Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДИИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

Аломати муҳимтарини замони ҳозира инкишофи интенсиви равандҳои ҳамгироӣ мебошад. Ҳолати ҳамгироигардонии ҳаёти хоҷагиро рушд в густариши тақсими байналхалқии меҳнат сабаб шуда, он маънои ташкилёбии алоқаҳои устувори истеҳсолӣ, илмӣ-техникӣ ва дигар алоқаҳоро ифода менамояд.Ҳамгироӣ ҳамчун шакли тараққиёти интернатсионаликунонии алоқаҳои хоҷагӣ
Моҳият, пешомад ва мақсади ҳамгирои иқтисодӣ
Давраҳои ҷараёни ҳамгироӣ ва амалияи ҳозира
Иттиҳоди Аврупоӣ, ҳамчун иттиҳоди ҳамгироии баркамол
Гурӯҳҳои ҳамгироӣ дар минтақаҳои ҷаҳон
Баъзе проблемаҳои инкишофи ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳоди давлатҳои мустақил
1. Ҳамгироӣ ҳамчун шакли тараққиёги интернатсионаликунонии алоқаҳои хоҷагӣ
Ҳамгироӣ воҷаи лотинӣ буда, ҳамякҷоякунии қисмҳои алоҳидаро дар ягон чизи том ифода мекунад. Ҳамгироии иқтисодии байналхалқӣ гуфта ҳолати наздик, бо ҳам мутобиқ ва сарҷамъии системаи хоҷагиҳои миллиеро, ки иқтидори худтанзимкунӣ ва худинкишоф доранд ва меҳвари онро манфиатҳои иқтисодии субъектҳои мустақилонаи хоҷагидорикунанда ва тақсими байналхалқии меҳнат ташкил медиҳад, номида шудаанд.
Аломати муҳимтарини замони ҳозира инкишофи интенсиви равандҳои ҳамгироӣ мебошад. Ҳолати ҳамгироигардонии ҳаёти хоҷагиро рушд в густариши тақсими байналхалқии меҳнат сабаб шуда, он маънои ташкилёбии алоқаҳои устувори истеҳсолӣ, илмӣ-техникӣ ва дигар алоқаҳоро ифода менамояд. Вобастагии байни давлатҳо, ҳамгироигардонии қувваҳои истеҳсолкунанда ба тараққии ҷараёни ҳамгироӣ дар соҳаи иқтисодиёт мусоидат мекунад.
Ба ҳамгироии иқтисодӣ чунин омилҳо таъсир мерасонанд:
-ҳамгироигардонии истеҳсолот ва ташкилёбии монополияҳои навъӣ. Аввали солҳои 90-уми асри сипаришуда, тақрибан 50% истеҳсолоти саноатӣ, беш аз 80% маблаггузориҳои бавоситаи хусусии хориҷӣ, қариб 80% патенту литсензияҳои техникию технологияи нав, «ноу-хау» ба зиммаи ШФМ рост меомад, ки 34%-и он ба ИМА таалуқ дошт;
– пешравиҳо дар структураи тақсимоти байналхалқии меҳнат, ҳангоме, ки алоқаҳои истеҳсолӣ дар байни фирмаҳо ва дохили ширкатҳои алоҳида бо ҳам таъсиррасониҳои зич ташкил намуда, «сехи як\” завод»-ро ташкил медиҳанд ва тахассусӣ дохилисоҳавии васеъ тараққиёфта доранд;
– инқилоби илмию техникӣ, ки ҳамгироигардонии бозору истеҳсолотро ба дараҷаи сифатан нав бардошта, зарурияти мубодилаи байналхалқии комёбиҳои илму техника ва бавуҷудории базаи нави технологияро таъмин мегардонанд;
– кушода будани иқтисодиёти миллӣ ва озодии савдо, зеро либераликунонии мубодилаи байналхалқӣ мутобиқшавии хоҷагиҳои миллиро ба шароитҳо ва таъсиротҳои беруна осон намуда, ба фаъолшавии тақсимоти байналхалқии меҳнат ва кооператсия дар ҷараёни ҳамкории васеи байнидавлатӣ мусоидат менамояд.
Хусусияти хоси иттиҳодияҳои ҳамгироӣ, дар рушду нумӯи онҳо дар сатҳи минтақа зуҳур мегардад. Ҳамгироии минтақавӣ якчанд давраҳоро аз сар мегузаронад, ки ба ҳар кадоме аз онҳо аломатҳои махсус хос мебошанд. Дар ҳар кадом давра монеаҳои муайян барҳам дода шуда, барои истеҳсолот самараи баланд ва алоқаҳои иқтисодии берунаи байни мамлакатҳо пешомадҳо муҳайё карда мешаванд. Тавассути ин ҷараёни таъсиси хоҷагиҳои яклухти минтақавии дорои органҳои умумии миллӣ, байнвдавлатӣ пайдо мешаванд.

2. Моҳият, пешомад ва мақсади ҳамгироии иқтисодӣ
Тавассути тараққиёти суръатноки мамлакатҳои саноатӣ ва такмилёбии воситаҳои нақлиётии байналхалқӣ ва коммуникатсионӣ дар нимаи дуюми асри ХХ тараққиёти пуравҷи савдои байналхалқӣ ба амал омад. Савдои байналхалқӣ то рафт бо шаклҳои гуногуни ҳаракати омилҳои истеҳсолот пурратар гардид. Натиҷаи қонунии тараққиёти савдои ҷаҳонӣ ва ҳаракати байналхалқии омилҳои истеҳсолот ба ҳамгироии иқтисодӣ оварда расонд, ки он давраи махсуси ҳамгироигардонии ҳаёти хоҷагиро ифода менамояд. Ҳамгироии иқтисодӣ моҳиятан аз ҷараёни боҳамтаъсиррасонии иқтисодии мамлакатҳо, ки он ба наздикшавии механизмҳои хоҷагиҳо меоварад ва чун шакли созишномаи байни давлатҳо сурат мегирад, бар меояд.
Ба ҳамгироии иқтисодӣ як қатор нишонаҳои муҳим хос буда, онҳо дар якҷоягӣ онро аз диагр шаклҳои баҳамтаъсиррасонии иқтисодӣ ҷудо мегардонанд, ки муҳимтаринашон инҳоянд:
– бо ҳам омезишёбии ҷараёнҳои истеҳсолии миллӣ;
– тараққиёти васеи махсусгардонии байналхалқӣ ва кооперативонии истеҳсолот, имлу техника дар асоси аз ҳама пешқадамтарини шаклҳои онҳо;

тағйиротҳои ҷиддии сохторӣ дар иқтисодиёти мамлакатҳои аъзои ҳмагироӣ;
зарурияти танзими мақсадноки ҷараёни ҳамгироӣ, тартиб додани стратегия ва сиёсати иқтисодии ислоҳкардашуда;
– минтақавӣ будани миқёси фазогии ҳамгироӣ, зеропешомадҳои зарурӣ аввалин бор дар байни мамлакатҳо дар ҷои алоқаҳои зичи хоҷагидошта ба вуҷуд оварда мешаванд.
Аз рӯи мазмун ҳамгироӣ аз бо ҳам омехташавӣ ва бо ҳам печидану якҷояшавии ҷараёнҳои такрористеҳсоли мамлакатҳои иштирокчӣ иборат аст.
Аз соли 1947 то 2005 дар дунё беш аз 70 гурӯҳҳои ҳамгироӣ таъсис дода шуданд. Иттиҳодияҳо ва гурӯҳҳоро аз рӯи як қатор пешомадҳо фарқ мекунанд:
– наздик будани дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва бозори комили мамлакатҳои ҳамгироишаванда;
– аз нигоҳи географӣ наздик будани мамлакатҳои иштирокчии ҳамгироӣ, дар аксари мавридҳо мавҷуд будани сарҳади умумӣ ва алоқаҳои иқтисодии таърихан ташкилёфта;
– умумияти проблемаҳои иқтисодӣ ва дигар проблемаҳое, ки дар ҷодаи инкишоф, маблаггузорӣ, танзими иқтисодиёт, ҳамкориҳои сиёсӣ ва ғайра дар назди мамлакатҳо меистанд;
– самараи намоиш. Дар мамлакатҳои ташкилкунандаи иттиҳодияҳои ҳамгироӣ пешравиҳои мусбӣ ба амал меоянд, ки он ба мамлакатҳои дигар таъсири муайяни рӯҳӣ (равонӣ) мерасонанд. Ин гуна самара, масалан, дар хоҳиши собиқ ИҶШС оид ба ҳарчи зудтар аъзои ИА шудан пайдо шуда буд (қатъи назар аз он, ки барои ин ҳатто пешомадҳои макроиқтисодӣ ҳам вуҷуд надоштанд);
– «самараи домино». Баъди он, ки мамлакатҳои ин ё он минтақа аъзои иттиҳоди ҳамгироӣ мешаванд, боқимонда давлатҳои аз иттиҳод берун монда, ба як қатор мушкилиҳо дучор меоянд, ки онҳо ба дигаршавии самти алоқаҳои иқтисодӣ дар мамлакатҳои аъзои иттиҳод (нисбат ба якдигар) вобаста аст. Ин аксар ба камшавии савдои мамлакатҳои аз ҳамгироӣ берун оварда мерасонад. Дар натиҷа онҳо ба воридшавӣ ба иттиҳодияҳои ҳамгироӣ розӣ мешаванд. Масалан, баъди ба НАФТА дохилшавии Мексика, аксари мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ барои ба вай созишномаи савдоӣ бастан саросема шуданд.
Мақсади асосии ҳамгирои чунин аст:
1. Истифодаи афзалияти самараи миқёс, ки вай васеъшавии ҳаҷми бозор, камшавии хароҷоти трансаксионӣ, ва интиқоли ҳамгироии бевоситаи хориҷиро ташкил менамояд. Мақсади афзунгардонии миқёси миллӣ дар гурӯҳҳои ҳамгироии\” Марказии Америкаю Африка равшан ифода ёфтааст.
2. Ташкили муҳити мусоиди иқтисодии беруна. Чунин мақсад ба мамлакатҳои ҷанубу шарқии Осиё ва Шарқи Наздик хос аст. Дар ин ҷода мустаҳкамкунии ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкориҳои дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иҷтимоӣ ва соҳаҳои дигари ғайрииқтисодӣ муҳим аст.

Ҳалли масъалаҳои сиёсати савдоӣ. Ҳамгироии минтақавӣ ҳамчун тарзи мустаҳкамкунии созишномаи мавқеи мамлакатҳои иштирокчӣ дар доираи гуфтушунидҳои бисёртарафа дар ТУС дониста шудааст. Пайваста ба ин, иттиҳодияи минтақавӣ имконият медиҳад, ки асоси хело муътадили савдои тарафайн ташкил карда шавад.
Ҳамкориҳо дар соҳаи аз навсозии сохторӣ дар иқтисодиёт. Иштироки мамлакате, ки бунёди иқтисодиёти бозориро мақсади худ қарор додаст, ё худ ислоҳоти чуқури иқтисодӣ гузарониданӣ аст, ба талаботи созишномаи савдои минтақавии тараққиёти баланди бозорӣ дошта, ҳамчун роҳи муҳимтарини пешкаш намудани таҷрибаи бозорӣ дониста мешавад. Мамлакатҳои фавқулинкишофи давлатҳои ҳамсояро ба ҷараёни ҳамгироӣ ҷалб намуда, барои тезонидани ислоҳотҳои бозории онҳо ва ташкили бозори ҳаҷман калон бештар рағбати солим пайдо мекунанд.
Дастгирии соҳаҳои ҷавони саноати миллӣ. Ин шакли алока барои онҳо бозори васеи минтақавиро пайдо мекунад. Ин мақсад барои итгаҳодияҳои ҳамгироии Амрикои Лотинӣ ва Африқоии аз Сахара поён хос мебошад.
Мазумни объективии ҳамгироиро ҷараёнҳои боҳампечу ба ҳамдигар алоқаманд, бо ҳам дохилшавӣ ҳам якҷояшавии такрористеҳсол ташкил медиҳад. Ин раванди бо ҳам таъсиррасонии самараноктарини байни мамлакатҳоро таъмин менамояд. Ҳамин тариқ, ҳамгироии иқтисодӣ як қатор шароитҳои мусоидро баҳри тарафҳои бо ҳам таъсиррасон таъмин менамояд.
1. Ҳамкориҳои интегратсионӣ ба субъектҳои хоҷагидорикунанда (молистеҳсолгарон) барои дастрас кардани захираҳои гуногун (захираҳои молиявӣ, меҳнатӣ, моддӣ, технологӣ) ва истеҳсоли маҳсулот ва дарёфти бозори калон имконият медиҳад.
2. Ба ҳамназдикшавии иқтисодии мамлакатҳо дар доираи минтақа барои фирмаҳои мамлакатҳои иштирокчии ҳамгироии иқтисодӣ шароити афзалиятнок таъмин намуда, онҳоро аз рақобати фирмаҳои мамлакати сеюм ҳифз менамояд.
3. Ба ҳам таъсиррасонии ҳамгироӣ имконият медиҳад, ки проблемаҳои аз ҳама тезу тунди иҷтимоӣ ҳал карда шаванд.
Ба ибораи дигар, тавассути ҳамгироӣ гурӯҳи алоҳидаи мамлакатҳо байни худ барои савдо ва ҳаракати омилҳои истеҳсолот (нисбат барои дигар мамлакатҳо) шароитҳои мусоид ба вуҷуд меоранд. Ин гуна бавуҷудоиҳои (ҳамгирои) минтақавӣ омили мусбии иқтисодиёти ҷаҳон дониста мешаванд. Ин дар ҳамон шароите, ки гурӯҳи мамлакатҳои ҳамгироишаванда барои савдо ба мамлакатҳои сеюм шароити номусоид ба вуҷуд наоварда бошанд, имконпазир мегардад.
3. Давраҳои ҷараёни ҳамгироӣ ва амалияи ҳозира
Нимаи дуюми асри XX иттиҳодияҳои ҳамгироӣ набзи нави тараққӣ пайдо намуданд. Аз нигоҳи таърих ҳамгирои аз якчанд зинаҳо иборат аст ва ин зинаҳо барои пайдоишу шаклбанди ва такмили худ давраи муайянеро аз сар мегузаронанд ва ҳар кадом аз ин зинаҳо аз дараҷаи камолоти ҳамгироӣ дарак медиҳад.
Дар замони ҳозира бештар ба чунин зина, марҳалаҳои инкишофи ҳамгироӣ аҳамият медиҳанд:.
Дар давраи аввали ҳамгироӣ мамлакатҳо оид ба савдои проференеиалӣ (аҳдномаи имтиёзноке, ки дар савдои байни мамлакатҳо сабукӣ медиҳад) байни худ шартнома мебастанд. Ин созишномаҳо дар байни як ду ё гурӯҳи мамлакатҳои алоҳида ба имзо расида метавонанд. Мувофиқи он мамлакатҳо дар байни худ нисбат ба мамлакати сеюм шароитҳои мусоид пешкаш менамоянд.
Дар зинаи дуюми ҳамгироӣ мамлакатҳо ба таъсиси минтақаи савдои озод мегузаранд, ки моҳияти он аз пурра барҳам додани тарифҳои гумрукӣ дар савдои тарафайни молу хизмат иборат буда, тарифҳои гумрукии миллӣ нисбат ба мамлакати саввум нигоҳ дошта мешаванд. Дар аксари мавридҳо шартҳои минтақаи озод ба тамоми молҳо паҳн карда мешаванд (ғайр аз маҳсулоти хоҷагии қишлоқ). Минтақаи савдои озодро бо котиботи на он қадар калон координатсия кардан мумкин аст. Котибот дар қаламрави яке аз мамлакатҳои аъзо ҷойгир карда мешавад. Баъзан кор бе таъсиси котибот ҳам мегузарад, вале дар чунин ҳолат тарафҳои асосии тарақиёт дар маҷлисҳои даврагии роҳбарони идораҳои дахлдор розӣ карда мешаванд.

Зиннаи сеюми ҳамгироӣ таъсиси иттифоқи гумрукиро дар бар мегирад. Он аз барҳамдиҳии тарифҳои гумрукии миллӣ ва ҷорӣ намудани тарифи умумии гумрукӣ ва системаи ягонаи танзими ғайритарифии савдоӣ нисбати мамлакати сеюм иборат аст. Иттифоқи гумрукӣ савдои ғайрибебоҷии дохилиинтегратсионии молу хизмат ва озодии пурраи ҳаракати дохилиминтақавии онҳоро пешбинӣ менамояд. Одатан иттифоқи гумрукӣ таъсиси ташкилотҳои инкишофёфтаи байни давлатиро тақозо менамояд. Ин ташкилотҳо гузаронидани сиёсати савдои берунаи ягонаро ба ҳам мутобиқ менамоянд. Аксар вақт, онҳо шакли маҷлиси мудаввари вазирону ба идораҳои дахлдор роҳбарикунаядаро доранд, ки дар кори худ ба котиботи доимоамалкунандаи байни давлатӣ такя мекунанд.
Ташкили бозори ягона зиннаи чоруми раванди ҳамгироии иқтисодиёт мебошад. Дар ин зина мамлакатҳои аъзои ҳамгироӣ на фақат дар хусуси ҳаракати озоди молу хизмат, балки ҳаракати озоди омилҳои истеҳсолот (сармоя, меҳнат, технология) низ гуфтушунид мекунанд. Координатсия дар маҷлисҳои даврагии (1-2 маротиба дар як сол) роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзо ба амал бароварда мешавад.
Зинаи охирон гузаронидани сиёсати ягонаи иқгисодӣ, асъорӣ, буҷетӣ, пулӣ, ҷорикунии асъори ягона, таъсиси ташкилотҳои фаромиллии танзими дохилиинтегратсиониро пешбинӣ менамояд. Ин зинаи пурра ташкилёбии ҳамгироӣ аст. Ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои гурӯҳи ҳамгирои аз қисми вазифаҳои худ даст кашида, онҳоро ба ташкилотҳои фародавлатӣ медиҳанд. Ин ташкилотҳо ҳуқуқи мустақилона қабулкунии қарорҳоро оид ба масъалаҳо ташкилӣ дар ихтиёр доранд.
Аз рӯи маълумотҳои оморӣ маълум мешаванд, ки ба зиммаи мамлакатҳои аъзои блокҳои иқтисодӣ 2/3 қисми МУД-и ҷаҳонӣ ва қисми асосии савдои байналхалқӣ (7 трлн. долл.) ва зиёда аз 0,6 трлн. долл. ҳаракати байнидавлатии сармоя рост меояд. Гурӯҳҳои бузургтарини ҳамгирои ба сафи худ даҳҳо мамлакатҳоро ҷалб кардаанд: Ҷамъияти иқтисодии Африқо – беш аз 30 мамлакат, Иттиҳоди иқтисодии Осиё – Уқёнуси Ором – беш аз 20 ва Иттиҳоди Аврупо – 25 мамлакатро муттаҳид кардаанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.