Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


СИФАТ ВА РАҚОБАТНОКИИ МАҲСУЛОТ

Сифати маҳсулот яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти корҳона мебошад. Баландбардории сатҳи сифати маҳсулот ба дараҷаи назаррас устувории корҳонаро дар шароити бозор, суръати тараққиёти техникӣ, ҷорӣ намудани навоварӣ (инноватсия), рушди самаранокии истеҳсолот ва сарфаи тамоми намуди захираҳо, ки дар корҳона истифода мегардад муайян менамояд.Нақша:

Маҳфум ва нишондиҳандаҳои сифати маҳсулот.
Мафҳуми рақобатнокӣ ва нишондиҳандаҳои рақобатпазирӣ.
Таҳлили рақобатпазирии корҳона.
Сифати маҳсулот яке аз нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти корҳона мебошад. Баландбардории сатҳи сифати маҳсулот ба дараҷаи назаррас устувории корҳонаро дар шароити бозор, суръати тараққиёти техникӣ, ҷорӣ намудани навоварӣ (инноватсия), рушди самаранокии истеҳсолот ва сарфаи тамоми намуди захираҳо, ки дар корҳона истифода мегардад муайян менамояд.
Истилоҳи «сифат» аз калимаи лотинӣ буда маънои хусусиятро дорад. Сифат – ин маҷмӯи хусусиятҳои муайянест, ки предмети додашударо аз дигар предметҳои ҳамон намуд ҷудо (фарқ) мекунад. Ё худ сифат – бо хусусиятҳои асосӣ ташкил мешавад, ки воқеан ба предмет таалуқ доранд, чунончӣ андоза, шакл, вазн, инчунин хусусиятҳои ғайриасосӣ, ки асли предмет набуда, аммо аломатҳои ҷудонашавандаи онро ташкил намуда, дарккунии эстетики онро тартиб медиҳад.
Харидор ҳамон маҳсулотро босифат мешуморад, ки ба шартҳои талаботи махсус ҷавобгӯ бошад. Бо дараҷаи инкишоф ёфтани тараққиёти илмӣ – техникӣ ва талаботи ҷамъиятӣ ташаккулёбии талаботҳои нав ба амал меояд. Дар ин ҳолат маҳсулоти хушсифат низ андозае мақоми худро гум карда, пастсифат мегардад.
Дар ҳақиқат, маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулот метавонад як хел бошад, яъне сифати маҳсулот тағир наёбад, аммо барои истеъмолгар ин маҳсулот метавонад номақбул гардад.
Маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулот наметавонад умуман бад ё ҳамеша хуб бошад. Сифат, метавонад танҳо нисбатан хуб ё бад бошад. Агар зарурияти баҳо додани сифати маҳсулот пеш ояд, он гоҳ маҷмӯи хусусиятҳои маҳсулоти додашударо бо ягон намуди эталон (меъёр) бояд муқоиса намуд.
Ҳар як ҳуҷҷат ё эталон (меъёр), маҷмӯи хусусият ва таснифотро танҳо барои ягон мӯҳлати муайян қонунӣ мегардонад, аммо талаботи ҷамъият пайваста тағир меёбад. Барои ҳамин корҳона, ҳангоми истеҳсоли маҳсулот мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – техникӣ хавфи истеҳсоли маҳсулоти пастсифатро дорад.
Ҳамин тарз, мақоми асосиро дар муайян намудан ва баҳо додани сифати маҳсулот – истеъмолкунанда ишғол мекунад, вале стандарт, қонун, дастур ва низом он таҷриба ва малакае, ки дар соҳаи сифат ба даст оварда шудааст, батартиб медарорад.
Талаботҳо ба маҳсулот асосан дар хусусият, дар муқоисакунии онҳо бо намунаи хусусиятҳои аналогии базавӣ ё эталонӣ инъикос мегардад. Ин гуна хусусиятҳо метавонанд, вазн, андоза, ҳаҷм, ҳосилнокӣ, ранг, эътимодият, дарозумрӣ, мазза, бӯй ва ғайраҳо бошанд.

Дар шароити бозор қонеъгардонии талаботи истеъмолгари мушаххас бо маҳсулоти маҷмӯи хусусиятҳои ба ӯ пешниҳодгардида дар санади хариду фурӯш инъикос мегардад. Ин гуна мувофиқ омадани хусусият, таснифи маҳсулот ва талаботи харидор, ки дар он манфиатҳои харидору фурӯшанда риоя мегарданд, яъне маҳсулот пурра ба талабот ва шароити бозор ҷавобгӯй бошад, он гоҳ ин маҳсулотро маҳсулоти рақобатпазир меноманд.
Чӣ хеле, ки аз тарафи қисми зиёди иқтисодчиён исбот шуда буд, рақобат кувваи ҳаракатдиҳандаи тараққиёти ҷамъият, воситаи асосии сарфаи захираҳо, баланд шудани сифати маҳсулот ва сатҳи ҳаёти аҳолӣ мебошад. Аз ҳамин сабаб рақобат ин – мафҳуми бисёр мушкил аст. Омӯхтани механизми он дар шароитиҳои иқтисодиёти Тоҷикистон бениҳоят муҳим аст, ки он ин механизмро нав аз худ карда истодааст.
Дар давлатҳои мутараққии саноатӣ самаранокии механизми рақобат кайҳо мавҷуд аст ва механизми он хуб ба роҳ монда шудааст. Тоҷикистон бо мавҷудияти сабабҳои маълуми сиёсӣ дар ин нақша ҳоло идоранашаванда мебошад. Аз ҳамин сабаб дар марҳилаи ибтидоии ташкили механизми рақобат ва таъмини рақобатпазирӣ муаянкунии истилоҳҳо ва мафҳумҳо муҳим мебошад. Дар ин маврид бояд принсипи системнокӣ ва комплекснокии ташаккули истилоҳи \’\’рақобат\’\’ дар назар дошта шавад.
Рақобат – ин чараёни идоракунии бартариҳои рақобатии худ барои ғолиб гардидан ё ба дигар мақсадҳо ноил гаштани субъект дар мубориза бо рақибон барои қонеъ гардонидани талаботҳои объективӣ ва субъективӣ дар чорчӯбаи қонун ё дар шароитҳои табии мебошад.
Дар марҳилаи муосири тараққиети ҷаҳонӣ, рақобат ҳамчун қувваи ҳаракатдиҳанда, истехсолкунандагони маҳсулотҳоро маҷбур месозад, ки доим рохҳои нави баландбардории сифати онҳо, пасткардани нархҳо, баландбардории сифати хизматгузориро дарёфт намоянд. Вобаста бо камбудии захираҳо муаммои нав пайдо мешавад, сарфаи захираҳои истеъмолкунандагони мол аз ҳисоби соддатар кардани сохт ва баландбардории сифати маҳсулот.
Шаклҳои рақобат чунинанд:

предмети – рақобати байни маҳсулотҳои як гурухи номгуй, байни объектҳои монанд, ки хамон як талаботро конеъ мегардонанд.
функсионали – рақобат байни маҳсулотҳо ивазкунанда (объектҳо) – бадали.
Рақобат метавонад дар чунин сатҳҳо ба амал ояд:
-маххали (дар гурух, шуъба, ташкилот ва гайра);
– минтакави (нохия, шахр, вилоят ва гайра);
-милли (дар мамлакат);
-глобали (дар худудҳои чаҳони бе муайянкунии аники мамлакат).
Бозор: ин чои хариду – фуруши мол ва хизматрасони, бастани созишҳои тичорати; муносибатҳои иқтисодие, ки бо ивази молу хизматрасони вобаста аст, ки дар натичаи онҳо талабот, таклифот ва нархҳо ташаккул меебанд. Сохтори бозорҳо бениҳоят гуногун аст. Мувофики маҳсулоти фурухташаванда бозорҳои ашеи ҳом, маводҳо, молҳо ва хизматрасониҳои истеъмоли, маҳсулоти иттиолооти ва фикри (маънави), навовари, сармоя, асъор, когазҳои кимматнок, мехнат, чойҳои кори ва кувваи кориро чудо мекунад. Мувофики фарогирии андозаи минтакави бозорҳои чаҳони, минтакави, нохияви, мамлакатиро чудо мекунад. Мутобики хар давлат бошад – бозорҳои беруна ва дохилиро чудо мекунанд. Инчунин базорҳои қонуни (расми) ва гайри қонуни (ниҳони, махфи) чудо мекунанд.
Аз тарафи мо бозор чунин таъриф дода шудааст, ки бозор – ин чои шартии хариду фуруши аники мол, бастани созишҳои тичорати, ки дар шароитҳои муайяни шидатноки рақобати, бо дар назардошти меъёрҳо ва коидаҳои хукуки ва ахлоки ба амамл меоянд.
Омилҳои ба мусобикаи рақобат таъсиркунанда:

андозаи бозор – чи кадаре, ки калон бошад хамон кадар рақибон пурзуртаранд;
суръати равнаки бозор – равнаки зуд ба бозор дохилшавиро осон мекунанд;
иктидорҳо – иктидорҳои барзиёд ба пастшавии нархҳо меорад;
нарх;
сатҳи стандартикунонии мол – харидорон бартари доранд, чунки ба онҳо аз як мол ба дигар мол гузаштан осон аст;
тез нав кардани номгуи маҳсулоти истехсолшаванда.
Рақобатпазири – ин хусусиятҳои объект мебошад, ки бо дарачаи конеъ гардонии хакики ё эхтимолии талаботи аник нисбат ба объекти монанд, ки дар бозори додашуда пешниҳод шудааст, тавсиф дода мешавад. Рақобатпазири кобилияти ба рақобат тоб оварданро нисбати объектҳои монанд дар бозори додашуда муайян мекунад.

Дар шароити иқтисоди бозори рақобати корҳонаҳо торафт шиддатнок мегардад. Барои дар рақобат галаба кардан ба бизнеси худ хам баҳои дохили, хам аз мавкеи мушохидакунандаи беруна, мунтазам баҳо додан лозим аст. Мухити дохили ва беруна пайваста таъсири ногаҳони, гахе тахдиди муваффакият, гахе имкониятҳои нав меорад. Мушохидаи мунтазами дигаргуниҳои ба вукуъ омада истода ва ба он мутобик шудан барои хар як корҳона ҳаётан мухим мебошад. Корҳонаҳое, ки сирри кай ва дар кадом бозор амалкуниро медонанд, мунтазам фаъолияти рақибонро мушохида намуда, рақобатнокии худро тахлил менамоянд ва дар асоси фалсафаи бозоргони фаъолият мекунанд.
Рақобатпазири – ин таснифи мухимтарини фаъолияти корҳона дар шароити иқтисоди бозори мебошад. Яке аз омилҳои асосие, ки корҳонаро фаъол менамояд, тез ва мунтазам нав кардани мол мувофики талаботи исиеъмолкунанда буда ва ин афзалияти у нисбат ба дигар корҳонаҳо мебошад. Лекин барои комёбиҳо бояд вазъи бозоргони ва рақобатнокии корҳонаро аз руи параметрҳои гуногун мунтазам тахлил намояд.
Агар корҳона рақобатпазир бошад, он гох вай аз чихати молияви устувор буда, имконияти пардохтадокуни дорад ва назар ба дигар корҳонаҳо афзалтар мебошад. Ва ниҳоят бо давлат ва ҷамъият ихтилоф надорад, чунки андозро ба буча, музди мехнатро ба коргарон, аъзохаккиро ба фонди ичтимои, дивиденро ба сахҳомон, фоизи карзро ба банк сари мухлат пардохт менамояд.
Хар кадар корҳона рақобатпазир бошад, хамон кадар аз дигаргуниҳои бозор новобаста ва таваккали муфлисшави камтар мебошад.
Корҳонаҳои пешсаф махз бартарии нисбии худро мушаххас ифода намуда, аз руи ин шиор фаъолият менамоянд ва аз корҳонаи хурд то ба корпорасияи байналхалки мубаддал мегарданд.
Мисол, «Ролс-Ройс»-чун истехсолкунандаи дарачаи «Люкс», «Ферари»-бо дарачаи баланда техники ва суръат, «Toyota»-бо эътимоднокии автомобилҳои сабукрави худ, IBM – бо хизматрасонии олии техникии компютерҳои худ рақобатпазир ва дар чаҳон машхур гаштанд.
Барои ба рақобат табовар шудан, дарачаҳои соха ё дар бозоре, ки фаъолият менамояд ё аз руи як намуди фаъолияти истехсоли бехтарин шудан лозим аст.
Бартарии худро дар рақобат мукаррар карда, рохҳои бехтар намудани фаъолият ва усули комёбшавиро ба бартариҳо нисбат ба рақиб муайян кардан лозим аст. Барои ин тахлил ва оиди масъалаҳои зерин корор кабул кардан лозим аст:

Хачми умумии иктидори истехсоли ба хар як намуди маҳсулот.
Таксимоти иктидори истехсоли ба хар як намуди маҳсулот.
Дарачаи таъминот бо техника ва тачхизот.
Кадом материалҳо аз берун харида шуда, кадоме дар корҳона истехсол
карда шавад.
Интиҳоби сиёсати кадрҳо ва усули идоракуни.
Усули баланд бардоштан ва идораи сифат.
Схемаи чараёни коркарди моли нав.
Интиҳоби системаи нишондихандаҳои тахлили фаъолияти ҳочагидори.
Созмони сохтори ташкили идоракуни.
Муайян намудани системаи банакшагири ва назорати захира.
Дарача ва зинаҳои рақобатпазири гуногун буда, корҳона бояд мукаррар намояд, ки дар кадом зина мебошад ва ба кадом зина баромаданист.
Дарачаи рақобатпазири-умуман чор зинаи асосии рақобатпазирии корҳонаро чудо мекунанд.
Корҳонаҳои дарачаи (зинаи) аввал-ташкили идоракуниро чун як чизи дохили назоратшаванда мехисобанд. Мақсади асоси, истехсоли маҳсулот барои хайрон намудани рақиб ва истеъмолкунанда бо навигариҳо намебошад. Онҳо мехисобанд, ки моли онҳо рақобатпазир, умури тичорати, маркетинги пуркудрат ва дар фуруши мол муаммо мавчуд нест. Хар як кушиши иловагиро дар истехсолот ва идоракуни нолозим мехисобанд. Вале баробари доираи бозори корҳона васеъ шудан ё барои рақибон чозиб гаштан муаммои зиёд ба миён меояд.
Барои ҳамин корҳонаҳои дарачаи (зинаи) дуюм-кушиш менамоянд системаи истехсолии худро «аз омили беруна бартараф» намоянд. Яъне, пурра ба стандартҳои муайян кардани рақибон мувофик мегарданд. Онҳо усулҳои рақибони асосии сохавиро истифода бурда, коркунони инҷенер-техникиро иваз менамоянд. Фаъолияти кори дарачаи рақибони асоси рақобатпазирии корҳонаро пурзур мегардонад. Ва саволе ба миён меояд: «Агар корҳона дар рақобати бозори нисбат ба рақиби асоси якчанд бартари дошта бошад, пас барои чи корҳона бояд стандартҳои умумии истехсолии сохавиро риоя намояд?» Корҳонаҳое, ки ба ин савол чавоби сахех ёфтанд, корҳонаҳои дарачаи (зинаи) сеюми рақобатпазири мебошанд. Дар ин корҳонаҳо системаи идора фаъолона ба системаи истехсоли таъсир расонида, сабаби инкишоф ва такмили он мегардад. Муваффакият дар муборизаи рақобатии ин корҳонаҳо на вазифаи истехсолот, балки асосан вазифаи идоракуни гашта, кариб пурра аз сифату самаранокии идоракуни ва ташкили истехсолот бо маънои васеъ вобаста мебошад.
Корҳонаҳои дарачаи (зинаи) чорум – корҳонаҳои баланд рақобатпазире, ки аз рақибони худ чанд сол, дар пеш мебошанд. Барои он, ки онҳо дигаронро нусхабардори накарда, меҳоханд аз стандартҳои замонавию серталаби мавчуда низ пештар бошанд. Ана ҳамин хел корҳонаҳоро-корҳонаҳои дарачаи истехсолоти чаҳони меноманд. Ин гуна корҳонаҳо коргарон ва идоракунандагоне доранд, ки дигар корҳонаҳо меҳоханд роҳгум сохта ба корҳонаи худ оранд. Онҳо коркард, сохтани тачхизоти истехсолиро хуб медонанд, ба дигар корҳонаҳо ҳаракат намоянд, аз онҳо маслихат гиранд ва созиши кори банданд. Онҳо нисбат ба рақибон мавзун, корчаллон, чолок буда, вобаста ба дигаргуниҳои вазъи бозор ба харидор моли нав пешниҳод менамоянд.
Чараёни коркарди моли нав ва тайёр намудани истехслот дар онҳо чунон печдарпеч аст, ки дигар корҳона корҳонаҳо имконияти нусхабардори карданро надорад системаи истехсолоти мумтазамро хубтар намуда, ихтисосмандии коркунонро баланд мебардоранд.
Дар шароити ҳозира ду намуди асосии шакл ва хели рақобати бозори мавчуд мебошад. Шаклҳои рақобат:
1. Предмети-рақобати байни молҳои якхела.
2. Вазифави-рақобати байни молҳои якдигарро ивазкунанда (бадали).
Хели якуми рақобат – рақобат ба воситаи нарх дар бозори тезинкишофёбандаи моли нав. Дар ин гуна бозор корҳона бартариро дар натичаи тез чори намудани маснуоти нав дар истехсолот ва паст кар дани арзиши асли ба даст меорад.
Хели дуюми рақобат-рақобат дар бозори анъанави ва дар байни фурушандагон таксим шуда. Бартарии нисбии корҳона на ба нарх, балки бадарчаи сифати мол, хизматрасонии харидор ва кам кардани харочоти истифодабарии истеъмолкунанда асос ёфта мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.