Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Вазифа ва омилҳои муайянкунандаи фаъолияти фирма

Фаъолияти корҳона дар асоси чорчўбаи манфиат ва ангезаи хусусӣ (инфиродӣ) қарор мегирад. Ҷавҳари манфиатҳои иқтисо-дӣ ва муарриқи ба ҳаракатдароварандаи ангезаи фаъолияти корҳонаҳои истеҳсолиро, афзунгардонии ҳаҷми маҳсулоти ба фурўш баровардашаванда ва ҳаҷми фоида — асоси таъмини рушди корҳона ва баланд бардоштани сатҳу дараҷаи рифоҳи коргарон ташкил медиҳад.Новобаста аз сирати мансубият ба ин ё он шакли моликият, ҳаҷму меъёр, миқдори тавлиди неъматҳову адои хизмат, ҳар як корҳона барои иҷрои вазифа ва мақсади муайян нигаронида мешавад.
Фаъолияти корҳона дар асоси чорчўбаи манфиат ва ангезаи хусусӣ (инфиродӣ) қарор мегирад. Ҷавҳари манфиатҳои иқтисо-дӣ ва муарриқи ба ҳаракатдароварандаи ангезаи фаъолияти корҳонаҳои истеҳсолиро, афзунгардонии ҳаҷми маҳсулоти ба фурўш баровардашаванда ва ҳаҷми фоида — асоси таъмини рушди корҳона ва баланд бардоштани сатҳу дараҷаи рифоҳи коргарон ташкил медиҳад.
Шавқу ҳаваси кормандон (директор, роҳбарият, коргарон, хизматчиён ва ғайра) оиди натиҷаи фаъолияти корҳона ва муносибати онҳо нисбат ба моликияти корҳона (давлатӣ, хусусӣ, кол-лективӣ…) ҳархела сурат мегирад. Мояи онро тақозо ташкил медиҳад. Қонеъ гардондани дарҳосту ниёзмандии кормандон, мустақиман дар асоси ангезаи меҳнати ҳамаи аъзоёни коллектив ба роҳ монда мешавад.
Аз ин нигоҳ, вазифаҳои дар назди корҳона гузошташударо чунин тасниф кардан мумкин мебошад.
А. Вазифаҳои корҳонаҳои амалкунанда:
— бо таври истиқрору мҳозин ташкил кардан ва нигоҳ дошта тавонистани иқтидор ва нерўи истеҳсолию техникии корҳона;
— бо музди кор таъмин кардани коргарону хизматчиён;
— таъмин кардани шароити мўътадили кор ва имконияти рушди касбию ихтисосӣ;
— қонеъ гардондани истеъмолгарон бо молу маҳсулот ва хизматрасонӣ;
— бавуҷудовардани ҷои кор барои аҳолӣ (банд сохтани одамон бо кор);
— ҳифзи муҳити зист (замин, боду ҳаво…);
-барои қатъ гардидани фаъолияти корҳона замина нагузоштан ва пешгирӣ кардани муфлисшавии он;
-роҳ ва имконият надоштан ба қатъшавии таъминот ба ашё, материал, тавлиди молҳои нуқсондор, якбора кам шудани ҳаҷми тавлидот, паст рафтани даромаднокии кори корҳона ва ғайра.
Вазифаи корҳона тибқи манфиат ва ангезаи шахсии таҳсисдиҳанда, ҳаҷми сармоя, вазъи дохилии корҳона, муҳити бурунмарзию зист ва ғайра муайян карда мешавад.
Вазифаи корҳона аз ҷониби соҳиби корҳона (фардҳои алоҳида, коллектив, давлат, ширкатҳои саҳҳомӣ…) вобаста ба мақсад, манфиати шахсӣ муайян гардида, иҷрои он ба зиммаи коллектив гузошта мешавад.
Алоқамандии омилҳои мавҷударо чунин тасвир кардан мумкин аст.
Б. Вазифаи корҳонаҳои истеҳсолӣ:
— истеҳсол кардани маҳсулот дар шакли воситаҳои истеҳсолот ва предметҳои истеъмолӣ, яъне молҳои истеҳ-солӣ ва истеъмоли шахсӣ;
— фурўш ва ба истеъмолкунанда бурда расондани маҳсулот;
— хизматрасонии пас аз фурўш;
— бо воситаҳои моддию техникӣ таъмин кардани истеҳсолот;
— идора ва ташкили раванди истеҳсолот ва меҳнат дар корҳона;
— таъмин кардани рушду нумўи истеҳсолот ва ҳаҷми маҳсулот;
— анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ;
— пардохти андоз, иҷро намудани ўҳдадориҳои ҳатмӣ, ҳиссаҷудокуниҳо ба ташкилотҳои болоӣ (буҷа ва низоми молия);
— иҷро кардани стандартҳо, нормативҳо, қонунҳои давлат ва ғайра.
Бояд дар назар дошт, ки вазифаҳои иҷрокардаистодаи ҳар як корҳона тибқи ҳаҷми он, таалуқ доштан ба ин ё он шакли соҳа, дараҷаи тахсис ва тамаркази истеҳсолот теъдоди таркиботи зерсохтор (инфраструктура)-и иҷтимоӣ, шакли моликият, муносибат бо ташкилотҳои маҳаллию ҳукумат ва ғайра аниқ карда мешавад.
Меҳвари асосии фаъолияти корҳонаро муҳити дохилӣ (эндогенӣ) ташкил медиҳад. Дар он ҷараёни бо ҳам пайваст гардидани омилҳои истеҳсолот — сармоя, меҳнат, замин, соҳибкорӣ, воситаҳои сармоягузорӣ (инвеститсионӣ) ва иттилоот ба роҳ монда мешавад. Натиҷаи ин амалиёт тавлиди маҳсулот ва адои хизмат мебошад
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки мақсади асосии корҳона ин ба ҳам пайваст кардани омилҳои истеҳсолот ва истеҳсоли маҳсулот мебошад. Ин ҷараён вобаста ба сирати истифодаи захираҳои иқтисодӣ ва қонеъ гардондани тақозои беинтиҳои аҳолӣ ҳархела ба амал бароварда мешавад.
Самаранокии фаъолияти интиҳоии корҳона тибқи омилҳои гуногун муайян карда мешавад.
Дар адабиёти мҳосири иқтисодӣ, вобаста ба самт ва равиши амалиёт омилҳоро ба ду гурўҳ — позитивӣ (positivus) — мусбат, эҷобӣ) ва негативӣ (negativus) — манфӣ, аксият) ҷудо мекунанд.
Омилҳои позитивӣ, омилҳое мебошанд, ки ба раванди истеҳсолот ва фаъолияти ҳоҷагидорӣ мусбат таъсир мерасонанд. Таъсири баръакс ҳамчун омилҳои негативӣ сурат мегиранд.
Вобаста ба нақш ва мақоми бунёд ва густариш ёфтан, онҳоро ба омилҳои дохилӣ (эндогенӣ) ва берунӣ (экзогенӣ) тақсимбандӣ менамоянд.
Омилҳои дохилӣ вобаста ба:
— шахсияти роҳбарикунандаи корҳона, қобилияти роҳбарӣ доштани онҳо дар шароити бозор;
— тезонидани пешрафти илму техника, навоварӣ ва сиёсати сармоягузории корҳона;
— такмили ташкили истеҳсолот ва меҳнат, идораи корҳона;
— шакли ташкилию ҳуқуқии ҳоҷагидорӣ;
— бавуҷуд овардани муҳити солими иҷтимоию психологӣ дар коллектив;
— шакли ҳосаи истеҳсолот дар соҳа;
— сифат ва рақобатпазирии маҳсулот, идораи хароҷот ва сиёсати нарх;
— сиёсати истеҳлок (амортизатсионӣ) ва сармоягузорӣ сурат мегиранд.
Омилҳои дохилӣ дар навбати худ ба омилҳои объективӣ ва субъективӣ ҷудо карда мешаванд.
Омилҳои объективӣ, омилҳое мебошанд, ки новобаста ба субъекти идора ба вуҷуд меоянд.
Омилҳои субъективӣ, омилҳое ба ҳисоб мераванд, ки пурра ба шахсиятҳои идоракунанда вобаста мебошанд. Он ба санъат ва маҳорати менеҷер ва ҳайати роҳбарикунанда (менеҷмент) вобаста мебошад.
Фаъолияти ҳоҷагидории корҳона дар шароити бозор таҳти таъсири омилҳои берунӣ низ қарор мегиранд. Одатан, онҳоро чунин тафриқабандӣ мекунанд. Омилҳое, ки таҳти:
— дигаргунсозиҳои вазъи сиёсӣ, чӣ дар дохили мамлакат ва чӣ дар миқёси байналхалқӣ;
— тағйироти вазъи конъюнктурии бозори дохилӣ ва бурунмарзӣ алоқаманданд, ки ҳамчун тағйироти дараҷаи тақозо, арза, нарх арзи вуҷуд доранд;
— тағйиротҳои раванди инфлятсионӣ (беқурбшавӣ);
— тағйиротҳое, ки ба фаъолияти давлат — сиёсати иқтисодии давлат, сиёсати сармоягузорӣ ва бурунмарзӣ алоқаманд мебошанд зуҳур меёбанд.
Бояд махсус қайд намуд, ки ба раванди кори самаранокии корҳона таъсири давлат хеле ҳам муҳим мебошад. Ин пеш аз ҳама ба бунёд кардани бозори тамаддун ва барқарор кардани \”қоидаҳои бозӣ\” дар ин бозор (яъне бавуҷуд овардани асосҳои ҳуқуқӣ), таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат, бехатарии миллӣ, истиқрори иқтисодиёт, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва кафолати иҷтимоии шаҳрвандон ва коргарон, ҳифзи рақобат, коркардҳои илмию техникӣ, қабул ва иҷрои қонунгузориҳои ҳоҷагӣ ва ғайра назаррас мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.