Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Бизнес, мохият ва шаклҳои ташкили он

Бизнес аз вожаи англисии «business» гирифта шуда, маънои кор, фаъолият, шуғлро ифода мекунад, ки он ягон навъи даромад ва фоидаро таъмин карда тавонад.Бизнес аз вожаи англисии «business» гирифта шуда, маънои кор, фаъолият, шуғлро ифода мекунад, ки он ягон навъи даромад ва фоидаро таъмин карда тавонад.
То кунун таҳти бизнес хулқ ё худ рафторе тасаввур карда мешавад, ки он фақат доираи хариду фурўшро дарбар мегирифта бошад. Яъне «бизнесменро» ҳамчун шахсе, ки «гирифт — фу-рўхт», пули зиёди муфтро ба даст овард ва соҳиби молу мулку сарват гардид, тасаввур мекунанд. Ин «хариду фурўш» дар асл муносибатҳои беинтиҳову бисёрҷанба ва мураккаби байни субъ-ектҳои иқтисодиро ифода мекунад, ки онҳо на ҳамеша айёнанд. Дар ҳаёти воқеӣ ба бизнесмен лозим меояд, ки он молу маҳсу-лот, ашё, мавод ва дигар захираҳоро кобад, ёбад, интиҳоб намояд, миқдору сифати онро аниқ кунад, бо нархҳои пасту мувофиқ онҳоро дастрас намуда, бо хароҷоти кам (хароҷоти нақлиёт, борпечонӣ, боркашонӣ…) то ба бозор бурда расонад, онҳоро солим нигоҳ дорад, ҳифз намояд, бозорро интиҳоб карда онҳоро фурўшад, бо рақибон ҳарифона муомила карданро ёд гирад, бо шахсиятҳое, ки бо раванди мубодила мустақим ё ғайримустақим алоқамандӣ дорад, махсусан бо меросхўрони роҳ ва бозор, ҳисобу китобро баробар намояд, аз ҳисоби даромад ҳиссаҷудо-куниҳои заруриро (андоз, патент, литсензия…) пардохта тавонад, мизоҷонро бо роҳҳои гуногун ба тарафи худ ҷалб намояд ва бо нархҳои мувофиқу дилҳоҳ бо онҳо гуфтугў карда молҳои худро фурўшад.
Аз ин нигоҳи оддӣ хулоса бармеояд, ки доираи фаъолияти бизнес ҳамчун натиҷаи фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ беҳудуд аст. Ба он нафарони бешуморе, ки қобилият ва имконият доранд (талаба, донишҷў, фардҳои алоҳида, оила, фирма, давлат…) машғул шуда метавонанд.
Бизнес ҳамчун фаъолият бо мақсади ба даст овардани даромад (фоида) истифода карда мешавад. Аз ин лиҳоз, дар адабиёти иқтисодӣ, таҳти бизнес — масъулияти шахсҳои алоҳида, оила, гу-рўҳ, ташкилот ва давлат, ки дар асоси ҷавобгарии шахсӣ, ҳавас-мандии иқтисодӣ, таваккалии молу чиз, воситаҳои пулӣ, истифо-даи сарвату неъматҳои табиат барои тавлиди маҳсулот, хизмат-расонӣ ба мақсади ба даст овардани фоида нигаронида шуда бошад, фаҳмида мешавад. Аз ин тавсифот хулоса бармеояд, ки бизнес ҳамчун тадбир ва фаъолият фақат дар чорчўбаи моликияти хусусӣ, мавҷуд будани фишангҳои озоди тиҷорат — муста-қилият, ҳавасмандӣ, манфиат, ангезаи меҳнатӣ, худтаъминкунӣ, ташаббус, ҷустуҷў, таваккалӣ ва ғайра имконпазир аст.
Аҳамият ва афзалияти бизнес дар он аст, ки:
— ба он ҳар нафаре, ки майлу рағбат ва шавқу ҳавас дорад (берун аз вақти корӣ) шуғл варзида метавонад;
— ҳар як шахс ба ягон намуди кор ё фаъолияте банд мешавад. Барои ин мақсад ягон ҷои кории илова талаб карда намешавад;
— барои ашҳосони шуғлварзида, он ҳамчун манобеъи иловагию доимии даромад хизмат мекунад;
— эҳтиёҷ ва ниёзи мардум ба баъзе неъматҳову хизматҳое, ки (таъмир, маводҳои хўрока…) тавлид ва адои онҳо аз ҷониби кор-ҳонаҳои махсусгардондашуда начандон қулай мебошад, аз тара-фи нафарони алоҳида таъҷилан дар як давраи кўтоҳ, бо сифати нисбатан баланд иҷро карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки бизнес — қобилият аст ва ҳар як шахси ҳоҳишманд ба он шуғл варзида наметавонад. Барои он пеш аз ҳама истеъдоди табиӣ (худодод), тафаккури иқтисодии махсус, яъне фавқулқобилият заруранд.
Барои бизнесмени ҳақиқӣ будан шароитҳои воқеӣ: интиҳоби озоди доираи фаъолият; мулоҳизаи корӣ; мустақилияти иқти-содӣ; оптимизм (зиндадилӣ) ва ғайра заруранд.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки бизнес ва соҳибкорӣ гўё аз бисёр ҷанба — хусусият, принсип, омил, шароиту сабабҳои ташкил ба ҳам мусоидат менамоянд.
Дар адабиёти иқтисодӣ оиди ин масъала фикру андешаҳои гуногун ҷой доранд. Баъзеҳо махсус ёдовар мешаванд, ки бизнес (соҳибкорӣ) — умуман, ба доираи фаъолияти давлат мансуб нест, гарчанде, охирон ҳам ба фаъолияти соҳибкорию фоидагирӣ банд мебошад. Асоси бизнесро танҳо бо мавҷуд будани молики-яти хусусӣ мебинанд, чунки фармоишҳои давлатӣ дар доираи ин корҳонаҳо иҷро карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, меъёри муайяну мушаххас байни бизнесу соҳибкор, байни мояи ғизодиҳандаи онҳо — шакли моликият ва фаъолият ягонагӣ дида намешавад.
Ба сифати аломатҳои фарқкунандаи соҳибкорӣ, ки онро аз дигар намудҳои фаъолият ҷудо месозад, инҳоро номбар мекунанд: мустақилият, ҷавобгарӣ, ташаббус, таваккалӣ, доимият, ҷустуҷўи фаъолона дар ҳалли масоилҳои умдаи иқтисод ва ғай-ра. Аз ин лиҳоз, дар адабиёти иқтисодӣ фарқ дар байни онҳо гузошта намешавад. Баъзеҳо гумон доранд, ки вожаи бизнес дар Ғарб ва соҳибкорӣ ҳамчун синоними он дар мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ истифода карда мешавад ва дар ин мазмун метавон байни онҳо аломати баробарӣ гузошт.
Новобаста ба ин хислату аломатҳои умумӣ байни онҳо фар-қият низ вуҷуд дорад. Доираи фаъолияти бизнес васеъ ва доираи фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд буда, охирон ҳам-чун унсури муҳимтарини бизнес қадр карда мешавад. Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолати махсус қайд кардани тарафҳои эҷодо-наю навоварии фаъолияти бизнес, ки қодир аст натиҷаҳои баландро таъмин намояд, истифода карда мешавад.
Фаъолияти фирма дар бозор, алоқамандии он ба бозори омилҳои истеҳсолот, қонунгузориҳои зидди монополӣ, дастрас кардани воситаҳои молиявӣ, ташкил кардани фондҳои молиявию суғуртавӣ, сармоягузорӣ, истифодаи фишангҳои пулию асъ-орӣ дар ҷараёни тавлид ва фурўши неъматҳои иқтисодӣ, ногузир ба ташаккули муҳити бизнес оварда мерасонад. Ташкили дохилии муҳити бизнес ҳамчун воҳиди ҳоҷагӣ сурат мегирад. Он аз ду нуқтаи назар: а) ҳоҷагию ҳуқуқӣ ва б) шакли ташкили иқти-содии хулқ ва рафтори одамон тавсиф карда мешавад.
Ба ғайр аз он, ки бизнес ҳамчун фаъолияти иқтисодӣ, яъне ҷалб кардан ва истифода кардани воситаҳои худӣ дар асоси ҷавобгарӣ ва таваккалӣ тасаввур карда мешавад, боз масъалаи аз нуқтаи назари ҳуқуқ, ташкил кардани шаклҳои иқтисодии рафтори одамон низ зарур мебошад.
Бизнес на танҳо раванди тавлид ва ташкили он (планкашӣ, таъминот), на фақат фаъолияти маркетингӣ (таблиғ, сиёсати нархӣ), идораи фирма (менеҷмент) ва таъминоти молиявӣ, балки кулли он фаъолиятро дар бар мегирад. Аз ин нигаҳ, он нисбат ба унсурҳои таркибиаш чизи дигар аст. Вай маҷмўи муносибат-ҳоро оиди ҷавобгарии соҳибкорон перомуни натиҷаҳои фаъолияти бизнес — алоқамандии он бо масъалаҳои маҳсулот, тавлид, маркетинг, менеҷмент, андўхту сармоягузорӣ… ифода мекунад.
Азбаски соҳибкорӣ ҳамчун унсури фаъолтарини бизнес мебошад, аз ин нигоҳ шакл ва намудҳои соҳибкорӣ (ниг. саволи дуввўм) низ қисматҳои асосии бизнес мебошанд.
Дар адабиёти иқтисодӣ тибқи аломатҳои ҳаҷми фирма — бизнеси хурд, бизнеси миёна ва калонро тафриқа месозанд.
Дар иқтисодиёти муосири мамлакатҳои Ғарб бизнеси хурд аз ҷумлаи бахши бузургтарини иқтисод қадр карда мешавад. Масалан, танҳо дар ИМА зиёда аз 15 млн. бизнеси хурд вуҷуд дорад. Он шакли фаъолияти бизнесе мебошад, ки дар асоси ба ҳам муттаҳид кардани сармояи 2-4 нафар ва принсипи ҳамкории ҳоҷагидорӣ ташкил карда мешавад. Онҳо дар шакли мағозаҳои хурд, корҳонаҳои соҳаи хизматрасонӣ, фирмаҳо, фаъолияти профессионалии духтурон, муаллимон, ҳуқуқшиносон ва ғайра ташкил карда мешаванд. Аз нуқтаи назари ҳуқуқ бизнеси хурд — шахсияти ҳуқуқӣ намебошад.

Дар мамлакатҳои инкишофёфтаи Ғарб бо таври васеъ ҳамчун шакли нисбатан маъмули бизнеси хурд системаи (низоми) франчайзинг (franchise — имтиёзнок) ва соҳибкории венчурӣ (аз venture — таваккал кардан) истифода карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.