Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ХАРОҶОТИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА АРЗИШИ АСЛИИ МАҲСУЛОТ

Хароҷот ва арзиши аслии маҳсулот категорияҳои асосии иқтисодӣ мебошанд. Хароҷотҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, ки арзиши аслии маҳсулотро ташкил медиҳанд, яке аз омилҳои муайянкунандаи фаъолияти иқтисодии корҳона ба ҳисоб мераванд. Дараҷаи ин хароҷотҳо ва арзиши аслии маҳсулот ҳаҷми фоида, даромаднокии маҳсулот ва дигар нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии корҳонаро муайян менамояд.Нақша:

Мафҳум, моҳият ва аҳамияти хароҷоти корҳона;
Таснифи хароҷотҳои истеҳсолии корҳона;
Арзиши аслии маҳсулоти корҳона.
Хароҷот ва арзиши аслии маҳсулот категорияҳои асосии иқтисодӣ мебошанд. Хароҷотҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, ки арзиши аслии маҳсулотро ташкил медиҳанд, яке аз омилҳои муайянкунандаи фаъолияти иқтисодии корҳона ба ҳисоб мераванд. Дараҷаи ин хароҷотҳо ва арзиши аслии маҳсулот ҳаҷми фоида, даромаднокии маҳсулот ва дигар нишондиҳандаҳои молиявию иқтисодии корҳонаро муайян менамояд.
Миқдори маҳсулоте, ки корҳона метавонад ба бозор пешниҳод кунад, ба сатҳи хароҷотҳои истеҳсолӣ вобастагии зиёд дорад.
Хароҷот (арзиши аслии маҳсулот) – ин ифодаи пулӣ харҷи омилҳои истеҳсолӣ мебошад, ки барои ба амал баровардани фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии корҳона ҷиҳати истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ба кор меравад. Агар ба тарзи умумӣ гӯем, хароҷоти истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ин баҳои арзишии дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот истифодабарии захираҳои табии, ашёи ҳом, масолеҳ, сӯзишворӣ, энергия, фондҳои асоси, захираҳои меҳнатӣ ва дигар харҷҳо мебошанд.
Хароҷоти истеҳсолӣ метавонанд вобаста ба ҳаҷми захираҳои моддӣ ва меҳнати зиёд гарданд. Истеҳсолкунанда соҳиби имкониятҳои зиёди таъсиррасонӣ ба хароҷоти истеҳсолӣ мебошад.
Муайян намудани ин хароҷотҳо як катор вазифаҳои муҳимро дар пеш мегузорад:

баҳисобгирӣ ва назорат аз болои хароҷотҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот;
аниқ намудани нархҳои яклухт барои маҳсулоти корҳона;
аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок кардани мувофиқи мақсад будани маблағгузориҳои хакики барои таҷдиди техника, азнавсозӣ, васеъ кардани корҳона;
муайян кардани андозаи дурусти корҳона;
асосноккунии иқтисодӣ ва қабули қарорҳои дахлдори идоракуни ва ғайра.
Таснифи хароҷоти истеҳсолии корҳона
Дар таҷриба бо мақсади таҳлил, ҳисоб ва банақшагирии тамоми намудҳои хароҷоте, ки ба таркиби арзиши аслии маҳсулот дохил мешаванд, ду намуди таснифоте, ки якдигарро пурра мекунанд истифода бурда мешавад. ****

Якчанд намуди арзиши аслии маҳсулотро фарқ мекунанд: сехи, истеҳсоли ва пурра.
Арзиши аслии сехи – хароҷоти сехро, ки бо истеҳсоли маҳсулот вобастаанд, дар бар мегирад.
Хароҷоти сехи ва хароҷоти умумиистеҳсолию умумиҳочаги арзиши аслии истеҳсолиро дар бар мегирад.
Арзиши аслии пурра ин мачмуи хароҷоти истеҳсол ва фурӯши маҳсулот ва хароҷоти гайриистеҳсоли (хароҷот барои барбанди, ба даст овардани зарф, куттиҳо, хароҷоти наклиёт расонидани маҳсулот то харидор) таркиб ёфтаанд.
Арзиши аслии инфироди ва байнисохавиро ниш чудо мекунанд. Арзиши аслии инфироди бо шароитҳои мушаххас, ки ин ё он корҳона амал мекунад, ифода мешавад.
Арзиши аслии байнисохави мисли андозаи миёнаи санчида муайяншуда, хароҷоти миёнаро барои вохиди маҳсулот аз руи сохаҳо ифода мекунад, бинобар ин ба хароҷоти меҳнатии ба чамъият зарур наздики дорад.
Дар шароити гузариш ба иқтисоди бозоргони ахамияти арзиши аслии маҳсулот зиёд мегардад. Бо назардошти вазъи иқтисодию ичтимои ахамияти кам кардани арзиши аслии маҳсулот дар чунин шароитҳо ифода меёбад:
– дар зиёдшавии фоида, ки дар ихтиёри корҳона мондааст, хамин тарик, имкониятҳои ба вучудомадаи натанҳо дар такрористеҳсолоти одди инчунин такрористеҳсолкунии васеъ;
– дар пайдо шудани имкониятҳои васеъ барои хавасмандкунии моддии коргарон ва халли масъалаҳои зиёди ичтимоии коллективи корҳона;
– дар бехтар гардидани вазъи молиявии корҳона ва паст кардани дарачаи хавфи муфлисшави;
– дар имконияти паст кардани нархи фурӯши маҳсулоти худ, ки имконият медихад ракобатнокии маҳсулот афзуда хачми фурӯш зиёд шавад.
Хамин тарик паст кардани сатхи хароҷот дар корҳона тахлили шароит ва омилҳои ба арзиши аслии маҳсулот таъсиррасонандаро такозо менамояд. Аз ин ру масъалаи ба таври мукаммал омухтани таснифоти хароҷоти истеҳсоли миён меояд.
Банакшагирии хароҷоти истеҳсолот дар асоси меъёрҳои пешкадами аз ҷиҳати илми асоснокшудаи хароҷоти масолех, маводи сухт, кувваи барк, хароҷоти меҳнат ва дигар захираҳои истеҳсоли амали мегардад. Дар мавриди сарфаи манбаъҳо захираҳои модди афзоиши ҳосилнокии механт банакшагирии арзиши аслиро таъмин намудан мумкин аст. Яке аз чунин нишондихандаи хароҷот ба вохиди маҳсулот мебошад, ки бо чунин формула хисоб карда мешавад:

X – хароҷот як сомони маҳсулоти моли;
Aa – арзиши аслии кулли маҳсулоти моли;
Mм – маҳсулоти моли корҳона;
Барои корҳонаҳои сохаҳои гуногун аз чумла корҳонаи муштараки «Зарафшон» чунон нишондихандаҳои пастшавии арзиши маҳсулотро муайян карда мешавад.
Барои сохаҳое, ки номгуи гуногуни маҳсулот истеҳсол мекунанд, пастшавии арзиши аслии маҳсулот бо арзиши аслии кисми мукоисашавии маҳсулоти моли, муайян карда мешавад.
Барои сохаҳое, ки маҳсулоти якчинса истеҳсол мекунанд, вазифаи нишондихандаҳои паст кардани арзиши аслиро нишондихандаи арзиши аслии вохиди маҳсулот (тилло) мебозад.
Барои баъзе сохаҳое, ки вазни киёсии маҳсулоти мукоисави на он кадар калон аст, вазифаи нишондихандаи паст кардани арзиши аслиро нишондихандаҳои хароҷоте, ки ба як сомони маҳсулоти моли рост меояд, мебозад. Маҳсулоти мукоисави гуфта хамон маҳсулотеро меноманд, ки дар соли гузашта истеҳсол карда шудааст. Арзиши аслии маҳсулоти соли накшавиро бо арзиши аслии маҳсулоти соли гузашта мукоиса карда, муайян мекунем, ки чих ел арзиши асли паст шудааст вас арфа аз арзиши аслии маҳсулот чи кадар аст.
Пастшавии арзиши аслии маҳсулоти мукоисави бо чунин формула муайян карда мешавад:

А0 – арзиши аслии вохиди маҳсулот дар мархилаи мукоисави (соли гузашта);
А1 – арзиши аслии вохиди маҳсулот дар мархилаи накшави;
Мм – микдори маҳсулоти мукоисави дар мархалаи накшави.
Дар корҳонаи муштараки «Зарафшон», ки бо истеҳсоли тилло мшгул аст, чунин нишондихандаҳои хароҷоти маҳсулот истифода бурда мешавад.

Арзиши аслии тилло (вохиди маҳсулот). Ин нишондиханда дарача ва тагйирёбии хароҷотро барои истеҳсоли маҳсулоти корҳона (яъне тилло) нишон медихад. Вай бо усули нархгузори арзиши аслии тиллоро муайян мекунад. Ин нишондиханда сатх ва тагйирёбии хароҷотро дар истеҳсоли тилло тавсиф медихад. Вай барои муайян кардани арзиши аслии тилло ва инчунин барои асоснок кардани нархҳои яклухт мавриди истифода карор мегирад.
Паст кардани арзиши аслии мукоисави тилло (маҳсулоти моли). Ин нишондиханда пастшавии арзиши аслии маҳсулот (тилло)-и соли накшавиро дар мукоиса бо соли гузашта нишон медихад. Хисоб бо формулаи зерин муайян мегардад:

П – фоизи пастшавии арзизи аслии мукоисавии маҳсулоти моли;
Сб – арзиши аслии истеҳсоли накшавии мукоисавии маҳсулоти моли накшави, ки бо арзиши аслии миёнасолонаи маҳсулоти соли гузашта хисоб карда шудааст;
Сп – арзиши аслии маҳсулоти мукоисавии накшави, ки аз руи арзиши аслии накшавии маҳсулоти соли накшави хисоб карда шудааст.
Ин нишондиханда дар корҳонаҳое истифода бурда мешавад, ки дар хачми умумии истеҳсолот вазни киёсии маҳсулоти мукоисави зиёд аст.

Хароҷот барои як сомони маҳсулоти моли. Дар амалияи ҳочаги, ин нишондиханда васеъ истифода бурда мешавад. Вай бор охи таксими арзиши аслии пурраи маҳсулоти моли ба хачми вай бо анрхи амалкунандаи яклухт бо чунин формула муайян карда мешавад.
X – хароҷот як сомони маҳсулоти моли;
Aa – арзиши аслии кулли маҳсулоти моли;
Mm – маҳсулоти моли корҳона.
Ин нишондиханда барои муайян кардани хачми умумии хароҷот ва даромаднокии корҳона истифода бурда мешавад.

Арзиши аслии пурраи кулли маҳсулоти моли. Бо рохи забт кардани арзиши аслии накшавии хар як намуди маҳсулот ба микдори онҳо ва чамъ кардани натичаҳои аз онҳо ҳосилшуда муайян карда мешавад.
Арзиши аслии пурраи маҳсулоти фурухташаванда. Бо рохи чамъ кардани бокимондаи маҳсулоти тайёр дар авали соли накшави ва арзиши аслии маҳсулоти моли соли накшави бо тарх кардани арзиши аслии бокимондаҳои маҳсулоти фурухташудаи тайёр дар охири соли накшави муайян мегардад.
Сатхи ниҳоии захираҳои модди. Нишондихандаи номбурда муносибати андозаи накшавии захираҳои моддиеро, ки дар таркиби арзиши аслии накшави нишон дода шудааст, ба арзиши маҳсулоти моли ифода мекунад.
Дар корҳонаҳо банакшагирии хароҷоти маҳсулот дар 5 мархила ба амал бароварда мешавад.
– муайян намудани арзиши аслии маҳсулоти соли накшави нисбат ба дарачаи накшавии хароҷоти соли гузашта (мукоисави);
– муайян намудани сарфаи хароҷот дар соли накшави аз хисоби таъсири омилҳои алохида;
– муайян намудани арзиши аслии маҳсулоти фурӯши дар соли накшави;
– муайян намудани хароҷоти ба 1 сомони маҳсулоти фурӯши соли накшави;
– муайян намудани фоизи тагирёбии хароҷоти ба 1 сомони маҳсулоти фурӯши соли накшави;
Банакшагирии арзиши аслии маҳсулот бояд анику хаматарафа тахлил карда шавад. Тахлили арзиши асли хамзамон бо тахлили хамачонибаи техникию иқтисодии кори корҳона, аз худ кардани сатхи техника ташкили истеҳсолот ва меҳнат, истифодабарии иктидорҳои истеҳсоли, захираҳои модди, сохтор ва сифати маҳсулот ва ғайра гузаронида мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.