Среда, Ноябрь 13Вместе создадим светлое будущее!


Танзими давлатии бозор, вазифа ва хусусиятҳои он

Чавхари марказии бозорро унсурҳои худи он (ис-теҳсолкунанда, фурўшанда, харидор), механизми таҳриқдиҳан-даи он (тақозо, арза, нарх, рақобат), зерсохти бозор (биржа, музоида…), шакл ва намудҳои гуногуни он ташкил медиҳад.Чавхари марказии бозорро унсурҳои худи он (ис-теҳсолкунанда, фурўшанда, харидор), механизми таҳриқдиҳан-даи он (тақозо, арза, нарх, рақобат), зерсохти бозор (биржа, музоида…), шакл ва намудҳои гуногуни он ташкил медиҳад.
Аз ин ҷиҳат тадқиқотчиён ба хулоса омадаанд, ки бозор дар мояи услубҳои худтаъминкунӣ қарор мегирад. Аммо ин тарзи танзим бидуни даҳолати давлат имконнопазир аст. То ҳатто шакли рақобати комилро ҳам бозори танзимшаванда ҳисобидан мумкин аст. Чунки он бидуни фишангҳои танзими давлатӣ (интишори пул, таъмини устувории он, ҷубронпулӣ, танзими бо ном самараи берунӣ, қонеъгардонии талабот бо неъматҳои коллективӣ, яъне бо «молҳои ҷомеавӣ»…) сурат мегирад.
Бозор кулли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоиро ҳаллу фасл карда наметавонад. Вазифаи бозор, чӣ тавре пештар қайд карда гузаштем, бидуни масоили иҷтимоӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз ҳалли он пурра ба зиммаи давлат гузошта мешавад.
Тибқи тақозои бозор доро ва тавоно, ғолиби рақобату соҳиби даромад фаъолият мекунанд. Яке рушду камол меёбад ва дигаре шикаст хўрда аз маъракаи иштирок дар муборизаи рақобатӣ ронда мешавад. Ин аз нигоҳи бозор — принсипи адолатҳоҳона аст.
Бозор, то ҳатто ба соҳаҳое, ки истеҳсолотро ривоҷу равнақ медиҳанд (илм, техника, менеҷмент, маркетинг…) кордор нест. Аз ин лиҳоз ташкилу инкишофи ин гурўҳ соҳаҳо ҳамчун унсури зерсохти бозор ба зиммаи давлат гузошта мешавад.
Тақсим ва азнавтақсимкунии даромад аз ҷониби субъектҳои бозор, кафолат ба меҳнат ва беҳбудии инсон намедиҳад. Баръакс, он бойро сарватманд ва камбағалро ботадриҷ бечораю бенаво мегардонад.
Бозор ба ашҳосе, ки қобилияти меҳнатӣ дорад, ҳуқуқи меҳнат кардан, раванди бекориро бартараф ва қисми фаъоли қобилияти меҳнатӣ доштаи аҳолиро бо кор банд сохта наметавонад. Аз ин сабаб, ҳалли масъалаҳои мазкур низ ба дўши давлат гузошта мешавад.
Агар принсипи адолати иҷтимоӣ \”ҳаққи баробар ба меҳнати баробар\” аз ҷониби бозор риоя карда шавад ва ҳадди аксари он аз ҷониби бизнес муайян гардад, пас ҳадди ақали музди меҳнат аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешавад.
Механизми бозор, гарчанде натиҷаи самараноки кайҳо ташаккулёфтаи пешрафти илму техникаи мавҷударо истифода карда тавонад ҳам, қудрати мустақилона рахна кардани раванди стратегиро дар рушду нумўъи улуми илму техника, технологияи мҳосир, дигаргунсозиҳои амиқи таркибии истеҳсолот таъмин карда наметавонад. Бозор дар мавридҳои зарурӣ барои ҷудо кардани маблағ, яъне анҷом додани лоиҳаҳои бениҳоят бузург, илми фундаменталӣ ва ривоҷу равнақ додани соҳаҳои ҷадиди мҳосир, ки дараҷаи таваккалии беинтиҳо доранд ва баҳрабар-дории онҳо баъди солҳои тўлонӣ сурат мегиранд қудрат надорад. Ҳалли ин масъалаҳои муҳим, ҳавасмандгардонии пешрафти илму техника ва сиёсати сохторӣ аз ҷониби давлат ба сомон расонда мешавад.
Масоили инкишофи ноҳия, территорияҳои алоҳида, вилоят, давлат, ки дар меҳвари хусусиятҳои таърихӣ, миллӣ, демографӣ ва дигар авомилҳои ғайри бозорӣ бунёд мегарданд, бидуни дастгирии давлат ба роҳ монда намешаванд.
Доираи густариши фаъолияти бозор хеле ҳам маҳдуд буда, асосан фаъолияти ҳоҷагиҳои ҳонадвода, бозор, ҳукуматро оид ба тавлид, тақсим ва мубодилаи молу маҳсулот ва хадамот дарбар мегирад. Гарчанде ба «орбитаи» бозор муносибатҳои бисёрҷанбаю мураккаби ҷаҳони мҳосир ҷалб карда шавад ҳам, он аз доираи принсипҳои худ \”ҳама чиз дар олами иқтисод хариду фурўш карда мешавад\”, сармоя — фоида, замин — рента тавлид мекунад бурун намеояд. Он ба ҳалли масъалаҳои мезоиқтисод, макроиқтисод… начандон ҳавасманд мебошад.
Ба роҳ мондани раванди тиҷорати миллию бурунмарзӣ, тадбиқи бисёрҷанбавии сиёсати бурунмарзии тиҷорат, назорат ба сиёсати савдо (ҳимоятгароӣ (протексионизм), демпинг), аракати байналхалқии сармоя ва қувваи коргарӣ, таъсиррасонӣ ба ҷараёни асъори миллӣ ва байналхалқӣ, идораи баланси пардохт, сиёсати молиявӣ, андоз, буҷа, гумрук, сиёсати хазинадорӣ (фискалӣ), рафъ кардани оқибатҳои иқтисоди ниҳон (мавқуф), бўҳронҳои иқтисодӣ, монополизм, таваррум (инфлятсия), ғайридавлатӣ ва хусусигардонии моликият ва даҳҳо масъалаҳои дигар бидуни даҳолати давлат имконнопазиранд.
Нақши иқтисодии давлат дар шароити бозор бо воситаи тарз ва услубҳои гуногун ба роҳ монда мешавад. Таъсири давлат ба иқтисод, алалхусус ба ҷараёни бозори нокомил, яъне фаъолияти монополияҳо ва таъмин кардани рақобатпазирии онҳо ба меъёри муайян вобаста мебошад. Дар шароити бозор давлат имконияти ба зиммаи худ гирифтани вазифаҳои бозор, махсусан муайян намудани ҳадду ҳудуди мустақилият, ҳавасмандӣ, худтаъминкунӣ, худмаблағгузорӣ ва ғайраро надорад.
Амалиёти аз меъёр зиёдтари давлат метавонад алоқамандӣ ва ҳамбастагии механизми бозорро пароканда намояд. Ба раванди муташаккилонаи бозор, тадбирҳои давлат оид ба нақшагирии директивӣ, тақсими саросари натуралии захираҳои истеҳсолӣ ва предметҳои истеъмолӣ (фондҳо, талонҳо, чеку купонҳо), назорати қатъии давлат ба раванди ташкили нарх ва дигар тадбирҳои аз гузашта ба мо маълуми ҷамъияти сотсиалистӣ таъсири тахирпазир мерасонанд.
Аз ин хулоса бармеояд, ки давлат дар шароити бозор ҳаллу фасли ин масъалаҳоро аз сар соқит менамояд. Баръакс, давлат дар ин ҷараён, тадриҷан, назорат бурда нарх ва нархгузориро танзим, роҳ ва услубҳои мҳосидтарини идораи иқтисодро дастгирӣ мекунад. Давлат фаъолияти соҳибкориро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, фирмаҳоро аз оқибатҳои сахти таваррум ва бўҳронҳои иқтисодӣ эмин медорад, барои таҷдиду навоварӣ ва ихтироъкорӣ бо сармоягузорӣ таъмин менамояд.
Давлат дар таҳия ва барномаҳои фаъолияти фирмаҳову ширкатҳо, ноҳияю вилоятҳо, штату губернияҳо саҳмгузорӣ мекунад, дар асоси онҳо ба нақшагирии иқтисоди миллиро таъмин менамояд. Аз матни мазкур хулоса бармеояд, ки давлат ба ҷа-раёни бозор на аз диди тарзу услуби маъмурӣ (сотсиализм), балки бо роҳи ғайримустақим — методҳои иқтисодӣ таъсир мерасонад ва албатта, охирон бидуни методҳои маъмурӣ (қонунгузо-риҳо оид ба қабули қонунҳои зидди монополӣ, истиқрори нарх, назорат ба сифати молу хадамот, безарарии маҳсулот, хароҷот, муносибатҳои меҳнатӣ, коллективҳои меҳнатӣ, ҳуқуқи истеъмолгарон…) буда ҳам наметавонад.
Соф идораи маъмурӣ ва соф идораи иқтисодӣ вуҷуд надорад. Таносуби мусоидтарини истифодаи онҳо кафолати истиқрор ва густариши иқтисод мебошад. Инро тибқи гуфтаи П. Самуэлсон рамзан чунин ифода кардан мумкин аст: «Идора кардани иқтисодиёт дар ҳолати ҷой надоштани ин ё он шакл — амсоли бо як даст қарсак задан аст» (10, 128).


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.