардад. Бо он хотирҷамъ шудан мумкин аст, ки агар даромад ба таври кифоягӣ зиёд шавад, ҳангоми фишанги пурзӯри оператсионӣ корхона гарчанде, ки маблағи максималии андозро аз фоида мепардозадимконияти пардохтани дивидендҳоро дорад ва иикищофи молиягузориро таъмин менамояд.
Ҳамаи ин моро водор месозад, ки қуваи таъсири фишанги оператсионӣ дараҷаи хавфи соҳибкориро нищон медиҳад, к ибо фирмаи додашуда алоқаманд аст. Роҳбарони корхона доимо ба масъалаҳои зерин шавқмандӣ зоҳир менамоянд: ҳаҷми фоида вобаста аз даромад чӣ хел тағйир меёбад. Муайян карда шудааст, ки фоизи зиёдшавии фоида аз даромад зиёдтар мебошад. Ин ҳодиса дар назария номи фишанги оператсиониро гирифт, ки ба таъсири ғайританосубии хароҷотҳои доимӣ ва тағирёбанда ба натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ-иқтисодӣ фаҳмонида мешавад.
Дарси 2. Таъминнамоии устувории молиявӣ дар корхонаҳои саноатӣ
Барои таъмин намудани устувории молиявии корхонаҳои саноатӣ намунаи ҳисоби нишондиҳандаҳои таҳлили оператсиониро дида баромадан лозим аст. Ба яке аз нишондиҳандаҳои асосии таҳлили оператсионӣ нишондиҳандаи СВОР – қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣ дохил мешавад. Инчунин барои тахлили фаъолияти корхона нишондиҳандаҳои зеринро омуӯхтан лозим аст.
Вм = TR – VC, Квм = Вм/ TR, Rпор = FC/Квм (16.2)
Rпор– нуқтаи безарарӣ, ки ба кадом маблағ дар сомонӣ корхона бояд маҳсулот барорад, ки ҳолати безарариро ба даст оварад, нишон медиҳад.
ЗФП (сомонӣ) = TR – Rпор (16.3)
ЗФП (сомонӣ) – захираи устувории молиявӣ то кадом андоза мо хароҷотхоро тағйир дода метавонем ва ҳангоми аз фоида набароем, нишон медиҳад. ЗФП(%) = ЗФП (сомонӣ)/ TR *100%, Pr = ЗФП (сомонӣ) * Квм, СВОР = Вм/ Pr
Барои фаҳмидани мазмуни ҷисмонии нишондиҳандаи қувваи таъсиррасони фишанги оператсионӣ намунаи чунин ҳисобҳоро меорем: Фарз мекунем, ки мо чунин маълумотҳоро дорем:Q = 32 000 дона, P = 0,88 с, AVC = 0,51, FC = 9 280 с Ҳисобҳоро меорем:
Ҷадвали 16.1

№ б/т
Нишондиҳандаҳо

Ҳисоб

Маълумотҳои ибтидоӣ

1

TR

32 000 * 0,88 =

28 160

2

VC

0,51*32 000 =

16 320

3

Вм

28160-16320 =

11 840

4

Квм

11 840/28160=

0,4204545

5

FC

9280

9 280

6

Rпор

9280/0,4204545 =

22 071,353

7

ЗФП дар сомонӣ

28160-22071 =

6 088,647

8

ЗФП дар %

6089/28160 =

0,2162

9

Pr

6088,647*0,420454=

2 560

10

СВОР

11840/2560=

4,625

Фарз менамоем, ки нарх боло рафтааст ва 0,9 сомониро ташкил медиҳад. Ҳисобҳоро меорем.
Ҷадвали 16.2

№ б/т
Нишондиҳандаҳо

Ҳисоб

Маълумотҳо

1

TR

32 000 * 0,92 =

29440

2

VC

0,51*32 000 =

16 320

3

Вм

29440-16320 =

13120

4

Квм

13120/29440=

0,4456521

5

FC

9280

9 280

6

Rпор

9280/0,4456521 =

20823,418

7

ЗФП дар сомонӣ

29440-20823,418 =

8616,582

8

ЗФП дар %

8616,582/29440 =

0,293

9

Pr

8616,582*0,4456521=

3840

10

СВОР

13120/3840=

3,42

Чӣ тавре, ки дар боло қайд карда будем, ҳангоми зиёд шудани даромад, яъне чӣ қадаре, ки аз нуқтаи безарарӣ мо дуртар равем нишондиҳандаи СВОР паст мешавад.
Фарз менамоем, ки нарх паст рафтааст ва 0,84 сомониро ташкил медиҳад.
Ҷадвали 16.3

№б/т
Нишондиҳандаҳо

Ҳисоб

Маълумотҳо

1

TR

32 000 * 0,84 =

26 880

2

VC

0,51*32 000 =

16 320

3

Вм

26 880-16320 =

10560

4

Квм

10560/26880=

0,3928571

5

FC

9280

9 280

6

Rпор

9280/0,3928571 =

23621,82

7

ЗФП дар сомонӣ

26880-23621,82 =

3258,18

8

ЗФП дар %

3258,18/26880 =

0,121212

9

Pr

3258,18*0,3928571=

1280

10

СВОР

10560/1280=

8,25

Чӣ хеле, ки аз ҷадвал маълум аст, ҳангоми паст шудани даромад нишондиҳандаи СВОР баланд мешавад.
Дарси сеюм: Натиҷаҳои молиявӣ ва фаъолияти самаранокии хоҷагидории корхона
Масъалаи 1 Соҳибкор сумкачаҳои занонаро истеҳсол менамояд, ки онро бон архи 12 сомонӣ мефурӯшад. Хароҷотҳои доимӣ 500 сомонӣ, хароҷотҳои тағирёбанда барои як донаи сумка 7 сомониро ташкил медиҳад. Барои фоида гирифтан соҳибкор фикр мекунад, ки ӯ 200 сомонӣ коркарданаш зарур аст.
Чӣ қадар сумкаҳоро ӯ бояд истеҳсол намояд, то ки фоидаи дар нақшааш бударо ба даст орад
Ҳалли масъала
500+7*Q+200=12*Q
5*Q=700
Q=140 дона.
Хулоса: соҳибкор бояд 140 сумкаро истеҳсол намояд, то ки фоидаи дар нақшааш бударо ба даст орад.
Масъалаи 2. Фарз менамоем, ки линияи авиатсионӣ дар маршрут имконияти кашонидани 10000 пассажиронро дар як моҳ дорад, пардохт барои сафар 85 сомонӣ, хароҷотҳои тағирёбанда барои як нафар пассажир 10 сомонӣ, хароҷотҳои доимӣ дар як моҳ 300000 сомонӣ мебошад.
Муайян намоед:

Кадом ҳаҷми фурӯш дар сомонӣ ба нуқтаи безарарӣ мувофиқ меояд?
Чӣ қадар пассажиронро кашонидан лозим аст, то ки нуқтаи безарарӣ таъмин шавад?
Ҳалли масъала:
1) TR=P*V= 85*10 000= 850 000сомонӣ
Вм= TR-VC= 850 000-10*10 000= 750 000сомонӣ
КВм= Вм/ TR= 750 000/850 000
Rпор= FC/КВм= 300 000/(750 000/850 000)= 340 000 сомонӣ
2) Q= Rпор/Р= 340 000/85= 4 000 нафар
Хулоса: 1) 340 000 сомонӣ ба нуқтаи безарарӣ мувофиқ меояд.
2) линияи авиатсионӣ бояд 4 000 нафарро кашонад, то ки нуқтаи безарарӣ таъмин шавад.
Масъалаи 3. Миқдори маҳсулоти фурӯхташуда 12000 донаро ташкил мекунад, нархи як дона маҳсулот 3 сомонӣ, ҳаҷми фурӯш 36 000 сомонӣ, хароҷотхои тағирёбанда 24 000 сомонӣ ва хароҷотхои доимӣ бошад 9 600сомониро ташкил медиҳад.
Муайян намоед:
1. Нуқтаи безарарӣ.
2. Чанд дона маҳсулотро фурӯхтан лозим аст, то ки дараҷаи безарариро ба даст орем?
3. Нархи маҳсулот чанд пулро ташкил диҳад, ки ҳангоми фурӯхтани 12 000дона маҳсулот фоидаро ба миқдори 30000сомонӣ ба даст орем.
Ҳалли масъала
1) Вм= TR-VC= 36 000-24 000= 12 000сомонӣ
КВм= Вм/TR= 12 000/36 000= 1/3
Rпор= FC/КВм= 9600/(1/3)= 28 800 сомонӣ

2) Q=Rпор/Р= 28 800/3= 9600 дона.

3) FC+VC+П=TR
9600+24 000+30 000= 12 000*P
P= 5,3 сомонӣ
Масъалаи 4. Фарз менамоем, ки линияи авиатсионӣ дар маршрут имконияти кашонидани 28 000 пассажиронро дар як моҳ дорад, пардохт барои сафар 240 сомонӣ, хароҷотҳои тағирёбанда барои як нафар пассажир 28 сомонӣ, хароҷотҳои доимӣ дар як моҳ 800000 сомонӣ мебошад.
Муайян намоед:

Кадом ҳаҷми фурӯш дар сомонӣ ба нуқтаи безарарӣ мувофиқ меояд?
Чӣ қадар пассажиронро кашонидан лозим аст, то ки нуқтаи безарарӣ таъмин шавад?
Ҳалли масъала: 1) TR=P*V= 240*28 000= 6 720 000сомонӣ
Вм= TR-VC= 6 720 000-28*28 000= 5 936 000сомонӣ
КВм= Вм/ TR= 5 936 000/6 720 000
Rпор= FC/КВм= 800 000/(5 936 000/6 720 000)= 905 660 сомонӣ
2) Q= Rпор/Р= 905 660/240= 3773 нафар
Маводҳо барои санҷиши ҳафтаина доир ба мавзӯи: Натиҷаҳои молиявӣ ва фаъолияти самаранокии хоҷагидории корхона
Масъалаи 1. Дӯзанда куртаҳои мардонаро медӯзад, ки онҳоро бон архи 24 сомонӣ муфурӯшад. Хароҷотҳои доимӣ 1000 сомонӣ, хароҷотҳои тағирёбанда барои як дона курта 14 сомониро ташкил медиҳад. Барои фоида ба даст овардан дӯзанда фикр мекунад, ки ӯ бояд 400сомонӣ кор кунад.
Чанд дона куртаҳоро ӯ бояд дӯзад, то ки фоидаи дар нақшааш бударо ба даст орад.
Масъалаи 2 Миқдори маҳсулоти фурӯхташуда 20 000 донаро ташкил мекунад, нархи як дона маҳсулот 6 сомонӣ, ҳаҷми фурӯш 120 000 сомонӣ, хароҷотхои тағирёбанда 48 000 сомонӣ ва хароҷотхои доимӣ бошад 19200сомониро ташкил медиҳад.
Нархи маҳсулот чанд пулро ташкил диҳад, ки ҳангоми фурӯхтани 20 000дона маҳсулот фоидаро ба миқдори 60 000сомонӣ ба даст орем.
Масъалаи 3. Фарз менамоем, ки рохи оҳан дар маршрут имконияти кашонидани 20 000 пассажиронро дар як моҳ дорад, пардохт барои сафар 170 сомонӣ, хароҷотҳои тағирёбанда барои як нафар пассажир 20 сомонӣ, хароҷотҳои доимӣ дар як моҳ 600 000 сомонӣ мебошад.
Муайян намоед:

Кадом ҳаҷми фурӯш дар сомонӣ ба нуқтаи безарарӣ мувофиқ меояд?
Чӣ қадар пассажиронро кашонидан лозим аст, то ки нуқтаи безарарӣ таъмин шавад?
Масъалаи 4
Миқдори маҳсулоти фурӯхташуда 24 000 донаро ташкил мекунад, нархи як дона маҳсулот 6 сомонӣ, ҳаҷми фурӯш 144 000 сомонӣ, хароҷотхои тағирёбанда 48 000 сомонӣ ва хароҷотхои доимӣ бошад 19 200сомониро ташкил медиҳад.
Муайян намоед: 1. Нуқтаи безарарӣ. 2. Чанд дона маҳсулотро фурӯхтан лозим аст, то ки дараҷаи безарариро ба даст орем?
3. Нархи маҳсулот чанд пулро ташкил диҳад, ки ҳангоми фурӯхтани 24 000дона маҳсулот фоидаро ба миқдори 60 000сомонӣ ба даст орем.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.