Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ЗАХИРАҲОИ МЕҲНАТИИ КОРҲОНА

Ташкили истеҳсолот бо одамоне, ки дар корҳона кор мекунанд, алоқаманд аст. Шартҳои дурусти ташкили истеҳсолот, системаҳо ва протседураҳои оптималӣ нақши муҳимро мебозанд. Бо вуҷуди ин, муваффақияти истеҳсолӣ аз шахсони муайян, донишу малакаи онҳо, салоҳиятдорӣ, дараҷаи ихтисос, дараҷаи илм, қобилияти ҳал намудани масъалаҳои ҳалталаб ва таъсирпазирии онҳо ба омӯзиш вобастагӣ дорад.Нақша:

Ҳодимони корҳона
Ҳосилнокии меҳнат
Ташкили меҳнат дар корҳона
Ташкили истеҳсолот бо одамоне, ки дар корҳона кор мекунанд, алоқаманд аст. Шартҳои дурусти ташкили истеҳсолот, системаҳо ва протседураҳои оптималӣ нақши муҳимро мебозанд. Бо вуҷуди ин, муваффақияти истеҳсолӣ аз шахсони муайян, донишу малакаи онҳо, салоҳиятдорӣ, дараҷаи ихтисос, дараҷаи илм, қобилияти ҳал намудани масъалаҳои ҳалталаб ва таъсирпазирии онҳо ба омӯзиш вобастагӣ дорад.
Захираҳои меҳнатии корҳона (кадрҳо) – ин маҷмӯи кормандони касбу ихтисосҳои гуногуни дар корҳона машғули меҳнат буда ва ба ҳайати рӯйхатии он шомил шуда мебошанд. Ба ҳайати рӯйхати кадрҳои корҳона ҳамаи кормандони ба кор қабулгардида, ки бо фаъолияти асосиву ёрирасон машғуланд, дохил мешаванд.
Одатан ҳайати кормандони корҳона ба кадрҳои истеҳсолӣ ва кадрҳое, ки дар қисматҳои ғайри-истеҳсолӣ фаъолият мекунанд, тақсим мешаванд. Ҳайати истеҳсолӣ – кормандоне, ки дар истеҳсолот ва хизматрасонии он машғуланд, – қисми асосии захираҳои меҳнатии корҳонаро ташкил медиҳанд.
Ҳайати кормандони истеҳсолӣ ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд: коргарон ва хизматчиён.
Коргарон – ҳайати кормандоне, ки бевосита дар раванди истеҳсолоти маҳсулот, дар идоракунии техникаву технология ва дастгоҳҳо иштирок мекунанд, аз болои кори таҷҳизотҳои автоматикӣ назорат мебаранд. Ду гурӯҳ дар таркиби кормандон ҷудо карда мешаванд: коргарони асосӣ ва коргарони ёрирасон.
Ба коргарони асосӣ кормандоне, ки бевосита маҳсулот ба вуҷуд меоранд ва бо ҷараёнҳои технологӣ машғуланд, яъне шакл, андоза, сохтор, хусусиятҳои физикавӣ ва химиявии предметҳои меҳнатро тағир медиҳанд, мансуб мешаванд.
Ба коргарони ёрирасон ҳайати кормандоне, ки дар сехҳои истеҳсолӣ ба ҷараёни истеҳсолот хизмат мерасонанд, шомил карда мешаванд.
Дар навбати худ коргарони ёрирасон метавонанд ба гурӯҳҳои функсионалӣ тақсим шаванд, яъне: нақлиётӣ ва боркунанда, назоратӣ, таъмирӣ, инструменталӣ, ҳоҷагидорӣ, анборӣ ва ғайраҳо.
Дар гурӯҳи хизматчиён ҳамчунин дараҷаи роҳбарон, мутахассисон ва худи хизматчиёнро ҷудо намудан мумкин аст.
Ба роҳбарон коргароне мансубанд, ки вазифаи роҳбарии корҳона ва сохторҳои онро ба ӯҳда доранд. (директор, ҷонишин, сардори шӯъба, сармутахассисон, менеҷерон).
Ба мутахассисон коргароне мансубанд, ки вазифаҳои муҳандисӣ, инҷинерӣ – техникӣ, иқтисодӣ, бухгалтерӣ, ҳуқуқӣ ва ғайраҳоро ишғол кардаанд.
Хизматчиён – коргароне, ки бо тартибдиҳӣ ва тайёр намудани ҳуҷҷатҳо, ҳисобгирӣ ва назорат ва хизматрасонии ҳоҷагидорӣ машғуланд. (иқтисодчиён, муҳосибон, ҳуқуқшиносон).

Ҳосилнокии меҳнат – нишондиҳандаи муҳими иқтисодӣ, ки барои муайян намудани самаранокии фаъолияти меҳнатии танҳо як коргар ва инчунин аҳли коллективи коргарон истифода мешавад. Нишондиҳандаи бештар паҳн гардидаи ҳосилнокии меҳнат ин коркарди маҳсулот мебошад.
Коркарди маҳсулот – ин шумораи маҳсулотест, ки дар воҳиди вақти корӣ истеҳсол шудааст. Вобаста аз воҳиди ченаки ҳаҷми истеҳсолот се тарзи муайянкунии коркарди маҳсулот истифода мешаванд:

Тарзи натуралӣ (аслӣ);
Усули арзишӣ (пулӣ);
Усули меҳнатӣ (меъёрҳои вақти корӣ).
Тарзи натуралии ченкунии коркарди маҳсулот хеле оддӣ ва боэътимоднок буда, ҳисоби ҳаҷми маҳсулоти коркардшуда бо тарзи табиӣ ифода мегардад (тонна, метр, дона ва ғ.).
Усули арзишӣ – аз он иборат аст, ки нишондиҳандаи ҳосилнокии меҳнат ҳамчун таносуби маҳсулоти истеҳсолшуда дар ифодаи воҳиди пулӣ, ба хароҷоти вақти корӣ муайян карда мешавад.
Барои ҳисоб кардани ҳосилнокии меҳнат бо ифодаи арзишӣ метавонанд нишондиҳандаҳои гуногуни баҳодиҳии истеҳсоли маҳсулот истифода шаванд: маҳсулоти умумӣ, гардиши умумии молӣ, арзиши меъёрии коркард ва даромади умумӣ.
Тарзи меҳнатӣ – дар ҳолати илмӣ асоснокшудаи меъёр динамикаи ҳосилнокии меҳнатро аниқ тавсиф мекунад. Дар ҷойҳои корӣ, дар бригадаҳо, дар участкаҳои истеҳсолӣ ва сехҳо ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти нотамоми гуногун ҳосилнокии меҳнат бо ченаки соатҳои меъёрӣ муайян карда мешавад.
Барои муайянкунии ҳосилнокии меҳнат, дар баробари коркарди маҳсулот инчунин нишондиҳандаи меҳнатғунҷоиши маҳсулот васеъ истифода мешаванд.
Меҳнатғунҷоиши маҳсулот – ҳосили ҷамъи тамоми меҳнати сарфшударо барои истеҳсоли воҳиди маҳсулот дар корҳонаи муайянро ифода мекунад.
Омилҳои рушди ҳосилнокии меҳнат – ин қувваҳои ҳаракаткунанда ё сабабҳое, ки зери таъсири онҳо динамика ва сатҳи ҳосилнокии меҳнат тағир меёбад. Ба сифати ин омилҳо тараққиёти техникӣ, мукаммалкунии ташкили истеҳсолот, идоракунӣ ва меҳнат баромад мекунад.

Ташкили меҳнат дар корҳона.
Ташкили меҳнат – ин тарзи оқилона муттаҳидкунии қувваи корӣ бо воситаҳои истеҳсолӣ, ки ҳам рушди ҳосилнокии меҳнатро таъмин кунад ва ҳам ба муҳофизати саломатии кормандон мусоидат кунад.
Ташкили меҳнат дар корҳона барои фароҳам овардани шароитҳои мусоиди корӣ барои коргар, системаи меҳнат ва баланшавии сатҳи даромади корҳона равона шудааст.
Самтҳои асосии ташкили меҳнат:

Кор карда баромадан ва ҷорӣ кардани шаклҳои оқилонаи тақсимот ва кооператсияи меҳнат;
Ташкили интиҳоб, тайёрӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;
Ташкил ва хизматрасонии ҷойҳои корӣ;
Бамеъёргирии меҳнат;
Ташкили музди меҳнат;
Беҳтаркунии шароити меҳнат.
Бамеъёргирии меҳнат.
Ташкили меҳнат ба сифати унсури таркибдиҳандаи зарурӣ бамеъёргирии меҳнатро дар бар мегирад. Мақсади ба меъёргирии меҳнат ин муайян намудани сарфа ва натиҷаи меҳнати лозима, муайян намдани таносуб байни шумораи коргарони гурӯҳҳои гуногун ва шумораи воҳиди таҷҳизот мебошад.
Бамеъёргирии меҳнат дар корҳона таъмин мекунад:

Муайянкунии меҳнатғунҷоиши нақшавии истеҳсоли ҷузъҳои алоҳидаи мол ва маснуот;
Ҳисоби шумораи лозимаи кормандон вобаста аз касб ва ихтисос;
Баҳодиҳии натиҷаҳои меҳнат, муайянкунии фонди музди меҳнат ва ҳавасмандкунии моддӣ;
Баҳодиҳии босамарӣ аз ҷорӣ намудани техникаи нав;
Асоснок намудани нақшаи рушди ҳосилнокии меҳнат;
Ҳисоби барномаҳои истеҳсолии сехҳо, участкаҳо, гурӯҳҳо ва ҷойҳои кории алоҳида;
Муайянкунии шумораи таҷҳизоти лозимӣ;
Меъёри меҳнат – ин асоси банақшагирӣ ва ташкили истеҳсолот, музди меҳнат ва ҳавасмандкунии рушди ҳосилнокии меҳнат мебошад.
Навъҳои меъёр.
Барои бамеъёргирии меҳнат нормативҳо ва меъёри ягона истифода мешаванд. Дар корҳонаҳо меъёри вақт, коркард, хизматрасонӣ, шумора, идоракунӣ ва инчунин вазифаҳои ба меъёр даровардашуда, муайян ва барпо мегарданд.
Меъёри вақт – давомнокии вақти корӣ, ки барои истеҳсолоти воҳиди маҳсулот ё иҷрои ҳаҷми кори муайян лозим аст.
Меъёри коркард – шумораи воҳиди маҳсулот, ки бояд як коргар ва ё бригада дар муддати муайян истеҳсол кунад.
Меъёри хизматрасонӣ – шумораи объектҳои истеҳсолӣ (ҷойҳои корӣ, воҳиди таҷҳизот), ки коргари дараҷаи ихтисоси мувофиқ дар мурури воҳиди вақти корӣ бояд хизмат расонад.
Меъёри шумора – миқдори ҳайати коргарони касбӣ-ихтисосии муайян, ки барои иҷрои ҳаҷми кори додашуда заруранд, муайян мекунад.
Меъёри идорашавандагӣ – миқдори кормандонеро, ки бояд ба як роҳбар тобеъ шаванд муайян мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.