Суббота, Ноябрь 23Вместе создадим светлое будущее!


ҶАРАЁНИ ТАШКИЛИ АМАЛИЁТҲОИ ТИҶОРАТИ ХОРИҶӢ

Амалиётҳои иқтисодии бурунмарзи дар шароити бозор муносибатҳои тичоратиро дар байни тарафҳои субъектҳои давлатҳои гуногун оид ба ин ё он масъала ифода мекунанд.Амалиётҳои иқтисодии бурунмарзи дар шароити бозор муносибатҳои тичоратиро дар байни тарафҳои субъектҳои давлатҳои гуногун оид ба ин ё он масъала ифода мекунанд. Таҳти хариду фурӯши тиҷорати хориҷӣ амали шаҳрванд ва шахси ҳуқуқии мамлакатҳои гуногунро, ки ҳадафи он барқароркунӣ, дигаргунсозӣ ё қатъгардонии ҳуқуқу уҳдарории шаҳрвандӣ аснои мубодилаи молу хадамот ҷой дорад, фаҳмида мешавад. Ин амалиётҳо дар дохили ҳар мамлакат аз рӯи қоида ва қонунгузориҳои миллӣ танзим карда мешаванд.
Савдои беруна нисбат ба ҳамин гуна амалиётҳо дар дохили мамлакат, бағайр аз хариду фурӯш, як қатор хусусиятҳо дорад. Ин на танҳо ба шарту шароитҳои иқтиеодию молиявӣ, балки ба дараҷаи танзими ҳуқуқӣ низ дахл дорад. Яке аз ин хусусиятҳо дар он аст, ки тартиботи ҳуқуқиро кулли нормаҳои ҳуқуқии дохили мамлакат муайян карда, аз уҳдадориҳои байналхалқӣ-ҳуқуқӣ низ бархурдор мегарданд. Баъзе нормаҳои ҳуқуқие, ки мавқеи хариду фурӯши тарафҳоро танзим менамоянд, дар шартномаҳои байнидавлатии савдо, созишномаҳо оиди ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин оиди муомилоти мол ва пардохт мустаҳкам карда мешаванд. Пайваста ба ин, низомномаи муҳими нормативӣ-ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои байналхалқии бисёртарафа ва конвенсияҳо мавҷуданд. Дар байни онҳо «Конвенсияи СММ оиди шартномаи хариду фурӯши байналхалқии молҳо»-ро ҷудо кардан лозим аст, ки онро конвенсияи Венагӣ (соли 1980) меноманд. Низомномаи ин конвенсияро бояд содироту воридотчиёни тамоми мамлакатҳо дар аснои амали хариду фурӯши савдои берунии худ ба ҳисоб гиранд. Ин барои субъектҳои мамлакатҳои ба он ҳамроҳшуда ҳатмӣ мебошад. Ҳама гуна амали хариду фурӯш дар савдои берунӣ, ҳамчун дар дохили мамлакат, ухдадориҳо ва ҳуқуқҳои муайяни тарафҳоро пешбинӣ менамояд. Аз ҳама муҳими онҳо ҳамон аст, ки уҳдадории фурӯшанда (содиротчӣ) ва харидорро (воридотчӣ) овди расонидани молу хизмат қайд намуда, лаҳзаи гузаштани хатари тасодуфан нобудшавӣ ё нуқсондоршавии молро аз фурӯшанда ба харидор муқаррар ва тартиботи пардохтро огоҳ мекунад.
Конвенсияи Вена даъвоҳоро оид ба тайёр, розӣ, тартиби хариду фурӯш ва иҷрои минбаъдаи онҳо танзим менамояд. Тартиб, шакл, талабот, таклифот оиди шартномабандии хариду фурӯш ва шарти қуввапайдокунии ин таклифот хело саҳеҳ муайян аст. Қоидаҳои аз ҷониби ҳарифон қабул кардани инҳоро низ дарҷ кардааст. Баъди чунин корҳои зарурии тайёрӣ шартномаи хариду фурӯши савдои берунӣ дар ин ё он шакл баста мешавад. Дар амалия ин шартномаи шифоии тарафҳо буда метавонад. Низомноваи конвенсияи Венаро иштирокчиёни амалиёти савдои берунӣ, новобаста ба он, ки дар шартномаи амалиётӣ ба конвенсия ишорашудааст ёне истифода мебаранд.
Аҳдномаи савдои берунӣ шартномаи дар шакли хаттӣ буда, муносибатҳои тиҷоратии байни тарафҳоро ифода менамояд. Дар аҳднома ҳуқуқҳои муайян, ухдадориҳои ҳарифон (шартҳои шартномавӣ, тартиби иҷрои онҳо, масъулиятҳо) муқаррар карда мешаванд. Ахдномаи амали свдои беруна аз якчанд қисмҳо иборат аст:
маълумот дар бораи тарафҳои аҳдномабаста (номи аниқ ва реквизитҳои тарафҳо);
предмети шартнома;
нарх ва ҳаҷми умумӣ;
муҳлати фиристодан, шартҳои пардохт, кафолати фурӯшанда;
печонидан (упаковка) ва тамғазанӣ (маркировка);
ҷазои ҷаримавӣ;
сугуртакунӣ;
муайянкунии розигиҳои ҳолати қувваҳои бартарафнашанванда (форс-маҷор), арбитраҷ. Бо баҳисобгирии хусусияти маҳсулоти предмети аҳдномабуда қисматҳои иловагӣ дохил карда мешаванд:
дар бораи ҷаримаҳои конвенсионӣ;
дар бораи ҳуҷҷатҳои техникӣ;
дар бораи инспгксиякунӣ (назорат), озмоиш;
дар бораи литсензияи содирот;
дар бораи шартҳои махсус ва ғайра.
Шарти асосии амалии хариду фурӯши дар аҳдномаи савдои беруна ба расмият даровардашуда гузаронидани моликият аз фурӯшанда ба харидор аст. Ин чунин ахдномаҳоро аз дигар намуди шартномаҳои соҳаи фаъолияти иқтисодии беруна, фарқ мекунанд. Аҳдномаи савдои беруна, чун дар дохили мамлакат, дар шароити мунсибатҳои шартномавии субъектҳои бозорӣ се вазифаи асосӣ дорад:
аз нигоҳи ҳуқуқӣ муносибати байни тарафҳоро мустаҳкам
намуда, ба онҳо симои ухдадорӣ медиҳанд, ки иҷрояшонро
қонун ҳифз менамояд;
тартибот, пайдарҳамӣ ва тарзҳои амали ҳарифонро муайян
мекунад;
чораҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳои тарафҳоро пешбинӣ менамояд.
Тарафҳо бояд муайян намоянд, ки тарафи кадом давлат аснои интихоби шакли имзои амалиёт, танзими ҳуқуку уҳдадории ҳарифон, инчунин ҳалли масъалаҳои баҳснокро аснои пайдоиши онҳо муайян кунад. Амалияи тартиботи муайяни баамалбарории амалиёти хариду фурӯпга савдои берунаро: тайёркунӣ, розигият, бастану иҷрои аҳдномаҳо ба вуҷуд овардааст, ки онҳо аз 4 давра иборатанд:

тарафи ширкат, фирма, соҳибкор, ки хоҳиши моли муайянро баровардан ё овардан дорад, ҳарифро бо ёрии пурсиш ҷустуҷӯӣ менамояд;
тарафи мазкур таклифи (розигии) ҳарифи манфиатдорро гирифта, онро кор карда мебарояд;
тараф-воридотчӣ заказ ва ҳарифонро муайян намуда ахдномаи хариду фурӯш мебандад;
тараф-содиротчӣ молро мефиристад, ҳарифон ҳисобу китоби амалиётро ба амал мебароранд.
Аҳдномаи савдои беруна дар шакли оддӣ баста шуда метавонад (ҳангоме ки гуфтушунидҳои пешакӣ дар намуди ҳуҷҷати алоҳида ба қайд гирифта мешаванд). Ин ҳолат махсусан асноп фиристонидани молҳои анъанавӣ дар савдои расмӣ бо партияҳои хурду миёна рух медиҳад.
Аснои бастани аҳдномаи оддӣ ва кӯтоҳ тарафҳо бояд донанд, ки дар чунин аҳднома ҷои холӣ чӣ гуна пур карда мешавад.
Аснои амали калонмиқёс, алалхуеус, аснои фиристонидани дастгоҳҳои мураккаб, комплектӣ, амалиётҳои тулонӣ оиди ашёи хом, ба объектҳои тахассуси байналхалқӣ ва кооператсиякунӣ ахдномаҳо модда ба модда, ботафсил баста мешаванд.

Таҷриба собит намуд, ки аснои иҷрон аҳдномаи хариду фурӯши савдои беруна масъалаҳои баҳснок пайдо мешаванд, ки баъзан барои ҳалли онҳо ба арбитраҷ муроҷиат кардан лозим меояд. Аз ин рӯ қоидаҳои маънидодкунии ахднома ва қисмҳои алоҳидаи он аҳамияти калон пайдо мекунанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.