Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


СОХТОРИ ТАШКИЛИИ ИДОРАКУНИИ КОРҲОНАҲО

Вазифаи идоракунии фаъолияти корҳона бо зерсохторҳои дастгоҳи идоракунӣ ва коргарони алоҳида, ки онҳо бо ҳамдигар ба муносибатҳои иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва псиҳологӣ дохил мешаванд, ба амал бароварда мешавад. Муносибатҳои ташкилӣ, ки байни зерсохторҳо ва кормандони дастгоҳи идоракунии корҳона ба амал меоянд, сохтори ташкилии корҳонаро муайян мекунанд.Нақша:

Сохтори ҷадвалӣ, хусусият ва соҳаи истифодабарии он;
Сохтори функсионалӣ, афзалият ва камбудиҳои он;
Сохтори дивизионалӣ.
Вазифаи идоракунии фаъолияти корҳона бо зерсохторҳои дастгоҳи идоракунӣ ва коргарони алоҳида, ки онҳо бо ҳамдигар ба муносибатҳои иқтисодӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ ва псиҳологӣ дохил мешаванд, ба амал бароварда мешавад. Муносибатҳои ташкилӣ, ки байни зерсохторҳо ва кормандони дастгоҳи идоракунии корҳона ба амал меоянд, сохтори ташкилии корҳонаро муайян мекунанд.
Сохтори ташкилии идоракунии корҳона – таркиб (номгӯи) шӯъбаҳо, хадамотҳо ва зерсохторҳо дар дастгоҳи идоракунӣ, тартиби ташкили онҳо, характери тобеияти онҳо ба ҳамдигар ва ба узви болоии идоракунии фирма, ҳамчунин тартиби тақсимоти вазифаҳои идоракунӣ ба зерсохторҳои иерархияи идоракуниро ифода мекунад.
Гуногуншаклии муносибатҳои функсионалӣ ва имконпазирии тарзҳои тақсимоти онҳо байни зерсохторҳо ва коргарон намудҳои гуногуни имконпазири сохтори ташкили идоракунии истеҳсолотро муайян мекунад. Ҳамаи ин намудҳо ба се шаклҳои сохторҳои ташкилӣ мухтасар карда мешаванд: ҷадвалӣ, функсионалӣ ва дивизионалӣ.
Сохтори ҷадвалӣ:
Моҳияти сохтори ҷадвалии (иерархӣ) идоракунӣ аз он иборат аст, ки таъсири идоракунӣ ба объект метавонад танҳо аз ҷониби як шахси асосӣ расонида шавад – роҳбар, ки ахбороти расмиро танҳо аз шахсони ба ӯ тобеъ қабул мекунад, оиди масъалаҳои ба ӯ вобаста қарор қабул мекунад ва дар назди роҳбари болои оиди ӯҳдадориҳои худ ҷавобгар аст.
Ин шакли сохтори идоракунӣ дар шар шароити амал намудани корҳонаҳои хурд бо истеҳсолоти номураккаб истифода мегардад.
Афзалияти сохтори ҷадвалӣ – ин тарзи соддаи истифодабарии он мебошад. Дар ин ҷо тамоми вазифа ва ӯҳдадориҳо аниқу возеҳ тақсим шудаанд, ки барои ҷараёни фаврии қабули қарор ва таъмини интизоми коллектив шароит фароҳам меорад.
Ба шумораи норасогиҳои сохтори идоракунии ҷадвалии ташкилот одатан қатъият, ночандирӣ, номувофиқатӣ барои рушд ва равнақи ояндаи корҳона қайд карда мешавад. Сохтори ҷадвали аз роҳбарон дараҷаи ихтисоси баланд ва кордонӣ дар масъалаҳои истеҳсолот ва идоракунии зердастонро талаб мекунад.

2. Сохтори функсионалӣ ҳамчун натиҷаи ногузири мураккабкардашудаи ҷараёни идоракунӣ сохта шудааст. Хусусияти сохтори функсионалӣ дар он аст, ки агарчӣ яккасардории худро нигоҳ дорад ҳам барои ҳар як функсияҳои идоракунӣ шӯъбаҳои маҳсус ташкил мешаванд, ки коргарони он соҳиби донишу малакаи корӣ дар соҳаи идоракунии додашуда мебошанд.
Дар асос, барпокунии сохтори функсионалӣ гурӯҳбандии персонали корҳона ба он масъалаҳои васеъ, ки онҳо иҷро мекунанд, ба амал меояд.
Агар ҳаҷми умумии ташкилот ё шӯъбаи додашуда калон бошад, он гоҳ шӯъбаҳои асосии функсионалии корҳонаро дар навбати худ ба қисматҳои функсионалии нисбатан хурдтар тақсим намудан мемкин аст. Онҳоро шӯъбаҳои дуюминдараҷа ё маҳсулӣ меноманд. Ақидаи асосӣ аз он иборат аст, ки афзалиятҳои махсусро ба таври максималӣ истифода бурда, роҳбариятро пуркор накардан. Аммо дар ин ҳолат бояд эҳтиёткориро риоя намуд, ки ин намуди шӯъбаҳо мақсад ва манфиатҳои худро аз мақсади умумии корҳона боло нагузоранд.
Дар таҷриба одатан сохтори ҷадвалӣ – функсионалӣ ё штабӣ истифода мешаванд, ки ташкили қисматҳои функсионалиро дар назди звеноҳои асосии сохтори ҷадвалӣ пешбинӣ менамояд.
Дар қатори роҳбарони ҷадвалӣ (директор, сардори филиал ва сехҳо) инчунин роҳбарони қисматҳои функсионалӣ фаъолият доранд. Онҳо бо тайёр намудани лоиҳаҳои нақша ва ҳисоботҳо, ки баъди аз ҷониби роҳбарони ҷадвалӣ ба имзо расидан ба ҳуҷҷатҳои расмӣ табдил меёбанд, машғуланд.

Афзалияти сохтори функсионалӣ дар он аст, ки ин сохтор барои баланд бардоштани сатҳи тахассус сабаб мегардад ва мутобиқ кардани фаъолияти корҳона нисбатан беҳтар мегардад.
Шӯъбаҳои функсионалӣ метавонанд, нисбат ба мақсадҳои умумии ташкилот, барои ба амал баровардани мақсадҳои худ ҳавасманд бошанд. Ин ҳолат сабаби сар задани ихтилоф (конфликт) байни шӯъбаҳои функсионалӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар корҳонаҳои калон занҷири фармон аз роҳбар то иҷрокунандаи бевосита, бисёр дуру-дароз мегардад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи сохтори функсионалӣ дар корҳонаҳое, ки нисбатан номгӯи маҳсулоташон маҳдуд аст ва дар шароити босубот ва устовор фаъолият мекунанд, мувофиқи мақсад аст. Мисоли ин намуди корҳонаҳо ин корҳонаҳои металлургӣ, саноати резинотехникӣ ва корҳонаҳое, ки ашёи ҳом истеҳсол мекунанд.
Сохтори функсионалӣ барои корҳонаҳое, ки дар бозорҳои мамлакатҳои системаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва қонунгузории гуногун фаъолият доранд, сохтори идоракунии функсионалӣ мувофиқат намекунад. Барои ин шакли корҳонаҳо бештар сохтори идоракунии дивизионалӣ истифода мегардад.

3. Аввалин коркарди консепсия ва ба роҳ мондани сохтори идоракунии дивизионалӣ ба солҳои 20-уми асри гузашта рост меояд. Истифодаи саноатии он бошад солҳои 60-70-ум ба роҳ монда шуд.
Мақоми асосиро, дар идоракунии ташкилотҳои сохтори дивизионалӣ на роҳбарони функсионалӣ, балки идоракунандагон (менаҷерон), ки шӯъбаҳои истеҳсолиро сарварӣ мекунанд, ишғол менамоянд.
Сохтори ташкилот, одатан аз рӯи се меъёр ба шӯъбаҳо тақсим карда мешаванд: аз рӯи истеҳсоли маҳсулот ё хизматрасонӣ (махсуси маҳсулотӣ), бо нигаронӣ ба истеъмолгар (махсуси истеъмолотӣ), бо территорияи хизматрасонӣ (махсуси регионалӣ).

Роҳбар

Шуъбаи молия

Хадамоти кадрӣ

Шуъбаи маҳсулоти А

Шуъбаи маҳсулоти Б

Истеҳсол

Фурӯш

Истеҳсол

Фурӯш

Қисматҳои умумӣ Қисматҳои истеҳсолӣ Сохтори идоракунии маҳсулотӣ


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.