Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


БАЪЗЕ МУАММОҲОИ РУШДИ ҲАМГИРОИИ ИҚТИСОДӢ ДАР ДОИРАИ ИДМ

Дар қаламрави собик Иттиҳоди Шуравӣ ба ҷои ҳамгироии хоҷагии ба таври марказонидашуда амалкунанда тадриҷан, хело дарднок ва на ҳамеша самаранок ҷӯстуҷӯи шаклҳои ҳамкории мувофиқан (дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ) оғоз ёфтаает.Дар қаламрави собик Иттиҳоди Шуравӣ ба ҷои ҳамгироии хоҷагии ба таври марказонидашуда амалкунанда тадриҷан, хело дарднок ва на ҳамеша самаранок ҷӯстуҷӯи шаклҳои ҳамкории мувофиқан (дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозорӣ) оғоз ёфтаает. Дар назди мамлакатҳои ИДМ вазифаи тартиб додану ба амал баровардани модули нави мутаҳидшавии иқтисодӣ истодаасг ва он бояд ба манфиатҳои дарозмуддати онҳо ҷавоб дода тавонад. Давлатҳои ИДМ аз собиқ ИҶШС як қатор алоқаҳои системавиеро мерос гарифтаанд, ки онҳо мамлакатҳоро ба азнавсозии маҷмӯи алоқаҳои хоҷагии байналхалқии навъи ҳамгирои водор месозад. Инҷо сухан дар бораи системаи ягонаи энергетикӣ, системаҳои ягонаи наклиётӣ, алоқа, телекоммуникатсия, нафту газгузаронҳо, стандартҳо ва ғайра меравад. Ҳамаи инҳо фазои иқтисодии нисбатан ҳамгироию бо ҳам вобастабударо ба вуҷуд меоранд, ки он ҳатто аз натиҷаҳои Иттиҳоди Аврупоӣ бадастоварда беҳтар хохад буд.
Азбайнравии фазои ягонаи иқтисодӣ, зиди ҳамгироӣ (дезинтегратсияи) алоқаҳои иқтисодӣ дар ҳудуди ИҶШС, бозсозии иқтисодӣ, зиддиятҳои этникӣ, минтақавӣ боиси якбора пастшавии нишондиҳандаҳои макроиқтисодй гардиданд. МУД дар ИДМ солҳои 1991-1995 бо тезӣ кам шуда, соли 1995 57,7%-и соли 1990-ро ташкил дод.
Аз даст додани бозори анъанавии фурӯш дар мамлакатҳои иттиҳод, рақобати сахт ва амалияи маҳдуди савдоии бозори ҷаҳонӣ, инчунин норасогии захираҳои моддию молиявӣ боиси дар ИДМ камшавии соҳаҳои пешқадами меҳнатталаби саноат гардиданд. Истеҳсоли маҳсулотҳои электротехникӣ, электронӣ, авиатсионӣ, автомобилӣ паст шуда, бозори давлатҳои Иттиҳод бо молҳои ширкатҳои ғарб пур шудан гирифтанд.
Соли 1995 Президенти Руссия фармонро дар бораи «Роҳи стратегии ҳамкории Россия бо давлатҳои иштирокчии ИДМ» имзо намуд, ки дар қисмати иқтисодии он гуфта шудааст: яке аз роҳхои муҳими устувори ташкили ИДМ тадриҷан васеъкунии Иттифоқи гумрукӣ мебошад.
Ба сифати шароити муҳимтарин ва такмили ҳамкорӣ муътадилгардонии муносибатҳои пардохтӣ-ҳисоботӣ ва, вобаста ба ин, тезонидани фаъолияти амалии ташкили иттифоқи пардохтӣ пешниҳод карда шудааст.>
Бояд тазаккур дод, ки дар нақшаи наздикшавӣ, тараққиёти раванди ҳамгироии қувваҳои марказшитоб аз марказгурез боло меистад. Ҳолатҳо ва омилҳои иқтисодӣ ва сиёсие мавҷуданд, ки боиси халалдоршавии амалиётҳо мегарданд. Омили асосии монеъгароии роҳи ҳамгироӣ омили сиёсӣ аст. Амбитсияҳои сиёсӣ ва миллӣ, манфиатҳои субъективии доираҳои ҳукмрон имконият намедиҳанд, ки шароитҳои мусоиди иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, ахборотӣ ва ғайра ба вучуд оварда шаванд.
Ҳалқаҳоҳои муайянкунандаи наздикшавии ҳамгироии макродараҷа, ҳамкорӣ, кооператсияи байни корхонаҳои манфиатдор мебошад ва чунин корхонаҳо дар фазои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҳазорҳоанд. Вале дар ИДМ ин омил бартарӣ надорад. Аз он сабаб, ки қарори симои сиёсидошта қабул карда нашудааст ва агар қабул шуда бошад ҳам, амал намекунад.
Таъсиси механизми ҳамгироӣ вазифаи аввалиндараҷа аст, ки он бояд системаи ягонаи молиявӣ, бонкӣ, асъорӣ-пулӣ, дастаи созишномаи ҳуқуқии байнидавлатӣ ва институтҳои муайяни фаромиллии сиёсати савдои беруна ва иқтисодии дохилӣ танзимкунандаро дарбар гирад.
Ба омилҳои симои иқтисодидоштаю ба раванди ҳамгирои ҳамроҳӣ накунанда инҳоро мансуб медонанд. Яке аз унсурҳои асосии ҳамгирои тадричан барҳам додани монеаҳои гумрукӣ, ташкили корхонаҳои ҳамшарик, шароит барои озодона ҳаракат кардани молу хизмат ва омилҳои истеҳсолот мебошад. Вале ҳоло дар қаламрави ИДМ ҳолати баръакс мушоҳида карда мешавад, нуқтаҳои гумрукӣ ташкил карда шуда, квотаҳо ҷорӣ карда мешаванд, литсензиякунии савдои тарафайн ҷой дорад. Чунин вазъиятро низ чунин сабабҳои иқтисодӣ, мисли, ҳаракатҳои гуногунсуръат ба бозор, тафовут дар симои гузаронидани ислоҳотҳои иқтисодӣ, гуногун таъмин будан бо ашёи хом ва бо кормандони ихтисосманд ба миён овардаанд. Дар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ миқёс ва симои либераликунии нарх тафовути калон доранд, ки ин боиси кашида гирифтани захираҳо, ҷорикунии монеаҳои гумрукӣ мегарданд. Ҳамкориҳои иқтисодӣ дар қаламрави ИДМ бисёрдараҷа буда, дар худ аломатҳои унсурҳои аввалини муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ ва ҳам ҳамгироии иқтисодиро таҷассум кардаанд. Онҳо то инҷониб дар ҳолати харҷу марҷ боқӣ мемонад. Тавсифи базавии он Принсипи ташкилёбии алоқаҳои нави хоҷагӣ аз нуқтаи назари ба мақсадҳои иқтисодӣ мувофиқ будани онҳо барои субъектҳои бозор мебошад. Ин чунин маъно дорад, ки иродаи органҳои маъмурӣ дар танзими фаъолияти иқтисодии берунаи корхонаҳо то ба дараҷаи камтарин расонида шуда, пешомадҳои устувори алоқаҳои хоҷагӣ иҷро карда шаванд. Алоқаи байни корхонаҳо бояд асоси алоқаҳои хоҷагӣ гардад.
Ҷараёни седараҷагии ҳамгироӣ (алоқаҳои хоҷагии субъектҳои бозор, координатсияҳои ду – ва бисёртарафа ва танзими миллӣ) мавҷудияти манфиатҳои иқтисодиро оид ба баамалбарории лоиҳаҳои ҳамкориро дар доираи ИДМ тақозо дорад.
Агентҳои алоҳидаи иқтисодӣ – бо ном микродараҷаи иқтисодӣ аснои қабули қарорҳо аксар мақсади тиҷоратӣ доранд.
Дар ҳолати баамалбароии лоиҳаҳои махсуси иқтисодии байналхалқӣ, ки онҳо координатсияро талаб мекунанд, ҳолати дигар мушоҳида карда мешавад. Ин ҷо тасаввуроти фоиданокии тиҷорат симои дарозмуддатро мегирад. Зеро ба объектҳои калони истеҳсолӣ маҳз ҳаминҳо хосанд. Чунин равияҳои майли иқтисодӣ дошта дар дараҷаи аввал низ ҷой дошта, дар дараҷаи дуюм, аз ҳам афзалиятноканд.

Дар ҷараёни ҳармкориҳои ҳамгироии органҳои фаромиллӣ пайдо мешаванд, ки ин ҳолат ба баамалбарории лоиҳаҳои калони ба сектори хусусии иқтисодӣ хос набуда вобаста аст. Инҷо шакли натанҳо ҳамкории иқтисодӣ, балки ҳамкориҳои сиёсӣ низ пайдо мешавад, яъне иттифоқҳо ва созномаҳои байнидавлатӣ таъсис дода мешаванд.
Пайдоиш ва мавҷудияти чунин манфиатҳо зарурияти пайвасткунии онҳоро дар ҷараёни тақсимкунии захираҳои иқтисодаи ҷараёни ҳамгироӣ ба миён меорад. Аз тарафи дигар, барои қабули қарорҳо дар ҳар се дараҷаи ҳамкорӣ тартиб додани вариантҳои зиёди фаъолияти иқтисодии беруна зарур аст.
Ҳамин тариқ, дар давраи ҳозираи тараққиёти алоқаҳои хоҷагӣ дар байни мамлакатҳои ИДМ сухан дар хусуси на худи ҳамгироӣ, аниқтараш реинтегратсияи хоҷагиҳои миллии фасодшуда, балки дар хусуси таъсиси фазои ягонаи иқгисодӣ, хоҷагӣ-ҳуқуқӣ, ахборотӣ, ба ибораи дигар, сухан дар бораи майдони якхелаи фаъолияти хоҷагии корхонаҳои дар қаламрави ИДМ ҷойгирбуда меравад.
Якхелагии ин фазои иқтисодиро хусусиятҳои ҳадӣи ақал будани дараҷаи монеаҳои гумрукӣ, асъорию молиявӣ, андозӣ, маблағгузаронӣ, муҳоҷират ва ғайра муайян мекунад.
Соли 1993 Устави ИДМ қабул карда шуд. Дар ташкилёбию тараққии сохтори ИДМ пешравиҳои муайян ба даст оварда шуд. Шартнома оид ба ташкили иттифоқи иқтисодӣ (соли 1993) аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Созишнома оид ба ташкили иттифоқи пардохтии давлатҳои ИДМ(соли 1994), Созишномаи Итгафоқи гумрукии байни Россия, Белоруесия (соли 1995), ки ба он соли 1995 Қазоқистон, соли 1996 Қиргизистон ҳамроҳ шуданд, аҳамиятноканд. Ғайр аз ин, Бонки байнидавлатии ИДМ ва
Кумитаи байнидавлатии асъорӣ ташкил карда шуданд. Вале Созишнома оид ба Иттифоқи пардохтӣ дар шароити хеле мураккаб ба амал бароварда шудаанд. Дар ҳақиқат фақат моҳи маи соли 1995 дар ин самт, дар муносибатҳои дутурафаи Россия ва Белоруссия, Қазоқистон ва Туркманистон, ки оид ба чораҳои таъминкунии ивазшавандагии тарафайни асъорҳои миллӣ ва муътадилии қурби онҳо созишнома баста буданд, пешравӣ ба амал омад.
Дар вохӯрии сардорони давлатҳою ҳукуматҳои ИДМ дар моҳи маи соли 1996 (Маскав) масъалаи асосии рӯзнома Нақшаи тараққии ҳамгироии иқтисодӣ дар солҳои 1996-1997 буд. Қайд кардан муҳим аст, ки дар соҳаҳои ҳукуматии давлатҳои ИДМ як қатор эйфорияҳо (кайфчоқиҳо) оид ба лоиҳаҳои барқароркунии тези алокаҳои вайроншудаи иқгисодӣ дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва таъсиси системаи ҳамгироии ҷумҳуриҳои нави соҳибистиқлол оғоз ёфтаанд. Ин корҳо мақсади умумии мамлакатҳо мебон^анд. Вале барои ин чӣ қадар вақт лозим буданашро гуфтан амри маҳол аст.
Барои ба ин боварӣ ҳосил намудан муқоисаи нақшаҳои дурнамои тараққиёти ҳамгироии Иттиҳод дар солҳои 1994-1996 кифоя аст. Агар, якумин барои чор-панҷ сол тартиб дода шуда бошад, пас дуюмин барои ду сол аст. Сухан дар бораи ислоҳотҳои чиддӣ меравад, ки қисми зиёди чораҳои андешидашуда, махсусан дар соҳаи ҳамгирои иқтисодӣ, солҳои охир иҷро нашуда монданд.
Монеаи асосии сари роҳи наздикшавиҳои иқтисодӣ дар ИДМ дар айни замон тафовутҳои ҷиддӣ дар давраҳои ислоҳот дар мамлакатҳои алоҳида мебошад, ки онро номувофиқӣ ва, баъзан, муқобили ҳамдигар будани манфиатҳои иқтисодӣ дар дохили ИДМ боис шудааст. Маҳз ҳамин ҳолат имрӯз водор месозад, ки диққати асосӣ ба гармонизатсияи тараққии давлатҳои ИДМ, ташкили асосҳои умумии муҳити ҳуқуқӣ барои ҳалли проблемаҳои иқтисодӣ нигаронида шаванд.
Барои ҳамаи ин вазифаҳо бо иштирокчиёни ҷамъомади Маскав нақшаи тараққиёти ҳамгироии Иттиҳод пешниҳод карда шуд, ки дар он чунин вазифаҳо нишон дода шудаанд:
– қабули Консепсияи тараққии иқтисодии ҳамгироии ИДМ;

тартиб додани лоиҳаҳои қонунҳо дар бораи ШФМ, танзими бозори байнидавлатии қоғазҳои қимматнок, дар хусуси ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва қарз;
ташкили асосҳои методологияи ягонаи нархгузорӣ ба маҳсулотҳо ва хизматрасониҳои монополияҳои табиӣ;
чораҳо оид ба такмил ва васеъкунии Иттифоқи гумрукӣ;
коркарди шароитҳои ба Иттифоқи пардохтӣ дохил шудан.
Проблемаи Иттифоқи пардохтӣ мураккаб гардид. Қарзи ҷумҳуриҳои собиқ ИҶСШ ба 9 млрд. доллар баробар буд. Ҳалли масъалаҳои қарзӣ ҳоло суст аст.
Шоҳиди ҳаққонияти давраи ҳозираи ҳамгирои дар ИДМ принсипи ҳархеласуръатии он гардид, ки онро президенти Россия дар укази худ сентябри соли 1995 эълон карда буд.
Дар форуми дуюми иқтисодии байналхалқии Петербург (VII – соли 1997) аз сари нав рӯзмарра будани ҳамгироии иқтисодии ИДМ қайд карда шуд. Ба вазъи ҳозираи ҳамкориҳои иқтисодии ИДМ баҳо дода, форум қайд намуд, ки ИДМ имрӯз ба «пайдоишоти аморфӣ» (бешакл, бесуроб) шабоҳат дорад. Ин фикр ҳам садо дод, ки ибтидои асри XXI ИДМ «маркази чоруми иқтисодии ҷаҳон» хоҳад шуд.

Умуман, таҳлили вазъи ҳамгироии иқтисодӣ дар қаламрави ИДМ нишон медиҳад, ки мушкилиҳо дар ин хусус зиёданд. Солҳои охир шароитҳои иқтисодию еиёсии тараққии ҳамгироӣ ҳатто як қатор мураккаб шуданд, ки ин ба давомкуниҳои пастшавии истеҳсолот, пурзӯршавии як қатор зиддиятҳои куҳнаю пайдоиши нави онҳо дар соҳаи сиёсӣ вобаста аст. Ҳамаи вазъиятҳои номусоид таҳрири муносибатҳоро нисбати нияти абсионӣ ва қадамҳои аниқи ба амалбарории онҳо тақозо дорад. Таёр намудани Консепсияи эътирофи умуми тараққии ҳамгироии иқтисодӣ хеле зарур аст.
Ба ақидаи ҳолдонҳо дар ҷои аввал (бо баҳисобгирии пешомадҳои ҳақиқатан объективӣ) ташкилёбии манфиатҳои иқтисодии тарафайни устуворро (дар тараққии афзалноки муносибатҳои дутарафа ва байналхалқии мамлакатҳои ИДМ) дар ҷои аввал гузоштан лозим аст.
Дар ҳама ҳолатҳо бояд се вазифаи муҳимтарини мамлакатҳои ҳамгироишаванда оид ба тадриҷан ташкилёбии фазои ягонаи ахборотӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ҳал карда шаванд. Баробари барпокунии ин фазоҳои ягона дар давраи якуми ташкилёбии муносибатҳои иқтисодии байналхалқии навъи ҳамгироӣ ташкилу тараққии минтақаҳои савдои озод, иттифоқи гумрукӣ, иттифоқи пардохтӣ, бозори умумии меҳнат, бозори умумии аграрӣ асоснок аст. Якҷоя ба ин, минбаъд фазои умимии инвеститсионӣ ва илмӣ-техникӣ, системаҳои муттаҳидаи нақлиётию энергетикӣ ва бозори захираҳои энергетикӣ таъсис дода мешаванд. Дар ҳамин давра тартибдиҳӣ ва баровардани барномаи ҳама эътироф кардаи бозсозии сохторӣ ва азнавкунии технологии иқтисодиёти ИДМ, инчунин барномаҳои комплексию созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои иҷтимоӣ, экологӣ, тайёркунии мутаххассисон ва ғайра зарур аст. Доираи муҳлатии давраи якум -10-15 сол(то соли 2010).
Дар замони ҳозира ҳамаҷониба васеъкунии алоқаҳои бозории тарафайн дар микродараҷа, ташкил намудану васеъкунии фаъолияти гурӯҳҳои молиявӣ-саноатӣ, корхонаҳои шарикӣ асоснок аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.