Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Қарз: мазмун ва моҳияти иқтисодии он

Ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ гардиши доимии маблағҳои пулиро тақозо менамояд ва ҳангоми такроистеҳсол маблағҳои пулии баъзе истеҳсолкунандагон мувақаттан озод мемонад, аммо дигар гуруҳи истеҳсолкунандагон бинобар маҳдуд будани ҳаҷми захираҳои молиявиашон, ба ин гунна маблағҳо эҳтиёҷот пайдо мекунанд. Дар амалияи ҷамъиятӣ ин гунна зидият тавассути қарз ҳал карда мешавад.Ҷараёни такрористеҳсоли ҷамъиятӣ гардиши доимии маблағҳои пулиро тақозо менамояд ва ҳангоми такроистеҳсол маблағҳои пулии баъзе истеҳсолкунандагон мувақаттан озод мемонад, аммо дигар гуруҳи истеҳсолкунандагон бинобар маҳдуд будани ҳаҷми захираҳои молиявиашон, ба ин гунна маблағҳо эҳтиёҷот пайдо мекунанд. Дар амалияи ҷамъиятӣ ин гунна зидият тавассути қарз ҳал карда мешавад.
Дар назарияи иқтисодӣ мафҳуми қарз дар маънои васеъ ва маҳдуд шарҳ дода мешавад.
Қарз (дар маънои васеъ) – ин муносибатҳои иқтисодие мебошад, ки ба ихтиёри шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ додани амвол ё маблағҳои пулиро бо шартҳои мўҳлати муайян, бозгардонидан ва пардохти фоизи муайян ифода мекунад.
Қарз мувофиқи тадқиқоти олимон дар давраи аз байн рафтани сохти ибтидоии ҷамъият ба миён омада дар давраи сармоядорӣ васеъ паҳн шудааст. Амвол ва маблағҳои пулие, ки ҳамчун қарз пешниҳод карда мешаванд – сармояи судхурӣ номида мешаванд. Вобаста ба ин мафҳуми қарз дар маънои маҳдуд чунин таъриф дода мешавад:
Қарз (дар маънои маҳдуд) – ин ҳаракати сармояи судхурӣ мебошад, ки хусусияти мувақатан дар ихтиёре дигаре будан, боз гаштан ва фоида оварданро дорад.
Ба объекти муносибатҳои қарзӣ ҳар гуна амвол ва маблағҳои пулӣ дохил мешаванд. Масалан: гандум, ашёи хом, молҳои саноатӣ, хона, маблағҳои пулӣ ва ғайра.
Ба субъекти муносибатҳои қарзӣ давлат, корхонаҳо, ташкилотҳо, фондҳо, бонкҳо, ширкатҳои саҳҳомӣ, ширкатҳои суғуртавӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дохил мешванд.
Сарчашмаи асосии қарз ин маблағҳои дохилии субъектҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки дар натиҷаи гардиши сармоя муваққатан озод мебошанд ва онҳоро ба қисмҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

Маблағхое, ки барои барқарор намудани сармояи асосӣ таъмин шудаанд ва дар фонди истеҳлок (амортизатсионӣ) ҷамъ шудаанд. Корхонаҳо то харидани воситаҳои истеҳсолот (сармояи асосӣ) метавонанд ин маблағҳои ҷамъшударо ба дигар субъектҳо қарз диҳанд.
Қисми сармояи гардон, ки бинобар сабаби номувофиқ омадани вақти фурўши мол, хариди ашёи хом, сўзишворӣ, додани музди кор ва ғайраҳо дар шакли маблағҳои пулӣ боқӣ (озод) мондаанд.
Захираҳои пули корхонаю ташкилотҳои буҷавӣ ва фондҳои мақсаднок.
Даромадҳои пасандозшудаи аҳолӣ.
Қарз вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

Азнавтақсимкунӣ, яъне ба воситаи қарз захираҳои пулию молӣ дар байни ноҳияҳо, фирмаҳо, соҳаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ бо шарти бозгардонидан, аз нав тақсим карда мешаванд.
Ивазкунии пул, яъне қарз имконият медиҳад, ки пулҳои нақд бо пулҳои қарзӣ (банкнотҳо, вомбаргҳо ва ғайраҳо) иваз карда шаванд. Ин вазифаи пул имконият медиҳад, ки хароҷотҳои муомилот кам карда шуда, суръати гардиши пул тезонида шавад.
Самаранокӣ, яъне қарз самаранокии истеҳсолотро зиёд намуда, боиси афзоиши он мегардад, зеро ки қарз дар бештари ҳолатҳо барои васеъ намудани истеҳсолот ба даст овардани техникаю технологияи нав ва сохтани корхонаҳои истеҳсолӣ истифода карда мешавад.
Қарзро вобаста ба шакли қарздиҳӣ, вобаста ба мўҳлати адои қарз ва вобаста ба хусусиятҳои қарз дар фазо, ба шаклҳои гуногун ҷудо мекунанд.
Вобаста ба шакли қарздиҳӣ асосан қарзи молӣ ва қарзи пулиро аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Қарзи молӣ чунин намуди қарзест, ки молҳои гуногун ҳамчун объекти он баромад мекунад. Аз ҷумла молҳои саноатӣ, молҳои истеъмолӣ, ашёи хом, захираҳо ва воситаҳои истеҳсолот метавонанд ҳамчун объекти қарз баромад намоянд.
Қарзи пулӣ гуфта қарзеро меноманд, ки дар шакли сармояи пулӣ (пули нақд, вексел, вомбарг, облигатсияҳо) дода мешавад.
Вобаста ба мўҳлати адои қарз шаклҳои зерини онро аз ҳамдигар ҷудо мекунанд:
1. Қарзи кўтоҳмўҳлат, яъне қарзе ки мўҳлати адояш то 1 сол аст;
2. Қарзи миёнамўҳлат, яъне қарзе, ки мўҳлати адояш то 5 сол аст;
3.Қарзи дарозмўҳлат, яъне қарзе, ки мўҳлати адояш то 10 сол аст;
4. Қарзи дарозмўҳлати махсус, яъне қарзе, ки мўҳлати адояш аз 20 то 40 солро ташкил медиҳад.
Вобаста ба хусусиятҳои қарз дар фазо, қарзи байнидавлатӣ, қарзи давлатӣ, қарзи бонкӣ, қарзи тиҷоратӣ, қарзи истеъмолӣ ва қарзи гаравиро (ипотечный) аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Қарзи байнидавлатӣ ин ҳаракати сармояи судхуриро дар соҳаи муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ меноманд. Қарзгиранда ва қарздиҳандаи ин намуди қарз бонкҳо, фирмаҳо ва шахсони алоҳида буда метавонанд. Ин намуди қарзро, қарзи байналхалқӣ низ меноманд, ки дар шакли молӣ ва пулӣ (асъорӣ) метавонад вуҷуд дошта бошад.
Қарзи давлатӣ – чунин шакли қарзест, ки онро давлат ба аҳолӣ ё ин ки соҳибкорони хусусӣ пешниҳод мекунад. Сарчашмаи асосии ин намуди қарз асосан облигатсияҳои давлатӣ мебошанд.
Қарзи бонкӣ – чунин шакли қарзест, ки онро муассисаҳои молиявию қарзӣ (бонкҳо, фирмаҳо ва ғайра) ба дилхоҳ субъектҳои хоҷагидорӣ (фирмаҳо, шахсони алоҳида ва ғайраҳо) пешниҳод намудаанд. Ин гуна қарз асосан қарзи пулӣ мебошад.
Қарзи тиҷоратӣ – чунин қарзест, ки онро як субъекти хоҷагидорӣ ба дигарон дар шакли фурўши мол бо назардошти пардохти маблағи он пешниҳод намудааст. Ин гуна қарз асосан қарзи молӣ мебошад.
Қарзи истеъмолӣ – чунин намуди қарзест, ки асосан ба шахсони алоҳида то мўхлати 3 сол бо фоизи баланд (то 30%) пешниҳод мешавад. Ин шакли қарз метавонад қарзи молӣ ва метавонад қарзи пулӣ бошад.
Қарзи гаравӣ – чунин шакли қарзест, ки дар асоси ба гарав мондани амволи ғайриманқул (порчаи замин, хона, сохтмон ва ғайра) пешниҳод карда мешавад.
Хусусияти асосии қарз ин пардохти фоизи муайяни қарз мебошад, ки онро «нархи қарз» низ меноманд.
Фоизи қарз ин як қисми фоидаи соҳибкорӣ аст, ки онро соҳиби сармояи судҳурӣ азони худ мекунад.
Манфиатнокии фоизи қарз ба воситаи меъёри фоиз нишон дода мешавад, ки онро ҳамчун нисбати фоизи қарз ба ҳаҷми сармояи судхурӣ муайян мекунанд, яъне:

ки дар ин ҷо: – манфиатнокии фоизи қарз; суммаи фоизи қарз; – сармояи судхўрӣ.

Меъёри фоизи қарз ба бузургии тақозою арза дар бозори захираҳои қарзӣ вобаста мебошад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.