Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


ГУРУҲҲОИ ҲАМГИРОӢ ДАР МИНТАҚАҲОИ ҶАҲОН

Дар қитъаи Аврупо, дар баробари Иттиҳоди Аврупоӣ, соли 1960, дар асоси созиномаи Стокголмӣ ташкилоти дигар- -Ассотсиатсияи аврупоии савдои озод (АЕСО) пайдо гардид.Дар қитъаи Аврупо, дар баробари Иттиҳоди Аврупоӣ, соли 1960, дар асоси созиномаи Стокголмӣ ташкилоти дигар- -Ассотсиатсияи аврупоии савдои озод (АЕСО) пайдо гардид. Вай ташкилоти савдоӣ-иқтисодӣ буда, бо ташаббуси Англия (ҳамчун ҷавоб ба пайдоиши Бозори Умумӣ) таъсис дода шудааст. Лаҳзаҳои ташкилёбӣ ба ин иттиҳодия Австралия, Англия, Дания, Норвегия, Португалия, Швейтсария ва Шветсия дохил буданд. Соли 1961 ба он Финландия, соли 1970 Исландия дохил шуданд. Соли 1973 аз ҳайати ин Иттиҳодия Англия ва Дания, соли 1986 Португалия, соли 1995 Австрия, Шветсия, Финландия баромаданд. Ҳоло танхо Исландияю Норвегия ва Швейсарияю Лихтейнштейн ба сифати аъзои он боқимондаанду халос.
Асоси иттиҳодияро минтақаи озоди савдо ташкил додааст. Дар савдои мутақобилаи боҷҳои гумрукӣ ва маҳдудиятҳои миқдорӣ барҳам дода шуда, тарифи ягонаи берунӣ амал намекунад. Ҳар кадом мамлакат нисбати мамлакати 3-юм сиёсати савдоии мустақилона мегузаронад, молҳо аз ин мамлакатҳо наметавонаид, ки дар дохили иттиҳод озодона ҳаракат кунанд. Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника, ҳифзи муҳити атроф васеъ карда мешаванд.
Ассотсиатсия мақсади таъсиси иттифоқи иқтисодӣ, асъорӣ ва сиёсиро надорад. Фаъолияташро Шуро дар ҳайати вазирон ё сардори доимии намояндагон роҳбарӣ менамояд. Вазифаи он тартиб додани тавсия ва иҷрои созишномаҳои дар доираи ассотсиатсия қабул шуда мебошанд. Корҳои ҷориро котибот ба уҳда дорад. Штаб-квартирааш дар Ҷенева ҷойгир аст.
Фарқияти АЕСО аз Иттиҳоди Аврупоӣ:

дар ассотсиятсия органҳои фаромиллӣ нестанд; органи олии роҳбарикунанда – Шурои консултативӣ, ки дар он ҳар кадом мамлакат як овоз дорад;
тартиботи гардиши молии озоди бе боҷ дар доираи ассотсиатсия фақат нисбати молҳои саноатӣ амал карда, молҳои хоҷагии қишлоқро фаро намегирад;
барои ҳар кадом мамлакати ассотсиатсия автономияи савдои беруна ба боҷи гумрукии худаш дар савдо ба мамлакати сеюм нигоҳ дошта мешавад;
– дар ассотсиатсия тарифи ягонаи гумрукӣ вуҷуд надорад.
Савдои озоди Амрикои Шимолӣ. Ассотсиатсияи савдои озоди амрикои шимоли (НАФТА). Ин ассотсиатсия соли 1992 таъсис дода шудааст ва ба он ИМА, Канада ва Мексика шомиланд. Созишнома соли„1994 қувваи амалӣ пайдо намудааст.
Дар доираи НАФТА чораҳо оид ба озодгардонии ҳаракати молу хизмат, сармоя ба воситаи сарҳадҳо пешбинӣ карда шудааст. Қариб тамоми монеаҳои савдоӣ ва инвеститсионӣ бояд дар тули 15 соли минбаъда аз байн бардошта шаванд. Барои қабули қонунҳои бо ҳам монанд оид ба ҳифзи\’муҳити атроф ва қонунгузориҳои меҳнатӣ шароитҳо муҳаё карда мешаванд, Байни ИМА ва Канада чунин чораҳо алакай ба амал бароварда шудаанд. Дар Созишнома
ҳимояи бозори Амрикои Шимолӣ аз ғасби ширкатҳои осиёгию аврупоӣ пешбинӣ карда шудаанд. Тарафҳо оид ба аз байн бардоштани маҳдудиятҳои ҳаракати сармоя (ғайр аз сектори нефтӣ дар Мексика, секторҳои маданияту маълумот дар Канада, боркашонии авиатсионӣ ва радиокоммуникатсия дар ИМА) гуфтушунид кардаанд. Мексика ӯҳдадор шудааст, ки маҳӣудиятҳоро оиди инвеститсияи бевоситаи канадагию амрикоӣ то соли 2007 аз байн бардорад.
Созишнома оид ба барҳамдиҳии аксари тарифҳо ба маҳсулотҳои кишоварзӣ (ғайри маҳдудияти савдои ҷуворимакка, қанд, баъзе сабзавоту меваҳо), инчунин тадриҷан барҳамдиҳии (дар тули 10 сол) монеаҳои гумрукӣ дар савдои автомобилу газвор ба даст оварда шудаанд. Чораҳои зарурӣ оид ба ҳимояи моликияти интеллектуалӣ, гармонизатсияи стандартҳои техникӣ, нормаҳои санитарӣ пешбинӣ шудаанд.
Мувофиқи ҳисоботи мутахассисон, НАФТА имрӯз қаламрави 375 млн. нафар аҳолидоштаро дар бар гирифтааст, ки вазни қиёсии он дар ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ 20 сад дар садро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар доираи НАФТА мисли Иттиҳоди Аврупоӣ механизми махсуси танзимкунандаи ҳамкорӣ (Комиссия, Суд, Парлумон ва ғайра) ҳоло ташкил карда нашудаанд.
Умуман, НАФТА гурӯҳи ҷавони иқтисодӣ буда, механизми ҳамкорӣ дар он дар арафаи ташкилёбӣ мебошад.
Мутахасисон ақида ба он доранд, ки ҳоло дар хусуси самаранокии фаъолияти НАФТА баҳо додан бармаҳал аст. Зеро таърихи мавҷудияти он кутоҳ аст. Вале алакаӣ баъзе мамлакатҳои Амрикои Лотинӣ кушиши ба он дохил шуданро пеша намудаанд.
Ассотсиатсияи Осиё- ҳамкориҳои иқтисодии уқёнуси Ором. Вай соли 1989 ташкил ёфта, ҳамчун гурӯҳи ҳамгироии минтақавӣ дар арафаи ташкилёбӣ мебошад. Ҳоло ба ҳайати он 17 мамлакати Осиё, Амрикои Шимолию Ҷанубӣ: Канада, ИМА, Мексика, Зеландияи Нав, Австралия, Папуа-Гвинеяи Нав, Бруней, Индонезия, Малайзия, Сингапур, Тайланд, Филиппин, Кореяи Ҷанубӣ, Тайван, Чин, Ҷопон, Чилӣ дохиланд.
Системаи идораи ассотсиатсия аз ҷониби 10 гурӯҳи корӣ, котибот, кумитаи махсус оид ба савдои инвеститсионӣ иборат аст. Он механизми қарорқабулкунӣ надошта, аз бисёр ҷиҳат аломатҳои гурӯҳи консултативиро нигоҳ медорад.
Хусусияти ассотсиатсия аз мансубияти географии мамлакатҳои ба вай дохил буда, ки дар масофаҳои хеле дур аз ҳамдигар ҷойгиранду фақат бо баромадҳо ба уқёнуси ором муттаҳид мешаванд, иборат аст.
Яке аз хусусияти он, аз нигоҳи иқтисодӣ, аз он иборат аст, ки дар он ҳам мамлакатҳои калони тарақикардаи саноатӣ ва ҳам мамлакатҳои нисбатан сусттарақикарда (намояндагони ҳар ду гурӯҳро ба хотир оред!) дохил шудаанд. Ба зиммаи ин иттиҳод 55% МУД, 40% савдои ҷаҳонӣ ва беш аз 40% аҳолии дунё рост меояд.
Дар вохуриҳо дар ш.Сиэтле (с. 1993) ва Богор (с. 1994) барномаи либераликунонии савдо (ноҳиявию глобалӣ) тартиб дода шуда, барои инвеститсияи хориҷӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи технология, чораҳои «беяроқкунии» гумрукӣ, таъсиси минтакаи савдои озод шароитҳои мусоид ба вуҷуд оварда шудаанд. Дар вохурии соли 1995 дар шаҳри Осака арбобони 17 мамлакат оиди «нақшаи аксияи» мушаххас дар хусуси ба амалбарории мақсадҳои соли1994 дар пеш гузошта созиш ба даст оварда натавонистанд. Дар ассотсиатсия байни мамлакатҳои «Осиёгию», «ғайриосиёгӣ» зиддиятҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.
Соли 1996 дар шаҳри Манила (Филиппинҳо) иштирокчиёни ассотсиатсия оид ба мутобиқгардонии нақшаҳои инфиродии ҳамякҷояи озодгардонии бозорҳои молу хадамот созиш ба даст оварда, кӯшиши то соли 2020 ташкил намудани минтақаҳои озодро баҳри таъмини ҳаракати молу сармоя, нигоҳдории мораториӣ оид ба қабули аъзоёни нав то охири садсола тасдиқ намуданд.

Умуман, ассотсиатсия ҳамчун гурӯҳи «иқтисодиёти кушодаи ҳамгироии иқтисодӣ» дониста шуда, барои ба вай дохилшавӣ мамлакатҳои Россия, Ҳиндустон, Покистон, Муғулистон, Колумбия, Эквадор хоҳишнома пешниҳод кардаанд.
Ассотсиатсияи давлатҳои ҷанубу шарқии Осиё (АДҶШО-АСЕАН). Ин ташкилоти сиёсӣ-иқтисодӣ буда, соли 1967 ташкил ёфтааст. Ба ҳайати он Индонезия, Малайзия, Сингапур, Тайланд, Филиппинҳо ва аз соли 1984 Бруней, аз соли 1995 Ветнам дохиланд.
Мақсади расмии ин ассотсиатсия тадбиқи тадбирҳо оид ба таъмини ҳамкориҳои иқтисодӣ, пешрафти иҷтимоӣ ва инкишофи мадании мамлакатҳои ҳамаъзо мебошад.
Системаи идоракунӣ аз органи олӣ – маҷлиси вазирони корҳои хориҷӣ ва Котиботи доимии дар Ҷакарта воқеъ буда иборат аст.
Махсусияти фаъолияти ассотсиатсия дар он аст, ки иштирокчиёни он дар як вақт аъзои дигар иттиҳодияҳои минтақавӣ буда, байни ассотсиатсия ва ИМА\’ ухдадориҳои шартномавии тарафайнро иҷро менамояд.
Ассотсиатсия айни ҳол структураи хеле самараноки минтақаи Осиёгӣ ба ҳисоб меравад. Дар тули зиёда аз 30 соли
мавҷудияти худ вай ба ташкилоти субрегионии савдои озод бо-муваффақият мусоидат намуд. Ҳол он, ки ҳиссаи савдои тарафайни мамлакатҳои он дар ҳаҷми умумии мубодилаи савдои берунаи онҳо аз 20-22% беш нест.
Ассотсиатсия дар солҳои наздик аз байн бардоштани боҷҳои гумрукиро бо 5% (барои 38 ҳазор номгӯи молҳо) ва таъсиси системаи савдои бебоҷ (бозори умумӣ)-ро пешбинӣ кардааст.
Иттиҳодияҳои ҳамгироии Амрикои Лотинӣ. Дар Амрикои Лотинӣ соли 1981 ташкилоти савдоӣ-иқтисодии «Ассоссиатсияи Амрикои Лотинии ҳамгироӣ» аз рӯи «Шартномаи Монтевидео-80» таъсис дода шуда буд. Қабл аз ин дар ин ҷо «Ассотсиатсияи Амрикои Лотинии савдои озод» амал мекард. Иштирокчиёни ташкилоти савдоӣ-иқтисодӣ дар айни замон Аргентина, Боливия, Бразилия, Венесуэла, Колумбия, Мексика, Парагвай, Перу, Уругвай, Чили, Эквадор буда, дар доираи он тақсимот ба се гурӯҳи субрегионӣ нигоҳ дошта шудааст:

шартномаи ҳавзаи Ла-Плата;
Пакти Анд;
Пакти Амазонка.
Баъзе мамлакатҳо дар як вақт аъзои чандин гурӯҳҳои минтақавӣ буда метавонанд.
Системаи идоракунӣ дар ин ташкилот аз органи олӣ -Шӯрои вазирон иборат буда, дар шаҳри Монтевидеои Уругваӣ воқеъ аст.
Савдои дохилиминтақавӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар он бо роҳи созишномабандиҳои минтакдвию субминтақавӣ, дутарафаю бисёртарафа ба амал бароварда мешавад, ки дар ин созишнома чораҳои мушаххаси савдо ва масъалаҳои гумрукӣ нишон дода шудаанд. Муносибатҳои шартномавӣ натанҳо ба масъалаи савдо, балки инчунин ба ҳамкориҳо дар соҳаи саноату кишоварзӣ, нақлиёт, муносибатҳои асъорӣ-молиявӣ низ дахл мекунанд.
Гурӯҳи ҳамгироии «МЕРКОСУР» минтакаи савдои озод буда, соли 1995 ҳамчун иттифоқи чор давлати Амрикои Лотинӣ -Бразилия, Аргентина, Уругваӣ, Парагваӣ – ташкил дода шудааст. Соли 1996 ба ҳайати он Боливия шомил гардид.
Ба хиссаи Меркосур тақрибан 68,6% қаламраву 51% аҳолӣ ва 60% МУД Амрикои Лотинӣ рост меояд. Аз рӯи маҷмӯи МУД ин такшилот дар ҷаҳон баъди Иттиҳоди Аврупоӣ, НАФТА ва Иттиҳоди Иқтисодии Осиё – Уқёнуси Ором, дар ҷои 4-ум меистад. Мувофиқи созишномаи таъсиси «Меркосур» боҷҳои гумрукии 90% молҳои аз сарҳади ин мамлакатҳо гузаранда барҳам дода шудаанд. Дар боқимонда 10%-и молҳо боҷи гумрукӣ то соли 2001 нигоҳ дошта шуда буд. Аз рӯи системаи тарифҳои умумии беруна ба
аъзоёни Меркосур муяссар гардид, ки тарифҳоро оиди 85 молҳо бо ҳам розӣ кунонида, оиди 15%-и дигарашон бояд то соли 2006 ҳал намоянд.
Мақсади охирини «Меркосур» ба вуҷудории «бозори умумӣ» дар ноҳия аст ва барои ба ин мақсад ноил гардидан умумигардонии тартиботи миллии андозситонӣ, қонунгузориҳои меҳнатӣ ва муҳоҷират, таъсиси механизми танзими қурби ивазкунии асъор, ҷорикунии афзалиятнокии қарору қоидаҳои «Меркосур» механизми мубоҳисаҳои доимӣ дар сатҳи сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирони корҳои хориҷӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, савдо, таъминоти иҷтимоӣ тартиб дода шудааст ва амал карда истодааст.Декабри соли 1995 «Меркосур» бо Иттиҳоди Аврупоӣ дар хусуси аввалин бор дар таърихи Амрикои Ҷанубӣ таъсис додани минтақаҳои трансконтиненталии савдои озод созишнома ба имзо расонидааст.
Иттҳодияҳои ҳамгироии Африқо
Дар қитъаи Африко якчанд гурӯҳҳои иқтисодӣ таъсис дода шудаанд, ки ба онҳо мамлакатҳои минтақаҳои ҷудогонаи ин қитъа шомиланд.
Ҷамъияти иқтисодии давлатҳои Ғарби Африқо (ЭКОВАС).
Ин ҷамъият соли 1975 таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он Бенин, Буркина – Фасо, Гана, Гамбия, Гвинея, Гвинея-Бисау, Кабо-Верде, Нигерия, Сенегал, Сера-Леоне, Того, Котд Ивуар дохил шудаанд. Мақсади ташкилот чунин аст:

тараққӣ додани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи иқтисодӣ;
истифодаи васеи захираҳои табиӣ;
баробаркунии дараҷаи тараққиёти мамлакатҳои минтақа;
давра ба давра дар тӯли 15 сол ташкил намудани «бозори умумӣ»-и африкоӣ;
гузаронидани сиёсати якҷояи иқтисодӣ, координатсиякунии нақшаҳои тараққиёти давлатҳои аъзои ташкилот.
Ҳамгирои иқтисодӣ дар доираи ЭКОВАС дар чунин самтҳо тараққӣ мекунад:

либераликунонии савдои минтақавӣ;
ташкили иттифоқи гумрукӣ ва асъорӣ;
муқарраркунии тартиботи озоди ҳаракати шаҳрвандону молҳо;
тараққию ба амалбарории лоиҳаҳои якҷоя дар ҷодаи энергетика, саноати истихроҷи кӯҳӣ ва сохтмони роҳҳо.
Дар доираи ЭКОВАС Фонди ҳамкорӣ, ҷуброн ва тараққиёт (дар ғаҳри Ломои Того) ташкил карда шудааст, ки мақсади он пушонидани ҷои норасогиҳо аз камшавии боҷ тавассути таъсиси
минтақаи озоди савдо, маблаггузорӣ ба сохтмони объектҳои якҷоя мебошад.
Охири солҳои 80-уми асри XX савдои байни мамлакатҳои аъзои ин ташкилот 5% ва аввали солҳои 90-ум 7,7%-и тамоми ҳаҷми савдои ин мамлакатҳоро ташкил дод. Асосҳои ҳуқуқии амали ЭКОВАС органи олӣ – конфронси ҳарсолаи сардорони давлатҳо ва ҳукуматҳо мебошад. Органи доимии маъмурӣ Котиботи иҷроя (дар шаҳри Логори Нигерия) мебошад.
Иттифоқи гумрукӣ ва иқтисодии маркази Африқо (ЮДЕАК) дар натиҷаи имзои созишнома оид ба таъсис додани ташкилот дар соли 1964 дар шаҳри Браззавил (Конго) ташкил карда шудааст. Мамлакатҳои аъзои он: Габон, Камерун, Конго, ҶАМ, Чад, Гвинеяи Экваторӣ мебошанд.
Дар доираи ин блок ба ҳиссаи савдои байнидавлатӣ ҳамагӣ 0,9%-и ҷамъи содироти давлатҳои аъзо рост меояд.
Мақсади ЮДЕАК:

ташкили бозори умумӣ бо роҳи гадриҷан барҳам додани маҳдудиятҳо дар савдои тарафайн;
мутобиқкунии барномаи иқтисодӣ;
умумияти системаи андоз;
сохтани корхонаи шарикӣ;
– ёрии молиявии тарафайн ва муҳаё намудани шароитҳои- имтиёзноки гумрукӣ баҳри мамлакатҳои аъзо, ки роҳи ба баҳр баромад надоранд (Чад, ҶМА).
Дар доираи ЮДЕАК чунин ташкилотҳои молиявӣ, мисли Фонди Ягонагӣ, Бонки тараққиёт, Бонки давлатҳои Маркази Африқо амал мекунанд.
Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти ташкилотро органи олӣ -Шӯрои сардорони давлатҳо ба амал мебарорад, ки он ҳар сол ҷаласаи худро мегузаронад. Раиси ташкилот президенти яке мамлакатҳои аъзои тшлкилот таъин карда мешавад (ба муҳлати як сол). Штаб-квартираи ЮДЕАК дар шаҳри Бангӣ (ИМА) воқеъ аст.
Дар ин иттиҳод то ҳол монеаҳои зиёде сари роҳи ҳаракати молу хизмат ва қувваи корӣ байни мамлакатҳои аъзо нигоҳ дошта шудаанд.
Сабаби асосии монеаҳо васеъкунии савдои дохилии минтақавӣ дараҷаи пасти умумии тараққиёти ин мамлакатҳо ва ҳамнамуд будани тахассуси онҳо дар тақсими байналхалқии меҳнат, набудани шароити нақлиётии тараққикарда дар минтақа мебошанд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.