Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


ВОСИТАҲОИ ГАРДОНИ КОРҲОНА

Шарти муҳим, барои ба амал овардани фаъолияти ҳоҷагидории корҳона ин вуҷуд доштани воситаҳои гардон мебошад. Воситаҳои гардон – ин воситаҳои пулии ба фондҳои гардони истеҳсолӣ ва фонди муомилот пешпардохтшуда мебошад. Моҳияти фондҳои гардон вобаста аз ҷиҳати иқтисодӣ, таъминоти ҷараёни такрористеҳсол, ки ҳам раванди истеҳсолӣ ва ҳам раванди муомилотро дарбар мегирад, муайян карда мешавад.ВОСИТАҲОИ ГАРДОНИ КОРҲОНА

Нақша:

Таркиб ва таснифи воситаҳои гардон.
Муайянкунии талаботи корҳона ба воситаҳои гардон.
Таҳлили истифодабарии воситаҳои гардони корҳона.
Шарти муҳим, барои ба амал овардани фаъолияти ҳоҷагидории корҳона ин вуҷуд доштани воситаҳои гардон мебошад.
Воситаҳои гардон – ин воситаҳои пулии ба фондҳои гардони истеҳсолӣ ва фонди муомилот пешпардохтшуда мебошад. Моҳияти фондҳои гардон вобаста аз ҷиҳати иқтисодӣ, таъминоти ҷараёни такрористеҳсол, ки ҳам раванди истеҳсолӣ ва ҳам раванди муомилотро дарбар мегирад, муайян карда мешавад.
Нисбат ба фондҳои асосӣ, ки дар раванди истеҳсолот якчанд маротиба иштирок мекунанд, фондҳои гардон танҳо дар як сикли истеҳсолӣ иштирок намуда, новобаста аз тарзи истеҳсолот арзиши худро ба маҳсулоти тайёр пурра мегузаронанд.
Фондҳои гардони корҳона – он қисми фондҳои истеҳсолӣ, ки дар ҳар як давраи истеҳсолот як маротиба иштирок намуда яклухт сарф мешаванд, арзиши худро пурра ба маҳсулоти тайёр мегузаронанд ва шакли аслии худро тағир медиҳанд.
Фондҳои гардон пайдарпайӣ ва мунтазамии тамоми ҷараёнҳое, ки дар корҳона ба вуқӯъ меоянд, таъмин менамояд. (таъминот, истеҳсолот, фурӯш ва маблағгузорӣ). Фондҳои гардон ҳамавақт дар ҳаракат буда, гирдгардиш мехӯранд. Гирдгардиши фондҳои гардони корҳона аз пардохти маблағи захираҳои моддии барои корҳона зарурӣ оғоз ёфта, бо баргаштани тамоми хароҷотҳо дар намуди даромад аз фурӯши маҳсулоти тайёр ба итмом мерасад. Баъдан ин сикл такрор мегардад. Ҳамин тарз дар ҷараёни гардгардиш фондҳои гардон якчанд зинаҳоро пай дар пай мегузарад:

Пулӣ – дар ин зина воситаҳои пулӣ барои предметҳои ба фаъолияти корҳона зарурӣ маблағгузорӣ мегардад;
Истеҳсолӣ – дар ин зина табдилёбии предметҳои меҳнат ба маҳсулоти тайёр ба амал меояд;
Молӣ – зинаи дарёфтани воситаҳои гардон дар предметҳои меҳнат ва маҳсулоти тайёр.
Воситаҳои гардон дар ҷараёни ҳаракат дар як вақт бо ҳама шаклҳо, дар тамоми зинаҳо бояд арзи вуҷул кунанд. Дар ҳамин ҳолат корҳона ба мунтазамӣ ва бефосилагии ҷараёни истеҳсолӣ ноил мегардад.
Маьсулоти тайёр

Воситаьои пулц

Воситаьои меьнат

Истеьсоли нотамом

Зинаи молц

Зинаи истеьсолц

Воситаҳои гардон ҳам дар муҳити истеҳсолот ва ҳам дар муҳити муомилот вуҷуд доранд. Фондҳои гардони истеҳсолӣ ва фондҳои муомилот ба унсурҳои гуногун тақсим мешаванд.
Унсурҳои воситаҳои гардон
Фондҳои гардони истеҳсолӣ дар бар мегиранд:
Захираҳои истеҳсолӣ;
Истеҳсолоти нотамом ва нимсохтаҳои истеҳсоли худӣ;
Хароҷоти давраҳои оянда.
Захираҳои истеҳсолӣ – он предметҳои меҳнат мебошанд, ки барои дохил кардан ба ҷараёни истеҳсолӣ омода гаштаанд. Дар навбати худ, таркиби он аз унсурҳои гуногун иборат аст: ашёи ҳом, масолеҳи асосӣ ва ёрирасон, сӯзишворӣ ва маводи сӯхт, нимсохтаҳои харида, зарф ва маҳсулоти зарфӣ, қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири ҷории фондҳои асосӣ, ашёҳои камарзиш ва тезхӯрдашаванда.
Истеҳсолоти нотамом ва нимсохтаҳои истеҳсоли худӣ – он предметҳои меҳнат, ки ба раванди истеҳсолт дохил карда шудаанд:масолеҳ, ҷузъу қисматҳои маснуот, ки дар марҳилаҳои коркард ё ғункунӣ дохиланд, инчунин нимсохтаҳои истеҳсолӣ худӣ, ки як марҳилаи коркардро дар як коргоҳ гузашта, бояд марҳилаи дигарро дар коргоҳи дигари корҳона гузаранд.
Хароҷотҳои давраҳои оянда – унсурҳои ғайришартии фондҳои гардон, ки хароҷоти тайёркунӣ ва азхудкунии маҳсулоти навро дар марҳилаи ҳозира (квартал, солона) дар худ ҷамъ намуда, ба маҳсулоти давраҳои оянда нисбат доранд (масъалан, хароҷотҳои лоиҳакашӣ ва коркарди технологияи намудҳои нави маҳсулот ва ғайра).
Ин хароҷотҳодар ҳамин лаҳзаи муайян сарф карда мешаванд, вале қисм – қисм аз ҳисоби хароҷоти давраҳои оянда, ки ба таркиби арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда дохил гардида, пардохта мешаванд.

Фондҳои гардони истеьсолӣ

Захираҳои истеьсолӣ

Истеҳсолоти нотамом ва нимсохтаҳои худӣ

Хароҷоти давраҳои оянда

Ашёҳо ва масолеҳи асосӣ

Масолеҳи ёрирасон

Нимсохтаҳои харида

Сӯзишворӣ, қисмҳои эҳтиётӣ, асбобу анҷом

Масолеҳи дигар

Нимсохтаҳои истеҳсоли худӣ

Истеҳсолоти нотамом

Хароҷоти тайёркунӣ ва азхудкунии маҳсулоти нав

Хароҷоти тайёркунии истеҳсолӣ

Хароҷоти муташаккилона тайёр ва ба кор қабул кардани коргарон

Фондҳои муомилот аз унсурҳои зерин таркиб ёфтаанд:

Маҳсулоти тайёр дар анбор;
Молҳои дар роҳ буда (молҳои боркардашуда);
Воситаҳои пулӣ;
Қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ.
Воситаҳои гардон тақсим мешаванд:

Вобаста аз таркиби иқтисодӣ – ба фондҳои гардони истеҳсолӣ ва фонди муомилот;
Вобаста аз тарзи ташкилёбӣ – ба худӣ ва қарзӣ;
Вобаста аз методи банақшагирӣ – ба меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ.
Ба меъёргирии фондҳои гардон – ин меъёри захираҳои иқтисодӣ асосноккардаи унсурҳои воситаҳои гардон, ки барои кори бемайлони фаъолияти корҳона зарур аст. Ба шумораи воситаҳои гардони бамеъёргирифташавана одатан фондҳои гардони истеҳсолӣ ва маҳсулоти тайёр дохил карда шуда, фонди муомилот ба меъёр гирифта намешаванд.

2. Муайянкунии талаботи корҳона ба воситаҳои гардон
Муайянкунии талаботи корҳона ба воситаҳои гардони худӣ дар ҷараёни бамеъёргирӣ, яъне муайянкунии меъёри воситаҳои гардон ба амал оварда мешавад.
Мақсади бамеъёргирӣ ин муайянкунии ҳаҷми ратсионалии воситаҳои гардон, ки барои мӯҳлати муайян ба истеҳсолот ва муомилот ҷалб карда мешаванд.
Талабот ба воситаҳои гардон ҳангоми тартиб додани нақшаи молиявӣ муайян карда мешавад. Андозаи меъёри воситаҳои гардон тағирёбанда мебошад. Андозаи воситаҳои гардони худии корҳона аз ҳаҷми истеҳсолот, шарту шароити таъминот ва фурӯш, ассортименти маҳсулоти истеҳсолшаванда ва шакли муомилоти истифодашаванда вобаста аст.
Ҳангоми ҳисоб кардани талаботи корҳона ба воситаҳои гардони худӣ ба инобат гирифтан лозим аст, ки воситаҳои гардони худӣ бояд на танҳо ҷараёни истеҳсолоти асосӣ, балки ҷараёни истеҳсолоти ёрирасон ва ҳоҷагидорӣ, ки ба истеҳсолоти асосӣ алоқаманд нест, рӯйпӯш кунад.
Бамеъёргирии воситаҳои гардон бо арзиши пулӣ ифода карда мешаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.