Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


Минтақаи озоди иқтисоди дар Ҷумхурии Халқии Хитой

Ин ҷо бояд барои таҳлил ва таҷрибаи ташаккулу тараққиёти МОИ, ба яке аз давлатҳои иштирокчии фаъоли тарақиёти пешрафтаи минтақавиро дорост, Хитой назар ҳоҳем кард. Саркарда аз солҳои 80-уми асри гузашта, то ба имрӯз ҳукуматдорони Хитой масоҳати чунин минтақаҳоро ба садҳо километр расонидааст.Ин ҷо бояд барои таҳлил ва таҷрибаи ташаккулу тараққиёти МОИ, ба яке аз давлатҳои иштирокчии фаъоли тарақиёти пешрафтаи минтақавиро дорост, Хитой назар ҳоҳем кард. Саркарда аз солҳои 80-уми асри гузашта, то ба имрӯз ҳукуматдорони Хитой масоҳати чунин минтақаҳоро ба садҳо километр расонидааст. Дар Хитой минтақаи озоди иқтисодӣ бо як сатҳи болорави, мутобиқ гаштани системаи иқтисоди пушида бо шарту шароити бозори ҳориҷа, мушоҳида карда мешуд. Барои ташкили ин гуна минтақаҳо дар назди бандарҳои баҳри, роҳҳои байналхалқӣ ҷой дода шуда аст. Соли 1995-ум дар Хитой шаш адад МОИ, зиёда аз 30 минтақаҳои иқтисодию тарақиёти технологи дошта, 14 бандарҳои кушод, инчунин дигар минтақаҳои савдои озод, фазои гумруки, ноҳияҳои махсус бо имтиёзу ҳавасмандиҳои гуногун, ба вуқӯъ пайваст. Сармоягузории асоси дар соҳаи кувваи ядрои, мошинсозӣ, инфрасохтор, молия ва технологияи навтарин, равона карда шудааст. Маблаӯгузори дар ин минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва ҳамагуна алоқаманди бо иқтисодиёти Ҷумхурии Хитой як сатҳи муайян боло рафтааст. Соли 2000 ҳаҷми калонтарини амалиётҳои байналхалқии ин минтақаҳо ба 70 млрд доллар расида, наздикии 30 фисади гардиши савдои Хитойро ташкил мекард. Дар ин минтақаҳо ҷамъо-ҷамъ 40 хазор ташкилотҳои хурду миёна аз ҳисоби сармояҳои ҳориҷи сохта шуда, танҳо 15 фисади он аз ҳисоби худи мамлакат ташкил карда шудааст, ки нишондиҳандаҳои содироти зиёда аз 20 млрд доллар, ки 8 фисади умумии содироти Хитой, инчунин маҷмуи ҳаҷми маҳсулоти саноати зиёда аз 300 млрд юан ки ин ба 35 млрд доллари амрико баробар аст, ташкил медиҳад.
Ҳаҷми содироти маҳсулоти саноати минтақаи озоди Чҷухай соли 2007, 15.7млрд $-долларо ташкил кард. ИМА наздикии шумораи панҷҳазораи ташкилотҳо бо сармояҳои ҳориҷиро ҳисоб намудааст. Маблағгузори барои хизматрасони, саноати вазнин, сохтмонҳои роҳҳои нақлиётиву, бандаргоҳҳо равона карда шудааст.
Ба МОИ-и Чҷухай 80-фисади сармояҳои ҳориҷи асосан аз Гонконг, Макао ва Сингапур ворид мешавад.Ба гайр аз ин ба МОИ Сямэн, 4150-корҳонаҳои саноати бо капитали ҳориҷӣ ба маблағи 15-млрд доллари Амрикои кадоме, ки наздикии 78-фисади онҳо бо иштироки сармоягузорони Тайван сохта шудааст. Яке аз соҳаҳои асосии сармоягузори дар Сямен ин саноати текстил, электроника, саноати хӯрока, саноати кимёви бароҳ монда шудааст. Боз наздикии 3000 лоиҳа бо иштироки капитали ҳориҷи ба нақша гирифта шудааст. Соли 1990 аз тарафи ҳукумати Хитой кабули карор оиди кушодани 14 шаҳрҳои порти ва ташкили паркҳои техники дар соҳилҳои баҳри ҷанубу-ғарбии Хитой кабул гардида буд.
Барои пешрафт ва тараққиёти илму техника дар Хитой барномаи махсуси умумидавлати «факел» коркард шудааст.Ба сифати тараққиёти соҳаҳои пешрафта, ингуна соҳаҳои микроэлектроника ва ахборотикунони, коиноту муҳандиси ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад.
Дар навбати худ яке аз стратегияҳои махсуси ҳукумати Хитой дар тараққиёт ва пешрафти паркҳои техники ба ҳисоб меравад. Интиҳоби бо мавриди сиёсат дар алоқаманди бо паркҳои илми-техники бояд ба тараққиёти босуръат кадоме, ки дар сатҳи иқтисодиёти Хитой таъсир мерасонад, дахл дорад. Дар аввали солҳои 90-уми асри XX дар Шанхай боз як МОИ бо номи «Пудун» ташкил карда шуд, ки яку якбора дар ин минтақа фаъолияти намудҳои гуногуни МОИ ба монанди МОСавдо, МОМолияви, МО-саноативу илми техникӣ ва ғайраҳои дигар дар амал татбиқ гардида буд. Яке аз сармоягузорони асосии ин минтақа ИМА, Япония, Франсия, Сингапур, ва Канада баҳисоб меравад.
Аз аввали ин ҳама барпо намудани Фаъолияти МОИ, ҳукуматдорони Хитой дар назди худ нақшаҳо доштанд, ки бо ёрии сармояҳои ҳориҷи сатҳи иқтисодиёти мамлакатро то дарачае барқарор ҳоҳандкард.
Иқтисодиёти мамлакат дар як ҳолате карор дошт, ки на инки дар воридоти капитали ҳориҷи балки дар ворид намудани техникаву технологияи замонави, ки барои баромадани мамлакат ба бозори чаҳонӣ бо воситаи молу маҳсулоти тайёр такон мебахшид, зарурият дошт.
Ба ғайр аз ин барои пешрафти ташкили МОИ, нисбати мамлакатҳои ҳориҷа, давлат тарақиёти соҳаи истеҳсолотро аз ҳисоби воридоти технологияи нав ба роҳ монд. Бинобар ин сиёсати давлати дар аввал баъзе барераҳоеро нисбати ворид намудани техниқаҳои дуюмин дараҷа муъайян кард, ва дигар ин ки барои ҷалби ҳамагуна ширкатҳо намудҳои гуногуни ҳавасмандиҳову имтиёзҳоро пешниҳод намуд.
Корҳонаҳои муштарак дар МОИ-и Хитой аз пардохти андозҳо барои замин, бино, таҷҳизот ва дигар амволи лозима озод карда шудаааст. Маҳсулотҳое, ки барои талаботи дохила аз ҳисоби ин корҳона ворид карда мешавад, аз пардохти боҷҳои гумруки озод шудааст.Баъди пардохти андозҳои муайян гардида, ба ширкат барои интиқоли маблағ бе ягон пардохти иловагӣ ва мамоният амалӣ карда мешавад. Истифодаи замин бошад барои сармоягузорони ҳориҷӣ ба муҳлати аз 40 то 70 сол вобаста аз мақсадҳои фаъолияташ муъайян карда шудааст.
Аз руи малакаи ташаккули МОИ дар Хитой ба хулоса омада гуфтан мумкин аст, ки дар муйян намудани масоҳат ва тахасусгардонии минтақаҳо ахамияти ҷиддӣ ҳоҳем дод.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.