Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


ПЕШГӮИКУНӢ ВА БАНАҚШАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ КОРҲОНА

Ҳар як корҳона новобаста аз соҳаи фаъолият ва андозаи ҳаҷми истеҳсолот бояд фаъолияти худро ба нақша гирад. Банақшагирӣ – ин ҷараёни ташаккулёбии мақсадҳо, муайянкунии мақом, воситаҳо ва тарзу усулҳои ноил гаштан ба он мебошад. Ҷараёни банақшагирӣ якчанд равияҳоро дар бар мегирад: Яке аз онҳо – пешгӯикунӣ, яъне коркарди нақшаҳо барои ноил гаштан ба мақсадҳои стратегии корҳона мебошад.Ташаккулёбии стратегияи ҳоҷагидорӣ.
Банақшагирии истеҳсол ва фурӯши маҳсулот.
Бизнес – нақша. Маҳфум ва мундариҷаи бизнес-нақша.
Ҳар як корҳона новобаста аз соҳаи фаъолият ва андозаи ҳаҷми истеҳсолот бояд фаъолияти худро ба нақша гирад.
Банақшагирӣ – ин ҷараёни ташаккулёбии мақсадҳо, муайянкунии мақом, воситаҳо ва тарзу усулҳои ноил гаштан ба он мебошад. Ҷараёни банақшагирӣ якчанд равияҳоро дар бар мегирад: Яке аз онҳо – пешгӯикунӣ, яъне коркарди нақшаҳо барои ноил гаштан ба мақсадҳои стратегии корҳона мебошад.
Дар таҷрибаи ҳоҷагидорӣ банақшагирии стратегӣ, дарозмуддат, кӯтоҳмуддат ва чорӣ вомехӯранд. Ҳар кадоми онҳо намуд, усули бандубаст ва ҳисобу китоби нишондиҳандаҳоро доранд.
Мафҳуми «банақшагирии стратегӣ» аз рӯи мазмун ва функсияҳои худ таърифи аниқ надорад. Вайро дар адабиётҳои иқтисодӣ банақшагирии дарозмуддат, стратегияи тараққиёти корҳона низ меноманд. Ба банақшагирии стратегӣ инҳо дохил мешаванд:

коркарди стратегияи умумии ширкат;
муқаррарсозии мақсадҳои асосии корҳона;
идоракунии омилҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳими фаъолият;
муайянсозии стратегияи бозоршиносӣ дар бозори молҳои алоҳида;
асосноккунии пешомади стратегии маблағгузориҳо ва ғайра.
Дуруст аст, ки чунин маънидоди васеъ дар истифодаи амалӣ як қатор душвориҳоро пеш меорад. Ба фикри мо, дар ин маврид моҳияти ибораи «банақшагирии стратегӣ»-ро арзёбӣ намудан лозим аст. Калимаи асосии ибора «банақшагирӣ» аст, ки мазмуни маҷмӯи амалиётҳои ҳоҷагидориро оиди муқаррар намудани нишондиҳандаҳои нақшавии истеҳсолу фурӯши маҳсулот дар иртибот бо захираҳои барои онҳо зарур, инчунин, роҳу воситаҳои босамари бадастоварии онҳо – инкишофи техника, технологияи нав, ташкили истеҳсолот ва меҳнатро дорад. Аз рӯи муддате, ки ин нишондиҳандаҳо муқаррар карда мешаванд, банақшагирии дарозмуддат, кӯтоҳмуддат, ҷорӣ ва фавриро аз ҳам ҷудо мекунанд.
Калимаи «стратегӣ» самти банақшагириро, усули истифодаи онро нишон медиҳад. Банақшагирии стратегӣ вобаста ба якчанд ҳолатҳо, ки ҳоси танҳо низоми иқтисодӣ бозаргонист:

номуайянии инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ, ки ҳоси иқтисоди бозаргонист, тақозои самтгирии муайяни тараққиёти иқтисодиёти корҳонаро дорад.
инкишофи муназзами тараққиёти илмӣ-техникӣ, ки хусусияти ба тағйироти куллии истеҳсолот ва баландшавии ба рақобат тобоварии корҳона мусоидат мекунад, тақозо менамояд, ки ин ҳолро роҳбарияти корҳона пешбинӣ карда чорабиниҳои истифодаи онҳо ё худ самти дигари тараққиёти корҳонаро пешакӣ муайян созанд.
банақшагирии стратегӣ – ин воситаи амалигардонии стратегияи корҳона буда, ба ҷустуҷӯи захираҳои зарурӣ, роҳҳои расидан ба мақсадҳои стратегияи тараққиёт равона гардидааст.
Банақшагирии стратегӣ пурра ҳуқуқи махсуси роҳбарияти корҳона маҳсуб мешавад. Муддати давраи нақшавии он, ки банақшагирии стратегиро фаро мегирад, 10-15 солро ташкил медиҳад. Интиҳоби чунин муддат сабабҳои зеринро дорад.
Якум, ивазшавии пурраи воситаҳои асосӣ.
Дуввум, тағйиротҳои куллии илмӣ-техникӣ.
Сеюм, дигаргуншавии майлу рағбати истеъмолкунан-дагон ва ғайра.
Дар асоси банақшагирии стратегӣ банақшагирии дарозмуддат барои 3-5 соли пешомад сурат мегирад. Дар он вазифаву қарорҳои дар банақшагирии стратегӣ аниқшуда асоси иқтисодӣ пайдо карда, бо назардошти тамоюли инкишофи ҳоҷагидорӣ барои 3-5 соли наздик таъин карда мешавад. Натиҷаи банақшагирии дарозмуддат нақшаҳои сесола ва панҷсолаи тараққиёти корҳона аз рӯи соҳаҳои гуногуни фаъолият (истеҳсол, фурӯш, хароҷот, молия ва ғайра) мебошанд.
Дар асоси ин нақшаҳо нақшаҳои кӯтоҳмуддат барои муддати аз 1 то 3 сол тартиб дода мешаванд. Хусусияти ҳоси ин нақшаҳо дар он аст, ки нишондиҳандаҳои соли наздиктарин ҳар семоҳа, солҳои дуюму сеюмро ҳар нимсола тасҳеҳ мекунанд. Ин тасҳеҳ барои инъикос намудани таъсири муҳити беруна ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ зарур аст.
Банақшагирии чорӣ муддати аз се моҳ то як солро фаро гирифта, инкишофи ҷории арзаву тақозоро инъикос менамояд. Дар нақшаи чорӣ нишондиҳандаҳо барои семоҳаи аввал аниқу собит муқаррар шуда, барои 9 моҳи боқимонда тасҳеҳшавандаанд. Нисбат ба нақшаҳои кӯтоҳмуддат онҳо хеле ҷузъиётҳои бисёр доранд. Аз рӯи моҳият вазифаҳои хадамоти гуногуни корҳона дар ин нақша пайваст мешаванд. Хамоҳангии хадамоти гуногуни корҳона дар нақшаҳои таквимӣ (даҳрӯза) бештар мушоҳида мегарданд. Ин нақша одатан, барномаи ҳаракати маҳсулот ва омилҳои истеҳсолот буда, дар он санаҳои мушаххас ва хадамоти масъули ин ё он намуди фаъолият аниқ карда шудаанд.
2. Банақшагирии истеҳсол ва фурӯши маҳсулот
Шарти муҳими фаъолияти босамари корҳона – таъмин намудани истеҳсолот бо фармоишҳои истеъмолкунандагон мебошад, ки дар асоси он нақшаҳои ҷорӣ ва фаврӣ-тақвимии корҳона тартиб дода мешаванд. Банақшагирии барномаи истеҳсолӣ муайян кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, номгӯи он, муддати тайёркунӣ, сифати маҳсулот ва ғайраро дарбар мегирад.
Ҳангоми муайян кардани ҳаҷми истеҳсолот бояд ба назар гирифт, ки корҳона як ё якчанд намуди маҳсулотро тавлид мекунад.
Нақшаи истеҳсолии корҳона дар асоси фармоишҳои гирифташудаи шӯъбаи фурӯш тартиб дода мешавад. Маҷмӯи фармоишҳои нақшаи истеҳсолиро одатан, ба се қисмат тақсим мекунанд:

фармоишҳои чорӣ, ки кори муттасили ҳаррӯзаи корҳонаро таъмин мекунад;
фармоишҳои миёнамӯҳлат, ки мӯҳлати иҷроишашон то 1 – 2 сол ва зиёдтар аст;
фармоишҳои истиқболӣ, аз ҷумла, фармоишҳои пешбинишаванда барои 2 – 5 ва зиёда солҳои оянда.
Фармоишҳои ҷорӣ асосан, бо шартномаҳои аз тарафи шӯъбаи фурӯш басташаванда мустаҳкам карда мешаванд. Истеҳсоли маҳсулоти бефармоиш танҳо дар асоси боварии катъӣ доштани корҳона оиди фурӯши бемониаи он ба роҳ монда мешавад.
Агар фармоишҳои миёнамӯҳлат ва истиқболӣ низ шартномабандӣ гарданд, онгоҳ кафолати хариди маҳсулоти навро ба якчанд сол ва ҳатто якчанд моҳ пештар дода метавонанд. Корҳона агар маҳсулотҳои навро азхуд накунад, хатари дар оянда пурра аз даст додани харидоронро дорад. Барои аксар корҳонаҳо дар шароити муносибатҳои бозаргонии идоранашаванда бартарафсозии хавф имкон надорад, аммо ба ҳотири камкунии хавфи муфлисшави қисми зиёди онҳо ба қоидаҳои зерин риоя менамоянд:
– маҳдудсозии раванди офариниши маҳсулоте, ки барои бе фармоиши пешакӣ ба бозор баровардан, таъин шудааст. Ин гуфтаҳо маънои онро дорад, ки тамоми ҳисобу китобҳои пешакии арзиши аслии маҳсулот гузаронида шуда, таъминкунандагони эҳтимолии ашёи ҳому масолеҳ, маснуоти борҷомавӣ муқаррар мегардад, Раванди тайёриро дар ҳамин марҳила то фармоиши воқеӣ нигоҳ медоранд;
– якнамудсозии ҳадди аксари қисматҳои васлкунанда, технологияҳои номгӯи маҳсулоти тавлидшаванда бо
дарназардошти ҳолате, ки фармоишгар аз маснуоти истеҳсолии ба роҳ мондашуда агар даст кашад, имкони зуд ва бебохт ба тавлиди дигар маҳсулот гузаштан бошад;
– кӯшиши дарёфти бозори фурӯши барои корҳона фоиданок, ки ғунҷоиши кофии фоидагириро дошта бошад ва кафолати пардохти маҳсулоту хадамоти фурӯхтаро диҳад. Ҳамзамон корҳонаро лозим аст, ки бозорҳои эҳтиётии фурӯшро низ ҷустуҷӯ кунад, то ки бозистии истеҳсолотро дар корҳона роҳ надиҳад, ҳарчанд сатҳи даромаднокии ин бозор аз бозори асосӣ камтар ҳам бошад;
– корҳона бояд кӯшиш кунад, ки маҳсулоти вай ақаллан аз ягон ҷиҳат нисбати ба моли рақибон бартарӣ дошта бошад. Ин хусусият бештар дар молҳое бояд риоя гардад, ки ба бозори нави фурӯш ворид мешаванд;

тавсеаи тарғиботи маҳсулот бояд на танҳо доир ба мавҷудияти мол хабар диҳад, балки бовар кунонад, ки харидор барои қонеъ гардондани талаботи худ бояд маҳз ҳамин молро харидорӣ намояд;
корҳонаро кӯшиш намудан лозим аст, ки барои ҳам таъминкунандагону ҳам истеъмолкунандагон шарики боэътимод гардад, зеро шӯҳрати хубию бадӣ зуд паҳн мешавад.
Бояд корҳона ба таъминкунандагони ашёи ҳом, масолеҳ, нимсохтаҳо, сӯзишворӣ, энергия ва пеш аз ҳама ба сифати маҳсулоти ба воситаи кооператсия кардан таъмин-шаванда, боэътимодии таъминкунандагон, нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда, қобилияти бо тезӣ вобаста ба талаботи нави харидор дигаргун сохтани кори худ ва ғайра, аҳамияти калон диҳад.
Ҳангоми тартиб додани барномаи истеҳсолӣ корҳона нишондиҳандаҳои аслӣ, аслӣ-шартӣ, меҳнатӣ ва арзиширо истифода мебарад. Ин имконият медиҳад, ки банақшагирӣ, ҳисобот ва назорати иҷроиши нақшаҳо ба амал бароварда шавад. Яке аз нишондиҳандаҳои асосии барномаи истеҳсолӣ ин ченакҳои аслӣ мебошанд, чунки онҳо имконият медиҳанд, ки дараҷаи истифодаи дастгоҳҳо ва иқтидори корҳона таҳлил карда шавад.
Нишондиҳандаҳои аслӣ бештар дар корҳонаҳои соҳаи саноати истихроҷкунанда (ангиштсанг, саноати кӯҳӣ) васеъ истифода бурда мешавад. Дар баъзе корҳонаҳо нишондиҳандаҳои аслӣ-шартӣ (қувваи асп дар соҳаи тракторсозй, килономер дар соҳаи ресандагй, ҳазор қуттии шартӣ дар соҳаи консервабарорӣ ва ғайра) истифода бурда мешавад.
Дар таҷрибаи банақшагирии дохиликорҳонавӣ нишондиҳандаҳои меҳнатӣ барои истеҳсолӣ маҳсулот васеъ истифода мешавад.
Нишондиҳандаҳои арзишӣ, ки хусусияти ҷамъбастӣ доранд дар ҳама корҳонаҳо истифода бурда мешаванд. Ба воситаи онҳо ҳаҷми маҳсулоти ба фурӯшрафта, маҳсулоти молӣ, умумӣ ва соф ҳисоб карда мешаванд.
Маҳсулоти молӣ бо усули корҳонавӣ ба нақша гирифта, ҳисоб карда мешавад. Ба таркиби он маҳсулоти тайёр ва нимтайёре, ки барои фурӯш тайёр карда шудааст, кору хизматҳое, ки хусусияти саноатӣ дошта барои дигар корҳонаҳову муассисаҳо иҷро карда мешаванд, дохил мешавад.
Маҳсулоти умумӣ ин маҳсулоти молӣ ва тағйироти маҳсулоти боқимондаи нимтайёр дар аввал ва охири сол мебошад. Аммо ин нишондиханда аз камбудиҳо ҳолӣ нест, чунки ба он арзиши ашёи ҳом, масолеҳ, маҳсулоти нимтайёри харидашуда ва ғайра дохил мешавад, яъне на ҳамаи он арзиши ҳиссаи худи корҳона аст. Бинобар он нишондихандаи маҳсулоти софро ҳисоб мекунанд. Барои ҳисоб кардани маҳсулоти соф аз маҳсулоти умумӣ хароҷоти моддӣ тарҳ карда мешавад.
Аммо нишондиҳандаи муҳимтарини фаъолияти корҳона дар шароити гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ ин нақшаи маҳсулоти ба фурӯшраванда мебошад.
Барои таъмини кори муътадил корҳонаро лозим аст, ки бозори муътадилу доимии фурӯшро соҳиб бошад. Дар ин иртибот маҳсулоти корҳона бояд ба талаботҳои харидорон оиди сифат ва нарх ҷавобгӯ бошад.
Тавре маълум аст, сифати баланди маҳсулот аксаран бо хароҷоти иловагӣ робита дорад, аммо ин ба болоравии нарх меорад, ки ба фоидаи харидор нест. Аммо аз ҷониби дигар, барои ба рақобат тоб овардан, корҳона бояд маҳсулоти хушсифат тавлид созад.
Аз ин ру, дар бозор вақтҳои гуногун худ аз худ бурриши каҷхаттаҳои афзоиши нарх ва сифати маҳсулот рух медиҳад, ки таносуби ин нишондиҳандаҳои рақобат-кунандаро барои категорияҳои гуногуни истеъмолкунандагон нишон медиҳад. Дар ин ҳолат ақаллан, 3 нуқтаи назар ба ҳисоб гирифта мешавад:

харидор ба сифати маҳсулот кам ахамият дода, моли арзон меҷӯяд;
нарху сифати мол харидорро конеъ месозанд;
харидор тайёр аст, ки барои сифати баландтар бештар пардохт кунад.
Барои муайян намудани сабабҳои пастшавии ба рақобат тобоварии маҳсулот мутахассисони корҳона (мухандисон, иқтисодичиён, коргарони шӯъбаи назорати техникӣ ва диг.) таҳлили ҳамаҷонибаи моделу сохтор, технологияи истеҳсол, сифат ва нархи масолеҳ, вазъи ташкили истеҳсолотро мегузаронанд.
Ҳамаи камбудиҳои ба чашм расида ба қисматҳо, амалиётҳои технологӣ, масолеҳ гурӯҳбандӣ шуда ному насаби шахсони масъули бартарафсозандаи ин камбудиҳо муайян мегарданд. Нақша ва натиҷаи баландбардории ба рақобат тобоварии маҳсулот ба самъи ҳамаи коргарон расонида мешавад, ки ин имкон медиҳад то нақшаи истеҳсоли маҳсулот ва маҷмӯи фармоишҳо саривақт ва бо сифати баланд иҷро шавад.
3. Бизнес-нақша ҳуҷҷати муҳми нақшагирии фаъолияти корҳона
Бизнес-нақша ҷузъи асосии амалиёти соҳибкории корҳона дар шароити иқтисоди бозаргонӣ мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бизнес-нақша ҳамчун асоси баҳодиҳии ояндабинии ташкили амалиёти соҳибкорӣ ва инчунин амалигардонии лоиҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти нав баромад мекунад.
Мафҳуми «бизнес-план» дар амалияи ҳаррӯзаи мо низ ҷорй шуда истодааст. Агар пештар ягон лоиҳаи ҷиддӣ бе асосноккунии ҷиддии техникӣ-иқтисодӣ ва барномаи иҷроиш тасдиқ ва қабул карда намешуд, пас ҳоло бизнес-планҳо ҳамчун ивазкунандаи барнома ва асоснокии иқтисодии мақсад ва имкониятҳои соҳибкор бояд талаб карда шаванд. Талабот ба бизнес-нақшаҳо аз тарафи соҳибкорон ҳарчӣ бештар эътироф ва мақбул дониста мешавад. Чӣ хеле, ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, бизнес-нақша ба ҳама кас лозим аст: ҳам ба касоне, ки аз онҳо барои татбиқи лоиҳаи амалиёти худ маблағ талаб кардан лозим меояд, ҳам ба коркуноне, ки меҳоҳанд ояндаи худро донанд ва вазифаҳои худро аниқ фаҳмида гиранд ва аз ҳама асосиаш, ба худи соҳибкор, то ин ки ақидаҳои худро аниқ таҳлил кунад, онҳоро дар тарозуи хирад ва воқеъбинона баркашад.
Бизнес-нақша барои пешакӣ муайян кардани манзараи дилҳоҳ ва амалан иҷрошавандаи амалиётҳои соҳибкорӣ, ки ба даст овардани мақсади дар пеш гузошташударо таъмин мекунанд, таъин шудааст. Ин маънои онро дорад, ки таҳти бизнес-нақша нақша-барномаи иҷрокунии аҳднома ва дар ин асос гирифтани фоидаро мефаҳманд. Ба ибораи дигар, ин системаи чорабиниҳо, амалиётҳои ба таври нақшавӣ ташаккулёфта мебошад, ки барои ба даст овардани натиҷа аз мақсади дар пеш гузошташуда, равона карда шудааст.
Азбаски бизнес-нақша олоти баамалбарории стратегияи инкишофи корҳона мебошад, таркиби ин гуна ҳуҷҷатҳо тахминан якхела мешавад. Одатан таркиби бизнес-нақша аз чунин қисмҳо иборат аст:

Сарсухан
Тавсифи корҳона
Стратегияи бозоршиносӣ
Нақшаи навкунии истеҳсоли маҳсулот
Нақшаи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот
Нақшаи таъминоти истеҳсолот
Нақшаи хизматрасонии истех.солот
Нақшаи инкишофи истеҳсолот
Нақшаи молиявии корҳона
Фаъолияти байналмиллалии корҳона
Инкишофи низоми идоракунӣ
Ташкили баамалбарории бизнес-нақша Замима.
Бизнес-нақша ба соҳибкор ёрӣ мерасонад, ки ба ояндаи инкишофи кори худ назар афканад, тағгйиротҳои имконпазир ва ҳалли масъалаҳоро дар оянда пешбинӣ намояд, амалиётҳои ҷориро назорат кунад ва ба равнақи бизнеси худ баҳо диҳад.
Ҳамин тариқ, бизнес-нақша ҳамчун системаи чорабиниҳо ва амалиётҳои аз рӯи вақт ва фазо ба ҳам алоқаманд ва аз рӯи мақсад ва захираҳо ба ҳам мувофиқ кунонидашудаест, ки ба гирифтани фоидаи ҳадди аксар нигаронида шудааст.
Албатта, чунин таърифи бизнес-нақша то дараҷае мураккаб ба назар мерасад ва бояд қайд кард, ки баръакси барномаҳои комплексии мақсаднок диққати асосӣ дар бизнес-нақша ба ҷиҳати молиявӣ-иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ дода мешавад.
Ҳамин тариқ, дар асоси бизнес-нақша ҳаргуна соҳибкор, корҳона (ширкат) метавонад фаъолияти худро ташкил кунад ва истеҳсолоти самаранокро аз рӯи ҳамаи самтҳои имконпазиру фоидаовар ба роҳ монад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.