Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Корҳона ҳамчун агенти иқтисоди бозоргонӣ

Базор – маҷмӯи шавқ ва амали харидорону фурӯшандагони потенсиалӣ ва инчунин шароитҳое, ки ҳолати ин гуна манфиатҳо ва амалҳоро тавсиф мекунад.Нақша:

Нақши корҳона дар системаи муносибатҳои бозорӣ
Мустақилияти корҳонаҳо
Талабот ва пешниҳоди корҳона
Базор – маҷмӯи шавқ ва амали харидорону фурӯшандагони потенсиалӣ ва инчунин шароитҳое, ки ҳолати ин гуна манфиатҳо ва амалҳоро тавсиф мекунад.
Бозор – ин механизми таъсири мутақобилаи харидорон ва фурӯшандагон буда, бо воситаи нархҳои бозорӣ ба амал бароварда мешавад, ва инчунин мутаносибии талабот ва пешниҳод мебошад.
Корҳона дар низоми иқтисоди бозоргонӣ дар бозорҳои гуногун баромад мекунад: бозори омилҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти тайёр, ҷои худро дар бозорҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҳатто дар бозорҳои байналхалқӣ муайян мекунад. Корҳона дар механизми бозорӣ ҳамчун агенти талабот ва агенти пешниҳод баромад мекунад, ба харидорон ва таъминкунандагони омилҳои истеҳсолӣ нархҳои худро пешниҳод мекунад ва ҳамзамон сатҳи нархи дар бозор ба вуқӯъомадаро ба назар мегирад. Бо назардошти пешниҳоди дигар агентони бозор, завқу рағбат ва пешниҳоди худро амалӣ мекунад, мувофиқи шакли сохтори бозор ва вазъияти дар он буда нақшаҳои стратегӣ ва тактикии худро тартиб медиҳад.
Тақсимоти меҳнати ҷамъиятӣ ва пайдоиши моливазкунӣ, ки ба пайдошавии пул оварда расонид сабаби барои васеъ кардани истеҳсолоти ин ё он намуди маҳсулоти махсус барои фурӯш истеҳсолшуда гашт. Дар натиҷа истеҳсоли молӣ ба вуҷуд омад, яъне истеҳсоли маҳсулотҳое, ки барои истеҳсолкунанда на барои истеъмоли худ, балки барои иваз намудан ба моле, ки ба ӯ зарур аст.
Барои он, ки иқтисоди бозоргонӣ босамар амал кунад, истеҳсолоти мустақил, яъне озодии соҳибкор бояд ҷой дошта бошад. Агар, чи қадаре, ки барои молистеҳсолкунанда маҳдудият кам бошад он замон фазои калоне барои рушди муносибатҳои бозорӣ мегардад.
Корҳона дар ташкили фаъолияти истеҳсолӣ ва озодии тиҷоратӣ мустақил аст. Вай мустақилона роҳ ва тарзи фурӯши маҳсулоти худро майян мекунад, миёнаравҳоро интиҳоб мекунад, ки дар оянда бо онҳо сару кор дорад ва ин алоқаҳои иқтисодӣ бо шартнома мустаҳкам карда мешавад. Шарти муҳими озодии тиҷоратӣ инчунин нархгузории озод мебошад.
Мустақилияти корҳонаро ҳамчун нишонаи аввалиндараҷаи ташкили корҳона шуморидан мумкин нест. Дар шароити иқтисодӣ озодии пурраи истеҳсолкунанда вуҷуд надорад. Корҳона озодии пурра дорад, ба он маънӣ, ки дар болои ӯ мақамоте нест, ки фаъолияти ҳоҷагидории корҳонаро идора кунад. Вале аз бозор ва талаботҳои сохти он озод нест. Барои ҳамин сухан танҳо дар бораи мустақилияти муайян меравад.
Бо мустақилияти корҳона, принсипҳои ҳавасмандии иқтисодии шахсии касоне, ки корҳонаро ташкил кардаанд, алоқамандӣ дорад. Корҳона дар чорчӯбаи иқтисоди бозоргонӣ ҳамчун сарчашмаи фоидаи шахсӣ баромад мекунад ва ин яне аз омили пешбарандаи фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Омили мазкур, ки бевосита ба фаъолияти корҳона таъсир мекунад ва ҳамчунин ба ташкили кор самараноки корҳона мусоидат мекунад, барои ноил гардидан ба фоидаи максималии имконпазир омода шудааст. Бо вуҷуди ин, хусусияти истеҳсолоти молӣин аст, ки соҳибкор барои манфиатҳои худ ва инчунин барои ҷамъият кор мекунад. Ва дар охир барои ноил гаштан ба мақсадҳои худ бештар маҳсулотҳои хушсифат истеҳсол мекунад.
Корҳонаи мустақил ҳамаи ҷавобгариро оиди натиҷаи фаъолияти худ ба ӯхдаи худ мегирад. Вай барои риоя накардани шартҳои шартнома, вайрон кардани шартномаи қарзӣ (кредитӣ), ӯхдадории андозсупорӣ, фурӯши маҳсулот, ки истифодаи он барои ҷамъият зараровар аст ва вайрон кардани дигар коидаҳо, ки аз тарафи қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, ҷавобгар мебошад.
Зимни ӯҳдадориҳои дар боло зикргардида, корҳона бояд тавре ташкил карда шавад, ки замин ва дигар омилҳое, ки дар идоракунии худ дорад оқилона истифода барад, муҳити атрофро ифлос накунад, қоидаҳои бехатарии истеҳсолиро вайрон накунад ва қоидаҳои санитарӣ-гигиениро риоя кунад.
Озодии соҳибкорӣ, озодии интиҳоб ва манфиатҳои шахсӣ муносибатҳои қувваозмоӣ ба вуҷуд меоранд, яъне рақобатнокӣ байни иштирокчиёни иқтисоди бозоргонӣ.
Корҳона мустақилона амал намуда бо воситаи системаи бозоргонӣ бо дигар корҳонаҳо, таъминкунандагон ва истеъмолкунандагон зич алоқаманд аст.
Дар шароити бозор барои корҳона яке аз мушкилтарин масъала ин талҳил ва омузиши талаботи харидор мебошад. Таҷрибаи тараккиёти мамлакатҳои чаҳони бозоргони нишон дод, ки падидае ба пайдоиши фалсафаи нави бизнес ва афзудани накши фуруши махсулот дар силсилаи «тархрези – истехсол – фуруш» оварда расонд. Чун натичаи дигаргунии равандҳои иктисоди «фалсафаи бозоршиноси» арзи вучуд кард, ки аз кисмати асоси иборат аст.
Якум, тамоюл ба истеъмолкунанда – коидаи асосии сохибкори буда, асоси онро омузиши ҳохиши истеъмолкунанда ва кушиши конеъгардонии он ташкил медихад. Ба тарзи дигар баён кунем, сухан дар бораи талаботи конеъгаштаи истеъмолкунанда меравад. Чун мисоли равшани ин ҳолл ракобати байни корҳонаҳои америкоии автомобилсозии «Форд» ва «Ҷенерал моторз» -ро кайд намудан мумкин аст. «Ҷенерал моторз» дар ракобат бо корҳонаи «Форд» ҳохиши харидории автомобилҳои гуногунрангу гуногунрохати истеъмолкунандагонро ба назар гирифта, кисмати назарраси бозори фуруши «Форд» -ро сохиб шуд.
Барои корҳонаи америкои чустучуи талаботҳо дар мадди аввал аст, ки сарчашмаи фоидаи калон мебошад. Аз ин ру, онҳо доимо номгуи молу хадамоти ба бозор интиколшавандаро тагйиру такмил медиханд. Пайдоиши хар як намуди нави молу хадамот чун натичаи фаъолияти сохибкории корҳона ба такозои мавчудаву пайдошавандаи бозор вобаста аст.
Дуввум, фалсафаи бозоршиноси бояд бо назардошти фавран нишон додани аксамали корҳона ба талаботҳои тагйирёбандаи бозор, эчод карда шавад. Сарфи назар намудани ин омил боиси пастравии сатхи ба ракобат тобоварии молҳои корҳона ва зери фишори ракибон монанди он мегардад.
Сеюм, ракобати шадид дар бозори фуруш такозо менамоянд, ки ба халли масъалаи таъминоти корҳона бо захираҳои муносибат тагйир дода шавад. Мавчудияти беш аз меъёри захираҳои истехсоли ба сустшавии гардиши сармоя, сатхи даромадноки ва дар ниҳояти кор, ба пастшавии ба ракобат тобовари оварда мерасонад. Аз ин ру аксар корҳонаҳои ҳоричи таъминоти захираҳоро аз руи коидаи истифодаи фаврӣ ташкил намудаанд.
Масалан, дар корҳонаи машхури Чопон «Тойота» захираи кисмҳои эхтиёчоти ва маснуоти чамъшаванда хамаги барои 2 соат кори бефосилаи хатти истехсоли кифоя мекунад.
Се кисмати зикршудаи фалсафаи бозоршиноси такозо менамояд, ки таркибу хусусиятҳои инкишоф ва робитаи мутакобилаи чанбаҳои фаъолияти корҳона чун фаъолияти техники – истехсоли, тичорати, иктисоди, ташкили – идоракуни ба тарзи нав муносибат карда шавад.
Бозор организми ҷамъияти буда, доимо алоқа байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунандагони неъматҳои иқтисодиро бо воситаи ҷараёни баробаркунии мутақобили талабот ва пешниҳод, инчунин ташаккулёбии нархҳои бозорӣ, таъмин мекунад. Ташкилкунандагони муҳими механизми бозор талабот, пешниҳод ва нарх мебошанд.
Талабот – ҳоҳиш ва имкони истеъмолкунандаро, ба шумораи муайяни мол бо нархи муайян, тавсиф мекунад.
Талабот аз омилҳои гуногун вобаста аст: омили муҳиме, ки ба талабот бештар таъсирнок аст нарх мебошад: чи қадаре нархи маҳсулот паст бошад, ҳамон қадар шумораи харидорон бисёр аст, яъне талабот ба ин маҳсулот меафзояд.
Ғайр аз нарх ба талабот боз дигар омилҳо низ таъсир мерасонанд: зиёдшавӣ ё камшавии даромади аҳолӣ (истеъмолгарон); ивазшавии табъи харидорон; дефитсит (камёбӣ); дигаргуншавии нархи маҳсулот-ивазкунанда ва неъматҳои иловагӣ, шумораи истеъмолкунандагон дар соҳа ва ғайра.
Барои таҳлили вобастагии функсионалии талабот дар назарияи иқтисод мафҳуми қонуни талабот ва функсияи талабот истифода мешаванд.
Қонуни талабот – алоқаи баракси байни нарх ва маҳсулоти харидашавандаро нишон медиҳад.
Хати каҷи талабот – чи қадар харидорӣ намудани неъматҳои иқтисодӣ бо нархҳои гуногун дар айни замон тайёр будани хародоронро нишон медиҳад. Таъғирёбии нарх ҳаракати хати каҷи талаботро ифода мекунад; таъсири омилҳои ғайринархи хати каҷи талаботро ба самти рост ё чап ҳаракат медиҳад.
Пешниҳод. Пешниҳод – ин шумораи неъматҳои иқтисодӣ, ки фурӯшандагон (истеҳсолкунанда) тайёранд бо нархҳои муайян ба харидорон пешкаш кунанд. Пешниҳоди маҳсулот низ бо нарх алоқамандии зич дорад, вале ин алоқаманди нисбат ба қонуни талабот баракс мебошад; чӣ қадаре, ки сатҳи нарх баланд равад, ҳамон қадар фурӯшандагон тайёранд ба бозор маҳсулот пешкаш кунанд.
Алоқаи бевоситаи байни нарх ва шумораи маҳсулоти пешниҳодшаванда, қонуни пешниҳод номида мешавад. Вобастагии шумораи неъматҳои истеҳсолӣ аз сатҳи нарх бо графики хати каҷи пешниҳод тасвир карда мешавад.

Хати каҷи пешниҳод – хати каҷе, ки тайёрии фурӯшандагони (истеҳсолкунандагон) неъматҳои моддиро бо нархҳои муайян дар вақти додашуда тасвир мекунад.
Омилҳое, ки ғайр аз нарх ба пешниҳоди маҳсулот таъсир мерасонанд:

Тағирёбии технологияи истеҳсолот (агар технологияи навтарин ба истеҳсолот ҷорӣ карда шавад, сатҳи хароҷот паст гардида, маҳсулот бисёр истеҳсол мегардад);
Тағирёбии нархи омилҳо (пастшавии нархи омилҳои истеҳсолӣ ба баландшавии сатҳи пешниҳод мусоидат мекунад);
Тағирёбии андоз ва субсидия (кӯмакҳои моддӣ) (баландшавии андоз сабаби пастшавии миқдори пешниҳод гардида, субсидия бошад ба васеъ кардани истеҳсолот мусоидат мекунад);
Тағирёбии миқдори истеҳсолкунандагон (агар истеҳсолкунандагон зиёд бошанд, миқдори маҳсулоти пешниҳодшаванда меафзояд).
Талаботи корҳона
Корҳона ба омилҳои гуногуни истеҳсолӣ, ки барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ зарур аст, талабот дорад. Талаботи корҳона ба омилҳои истеҳсолӣ аз адозаи талаботи истеъмолкунандагони маҳсулоти корҳона вобаста аст; агар талабот ба маҳсулоти корҳона ба дараҷае афзоя, он вақт талаботи корҳона ба омилҳои истеҳсолӣ низ меафзояд.
Пешниҳоди корҳона
Пениҳоди корҳона бо се гурӯҳи омилҳо ташаккул меёбад:

Қобилияти пардохти талаботи харидории маҳсулот;
Сатҳи мавҷудбуда ва банақшагирифтаи хароҷоти истеҳсолӣ;
Вазъи умумии бозор ва рафтори рақибон.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.