Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Тадқиқоти ҳуқуқии ташкили Минтақаи озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаи ҳамгирои иқтисодии Ҷумҳурӣ дар ҳоҷагии халқ яке аз муаммоҳои асоси барои тарақиёти иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Дар барномаҳои гуногуни давлати қайд карда мешавад, ки истифодаи усули васеъи ҳамкориҳои иқтисоди ҳориҷӣ ва яке аз ташкилдиҳандаҳои иштирок дар тақсимоти байналхалқии меҳнат, ин ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба шумор меравад.Масъалаи ҳамгирои иқтисодии Ҷумҳурӣ дар ҳоҷагии халқ яке аз муаммоҳои асоси барои тарақиёти иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. Дар барномаҳои гуногуни давлати қайд карда мешавад, ки истифодаи усули васеъи ҳамкориҳои иқтисоди ҳориҷӣ ва яке аз ташкилдиҳандаҳои иштирок дар тақсимоти байналхалқии меҳнат, ин ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба шумор меравад.
Роҳҳои ташкили МОИ як қатор тарафҳои қонунии онро дида баромад, ки дар қатори инҳо Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон«Дар бораи сармояҳои ҳориҷӣ дар ҶТ» аз 10марти соли 1992 ба назар мерасад.
Қонуни мазкур дар як чорчӯбаи муайян тарафҳои ташкили ва имтиёзии МОИ-ро таҳлил карда роҳҳои ташкили МОИ бо мақсади ҷалб намудани сармояҳои ҳориҷӣ, техникаву технологияи пешрафта, тараққиёти потенсиали содироти ва малакаи идора намуданро дар ҶТ татбик намуд. Барои сармоягузорони ҳориҷӣ ва ширкатҳо бо сармояи ҳориҷи, ки дар МОИ фаъолияти худро ба роҳ монда, вобаста бо ҳуқуқу кафолат кадоме, ки қонун муайян кардааст, имтиёзҳои иловаги пешниҳод карда шудаанд:
-реҷаи имтиёзи андозави;
-паст кардани пардохт барои истифодаи замин ва дигар захираҳои табии;
-реҷаи махсуси гумруки, паст кардани боҷу хироҷ;
Вобаста доири қонун, шакл ва ҳаҷми имтиёз дар сарҳади МОИ бояд аз тарафи Хукумати ҶТ ва Мачлиси Олии (Парлумони) ҶТ кабул кардашавад.
Авалин маротиба Қонуни ҶТ «Дар бораи Минтақаҳои озоди иқтисоди »дар ҶТ 17-уми маи 2004-ум тахти раками №24 ба тасвиб расидааст.
Чораҳои аввалиндараҷа оиди ташкили МОИ ва фаъолияти ояндаи онҳо мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 5-уми марти соли 2008 таҳти рақами №103) ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ вогузор карда шудааст. Ташкили МОИ барои тарақиёти содиротии Ҷумҳури такони ҷидди мебахшад. Дар барномаи мазкур бошад, истифодаи васеъи роҳҳои ташкил намудани минтақаи озод барои тараққиёти содиротӣ равона карда шудааст. Ташкили ингуна минтақаҳо ҳамчун калид барои кушодани роҳҳои нави савдои ҳориҷӣ, таъминоти сатҳи болоравии содироти дар ҷамъ иқтисодиёти миллиро дар бармегирад. Вобаста аз ашёи ҳоми содиршаванда дар барномаи мазкур ташкили МОИ дар тахасусгардони, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри содиршаванда равона ҳоҳад шуд. Дар навбати худ чизи дигарро бояд қайд намуд, ки ҳамаи он мақсадҳое, ки барои тараққиёт равона карда шудааст, ҳамон вақт ҳақиқатан фаъолият менамояд, ки дар Ҷумхури як системаи мустаҳками нав оиди дастгирии давлати, ҳавасмандии содироти, барномаҳои тиҷорати, ташкили ширкатҳои ҳуқуқӣ барои ҷалби сармояи дохиливу ҳориҷи дар асоси тарақиёти технологияву маҳсулоти содироти равона шуда бошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҶТ.
Дар ҶТ базаи махсуси Қонунбарор барои ташкили МОИ ва «Қонун дар бораи МОИ дар ҶТ» -низ амал менамояд.
Дар таҷрибаи ҷаҳони вобаста ба намуди фаъолият дар ин ё он сарҳади минтақаи иқтисодӣ, намудҳои васеъи гуногуни МОИ вуҷуд дорад. Гарчанде дар Қонуни ҶТ системаи муайяни минтақаҳо вуҷуд надорад, лекин дар бораи намудҳои махсус оварда шудааст.
Мувофиқи кодекс дар МОГ амалиётҳои тиҷоративу истеҳсоли маҳсулот новабаста аз тарзи фуруш, дар чорчубаи кодекс ва тарафҳои ҳуқуқи дар ҶТ роҳ дода мешавад. Молумаҳсулоти воридгашта, метавонад бе ягон мамоният зери таъсири фаъолияти гумруки дар МОГ бе муҳлат ҷойгир карда шавад. Инчунн мувофиқи конвенсияи Киото хадамоти гумруки метавонад роҳҳои дигари алоқаманди бо бақайдгирии маҳсулотро (тавтиши ҳамаҷониба) дар МОИ дошта бошад.
Фаҳмиши умумии МОИ вуҷуд надорад. Нишонаҳои асосии МОИ ин масоҳати муайян дар қисми сарҳади гумрукии мамлакат карор дорад кадоме, ки бо як қисми муайяни имтиёз ва реҷаи махсуси ҳуқуқии ҳоҷагидориро барои сармоягузорони минтақа пешниҳод кардааст. Дар алоқаманди мувофиқи моддаи 1-ум фаҳмиши МОИ чуни наст:
«Минтақаи озоди иқтисоди – қисми марзи ҶТ бо сарҳади аник, дар кадоме ки реҷаи махсуси сохибкори амал менамояд». Бояд қайд намуд, ки моддаи 1-ум мувофиқи таҷрибаҳои Қонуни дар Ҷумхури фаҳмиши умумии муайянро медиҳад кадоме, ки дар Қонун дар бораи МОИ истифода мешавад.
Қонун дар бораи МОИ ҳама гуна мақсаду мароми ташкил намудани МОИ-ро муайян мекунад. Хар як МОИ дар алоҳидаги новобаста аз мақсадҳои умумӣ бояд, ки мақсадҳои конкретии худро дошта бошад кадоме, ки метавонад тарафҳои қоидавии идора намудани фаъолияти онро муайян менамояд.
Қонунҳо доири МОИ бояд, ки ташаккули махсуси МОИ-ро нишон диҳад. Дар ҳақиқат байни норма ва тарафҳои ҳуқуқи дар бораи МОИ ва қонунҳои ҶТ дар ҷамъ як фарқияте вуҷуд дошта метавонад.
Намуд ва тахасуснокии МОИ тамоман фарқияти калон дорад. Яке аз роҳҳои ташаккули МОИ ин ба тартиб даровардан мебошад. Дар сохтори МОИ факторҳои гуногун дохил мешавад, ки аз инҳо иборат аст; макони ҷойгиршавиаш, сифати захираҳои истеҳсоли, шарту шароити табии, иқтисодӣ, ки коркард карда мешавад, фарк мекунад. Қонун дар бораи МОИ танҳо роҳҳои ташкили минтақаҳои гуногун ва намудҳои онро дар марзи ҶТ нишон медиҳад. Дар мамлакатҳои бо гузариши иқтисодӣ ба даст овардани ташаккули МОИ, аз ташкили сохти конкретии МОИ вобастагӣ дорад.Барои ин гуна мамлакатҳо бошад васеъ паҳн намудани сохтори минтақаҳои содироти истеҳсоли зарур аст. Фарқияти асосии ин гуна минтақаҳо дар он аст, ки истифода аз имтиёзҳои давлати дар микёси минтақа бо тараққи додани баъзе аз ин соҳаҳои саноати ва ҳавасмандии содироти маҳсулоти саноати дахл дорад. Ингуна минтақаҳоро метавон дар ҶТ-низ ташкил кард.
Дар навбати худ метавон гуфт, ки вобаста аз мақсадҳои ташкилии МОИ дар ҶТ метавонад МОИ-и комплекси, ки намудҳои гуногуни минтақавиро дар бар мегирад ташкил кард.Қонун дар бораи МОИ оиди намудҳои фаъолият кадоме, ки метавон дар марзи МОИ вуҷуд дошта бошад, қайд менамояд. Дар айни ҳол бояд қайд кард, ки ҳамаи он намуди фаъолияти ҳоҷагии халқро, ки ба МОИ роҳ дода шудааст, наметавон номнавис кард. Агар лозим ояд, он гоҳ номгуи намудҳои фаъолиятро кадоме, ки фаъолияти онҳо дар минтақа манъ карда шудааст муайян кардан мумкин аст. Мисол: истеҳсол, коркард ва фуруши маҳсулоти радиоактиви, қочоқ, ва дигари онҳо; истеҳсолу коркард ё инки фуруши маҳсулоти қочоқи ва маҳсулоти заҳрдор, истеҳсоли маҳсулоти аксизи ва ғайраҳо; Ин гуна номнавис метавон дар минтақаҳои конкретии соҳавӣ вуҷуд дошта бошад «ба МОИ ширкатҳои фаъолияти истеҳсоли ғайри Қонунии ҶТ-ро дорад, роҳ дода намешавад».
Яке аз хислатҳои муайянкунандаи МОИ ин сарҳади марзи мебошад. Қонун дар бораи МОИ дар «моддаи 6 банди 2» тарафҳои муайян намудани марзи сарҳади, масъалаҳои ташкил ва барҳам додани МОИ-ро ҳаллу фасл менамояд.Одатан МОИ дар заминҳои ба давлат таалуқдошта ташкил карда мешавад ва ин масъалест дар ҳалли роҳҳои алоқамандии давлат ва дигар субъектони МОИ. Дар ин қисми масъала ягон муаммо вуҷуд надорад чун замин яке аз элементи хусусии давлатист. Қисман иҷроиш дар интиҳоб ва чудо намудани марзи минтақави палатаи болоии Парлумон –Мачлиси Милли Мачлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад. Хаминтавр сарҳадҳои марзии МОИ аз тарафи Хукумати ҶТ муайян карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.