Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


ТАШКИЛИ МУЗДИ МЕҲНАТ ДАР КОРҲОНА

Сиёсати музди меҳнат ҷузъи таркибии идораи корҳона буда, самаранокии кори корҳона ба андозаи қобили мулоҳиза ба он вобаста мебошад, зеро музди меҳнат яке аз муҳимтарин омилҳои ҳавасмандкунӣ дар истифодаи оқилонаи қувваи корӣ ба шумор меравад. Тартиби ҳавасмандкунии моддӣ – музди меҳнат ва мукофотҳои пулиро дар бар мегирад. Дар баъзе ҳолат ба сифати воситаи ҳавасмандкунии моддӣ системаи иштироки коргарон дар фоидаи корҳона истифода мешавад.Нақша:

Мафҳум ва моҳияти музди меҳнат.
Шакл ва системаи музди меҳнат.
Иштирок дар фоидаи корҳона.
Сиёсати музди меҳнат ҷузъи таркибии идораи корҳона буда, самаранокии кори корҳона ба андозаи қобили мулоҳиза ба он вобаста мебошад, зеро музди меҳнат яке аз муҳимтарин омилҳои ҳавасмандкунӣ дар истифодаи оқилонаи қувваи корӣ ба шумор меравад.
Тартиби ҳавасмандкунии моддӣ – музди меҳнат ва мукофотҳои пулиро дар бар мегирад. Дар баъзе ҳолат ба сифати воситаи ҳавасмандкунии моддӣ системаи иштироки коргарон дар фоидаи корҳона истифода мешавад.
Музди меҳнат – ин қисмати дар шакли пулӣ ифодаёфтаи даромади миллӣ аст, ки ба ивази миқдору сифати кори аз тарафи корманд анҷомёфта, тақсим шуда, ба истеъмоли шахсии ӯ ворид мегардад.
Музди меҳнат якчанд функсияҳоро иҷро мекунад:

Такрористеҳсол – таъмини имкони такрористеҳсоли қувваи корӣ;
Ҳавасмандгардонӣ – баландбардории сатҳи ҳавасмандӣ дар рушди корҳона;
Иҷтимоӣ – баамалории принсипи адолати иҷтимоӣ.
Дар мавриди муайян сохтани сиёсати марбут ба музди меҳнат ва ташкили он дар корҳона, зарур аст, ки принсипҳои зерин риоя карда шаванд:

Одилона будан, яъне музди баробар барои кори баробар пардохтан;
Ба эътибор гирифтани душвории кори иҷрошаванда ва савияи маҳорати корӣ;
Ҳавасманд кардан барои иҷрои кори босифат ва муносибати ҷиддӣ ба кор;
Ҷазои моддӣ додан барои нуқскорӣ ва муносибати бемасъулиятӣ дар вазифа;
Ҷуброн кардани музди меҳнат вобаста ба сатҳи таваррум:
Унсурҳои алоҳидаи ташкили музди меҳнат ин ташкили фонди музди меҳнат, системаи тарифӣ, шакл ва тартиби музди меҳнат мебошад.
Фонди музди меҳнат тамоми маблағҳои пулӣ, ки ба кормандони корҳона аз рӯи ставкаи тарифӣ, музди корбайъ, маош, мукофот ва иловапулиҳоро дар бар мегирад.
Коллективи корҳона мустақилона фонди музди меҳнатро ташаккул медиҳад, ки он қисми таркибии маблағҳое мебошад, ки ба истеъмолот равона карда мешаванд. Ба таркиби ин фонд дохил карда мешавад: ҳама гуна ҳисобҳо оид ба музди меҳнат, маблағҳои ҳавасмандкунӣ (мукофотҳо) ва ҷубронпулиҳо, маблағҳое, ки ба кормандон барои вақти кории иҷрокарданашуда мувофиқи қонун оид ба меҳнат, пардохта мешаванд ва ғайраҳо.

2. Шакл ва низоми музди меҳнат – ин тарзи муайян намудани вобастагии андозаи музди меҳнат аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда мебошад, ки бо ёрии маҷмӯи нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ, ки натиҷаҳои меҳнатро инъикос мекунанд, ифода мекунад.
Шакл ва низоми музди меҳнат барои таъмини дурусти таносуб байни андозаи кор ва андозаи музди он, инчунин барои баланд бардоштани сатҳи ҳавасмандии кормандон муқаррар шудааст.
Шаклҳои асосии музди меҳнат ин шаклҳои вақтбайъ ва корбайъ мебошад:

Музди кори корбайъ

моҳона

Коллективӣ пудратӣ

Корбайъи афзоянда (прогрессивӣ)

Паймонкорӣ (аккордӣ)

Корбайъи мукофотӣ

Музди кори корбайъи оддӣ

Шаклҳо ва низоми музди меҳнат

Корбайъи мукофотӣ

Музди кори корбайъ – ин музди меҳнате мебошад, ки барои миқдори маҳсулоти истеҳсолкардашуда пардохта мешавад.
Аксар вақт дар корҳонаҳо но музди кори корбайъи оддӣ, балки корбайъи мукофотӣ истифода мегардад.
Музди меҳнати корбайъи мукофотӣ чунин низоме мебошад, ки коргар на танҳо дастмузди корбайъ, балки мукофот ҳам мегирад. Мукофотро одатан барои ноил шудан ба нишондиҳандаҳои муайян муқаррар мекунанд: иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулот, супоришҳои марбут ба сифати маҳсулот ё сарфакорӣ дар харҷи мавод ва ғайраҳо.
Музди меҳнати вақтбайъ – ин музде мебошад, ки барои вақту замони анҷомшуда, вале на вақти тақвимӣ, балки вақти меъёрӣ, ки дар низоми тарифҳо пешбинӣ шудааст, пардохта мешавад.
Ба мақсад мувофиқ будани истифода аз низоми вақтбайъ ё соатбайъи музди меҳнатро омилҳои зиёде, ки дар мавриди тасмимгирӣ вуҷуд доранд, муайян менамоянд. Низоми вақтбайъи музди корро дар ҳолатҳои зерин ба кор бурдан манфиатбахш аст.
Дар корҳона мавҷуд будани хатти муттасили конвейер, ки бо набзу низоми қатъиян муайян амал мекунад;
Вазифаи коргарон танҳо аз назорат кардани рафти ҷараёни технологӣ иборат бошад;
Сифати кор муҳимтар аз миқдори он бошад;
Кори хатарнок бошад.
Музди меҳнати корбайъро дар корҳона дар ҳолатҳои зерин истифода бурдан мувофиқи матлаб аст:

Имкони ба ҳисоб гирифтани ҳаҷми дақиқи корҳои иҷрошаванда мавҷуд бошад;
Истифодаи ин низом ба сифати маҳсулот таъсири манфӣ надорад;
Афзоиш додани тавлиди маҳсул дар тамоми корҳона зарурати ҳатмӣ мебошад.
3. Ба сифати воситаи ҳавасмандгардонии моддӣ метавонад инчунин низоми иштироки коргарон дар фоидаи корҳона истифода шавад. Ин низом, барои байни коргарон ва фирма тақсим намудани фоидаи иловагие, ки дар натиҷаи баландбардории ҳосилнокии меҳнат ва беҳтар намудани сифати маҳсулот ба даст омадааст, пешбинӣ шудааст. Дар ин ҳолат, доимо ҳосилнокии умумии корҳона дида мешавад.
Якчанд низоми иштирок дар тақсимоти фоида вуҷуд дорад. Бисёре аз онҳо бо натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти корҳона вобаста набуда, балки бо нишондиҳандаҳои алоҳидае, ки омилҳои баландбардории рақобатпазириро инъикос мекунанд, вобастагӣ дорад.
Мақсади истифодаи ин гуна низом ин васеъ намудани ҳавасмандии коргарон ба баландбардории самаранокии меҳнати худ мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.