Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Мавқеъи МОИ дар ҷалби сармояи ҳориҷӣ ва рушди иқтисодиву молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақтҳои охир дар тараққиёти иқтисодиёти ҶТ, бо роҳҳои ташкил намудани шарту шароити озод барои капитали ҳориҷӣ аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Иқтисодиёти озод, таъғироти институтсионалӣ, тарақиёти муносибатҳои бозорӣ ба худ як дигаргуниҳои ҷидди дар умум як системаи иқтисоди навро дидан мумкин аст.Вақтҳои охир дар тараққиёти иқтисодиёти ҶТ, бо роҳҳои ташкил намудани шарту шароити озод барои капитали ҳориҷӣ аҳмияти ҷиддӣ дода мешавад. Иқтисодиёти озод, таъғироти институтсионалӣ, тарақиёти муносибатҳои бозорӣ ба худ як дигаргуниҳои ҷидди дар умум як системаи иқтисоди навро дидан мумкин аст. Ин гуна амалиётҳоро бо суръати гуногун, шиддатнок ва ё самтҳои гуногун мушоҳида кардан мумкин аст.
Гузариш ба сатҳи муътадил ин вазифаи аввалиндараҷа дар муддати кутоҳи тарақиёти иқтисодиёти миллӣ мебошад. Лекин болоравии иқтисодиёт бо муаммои зиёд кардани сармоя дар истеҳсолот вобастаги дорад.
Дар ин ҷо як қатор муаммоҳо дар рафти ташкили фазои муҳими сармояви то ба тақсимоти сармояҳои ҳориҷи дар минтақаҳои Ҷумҳури ва интиҳоби соҳаҳои афзалиятнок пайдо мегардад, ки кадоме танҳо бороҳи ягона намудани системаи иқтисоди бартараф кардан мумкин аст. Тезу тунд гаштани ҳолати глобали ба фазои рақобати дар бозори ашёи ҳом, маҳсулоту хизматрасони, то ҳатто метавонад дар муносибати капитали ҷалб карда бошад. Болоравии иқтисодиёти мамлакат кадоме, ки дар сатҳи байналхалқи баробар асту қудрати таъмини сармояи дохилиро дорад, ин ҳам тарафҳои норасогии худро дорад.Алоқаманди ба ин зарурияти муайян намудани шарту шароит барои ҷалби сармояҳои ҳориҷи дар иқтисодиёти Ҷумҳури ва муаммоҳои дигаре мавҷуд аст, ки хислатҳои манфии худро дорад.
Ташкил ва тарақиёти шартҳои махсус барои тараққиёти МОИ дар иқтисодиёти ҶТ бе тасавури сармояҳои ҳориҷӣ тасаввур нокарданист.
Ҳалли масъалаҳои асосии иқтисодиёти имруза ин якчоя намудани
сиёсати иқтисодии устувор бо сиёсати иқтисодии болораванда мебошад, ки кадоме ҳавасмандии фаъолияти сармоягузориро талаб менамояд.
Аз нигоҳи дигар барои ҷалби сармояи ҳориҷӣ яке аз роҳи муҳимтарин ин ташкили МОИ мебошад, ки давлат мувозинати онро таъмин карда метавонад. МОИ дар навбати худ метавонад, аз ҷои ҷойгиршавии ҷуғрофию имтиёзҳои андозии худ барои ҷалби сармояи ҳориҷӣ дар иқтисодиёти мамлакат шароити фароҳам оварда бошад. Ахамияти МОИ дар коркарди фаъолияти сармояви калон буда, то чи андоза имтиёзҳову реҷаи андозави барои гирифтани даромадҳои калон барои сармоягузор шароит фароҳам меоварад.
Барои муайян намудани мавкеъи МОИ дар ҷалби сармояи ҳориҷи бояд муайян кард, ки ин сармояҳо ба кадом соҳа равона карда шудаанд. Дар айни ҳол Тоҷикистон ба воридоти капитал(сармоя) яке аз ҷойҳои ҳоксоронаро иҳота менамояд. Ин ҳама алоқаманди бо вуҷуд надоштани сиёсати ҳавасманди ва фазои муфиди сармояви, кадоме дар навбати аввал кафолати ҳуқуқи, инфраструктураи тараққикарда, имтиёзҳои андозавиро барои сармоягузори ҳориҷи нишон медиҳад. Дар ҷамъ динамикаи воридоти сармояи ҳориҷи ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва тенденсияи болоравии ҳаҷми умумии онҳо саркарда аз соли 2000-ум зери назорат гирифта шудааст. Дар алоҳидаги, ҳаҷми сармояи солона аз 6 млн доллар соли 2001 то 110млн доллар расидааст.
Ҷадвали 2.3
Намудҳои асосии сармояи ҳориҷи ба иқтисодиёти
Ҷумхурии Тоҷикистон

Солҳо
Ҳаҷми умумии сармояи ҳориҷи

Сармояи мустақим

Бокимонда

хазор. долл.

%

хазор. долл.

%

хазор. долл.

%

2006

6578,6

100

6060,5

92,1

518,1

7,9

2007

28840,2

100

23160,8

80,3

5679,4

19,6

2008

49038,4

100

8095,4

16,5

40943,0

83,5

2009

124020,7

100

36066,4

29,0

87954,3

71,0

2010

110445,1

100

31649,7

29,7

74795,4

70,3

Тадқиқи ҷадвали мавҷуда нишон медиҳад, ки ҳаҷми сармояи ҳориҷи дар муқоиса ба соли 2009-ум паст шудааст. Ҳаҷми сармояи ҳориҷии чамшуда дар иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли 2010-ум 482 млн долл-и ИМА-ро ташкил дод.Аз солҳои 90-ум саркарда Тоҷикистон дар ҷалби сармояи ҳориҷи асосан дар намуди сармояи мустақим ва дар намуди маблағгузориҳои карзи равона карда шудааст. Ба ғайр аз ин маълумотҳо аз он гувоҳи медиҳад, ки сармоягузорони ҳориҷи дар гузоштани маблағҳои худи ба когазҳои киматноки ширкатҳои милли саросема нестанд. Ва ин ҳама вобаста баон аст, ки хануз дар Тоҷикистон бозори когазҳои киматнок бо шартушароити мусоид вуҷуд надорад. Тарақиёти бозори когазҳои киматнок дар ҳолати ташкил намудани элементи инфтаструктураи бозори (мувофиқи нормаҳои ҳуқуқиву стандартҳои чаҳони) – биржаи фонди, ки бевосита алоқа бо бозори фондии ҷаҳони дошта бошад, ана дар он ҳолат гуфтан мумкин аст, ки ба тариқи реалӣ метавонад фаъолият намояд.
Агар соли 2007-ум ҳаҷми умумии сармояи мустақим 80,3 фисад ва карз- 19,6 фисадро ташкил карда бошад, онгох соли 2010-ум 29,7 фисад ва 70,3 фисадро ташкилкарду халос. Муқоисаи бартариятҳо дар ҷалби капитали ҳориҷӣ бо намудҳои гуногун дар марзи МОИ, бояд қайд кард, ки сармояҳои мустақим ба худ як тарафҳои мусбӣ ҳам дорад. Пеш аз ҳама, фаъолияти сектори хусусии ташаккул меёбад, роҳҳои баромадан ба бозори чаҳонӣ васеъ мегардад ва инчунин дастрас намудани технологияву омузиши методҳои идоракунӣ ва дар ҷамъ метавон гуфт, ки ҳама гуна ҳаҷми қарзҳои ҶТ кам карда мешавад.
Бояд қайд кард, ки сармояи ҳориҷии дар намуди сармояи истеҳсолӣ ба монанди нақлиёт, техникаву технология, таҷҳизот, масолеҳи сохтмони воридоти мамлакатшуда истодааст. Дар навбати худ дар марзи МОИ бояд ҳамон соҳаҳоро тараққи дод, ки барои пешрафти иқтисодиёт ва дигар минтақаҳои Ҷумхурӣ асоснок карда шуда бошад.
Протсеси сармоягузори дар Тоҷикистон ба методҳои кутоҳмуддати арзон аз нав барқарор намудани қувваи истеҳсолии мавҷудбуда кадоме, ки бе ягон сармояи дарозмуддат иваз кардан мумкин аст. Бинобар ин нишон дода мешавад, ки сиёсати сармояви дар тақсимоти соҳаҳои МОИ пеш аз ҳама ҷалби капитали ҳориҷиро дар сектори технологияи пешрафта ба роҳ монда шавад. Чуноне ки бо ин роҳ МОИ дар Чин, Кореяи Ҷануби ва Бразилия тавонистанд дар даҳсолаҳои охир бо барқарор намудани сохтори саноати миллӣ вориди бозорҳои ҷаҳонӣ гаштанд.
Имрузҳо рақобат дар масштаби чаҳони пешаз ҳама хислати инаватсиони технологиро дорад ва дар ин чо он мамлакатҳое, ки метавонад охирин дастовардҳои илмиро ворид карда бошад лидерҳои иқтисоди шуморида мешавад. Чи хеле, ки дар боло қайд кардем яке аз муаммоҳои пеши роҳи ташкили МОИ ва ҷалби капитали ҳориҷи ин қафомондани ҳоҷагии нақлиёт, фазои хизматрасонии меҳмонҳонаҳо, дар он минтақаҳои дорандаи захираи бойи ашёи ҳом ва талаботи ташкили ҷойҳои нави кори доран, мебошанд. Дар ин хусус маълумотҳои омори оиди сармояҳои ҳориҷӣ дар минтақаҳои ҶТ гувоҳи медиҳад.
Бояд қайд кард, ки тақсимоти сармояи ҳориҷӣ дар Тоҷикистон гувоҳи аз он медиҳад, ки фазои сармояви фарқияти калон дар байни минтақаҳо вуҷуд дорад.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, коллекторҳои офтобӣ, ноқилҳои барқӣ, рангҳои молиданӣ, профилҳои пластикӣ барои дару тиреза, қуттиҳои пластмасӣ барои нигоҳдории мева ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ дар ин минтақа 6 корҳонаи саноатӣ фаъолият намуд. Корҳонаи саноатии ҶС «Сирандуд» ба маблағи 312 ҳазору 107 сомонӣ, ҶДММ «Реал» ба маблағи 1 млн. 353 ҳазор сомонӣ, КМ «Силкаат Бойя» ба маблағи 1 млн. 316 ҳазор сомонӣ, КМ «Стар Пласт» ба маблағи 7 млн. 665 ҳазор, ҶДММ «Дӯсти Амирҳон» ба маблағи 1млн. 120 ҳазор ва ҶДММ «Некон» ба маблағи 1 млн. 508 ҳазор сомонӣ ва дигар корҳонаҳо ба маблағи 3 млн.450 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.Ҳамин тавр дар МОИ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012 ба маблағи 34200627,8 сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Ҷадвали 3.3
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар МОИ-и ҶТ дар соли 2012


Номгӯи МОИ-и Тоҷикистон

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот(сомонӣ)

1

МОИ дар вилояти Суғд

16724107

2

МОИ дар вилояти Хатлон

208623,83

3

МОИ дар шаҳри Душанбе

10533793,4

4

МОИ дар НТМ

6737523,68

Шароити мушкили минтақави, вуҷуд надоштани инфраструктураи нақлиётиву роҳбари, ва шартушароити гуногун ба баъзе ноҳияҳои мамлакат дар тақсимоти сармоя дар ҷои охир меистад. Новобаста аз ин дар ин минтақа ташкили МОИ талаб карда мешавад. Роли асосиро дар ҷалби сармояҳои ҳориҷӣ ба марзи МОИ кадоме, ки яке аз фаъолияти капитали ҳориҷи дар ҶТ ба шумор меравад ин ширкатҳои муштаракмебошад.Бо нишондиҳандаҳои омори шумораи чунин ширкатҳо соли 2010-ум 151 адад ба қайд гирифта шудаанд.
Аз инҳо 107 адад дар шаҳри Душанбе, 27 адад дар вилояти Суғд, 11адад дар вилояти Хатлон ва НТМ 6 адад мавҷуд мебошад. Инчунин бояд қайд кард, ки ҳақиқатан шумораи ташаккулёбандаи ширкатҳо дар иқтисодиёти мамлакат 50 фисад аз ҳаҷми умуми фаъолият менамояд.

Ҷадвали 4.3
Структура ва намудҳои асосииМОИ.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Минтақаҳои озоди савдо

Минтақаҳои истехсоли саноатӣ

Минтақаҳои татбики техникӣ

Минтақаҳои хизматрасонӣ

Минтақаҳои
комплекси

Минтақаи гумрукии бе боҷ

Минтақаи озоди истеҳсолӣ

Минтақаи тарақиёти тех-
ниқаи замона-вӣ

Мин-и офшори-ино-ватсионӣ

Минтақаи иқтисодии байналхалқӣ

Минтақаҳои бе боч

Минтақаи озоди содиротӣ

Мин-и саноати ҳочагии киш-лок

Мин-и озоди бонкӣ

Мин-и икти-содиву эко-логӣ

Магозаҳои махсус «Дюти-фри»

Минтақаҳои воридоти

Минтақаҳои тарақиёти ик-тисодию тех-никӣ

Молиявию андозавӣ

Мин-и сар-моягузорӣ

Амборҳои гурукӣ

Паркҳои техникӣ

Туристӣ

Аз соли 1991-ум саркарда шумораи бақайдгирии чунин ширкатҳо дида мешуд кадоме, ки соли 1996 шумораи онҳо ба 283 адад расида буд. Дар натичаи 2-3 соли дигар шумораи онҳо торафт кам гашта соли 2007-ум 105 ададро ташкил дод, сабаби инҳама дар рафти казошавии фаъолияти онҳо хабар медиҳад ва қисми дигар бошад дар вакти азнав бақайдгирии ширкатҳо барҳам додашуд. Аз тарафи дигар гуфтан мумкин аст, ки корҳонаҳои муштарак барои кам пардохт намудани андозҳои муайянкардашуда баланси корҳонаи худро камнишон медиханд ё инки дар ҳақиқат фаъолияти онҳо дар казоиши корҳона бошад. Дар ингуна ҳолатҳо ташкили минтақаҳои махсуси иқтисодие, ки дар фаъолияти ин ширкатҳо мусоидат менамояд ва таракиети онҳо дар иқтисодиёти мамлакат манфиатовар аст зарурияти ташкил карданро дорад. Дар навбати худ фаъолияти ширкатҳои муштарак дар тамини ҷойҳои нави кори зарурият дорад.
Ҷадвали 5.3
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ

Минтақаи озоди иқтисоди
Истехсоли саноати

Минтақаи савдо

Минтақаҳои хизматгузори

Комплекси

-Воридоти;

-Бандарҳои озод;

-Инноватсиони;

-Минтақаҳои озоди сохибкори;

-Содироти;

-Минтақаҳои транзити;

-Паркҳои техники;

-Минтақаҳои махсус;

-Воридоти омехта;

-Амборҳои бе боҷу хироч;

-Бонки;

-Минтақаҳои махсуси иқтисоди

-Минтақаҳои озоди гумруки;

-Офшори;


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.