Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


СОХТОРИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ТАШКИЛИИ КОРҲОНА

Шарти зарурии фаъолияти босамари корҳона ин бунёди оқилонаи сохтори ташкилӣ, истеҳсолӣ ва идоракунӣ мебошад. Хусусияти муҳими сохтори корҳона, серҳаракатии он ва тағирёбии он дар ҳар давра ба шумор меравад. Аз рӯи такмили техника ва технологияи истеҳсолот, идоракунӣ, ташкили меҳнат ва истеҳсолот сохтори корҳона низ тағир меёбад.Нақша:

Сохтори истеҳсолии корҳона;
Шаклҳои ташкили истеҳсоли саноатӣ;
Ҷараёни истеҳсолӣ ва принсипи ташкили он.
Шарти зарурии фаъолияти босамари корҳона ин бунёди оқилонаи сохтори ташкилӣ, истеҳсолӣ ва идоракунӣ мебошад.
Хусусияти муҳими сохтори корҳона, серҳаракатии он ва тағирёбии он дар ҳар давра ба шумор меравад. Аз рӯи такмили техника ва технологияи истеҳсолот, идоракунӣ, ташкили меҳнат ва истеҳсолот сохтори корҳона низ тағир меёбад.
Ташкили истеҳсолот – ин фазои сохтори корҳона (қувваи корӣ, қисматҳои сохторӣ, воситаҳои истеҳсолӣ ва масолеҳҳо) ва таъсири мутақобили онҳо барои ноилшавӣ ба натиҷаҳои баланди сифат ва миқдор дар марҳилаи додашуда дар дами истифодаи оқилонаи захираҳо.
Ташкили истеҳсолот барои ба вуҷуд овардани сохторе, ки қобили ба амалбарории вазифаҳои додашуда мебошад, равона шудааст.
Сохтори умумӣ ва истеҳсолии корҳонаро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:
Сохтори умумии корҳона аз зерсохторҳои истеҳсолӣ, хадаматҳо ва ҳоҷагиҳои гуногуни умумикорҳонавӣ, ташкилотҳои идоракунандаи корҳона ва хизматрасонӣ ба кормандон, аз он ҷумла ташкилотҳои маданӣ – маишӣ (ҳоҷагии манзилӣ – коммуналӣ, ошҳона, нуқтаи саломатӣ,боғчаи бачагона ва ғ.) иборат мебошад.
Самаранокии умумии сохтори истеҳсолии корҳона ба нишондиҳандаҳои муҳими иқтисодии корҳона таъсир мерасонад: сифати маҳсулот, рушди ҳосилнокии меҳнат, андозаи хароҷоти истеҳсол ва муомилот, самаранокии истифодаи тамоми намудҳои захира ва ғ.
Зери мафҳуми сохтори истеҳсолии корҳона таркиби ташкилкунандаи участкаҳои он, сехҳо ва хадамотҳо, шаклҳои вобастагии онҳо дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, фаҳмида мешавад.
Унсурҳои асосии сохтори истеҳсолии корҳона – ҷойҳои корӣ, участкаҳо ва сехҳо ба шумор мераванд.
Ҷои корӣ – ин звенои ҷараёни истеҳсолии ҷудонашаванда дар муносибатҳои ташкилӣ буда, бо як ё якчанд коргар хизматрасонӣ мегардад, барои иҷрои амалиётҳои муайяни истеҳсолӣ ё хизматрасонӣ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизотҳои мувофиқ ва воситаҳои техникӣ муҷаҳаз гардонида шудааст.
Участка – қисмати истеҳсолӣ, ки якчанд ҷойҳои кориро дар бар мегирад, бо нишонаҳои муайян гурӯҳбандӣ гардида, қисми умумии ҷараёни истеҳсолии тайёр намудани маҳсулот ё хизматрасонӣ ба ҷараёни истеҳсолиро ба амал меорад.
Сех – системаи мураккаби сохтори истеҳсолӣ буда, ба он дар сифати зерсохтор участкаҳои истеҳсолӣ ва якқатор органҳои функсионалӣ дохил мешаванд. Сех воҳиди асосии сохтори корҳонаҳои калон ба шумор меравад.

2. Шаклҳои ташкили истеҳсоли саноатӣ.
Шаклҳои истеҳсолот – дараҷаи таснифотии истеҳсолот, ки бо нишонаҳои арзаи номенклатура, мунтазамӣ, устувории ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, шакли таҷҳизоти истифодашаванда, дараҷаи ихтисоси кадрҳо, меҳнатғунҷоиши амалиётҳо ва давомнокии давраи истеҳсолӣ, ҷудо мешаванд. Дар таҷриба бо назардошти тавсифи комплексии хусусияти ташкили истеҳсолот се шакли ташкили истеҳсолоти саноатиро фарқ мекунанд: воҳидӣ, силсилавӣ ва оммавӣ.
Истеҳсолоти воҳидӣ бо навъҳои васеи маҳсулот ва ҳаҷми ками истеҳсоли молҳои якхела тавсиф мегардад. Дар ин шакли истеҳсолот, истеҳсоли як намуди маҳсулот такрор намегардад ё номунтазам такрор мешавад. Истеҳсолоти воҳидӣ асосан ба соҳаҳои киштисозӣ, истеҳсоли гидротрубинаҳои калон ва дигар лавозимотҳои беназир ҳос аст.
Истеҳсолоти силсилавӣ бо истеҳсоли маҳдуди навъи маҳсулот тавсиф мегардад. Дар ин шакли истеҳсолот, истеҳсоли силсислаи маҳсулот баъди гузаштани фосилаи вақти муайян такрор мегардад.
Маҳсулотҳои истеҳсолоти силсилавӣ асосан маҳсулотҳои стандартӣ мебошад, масалан (дастгоҳҳои металлбурӣ, насосҳо, компрессорҳо, таҷбизотҳои соҳаи химия ва саноатӣ хӯрокворӣ).
Истеҳсолоти оммавӣ бо истеҳсоли намудҳои муайяни мол дар ҳаҷми махсусан калон тавсиф мегардад. Барои истеҳсолоти оммавӣ номенклатураи ивазнашавандаи маҳсулоти истеҳсолшаванда, ҷойҳои кории махсус барои иҷрои танҳо як амалиёти доимӣ, истифодаи таҷҳизотҳои махсус, сатҳи баланди механизатсия ва автоматизатсия ҳос аст. Механизатсия ва автоматизатсияи истеҳсолоти оммавӣ барои паст намудани сатҳи ҳиссаи меҳнати дастӣ имкон медиҳад.
Арзиши аслии маҳсулоти истеҳсоли оммавӣ бо муқоиса бо маҳсулоти истеҳсоли воҳидӣ ва силсилавӣ минималӣ мебошад. Ин шакли истеҳсолот дар ҳолати калон будани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мувофиқи мақсад аст.
Тавсифи шаклҳои истеҳсолот

Омил
Воҳидӣ

Силсилавӣ

Оммавӣ

Номенклатура

Номаҳдуд

Бо силсилаҳо маҳдуд

Як ё якчанд маҳсулот

Такрории истеҳсолот

Такрор намегардад

Такрор мегардад

Доимо такрор мегардад

Таҷҳизоти истифодашаванда

Универсалӣ (ҳамакора)

Универсалӣ, қисман махсус

Асосан махсус

Дараҷаи ихтисоси кадрҳо

Олӣ

Миёна

Нопурра

Арзиши аслии воҳиди маҳсулот

Баланд

Миёна

Паст

Дар шароити бозорӣ корҳона бояд ба тағирдиҳии доимии номенклатураи маҳсулоти истеҳсолшаванда мувофиқ бошад. Барои ин истеҳсолот бояд универсалӣ бошад ва сикли пурраи ба ҳам пайвастаро ба амал орад: аз амалиётҳои тайёркунӣ то борпечкунии маҳсулот.

Ҷараёни истеҳсолӣ ва принсипи ташкили он
Ҷараёни истеҳсолӣ – асоси фаъолияти ҳар кадом корҳона буда, маҷмӯи равандҳои алоҳидаи меҳнат, ки барои мубаддал гардонидани ашёи ҳом ба маҳсулоти тайёр бо сифат, миқдор, ассортимент ва мӯҳлати муайяни додашуда равона гардидааст, ифода мекунад.
Дар рафти коркарди ашёи ҳом, барои кашонидан, назорат, таъмини истеҳсолот бо воситаҳои лозима, ашёи ҳом, масолеҳ, таъмир ва танзими таҷҳизотҳо меҳнати зиёд сарф мегардад. Ҳамин тарз, раванди истеҳсолӣ ҷараёнҳои технологӣ, ахборотӣ, нақлиётӣ, ёрирасон, хизматрасонӣ ва дигар ҷараёнҳоро дар бар мегирад.
Ҷараёни технологӣ – тағирёбии шакли мақсадноки андоза, таркиб, сохтор ва ҷойи ашёҳои меҳнатро ифода мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.