Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Бонкҳои тиҷоратӣ

Моҳияти бонки тиҷоратӣ бо ду ҷиҳат омўзиш карда мешавад: аз як тараф – ин ташкилоти қарздиҳанда, аз тарафи дигар – институти иҷтимоӣ…
Мавзўи 3. Бонкњои тиљоратї ва амалиётњои он

Наќша:
1. Моњият ва наќши бонкњои тиљоратї дар низоми бонкии Љумњурии Тољикистон.
2. Амалиётњои активию пассивии бонкњои тиљоратї.
3. Амалиётњои миёнаривии бонкњои тиљоратї.

Адабиётњо:
1. Муомилоти пул ва ќарз. Китоби дарсї. Ашўров Н. Душанбе – 2006.
2. Муомилоти пул ва ќарз. Китоби дарсї. Шарифи Рањимзод. Душанбе «Эр. Граф» 2008.
3. Финансы денежное обраѓение и кредит. изд. «Проспект». Сенчагов В.К., Архипов А.И., Москва – 2006.
4. Деньги. Кредит. Банки А.И. Деева Москва. «Росноу» – 2004.
5. Финансы, денежное обраѓение и кредит. Сенчагов В.И.. Москва, «Инфра» – 2001.

1. Моњият ва наќши бонкњои тиљоратї дар низоми бонкии Љумњурии
Тољикистон.

Ба равиши рушди низоми бонкї якчанд омилњои макроиќтисодї ва сиёсї таъсир мерасонанд, ки онњо иборатанд:
1) сатњи пешравии муносибатњои пулї – мањсулотї;
2) тартиботи љамъияти ва иќтисодї, маќсаднокии таъинотњо ва хусусиятњои иљтимої;
3) асоси ќонуният;
4) фањмишњои умумї дар бораи моњият ва наќши бонкњо дар иќтисодиёт.
Моњияти бонки тиљоратї бо ду љињат омўзиш карда мешавад: аз як тараф – ин ташкилоти ќарздињанда, аз тарафи дигар – институти иљтимої.
Дар фаъолияти худ бонкњои тиљоратї бо чунин принсипњо фаъолият мекунанд:
1) итоати њатмии ќонун, меъёр ва дастурамалњо;
2) њаракат ва кўшиш барои гирифтани фоида;
3) пешгирии хатарњо;
4) љавобгарї барои натиљањои фаъолияти худ, сармояи худ, даромадњои худ;
5) истифода ва идораи озодї захира ва даромадњо;
6) интихоби мустаќилонаи мизољи худ;
7) ноил гаштан ба натиљањои кўтоњмудати дурнамои дарозмудат.

Бонки тиљоратї – низоми иљтимої аст. Маќсади бонки тиљоратї дар маќсадњои шахсии иштироккунандагони бонк асос меёбад. Њар як иштироккунанда маќсади худро дорад:
1) дорандаи бонк – равнаќи бонк;
2) идоракунандагони бонк – самаранокии кори бонк;
3) сањмдорон – даромади зиёди бонк;
4) иљрокунандагон (кормандон) – зиёдшавии музди мењнат, мукофот, имтиёзњо;
5) амонатгузорон – устуворї ва пардохтпазирии кори бонкї;
6) мизољон – сифати хизматрасонии бонкї;
7) ќарзгирандагон – камшавии мизони фоиз барои ќарз ва зиёдшавии андозаи ќарз;
8) давлат – итоати ќонунњо.

Сарчашмањои захирањои молиявии бонкњо ба воситаи худї ва ќарзї људо мешаванд. Ба сарчашмањои худї дохил мешавад: сармояи оинномавї, фондњо, фоидаи софи гирифташуда. Ба воситаи ќарзї дохил мешавад: ќарзњои Бонки миллї, дигар ташкилотњои ќарзї, амонатњо, маблаѓ аз фурўши коѓази ќиматнокї бонк бароришкарда.

3.2. Амалиётњои активию пассивии бонкњои тиљоратї.

Мувофиќи ќонунњои дар боло зикр шуда, бонкњои тиљоратї амалиётњои зеринро иљро мекунанд:
1. Ќабули амонатњои шахсони њуќуќї.
2. Ќабули амонатњои шахсони воќеї.
3. Барои мизољон кушодани суратњисобњо ва бурдани амалиётњо.
4. Барои дигар бонкњо ва ташкилотњои молиявии ѓайрибонкї кушодани суратњисоби муросилотї.
5. Амалиётњои хазинавї. Ќабул, шуморидан, иваз намудан, нигоњ доштан ва љо ба љо намудани пулњои ќоѓазин ва тангањо.
6. Амалиётњои маблаѓгузаронї, яъне бо супориши шахсони њуќуќї ва воќеї гузаронидани маблаѓњои пулї.
7. Амалиётњои њисобу китоб, аз он љумла њисобу китоб кардани арзишњои векселњо ва дигар ўњдадорињои ќарзии шахсони њуќуќї ва воќеї.
8. Амалиётњои ќарзї, яъне ба шакли пулї додани ќарзњо.
9. Маблаѓгузории молиявии объектњои сохтмон.
10. Амалиётњои трастї, яъне бо супориши шахси боварикунанда маблаѓњои пулї ва ќоѓазњои ќимматноки ўро ба манфиати шахси боварикунанда идора кардан.
11. Амалиётњои клирингї, яъне љамъ намудан, ба тартиб андохтан, санљидан ва тасдиќ намудани воридшавии маблаѓњои байни њамдигар њисоб шаванда.
12. Амалиётњои сейфї, яъне хизматрасонї барои нигоњ доштани ќоѓазњои ќимматнок, њуљљатњои пулї ва ба иљора додани сейфњо ба мизољон.
13. Амалиётњои ломбардї, яъне додани ќарзњои кўтоњмуддат ба гарав мондани ќоѓазњои ќиммтанок ва металњои ќимматбањо.
14. Барои актсепт ва ба тариќи инкасавї ќабул намудани њуљљатњои пулї, аз он љумла аккредитивњо.
15. Барориши кортњои маблаѓпардохткунанда.
16. Инкасатсия ва ба дигар бонкњо ва мизољ фиристодани маблаѓњои пули ќоѓазин тангањои наќд ва дигар ашёњои ќиматнок.
17. Ташкил ва иваз намудани асъор.
Амалиётњои активии бонкњои тиљоратї – ин чунин амалиётњое мебошанд, ки бонкњои тиљорати маблаѓњои пули худро барои гирифтани фоидаи соф ба дигар бонкњо ва мизољон медоданд.
Амалиётњои активї ба чунин гурўњ људо мешавад:
1. амалиётњои ќарзї – ин муносибатњои байни ќарздињанда ва ќарзгиранда мебошад, ки аз рўи шартњои мўњлатнокї, бозгаштпазирї, таъминотї ва музднокї дода мешавад.
2. амалиётњои њисобу китобї – ин амалиётњо оид ба суратњисоб ќабул намудани пули мизољ ва аз њисоби пули ў ва бо супориши ў гузаронидани маблаѓњои ў мебошад.
3. амалиётњои хазинавї – ин амалиётњо оиди ќабул ва додани пули наќд ба мизољ мебошад.
4. амалиётњои маблаѓгузорї – ин чунин амалиётњое мебошад, ки бонкњои тиљоратї бо маблаѓњои худ ќоѓазњои ќимматноки дигар ташкилотњои ѓайрибонкї ва ё коорпоратсия ширкатњоро мехаронад.
5. амалиётњои гаравї, кафолатдињї – ин чунин амалиётњое мебошанд, ки бонкњои тиљоратї дар назди шахсони сеюм барои ќарзи гирифтаи онњо кафолат медињанд.
Ба амалиётњои пассивии бонки тиљоратї он амалиётњое дохил мешаванд, ки бо воситаи онњо бонкњо захирањои моли худро ташкил мекунад. Захирањои моли бонкњои тиљоратї аз 2 манбаъ иборат мебошанд:
6. манбањои моли худї;
7. манбањои моли љалбшуда;
Ба манбањои молии худї инњо дохил мешаванд:
1. сармояи оинномавии бонк;
2. сармояи захиравии бонк;
3. фоидаи софи бонк;
Сармояи оинномавии бонк њангоми ташкил кардан ва аз ќайди давлатї гузаронидани бонкњои тиљоратї аз тарафи сањњомони он ба тариќи пулї ва натуралї сањмгузорї карда мешавад.
Сармояи захиравии бонки тиљоратї њангоми фаъолияти якчанд солаи бонкњои тиљоратї аз њисоби фоидаи соф ба фоидаи таќсимнашудаи бонк барои њолатњои фавќулода сармояи захиравї ташкил карда мешавад.
Њар як бонки тиљоратї маќсади асосї дорад, ки он њам бошад гирифтани фоида ва пардохти андоз аз фоида буда, дар асоси ќарори маљлиси сањњомон дивидентњо (њаќулсањм) ба сањњомон таќсим карда мешавад, фоидаи боќимондаи таќсимнашуда, њамчун манбаи молиявии худи бонк баромад мекунад.
Ба манбањои молии љалбшуда инњо дохил мешавад:
1. маблаѓњои пули дар суратњисобњои амонатии дархостшавандаи мизољон мављуд буда.
2. маблаѓњои пули ќарзї, ки аз Бонки Миллї, дигар бонкњои тиљоратї, ташкилотњои молиявии байналхалќї ва бонкњои байналхалќї гирифта шуда.
3. аз тарафи бонкњои тиљоратї баровардани ќоѓазњои ќимматнок ба монанди сањмияњо, сертификатњои амонатї, васиќањо ва дигар ќоѓазњои ќиматнок.
Асосан бонки тиљоратї зиёда аз 90% бо маблаѓњои љамъшуда фаъолият мебарад. Масалан, мувофиќи маълумотњои Бонки Миллии ЉТ ба санаи 1 октябри соли 2006 аз тарафи шахсони њуќуќї ва инфиродї дар суратњисобњо ба маблаѓи 863 млн сомонї маблаѓ гузошта шудааст, аз он ба асъори миллї 253 млн сомонї бо асъори хориљї 603 млн сомон, аз ин маблаѓњо аз тарафи шахсони њуќуќии корхонањо 602 млн сомонї аз он бо асъори хориљї 311 млн. Аз тарафи шахсони инфиродї 253 млн аз он бо асъори миллї 41 млн ва асъори хориљї 212 млн.
Бонкњои тиљоратї барои ба мизољон ќарз додан аз Бонки Миллї, бонкњои байналхалќї ва ташкилотњои байналхалќии молиявї бо фоизњои кам ќарз гирифта њаќќи хизмати худро алоњида гирифта ин чунин бо назардошти фоидаи софи худ ба мизољ ќарз медињад, њисоби миёнаи фоизи ќарзи бонкњо дар ЉТ 2,5-3% – и моњона 30-36% – солона мебошад.
Агроинвестбонк, Ориёнбонк, ТољикСодиротбонк ва Бонки Эсхата аз тарафи ташкилотњои молиявии байналхалќї эътироф карда шуда, ба онњо барои ба мизољон додан ба маблаѓи зиёда аз 15 млн $ бо фоизњои паст захирањои ќарзї људо карда шудааст.

3.Амалиётњои миёнаривии бонкњои тиљоратї.

Дар шароити иќтисоди бозоргонї маќсади асоии фаъолияти соњибкорї – ин гирифтани даромад мебошад. Дар ин раванд бонкњои тиљоратї низ њаракат мекунанд, фоидаи зиёд ба даст оранд. Фоида ифодакунандаи њаќиќии фаъолияти бонкњо ба њисоб меравад.
Амалиётњои миёнаравии бонкњои тиљоратї дар натиљаи иљроиши супориши мизољ, фурўш ва хариди баръакси коѓазњои ќиматнок, гузаронидани амалиётњои њисоббаробаркунї байни таъминкунанда, истењсолкунанда ва харидор, хизматрасонињо муайян карда мешавад.
Амалиётњои асосии миёнаравие, ки бонкњо мегузаронанд – ин амалиётњои комиссионї мебошад, ки ба он асосан амалиётњо бо коѓазњо ќиматнок ва амалиётњои траставї дар бозори коѓазњои киматнок дохил мешавад. Дар натиљаи хариду фурЎши намудњои коѓазњои ќиматнок бо воситаи миёнаравњои касбї ќисми даромад ва фоидаи бонкњои тиљоратї муайян карада мешавад.
Ба амалиётњои комиссионии бонки тиљоратї, ки асоси амалиётњои миёнаравиро ташкил мекунанд, инњо дохил мешаванд:
1. амалиётњо оид ба хизматрасонии суратњисобї ва хазинавї.
2. амалиётњои арзї ва суратњисобњои арзї.
3. амалиётњо бо ќоѓазњои ќимматнок, бонкњо ва дигар корхонањо.
4. амалиётњои трастї ё, ки боварикунанда.
5. амалиётњои хизматрасонии сейфї ва ломбардї.
6. амалиётњои барориши чекњо, кортњои пластикї ва дигар намудњои хизматњо
7. амалиётњои лизингї ва факторингї.

Пурсиши хатии мавзЎъ:
1. Мундариља ва хусусияти ташкилёбии фаъолияти бонкњо дар чї зоњир меёбад?
2.Сохтори умумии бонкро шарњ дињед?
3. Аз болои фаъолияти љузъњои бонкї чї хел назорат карда мешавад?
4. Зери мафњуми «таъсис фаъолияти бонкї» чиро мефањмед?
5. Мањсулоти бонкї гуфта чиро мефањмед?
6. Асоси ташкили фаъолияти бонкро чи ташкил медињад?


2 Комментарии

  • Navruz

    Ба ман як мавзуъ лозим аст да бораи
    Ташкил ва истифодабари зпхираҳои бонкҳои тиҷоратӣ
    аз куҷо ёфта метавонам
    Агар дошта бошед ба ман равон кунед

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.