Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Рушди ҷараёни такмил ва дурнамои Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) дар ҶТ бо мисоли вилояти Суғд

Ҷумхурии Тоҷикистон дар асри XXI яке аз роҳҳои баромад ва барқарор намудани иқтисодиётро пеш гирифт. Унсолҳои кашокиву сатҳи пасти зиндагӣ, барқарори сулҳу амнияти милли ва ҳоказои дигар паси сар гаштанд давраи он расид, ки бояд аз мустакилияту ягонагии давлат бояд истифода кард.Ҷумхурии Тоҷикистон дар асри XXI яке аз роҳҳои баромад ва барқарор намудани иқтисодиётро пеш гирифт. Унсолҳои кашокиву сатҳи пасти зиндагӣ, барқарори сулҳу амнияти милли ва ҳоказои дигар паси сар гаштанд давраи он расид, ки бояд аз мустакилияту ягонагии давлат бояд истифода кард. Дар навбати дигар Тоҷикистон баъди ин ҳама пурталотубиҳо дар ташаккул ва аз навбаркарор намудани ҳамагуна соҳаҳои зарури(ҳоҷагии кишлоку саноат ва ҳамагуна соҳаҳои иқтисодиёт), пайдо намудани хамкориҳо бо мамлакатҳои чаҳон ва ташкилотҳои ҳориҷа ва умуман дар микёси чаҳон мавкеъи худро пайдо намудааст.Дар навбати худ аз тарафи Ҳукумати Ҷумхури барои боз ҳам беҳтар намудани вазъият як катор Қонуну карорҳои дахлдор оиди пешрафти иқтисодиёту саноати мамлакат кабулгардид.Инчунин барномаҳои сармояви ва муҳаё намудани имтиёзҳои гуногун ба чашм мерасид. Вобаста ба ҳамин чораҷӯиҳо, барои боз ҳам тараққи додани соҳа, моҳи маи соли 2004 Қонуни ҶТ «Дар бораи Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ҶТ» ба тасвиб расид.
Барои ташкили МОИ дар Ҷумхури шартҳои махсус талаб карда мешавад. Бо вуҷуди ин дар баъзе минтақаҳо шарту шароити муфид, минтақаҳои махсус барои тараққиёти ин соҳа вуҷуд дорад. Ташкилоти МОИ аз нигоҳи роҳбарият, хело ҳам меҳнати зиёд ва сармояи молиявиро талаб менамояд.Аз руи тадқиқотҳои 26- мамлакати ҷаҳон сарфу хароҷоти ташкилии МОИ бо ҷалби сармояи ҳориҷи 4/1 ҳисса рост меояд. Вобаста ба ин дар ташаккули МОИ сохтори махсуси ҳукумати ё ин ки ширкатҳои давлати амал ҳоҳанд кард. Танҳо метавон бо ҳамин роҳ ҳама гуна маблағгузориҳои ташкилиро таъмин кард.
Ҳаминро ёдовар бояд шуд, ки МОИ «Суғд» фаъолияти хешро аз моҳи августи соли 2009 оғоз кард. Масоҳати умумии минтақа 320 гектар мебошад. Дар минтақа муҳити мувофиқ ва шароити хуб барои маблағгузорон, махсусан преферентҳои андоз ва гумрук фароҳам оварда шудааст. Шиори минтақа — шаффофият, муомилот, маҳорати касбӣ ва ҳадафмандӣ мебошад. Аллакай 14 субъект барои фаъолият дар минтақаи озоди иқтисодӣ ба қайд гирифта шуда, чандтои онҳо имрӯз маҳсулот истеҳсол карда истодаанд.
Иштироки Тоҷикистон дар иқтисодиёти чаҳонӣ бо мақсади ташкил ва ташаккули МОИ ин барои боз ҳам фаъолона иштирок намудани мамлакат дар тақсимоти байналхалқии меҳнат ва ҷалби сармояҳои ҳориҷӣ ба ин минтақаҳои муайян мебошад. Ин ҳама дастовардҳо ва мақсадҳо якҷоя дар ҳаллу фасли масъалаҳои иқтисоди тасири худро дорад. Пеш аз ҳама коркарди барномаҳои давлати оиди ташкили МОИ дар марзи Ҷумҳурӣ зарур аст.
Ба сифати субъектҳои МОИ «Суғд» соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ки Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, инчунин филиал ва намояндагии онҳо эътироф карда мешаванд, ки:
— тибки Қонунгузории Ҷумхурии Тоҷикистон аз қайди давлати гузаштаанд;
— шартномаи фаъолиятро дар ҳудуди МОИ «Суғд» бо Маъмурияти МОИ ба имзо расонидаанд;
— сертификати субъектҳои МОИ «Суғд»- ро тибқи тартибе, ки дар Низомномаи мазкур пешбини шудааст, соҳиб гардидаанд.
Субъектҳои МОИ фаъолияти худро дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисоди дар ҶТ», низомномаи ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медароранд, ба роҳ монда мешавад. Шахсони ҳуқуқи, намояндагиҳо, филиалҳо, шахсони вокеъи ва сохибкорони инфиродӣ (резидент ва гайрирезидентҳои ҶТ), ки дар худуди МОИ «Суғд» то таъсисёбии он фаъолият доштанд, дар мўҳлати 3 моҳ аз рўзи ба фаъолият шурўъ намудани маъмурияти МОИ вазъи ташкилию ҳуқуқии худро бо мукаррароти низомнома мувофиқ менамоянд.Дар ҳолати аз тарафи онҳо иҷро накардани талаботи низомнома, маъмурияти МОИ оид ба баргардонидани қитъаи замин барои эхтиёҷоти давлати тибқи Қонунгузории ҶТ дар бораи замин чиҳати қабули қарори дахлдор ба мақоми ваколатдори давлатии замин муроҷиат мекунад. Маъмурияти МОИ барои бақайдгирии давлатии сохибкори инфироди, шахси ҳуқуқи, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқи-резидентҳо ва ғайрирезидентҳои ҶТ ҳамчун субъектони МОИ ба довталаб хуҷҷати тасдиқкунандаи нишонии ҳуқуқи дар МОИ «Суғд»- ро медиҳад.
Сертификатҳо ба муҳлатҳои зерин дода мешаванд:
— сертификат барои фаъолияти тиҷорати ба мӯҳлати 10 сол;
— сертификат барои фаъолияти истеҳсоли ба мӯҳлати 15 сол.
Арзиши сертификат барои ҳар гуна намуди фаъолият, новобаста ба ҳаҷми истеҳсолот ва гардиши мол 5 хазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Мўҳлати амали МОИ «Суғд» 25 сол муайян карда шудааст. Мўҳлатҳои давраи гузариш ҳангоми ҷори кардани низоми МОИ «Суғд» аз тарафи маъмурияти минтақа на зиёдтар аз 7 сол аз рўзи кабул кардани қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муайян мегардад.
Ин давра барои бунёди инфрасохтор, ташаккули заминаи ҳуқуқи ва ба таври воқеи аз худ намудани қаламрави МОИ «Суғд» истифода мешавад. Мўҳлат ва шартҳои давраи гузариш пеш аз қатъи амали низоми МОИ «Суғд» аз ҷониби Маъмурияти МОИ муайян мегардад. Дар ин маврид шартҳои давраи гузариш на дертар аз 3 сол то қатъи амали минтақаи озоди иқтисоди фаро мерасанд.
Барои дароз кардани мўҳлати амали МОИ «Суғд» аз ҷониби маъмурияти МОИ ба мақоми ваколатдори давлатии идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ хулосаҳои иқтисоди оид ба дароз кардани мўхлати фаъолияти МОИ «Суғд» пешниҳод мегардад, ки инҳоро дар бар мегирад:
— ояндабини ва барномаи минбаъдаи рушди МОИ «Суғд»;
— баҳои самаранокии фаъолияти МОИ «Суғд».
Соҳаҳои пешрафти саноатӣ
Соҳаи саноатро дар вилоят зиёда аз 200 комбинату корҳонаҳои муштарак бо сохтори идоракунии ҷамъиятҳои саҳомиву хусуси фаъолият менамояд. Номгуи истеҳсоли саноати дар ҳаҷми умуми тоба 90 номгуйро ташкил мекунад. Корҳонаҳои калонтарин дар ин соҳа: АООТ \”Қолинҳо\”-бо истеҳсоли маҳсулоти гилембофи машғул аст, АООТ «Абрешим»-матои шоҳиги, КМ «Кабул-Таҷик-Текстайлз»-истеҳсоли матоҳои пахтагин, КМ \”Ҷавонӣ\”- истеҳсоли ресмон ва коркарди онҳо, АО «Зиннат»- маҳсулоти ресмони, АООТ «Файз»-. Инчунин дар вилоят истеҳсоли саноати консервабарори ба роҳ монада шудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли солона ба 230 млн дона яъне зиёда аз 90%-и маҳсулоти Ҷумҳури рост меояд.Асоси истеҳсолкунандагони маҳсулоти консервӣ ин комбинати консервии АО Хуҷанд, камбинати консерваи Исфараву Қистақӯз ба ҳисоб меравад.Дар навбати худ метавон каме аз вазияти саноати кӯҳӣ маълумот дода бошам. Он корҳонаҳои калоне, ки дар ин соҳа фаъолият дорад: комбинати коркарди куҳии Анзоб оиди ба даст овардани рӯдаву истеҳсоли консентрати сурмаву рутут, КМ «Зарафшон»- коркарди тилло, комбинати коркарди кӯҳии Адрасмон, ЧИ «Востокредмет», «Ленинабад-угол», «Ленинабад-нефтогаз» ва ғайраҳо. Саноати химия бошад, ИЧ «Заря Востока»- кадоме, ки дар истеҳсоли маҳсулоти резина ба заводи истеҳсоли рангубори Исфара равона шудааст.
Дигар соҳаҳои саноат бошад ҳамчун корҳонаҳои бисёрсоҳа ба монанди корҳонаи истеҳсоли таҷҳизоти гази АПО «Хуҷанд-торгмаш», ЧС «Хуҷанд-ЗИЛ» ва дигарон башумор меравад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.