Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ФОНДҲОИ АСОСИИ КОРҲОНА

Дар ҷараёни истеҳсолот коргарони корҳона бо ёрии воситаҳои меҳнат ба предметҳои меҳнат таъсир мерасонанд ва онҳоро ба намудҳои гуногуни маҳсулоти тайёр табдил медиҳанд.Нақша:

Моҳияти иқтисодии фондҳои асосӣ.
Таркиб ва таснифи фондҳои асосӣ.
Фарсудашавӣ ва амортизатсияи фондҳои асосӣ.
Дар ҷараёни истеҳсолот коргарони корҳона бо ёрии воситаҳои меҳнат ба предметҳои меҳнат таъсир мерасонанд ва онҳоро ба намудҳои гуногуни маҳсулоти тайёр табдил медиҳанд.
Воситаҳои меҳнат (мошину таҷҳизот, биноҳо, воситаҳои нақлиёт) дар якҷоягӣ бо предметҳои меҳнат (ашёи ҳом, масолеҳ, нимсохтҳо, сузишворӣ) востаҳои истеҳсолотро ташкил мекунанд. Воситаҳои истеҳсолот, ки ифодаи арзиши доранд, фондҳои истеҳсолии корҳона номида мешаванд. Вобаста ба фаъолияти онҳо дар ҷараёни истеҳсолот, тартиби гузаронидани арзиши худ ба маҳсулот, тағирпазирии табиӣ, фондҳои истеҳсолӣ ба ду гурӯҳ – фондҳои асосӣ ва фондҳои гардон ҷудо мешаванд.
Фондҳои асосии истеҳсолӣ – ҷузъи воситаҳои истеҳслӣ мебошанд, ки дар якчанд марҳилаҳои пурраи истеҳсоли иштирок намуда, шакли худро тағир намедиҳанд ва арзиши худро ба маҳсулот қисм-қисм мегузаронанд. Аломати асосии муайянкунандаи фондҳои асосӣ ин тарзи гузаронидани арзиши худ ба маҳсулот мебошад. Фондҳои асосӣ арзиши худро ба маҳсулот бо тадриҷ: дар ҷараёни якчанд сикли истеҳсолӣ, қисм-қисм: вобаста аз андозаи фарсудашавӣ интиқол медиҳанд.
Фарсудашавии фондҳои асосӣ аз рӯи нормаи муқарраршудаи амортизатсия ҳисоб карда, суммаи он ба арзиши аслии маҳсулот ҳамроҳ мешавад. Баъд аз фурӯши маҳсулот фарсудашавӣ ҳисоб карда шуда, дар фонди махсуси амортизатсионӣ пасандоз мегардад, ки барои сармоягузориҳои нав пешбинӣ шудааст. Ҳамин тарз, арзиши ба фонди асосӣ аванскардашуда ҳамеша дар гирдгардиш мебошад. Моҳияти иқтисодии фондҳои асосӣ аз ҳамин иборат аст.
Воситаҳои асосии корҳона – ин ифодаи пулии воситаҳои меҳнат, ки дар баланси корҳона инъикос ёфтааст. Дар ҳуҷҷатҳои нормативӣ онҳо ҳамчун қисми моликият инъикос ёфта, ба сифати воситаи меҳнат барои истеҳсоли маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ё ин ки барои идоракунии ташкилот ба муддати заёда аз 12 моҳ ё сикли амалиёти муқаррарӣ, истифода мешаванд.
Ба сармояи асосии воситаҳои меҳнат предметҳое, ки аз як сол кам хизмат мекунанд (предметҳои тезхӯрдашаванда) ва инчунин ҷисмҳое, ки новобаста аз мӯҳлати истифодабарӣ, арзишашон аз 100 баробари музди маоши минималӣ кам аст (ҷисмҳои камарзиш) дохил намешаванд. Онҳо ба таркиби воситаҳои гардони корҳона дохил карда мешаванд.
Дар қатори фондҳои асосии истеҳсоли дар корҳона инчунин фондҳои асосии ғайриистеҳсолӣ мавҷуданд. Ба онҳо ҳонаҳои истиқомати, муассисаҳои бачагона, таълимӣ, тандурусти, варзишӣ ва дигар иншооти хадамоти маданӣ-маишӣ дарр баланси корҳона буда, мансубоанд. Фарияти фондҳои асосии ғайриистеҳсолӣ аз фондҳои асосии истеҳсолӣ дар он аст, ки онҳо дар ҷараёни истеҳсолот иштирок намекунанд ва арзиши худро ба маҳсулот бевосита намегузаронанд. Фондҳои асосии ғайриистеҳсолӣ дар корҳона вазифаи мусоидат кардан ба рафти ҷараёни истеҳсолотро мебозанд. Фондҳои пурракунии онҳо мавҷуд нест ва такрористеҳсоли онҳо аз ҳисоби даромади корҳона сурат мегирад.

2. Таркиб ва таснифи фондҳои асосӣ
Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргони фондҳои асоси заминаи муҳими таъминкунандаи рушди минбаъдаи иқтисодӣ аз ҳисоби ҳамаи омилҳои интенсивикунонии истеҳсолот ба шумор меравад.
Фондҳои асосии истеҳсолии корҳона миқдори зиёди воситаи меҳнат мебошанд, ки новобаста ба якҷинсагии иқтисодӣ бо таъиноти худ ва муддати истифода фарқ мекунанд. Аз ин чо зарурати таснифоти фондҳои асоси ба гурӯҳҳои муайян пайдо мешавад.
Аз ин рӯ таснифоти намудии амалкунанда фондҳои асосии корҳона ба гурӯҳҳои зерин тақсим мешаванд:

бино (бинои истиқоматӣ ҷудо):
иншоот;
дастгоҳҳои интиқолӣ;
мошину таҷҳизот;
воситаҳои нақлиёт
инструмент, инветари истеҳсолӣ ва ҳоҷагидорӣ;
ҳайвони корӣ;
ҳайвони ҳосилнок;
дарахтони бисёрсола.
дигар фондҳои асосие, ки дар боло қайд нашудаанд.
Ҳар як гурӯҳ аз воситаҳои меҳнати гуногун иборат мебошад. Ба иншоотҳо чоҳҳои газию нефтӣ, конҳо, иншоотҳои зеризаминӣ ва гидротехникӣ, кӯпрукҳо ва ғайраҳо дохил карда мешаванд. Ба дастгоҳҳои интиқолӣ қубурҳои обу ташноб, нақли (интиқоли) электри, алоқа ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Гурӯҳи «Мошину таҷҳизот» аз воситаҳои бисёр ва гуногун таркиб ёфтааст. Ба ин гурӯҳ машина ва таҷҳизотҳои корӣ (дастгоҳи бурранда, машинаҳои пресскунанда ва ғ.), машина ва таҷҳизотҳои қувванок (электромотор, генератор, техникаи ҳароратӣ ва ғ.), асбобҳои ченкунанда ва танзимкунанда, лавозимотҳои лабораторӣ ва техникаи ҳиссоббарор.
Воситаҳои нақлиёт – автомашинаҳо, автобусҳо, электрокараҳо ва монанди инҳо мебошанд. Ба таркиби инвентари истеҳсолӣ ва ҳоҷагидорӣ намудҳои бисёр ва гуногуни асбобу лавозимотҳое дохил карда мешаванд, ки мӯҳлати истифода ва арзиши онҳо бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ мувофиқат мекунанд. Ба гурӯҳи ҳайвоноти корӣ асп, барзагов, уштур ва ғайраҳо дохил карда шуда, ба ҳайвони ҳосилнок бошад он ҳайвонотҳое, ки аз онҳо имконияти ягон намуди маҳсулот гирифтан вуҷуд дорад дохил карда мешаванд (гов, гӯсфанд, хук).

3. Фарсудашавӣ ва амортизатсияи фондҳои асосӣ
Мафҳуми фарсудашавии фондҳои асосӣ
Фондҳои асосӣ дар раванди истеҳсолот якчанд сол хизмат намуда, вобаста аз андозаи фарсудашавии ҷисмонӣ ё маънавӣ иваз карда мешаванд.
Фарсудашавии фондҳои асосӣ – қисман ва ё пурра гум кардани арзиши истеъмолии ибтидоии фондҳои асосиро ифода менамояд, ки ҳам дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ ва ҳам дар ҳолати бефаъолиятӣ (таъсири омилҳои беруна) сурат мегирад.
Фарсудашавии ҷисмонии воситаҳои меҳнат дар гум кардани хусусиятҳои техникӣ ва характеристикаи фондҳои асосӣ дар натиҷаи истифодабарӣ, таъсири муҳит ва шароити нигоҳдорӣ ифода мегардад. Ду намуди фарсудашавии фондҳои асосиро фарқ мекунанд: пурра ва ҷузъӣ.
Ҳангоми фарсудашавии пурра фондҳои асосӣ аз истеҳсолот ҳориҷ карда шуда бо фондҳои асосии нав иваз карда мешаванд. Фарсудашавии ҷузъии фондҳои асосӣ бо таъмир барқарор мешаванд.
Фарсудашавии маънавии фондҳои асосӣ – ин паст шудани арзиши фондҳои асосии истифодашаванда дар натиҷаи ихтироъ гаштани намудҳои нави он, ки нисбатан камхарҷ ва самаранок аст.
Фарсудашавии маънавӣ, одатан пеш аз фарсудашавии ҷисмонӣ ба вуқӯъ омада дар ду намуд зоҳир мегардад:
Якум; дар ҳолати гум шудани арзиши таҷҳизот дар натиҷаи баланд гаштани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаҳои истеҳсолкунандаи он зоҳир мегардад. Таҷҳизотҳои нав нисбатан арзиши аслии паст дошта, таҷҳизотҳои дар фаъолият буда маънаван беқадр мегарданд.
Фарсудашавии маънавии намуди дуюм дар гум шудани арзиши воситаҳои меҳнат дар натиҷаи истеҳсол гаштани таҷҳизотҳои нави самаранок ва бо параметрҳои хуби техникӣ-иқтисодӣ. Аз тадқиқи қонунияти фарсудашавии ҷисмонӣ ва маънавӣ давраи фарсудашавии иқтисодии намуди воситаи меҳнати додашуда муайян карда шуда, вобаста ба он дар корҳона муддати истифодабарии фоиданоки фондҳои асосӣ тартиб дода мешавад.
Муддати фоиданоки истифодаи фондҳои асосӣ – ин даврае, ки дар он истифодаи объектҳои фондҳои асосӣ барои даромад овардан ба ташкилот равона шудааст ё барои ба иҷро расонидани мақсади фаъолияти ӯ хизмат мекунад.

Амортизатсияи фондҳои асосӣ
Барои саривақт иваз намудани воситаҳои меҳнат зарур аст, ки арзиши фондҳои аз истеҳсолот ҳориҷшаванда пурра ба маҳсулоти тайёр гузаронида шавад. Дар фонди амортизатсионӣ маблағи лозима бояд ҷамъ карда шавад. Танҳо дар ҳамин шароит ҷараёни азнавистеҳсоли сармояи асосӣ метавонад мураттаб ва самаранок ба амал оварда шавад.
Амортизатсия (истеҳлок) – ҷараёни бо тадриҷ гузаронидани арзиши фондҳои асосиро вобаста аз андозаи фарсудашавӣ ба маҳсулоти истеҳсолшаванда, дар шакли пулӣ ва ҷамъшавии захираҳои молиявӣ бо мақсади такрористеҳсоли ояндаи фондҳои асосиро ифода мекунад. Моҳияти иқтисодии амортизатсия – ин ифодаи пулии қисми арзиши фондҳои асосии ба маҳсулоти истеҳсолшуда гузаронидашуда мебошад.
Фонди амортизатсионӣ – захираи махсусӣ пулии барои такрористеҳсоли фондҳои асосӣ таъиншуда мебошад. Фонди амортизатсионӣ барои такрористеҳсоли одии фондҳои асосӣ ва иваз намудани воситаҳои фарсудашуда бо нусхаи нави арзиши баробар дошта, таъин гаштааст.

Меъёри амортизатсия
Меъёри амортизатсия – фишанги асосии сиёсати амортизатсионӣ мебошад. Бо воситаи меъёри амортизатсионӣ суръати гардиши фондҳои асосӣ танзим шуда, шидатнокии ҷараёни такрористеҳсоли он таъмин мегардад. Дар ҳар давраи рушди иқтисодиёт сатҳи меъёр якхела буда наметавонад.
Меъёри амортизатсия – ин фарқ байни суммаи солонаи амортизатсия ва арзиши ибтидоии воситаҳои меҳнат, ки бо фоиз ифода гардидаанд. Нормаи амортизатсия бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.