Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ЗАХИРАҲОИ ИҚТИСОДИИ КОРҲОНА

Барои ба амал баровардани фаъоляти корҳона он бояд бо захираҳои иқтисодӣ (омилҳои истеҳсолӣ) ки барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ истифода бурда мешаванд.Нақша:

Моликият ва сармояи корҳона
Таркиби молияи корҳона
Сармояи оинномавӣ
Барои ба амал баровардани фаъоляти корҳона он бояд бо захираҳои иқтисодӣ (омилҳои истеҳсолӣ) ки барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ истифода бурда мешаванд.
Моликияти корҳона аз ҳисоби молу мулке, ки иштирокдорони он ба намуди саҳм гузоштаанд, ташкил мешавад. Моликияти корҳона дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ ва ҳоҷагидории корҳона афзун мегардад. Моликият метавонад ҳамчун объекти созиш, хариду фурӯш, гарав ва ғайра бошад.
Одатан моликияти корҳона аз моликияти ташкилотчиён, иштиродорон ва коргарон ҷудо мебошад. Корҳона ба ӯҳдадориҳои худ бо моликияти худ ҷавобгар аст, ба кадоме, ки метавонанд шарикон ё кредиторон барои иҷро накардани ягон ӯҳдадорӣ даъвогар шаванд.
Дар ҳолати муфлис шудани корҳона мувофиқи қонунгузорӣ, моликияти корҳона метавонад барои қонеъ гардонидани талаботи кредиторон истифода шавад. Боқимонда моликияти корҳонаи барҳамхӯрда байни шариконе, ки ба ин моликият ҳуқуқ доранд, тақсим карда мешавад.
Таркиби моликияти корҳона
Моликияти корҳона аз молу мулке таркиб ёфтааст, ки барои ба амал баровардани фаъолияти ҳоҷагидорӣ заруранд.
Одатан дар дар таркиби моликият элементҳои моддӣ ва ғайримоддиро ҷудо мекунанд:
Ба шумораи элементҳои моддӣ қитъаи замин, бино, иншоот, мошинаҳо, таҷҳизотҳо, ашёи ҳом, нимсохтҳо, маҳсулоти тайёр воситаҳои пулӣ дохил мешаванд.
Элементҳои ғайримоддӣ дар ҷараёни фаъолияти корҳона ба амал меоянд. Ба онҳо ному шӯҳрати корҳона ва доираи мизоҷони доимӣ, номгӯи фирма ва тамғаи молӣ, малакаи роҳбарият, сатҳи тахассуси кадрҳо, методҳои истеҳсолоти патентикунонидашуда, навовариҳо, ҳуқуқи муаллифӣ, шартномаҳо ва ба монанди инҳо, ки метавонанд фурӯхта шаванд ва ё ба шахси дигар тақдим шаванд, дохил мешаванд.
Дар курси иқтисодиёти корҳонаҳо моликият ҳамчун омили ҳоҷагидорӣ ва иқтисодӣ, ки фаъолияти бомуваффақияти корҳонаро таъмин мекунад, омӯхта мешавад.
Молияи корҳонаҳо, ширкатҳо ва сохторҳои тиҷоратӣ маҷмӯи муносибатҳои пулиро ифода мекунад, ки дар ҷараёни гардиши капитали асосӣ ва фаъолият кардани корҳонаҳо мавриди ташкил ва истифода кардани фондҳои пулӣ ба вуҷуд меоянд.
Муносибатҳои пулӣ, ки моҳияти молияи корҳонаҳоро ифода мекунанд гуногун мебошанд. Ин муносибатҳои пулӣ иборатанд:
– муносибатҳои пули бо сармоягузорон доир ба ташкил ва самаранок истифода кардани сармояи худи, инчунин пардохти дивиденду фоизҳо;
– муносибатҳои пули бо молфиристонандагону (таъминотчиён) харидорон доир ба хисоббаробарсозиҳои гайринакдию накди ва дигар пардохтҳои тарафайн;
– муносибатҳои пули ва дигар макомоту ташкилотҳои молияви – карзи доир ба чамовари ва чойгир кардани маблагҳои молияви (гирифтани карз ва соф кардани он, пардохти хакки сугурта ва гирифтани сугуртапули, дар бонкҳо нигох доштани маблагҳои пули муваккатан озод ва гайра);
– муносибатҳои пули бо бучети давлати доир ба пардохти андозҳо ва молиягузори аз бучети давлати;
– муносибатҳои пули бо фонди хифзи ичтимоии аҳоли доир ба маблаггузарони ба фонди мазкур ва таъминоти ичтимоии кормандони корҳонаҳо;
– муносибатҳои пули бо корҳонаҳои духтарҳонди ва филиалҳои шуъбаҳои алохида доир ба ташкил додани сармояи онҳо, таксимот ва истифодабарии фоида ва маблаггузаронии истехлоки, молиякунонии филиалҳои ва дигар сохторҳои дохилии ширкатҳо;
– муносибатҳои пули бо ширкатҳои дигар доир ба сармоягузориҳои молияви, барориш ва чойгир кардани сахмия ва вомбаргҳо;
– муносибатҳои пули бо кормандон доир ба ташкил ва истифода кардани фонди музди кор, фонди мукофоти модди, инчунин, доир ба дигар пардохтҳо аз фондҳои истеъмоли;
– муносибатҳои пули дигар (муносибатҳои пули, ки мавриди муфлис эълон кардани корҳонаҳо, якчояшави ва чудошавии ширкатҳо, маблаггузарони ба фондҳои хайрия ва гайра ҳолатҳо ба вучуд меоянд)
Чи тавре, ки дар ибтидо кайд карда шуд, муносибатҳои пули мазкур дар раванди ташкилёби ва харакати (таксимот ва истифодабарии) сармоя, даромад, фондҳо, захираҳо ва дигар маблагҳои молиявии корҳонаҳо ба вучуд меоянд. Махз харакати маблагҳои пули мохияти молияи корҳонаҳоро ифода мекунад.

Сармояи корҳона
Сармояи корҳона аз рӯи якчанд нуқтаи назар омӯхта мешавад. Аз нуқтаи назари аввал сармояи воқеӣ (реалӣ), яъне дар шакли воситаҳои истеҳсолӣ ва дуввум сармояи пулӣ, яъне дар шакли сармояи пулӣ, ки барои харидорӣ намудани воситаҳои истеҳсолӣ, ҳамчун сарчашмаи воситаҳо барои таъмини фаъолияти ҳоҷагидории корҳона, омӯхта мешавад.
Сармояи худӣ ва қарзӣ
Воситаҳое, ки фаъолияти корҳонаро таъмин мекунанд ба воситаҳои худӣ ва қарзӣ тақсим мешаванд.
Сармояи худии корҳона – ин нархи моликияти корҳона, ки пурра дар ихтиёри худ дорад. Дар ҳисоб андозаи сармояи худии корҳона ҳамчун фарқият байни арзиши моликият ва тамоми ӯҳдадориҳои (қарзҳо) корҳона дар айни замон вуҷуддошта, ҳисоб карда мешавад.
Сармояи худии корҳона аз сарчашмаҳои гуногун захира мегардад: сармояи оинномавӣ, пардохтҳои гуногун ва хайрияҳо ва фоида, ки бевосита бо натиҷаи фаъолияти корҳона вобаста аст.
Сармояи қарзии корҳона – ин сармояе, ки корҳона ба намуди кредит (қарз), ёрии моддӣ, маблағҳое, ки бо гузоштани гарав гирифта шудааст ва ё аз дигар сарчашмаҳои беруна, ки корҳона бо муҳлат ва шартҳои муайян гирифтааст.
Сармояи оинномавӣ
Сармояи оинномавӣ – ин маҷмӯи воситаҳои (саҳм) муассисон ба моликияти корҳона дар вақти ташкил кардани корҳона, барои таъмини фаъолияти он дар ҳаҷми бо ҳуҷҷатҳои оинномавӣ муқаррар шуда, мебошад.
Сармояи оинномавӣ – сармояи аввалиндараҷа ва ибтидоии корҳона мебошад. Дараҷаи он бо назардошти тахминии фаъолияти ҳоҷагидорӣ (истеҳсолӣ) муайян карда шуда, дар вақти аз қайди давлати гузаштани корҳона қайд карда мешавад.
Ҷараёни ташаккулёбии сармояи оинномавии ҷамъияти саҳҳомӣ хусусияти муқаррар дорад. Сармояи оинномавии ҷамъияти соҳҳомӣ аз як тараф, сармояи худии ҷамъиятро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ва аз тарафи дигар бошад, ҳамчун маҷмӯи саҳми аксионеронро нишон медиҳад.
Сармояи оинномавии ҶС бояд аз шумораи муайяни саҳмияҳои намуди гуногун, бо номинали муайян, иборат бошад. Дар вақти баровардани саҳмияҳо дар ҳар кадоми он ягон арзиши пулӣ қайд карда мешавад, ки ин паритет ё арзиши номиналӣ номида мешавад. Ин арзиши қайд гашта, чанд қисми арзиши сармояи оинномавӣ ба як саҳмия, дар вақти ташкили ҶС, рост меомадаро нишон медиҳад.
Одатан ду намуди саҳмияҳо аз тарафи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бароварда мешаванд: саҳмияҳои оддӣ ва имтиёзнок.
Саҳмияҳои оддӣ – ҳуқуқи овоз дар ҷамъомадӣ умумии саҳмдорон, гирифтани дивидент ва иштирок дар тақсимоти моликияти ҶС, дар ҳолати барҳамхӯрӣ, ба саҳмдорони ин намуди саҳмия ҳуқуқ медиҳад. Андозаи дивиденти саҳмияҳои оддӣ аз натиҷаҳои фаъолияти корҳона вобаста аст.
Саҳмияҳои имтиёзнок бошад, ба дорандаи он ҳуқуқи овоз додан дар ҷамъомади умумии саҳмдорон намедиҳад, вале онҳо ҳуқуқи кафолатноки муайян доранд, ба монанди;

фоизи даромади қайдшуда дар намуди дивидент;
гирифтани дивидент то тақсимоти он ба дигар намудҳои саҳмия;
ҳуқуқи афзалиятнок барои гирифтани саҳми худ дар тақсимоти моликияти ҶС дар ҳолати барҳамхӯрӣ
Барои пардохти сармояи оинномавӣ метавонанд пардохтҳои пулӣ ва ҳам молӣ ворид шаванд. Ба пардохтҳои молӣ дохил мешаванд:

бино, иншоот, таҷҳизот, захираҳои моддӣ ва дигар масолеҳи арзишнок;
ҳуқуқ ба молу мулк (ҳуқуқи истифодаи об, замин, бинову иншоот, таҷҳизотҳо ва ғайра)
моликияти зеҳнӣ;
қоғазҳои қимматнок;
маблағҳо бо асъори ҳориҷӣ (барои ҷамъияти саҳҳомие, ки бо иштироки симои ҳориҷӣ ташкил карда мешавад).
Сармояи асосӣ ва гардон
Сармояи корҳонаҳо ба сармояи асосӣ ва сармояи гардон тақсим мешавад.
Ба сармояи асосӣ омилҳои моддие, ки дар корҳона муддати тӯлонӣ истифода мешаванд, дохил мешавад (бино, иншоот, таҷҳизот ва ғайра). Сармояи гардон ба хароҷоти воситаҳо барои ҳар як сикли истеҳсолӣ (ашёи ҳом, масолеҳи асосӣ ва ёридиҳанда ва ғайраҳо) ва инчуни барои пардохти музди меҳнат сарф карда мешавад. Сармояи асосӣ якчанд сол дар корҳона хизмат мекунад, вале сармояи гардон бошад пурра дар як сикли истеҳсолӣ истифода мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.