Вторник, Ноябрь 19Вместе создадим светлое будущее!


НАРХ ВА НАРХГУЗОРӢ БА МАҲСУЛОТИ КОРҲОНА

Байни фишангҳои гуногуни механизми иқтисодии сиёсати ҳоҷагидории корҳона мақоми асосиро нарх ва нархгузорӣ ишғол мекунад, ки дар он тамоми ҷонибҳои фаъолияти иқтисодии корҳона инъикос мегардад. Нарх ва нархгузорӣ, ба истеҳсолот, тақсимот, моливазкунӣ ва истеъмолот таъсири бевосита дорад.Нақша:

Нарх ва намудҳои он;
Таркиб ва сохтори нархи маҳсулот;
Сиёсати нархгузории корҳона.
Байни фишангҳои гуногуни механизми иқтисодии сиёсати ҳоҷагидории корҳона мақоми асосиро нарх ва нархгузорӣ ишғол мекунад, ки дар он тамоми ҷонибҳои фаъолияти иқтисодии корҳона инъикос мегардад. Нарх ва нархгузорӣ, ба истеҳсолот, тақсимот, моливазкунӣ ва истеъмолот таъсири бевосита дорад.
Дар шароити муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ нарх чун звенои пайвасткунанда байни истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда, инчунин механизми таъминкунандаи мувозинат байни талабот ва пешниҳод баромад мекунад.
Нарх – ин ифодаи пулии арзиши маҳсулот буда, функсияҳои баҳисобгирӣ, ҳавасмандӣ ва азнавтақсим-куниро иҷро мекунад. Дар вазифаи баҳисобгирии нарх хароҷотҳои меҳнат барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот инъикос ёфта, хароҷотҳо ва натиҷаҳои истеҳсолот баҳо дода мешаванд. Вазифаи ҳавасмандӣ барои инкишоф додани сарфаи захираҳо, баландбардории самаранокии истеҳсолот, беҳтар намудани сифати маҳсулот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва ғайра истифда мешавад. Функсия азнавтақсимкунии нарх, ҳисоби аксиз барои молҳои гурӯҳи алоҳида, ААИ ва дигар шаклҳои даромади софи марказонидашуда, ки ба буҷаи давлатӣ, минтақавӣ ва ғайраҳо ворид мегардад, пешбинӣ мекунад.
Нархҳо ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

Нархҳои яклухт
Нархҳои харидорӣ
Нархҳои чакана
Нархҳои яклухт – нархҳое, ки бо он маҳсулоти корҳона, фирма ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ба таври яклухт ба фурӯш бароварда мешаванд ё харидорӣ мегарданд.
Нархҳои харидорӣ – ин нархҳое, ки бо воситаи он аз тарафи корҳонаҳо, фермаҳо ва аҳолӣ маҳсулотҳои ҳоҷагии кишлоқ ба фурӯш мераванд. Нархҳои харидорӣ одатан бо розигии харидор ва фурӯшанда муайян мегарданд.
Нархҳои чакана – нархҳое, ки бо воситаи он маҳсулот дар нуқтаҳои савдо ба аҳолӣ, корҳонаҳо ва ташкилотҳо фурӯхта мешаванд. Онҳо нархҳои яклухт, аксиз, ААИ ва иловапулиҳои савдо, ки аз хароҷоти муомилот ва фоида иборат аст, дар бар мегирад.
Намудҳои махсуси нарх, ки бевосита бо савдо алоқаманд мебошанд, ин нархҳои ауксионӣ, бирҷавӣ ва нархҳои шартномавӣ мебошад.
Нархҳои ауксионӣ – нархи моле, ки дар ауксион фурӯхта шудааст.
Нархҳои бирҷавӣ – нархе, ки бо воситаи он амалиёти хариду-фурӯши яклухти мол дар бирҷа ба амал меояд.
Нархҳои шартномавӣ – ин нархе, ки бо воситаи он мол мувофиқи шартномаи баста шуда фурӯхта мешавад.

Таркиб ва сохтори нархи маҳсулот
Ҳама гуна нарх аз маҷмӯи унсурҳо иборат аст, ки таркиби онро ташкил медиҳанд. Дар ин ҳолат, вобаста ба намуди нарх, аз рӯи хусусияти гардиши хизматрасонӣ таркиби он метавонад тағир ёбад, чунки ба нарх унсурҳои гуногун дохил мешаванд. Таносуб байни унсурҳои асосии нарх, ки бо фоиз ё ҳиссаҳо ифода карда мешавад, сохтори нархро ташкил медихад.
Таҳлили сохтори нарх марҳилаи муҳими асоснок кардани он мебошад, зеро дар ин ҳолат аҳамияти ҳар як унсурро муайян намуда, ба дараҷа ва инкишофёбии нархҳо баҳо додан мумкин аст. Ин таҳлилу ҳисобҳо хусусан ҳангоми муайянсозии нархи молҳои якхела ва якдигарро ивазкунанда заруранд.
Барои таҳлили беҳтари унсурҳои асосии нарх зарур аст, ки ҳар яки онҳоро ба таври мушаххас дида бароем (нигаред ба чадвали 13.1).
Ҳангоми таҳлили сохтори нарх зарур аст, ки пеш аз ҳама нархи (яклухти) фурӯши истеҳсолкунандаро дида бароем. Аз рӯи моҳияти иқтисодӣ ин нарх барои бисёр молҳои таъйиноти истеҳсолӣ-техникӣ дошта нархи ниҳоӣ буда, аз арзиши аслӣ ва фоида иборат аст.
А.Н.истеҳ. ӯ Аа Ӯ Ф.
Арзиши аслӣ – ин ифодаи пулии харҷҳои захираҳои табиӣ, ашё, материалҳо, сӯзишворӣ, қувваи барқ, фондҳои асосӣ, захираҳои мехнатӣ, инчунин дигар хароҷоте, ки дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулот, корҳо ва хадамот сарф кардашуда мебошад. Ҳангоми муайян намудани хароҷоте, ки ба арзиши аслӣ дохил мешаванд, зарур аст, ки аз дастурамали таркиби хароҷот истифода карда шавад.

Арзиши аслии истеҳсол ва фурӯши мол

Фоидаи (зарари) истеҳсол-кунанда

Аксиз

Андоз аз
арзиши иловашуда

Иловапулиҳои миёнаравҳо

Илова-пулиҳои савдо

Нархи (яклухти) фурӯши истеҳсолкунанда

Нархи (яклухти) фурӯш (бе андоз аз арзиши иловашуда)

Нархи (яклухти) фурӯш (бо андоз аз арзиши
иловашуда)

Нархи харид (хариди яклухт)

Нархи чакана

Ҷадвал: Унсурҳои асосии нархи маҳсулот.
Хароҷот барои истеҳсоли маҳсулот дар асоси ду унсур муайян карда мешаванд:
а) аз рӯи унсурҳои иқтисодӣ;
б) аз рӯи моддаҳои нархгузорӣ.
Ба таркиби хароҷотҳо аз рӯи унсурҳои иқтисодӣ инҳо дохиланд:

хароҷотҳои ашёи ҳом бе партовтҳои молӣ;
хароҷотҳо барои музди меҳнат;
ҳиссаҷудокуниҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ ва фонди нафақа;
маблағи фарсудашавии (истеҳлоки) фондҳои асосӣ;
хароҷотҳои дигар.
Гурӯҳи дуюми хароҷотҳо барои муайян намудани ар­зиши аслӣ, яъне моддаҳои нархгузорӣ, хароҷотҳои зеринро дар бар мегирад:
– материалҳо, маснуоти харидашудаю нимтайёр ва хадамоти
хусусияти истеҳсолидоштаи корҳонаҳои беруна;

хароҷотҳо барои музди меҳнати коргарони бевосита ба истеҳсоли маҳсулот машғулбуда;
ҳиссаҷудокуниҳо барои суғуртаи ичтимоӣ ва ба фонди нафақа;
хароҷотҳо барои нигаҳдорӣ ва истифодабарии машинаю дастгоҳҳо;
хароҷотҳои умумиистеҳсолӣ;
талафот аз нуқскорӣ;
хароҷотҳои умумиҳоҷагӣ;
арзиши аслии истеҳсолӣ;
хароҷотҳои тичоратӣ;
арзиши аслии пурра.
Гурӯҳбандии хароҷотҳо аз рӯи унсурҳои иқтисодӣ хароҷотҳои умумии корҳонаро инъикос намуда, дар асоси он арзиши аслии як воҳиди маҳсулотро муайян менамоянд. Муайян кардани арзиши аслии маҳсулот дар асоси моддаҳои нархгузорӣ аҳамияти бештар дорад, чунки дар натиҷаи истифодаи ин усул хароҷотҳо вобаста ба мавқеи харҷи онҳо муттаҳид мегарданд. Аҳамияти дигари истифодаи гурӯҳбандии хароҷотҳо аз рӯи моддаҳои нархгузорӣ аз он иборат аст, ки арзиши аслиро барои ҳаҷми умумии маҳсулот ё барои як воҳиди он муайян намудан мумкин мегардад.
Унсури дигари нарх фоида буда, одатан аз рӯи меъёри фоида (даромаднокӣ) назар ба арзиши аслӣ ё дигар нишондиҳандаҳо муайян карда мешавад. Дар шароити бозор фоида мақсади истеҳсолот буда, танзимгари асосии бозор мебошад.
Сиёсати нархгузории корҳона
Нархгузорӣ дар корҳона ҷараёни мураккаб буда, аз якчанд марҳилаҳои ба ҳам мутақобил иборат мебошад: ҷамъоварӣ ва таҳлили ахборот дар бораи бозор, асоснок намудани мақсадҳои сиёсати нархгузории корҳона барои мӯҳлати муайян, интиҳоби методҳои нархгузорӣ, муайян намудани сатҳи аниқи нарх ва ташаккули системаи имтиёз ва иловаҳо ба нарх.
Сиёсати нархгузорӣ – ин механизм ё модели қабули қарорҳо, оиди рафтори корҳона дар шаклҳои асосии бозор, барои ноил гаштан ба мақсадҳои гузошташудаи фаъолияти ҳоҷагидорӣ мебошад.
Корҳона мустақилона нақшаи коркарди сиёсати нархгузориро вобаста аз мақсад ва вазифаи рушди фирма, сохтори ташкилӣ ва тарзи идоракунӣ, сатҳи хароҷоти истеҳсолӣ ва дигар омилҳои дохила, инчунин ҳолат ва тараққиёти фазои соҳибкорӣ, яъне омилҳои беруна муайян месозад.
Ҳангоми коркарди сиёсати нархгузорӣ муаммоҳои зерин ҳал карда мешаванд:

дар кадом ҳолат бояд сиёсати нархгузориро истифода бурд;
дар кадом ҳолат бо ёрии нарх ба сиёсати пешгирифтаи рақиб мутаассир шуд;
бо кадом ченаки сиёсати нархгузорӣ бояд маҳсулот нав ба бозор ворид карда шавад;
аз номгӯи маҳсулотҳои фурӯхташаванда нархи кадом намуди молҳоро бояд иваз кард;
дар кадом бозорҳо бояд стратегияи нархгузорӣ бояд иваз карда шаванд…
Ҷараёни коркард ва ба амалбарории сиёсати нархгузории корҳонаро бо намуди схема инъикос намудан мумкин аст.

Қарор кардани мақсадҳои нархгузорӣ

Муайянкунии талабот

Баҳодиҳии хароҷот

Таҳлили нарх ва молҳои рақибон

Коркарди стратегияи нархгузорӣ

Интихоби тарзу усули нархгузорӣ

Муайян намудани нархи аниқ

Коркарди системаи тағирёбии нарз

Рафтори нархии корхона дар бозор


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.