Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Нишондиҳандаҳои бозоргирӣ ва пардохтпазирии бонкҳои тиҷоратӣ

Бозоргирӣ – яке аз хулосаи ҷамъбастшудаи сифатии таснифи фаъолияти бонк аст, ки эътимодиятро ба он ифода мекунад.
Бозоргирии бонкӣ – ин қобилияти дар мўҳлат ва безерар иҷроиши ўҳдадориҳо назди амонатгузор ва қарздиҳанда буда, мафҳуми асоси дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Бозоргширӣ дар асоси эътимодӣ ва устувории бонкҳои тиҷоратӣ муайян шуда, шароит барои пардохтпазирӣ ташкил мекунад.Нақша:

11.1. Мафҳум ва омилҳои муайянкунандаи бозоргирӣ, эътимодият ва пардохтпазирӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ.
11. 2. Идоракунии бозоргирӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ.

Адабиёт

1. А.Хонҷонов «Фаъолияти бонкӣ» комплекси таълимию методӣ. Душанбе – 2010с. 382с.
2.И.Т.Балабанов «Банки и банковское дело». Санкт –Петербург изд-во «Питер» 2002с – 256с.
3. Е. П. ҷарковская “Банковское дело” М: Омега – Л. 2005с – 440с.
4. О.И.Лавруғин «Банковский менеджмент». М: изд-во «Финансы и статистика» 2009c- 560с.
5. О.И.Лаврушин “Банковское дело” М: “Финансы и статистика” 2006с – 660с.
6. О.И.Лаврушин “Банковское дело” М: “Финансы и статистика” 2003с – 667с.
7. Основы банковского менеҷмента. М: “Инфра -М” 1995с – 144с.

Мафҳум ва омилҳои муайянкунандаи бозоргирӣ, эътимодият ва пардохтпазирӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ.

Бозоргирӣ – яке аз хулосаи ҷамъбастшудаи сифатии таснифи фаъолияти бонк аст, ки эътимодиятро ба он ифода мекунад.
Бозоргирии бонкӣ – ин қобилияти дар мўҳлат ва безерар иҷроиши ўҳдадориҳо назди амонатгузор ва қарздиҳанда буда, мафҳуми асоси дар фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Бозоргширӣ дар асоси эътимодӣ ва устувории бонкҳои тиҷоратӣ муайян шуда, шароит барои пардохтпазирӣ ташкил мекунад.
Мафҳуми “бозоргирӣ” фурўш ва табдилдиҳии маводҳои арзишӣ ва дигар дороиҳо ба воситаҳои пулӣ аст. Мафҳуми “пардохтпазирӣ” ин қобилияти бонк дар вақташ ва пурра иҷро намудани ўҳдадориҳои пулӣ, ки аз амалиётҳои савдо, қарзӣ ва дигар амалиётҳои хислати пулӣ дошта бармеояд, мебошад. ҳамин тариқ, бозоргирӣ ҳамчун шарти муҳим ва зарурии пардохтпазирӣ ва эътимодии бонк баромад мекунад.
Рушд ва мураккабии низоми бонкӣ ва молиявӣ моҳияти иқтисодии мафҳуми “бозоргирӣ” –ро тағйир дод ва дар ин асос бозоргирии бонк бо бозоргирии бозор зич алоқаманд гардид. Агар бозор гуногун, рақобатпазир, устувор бошад, мафҳуми “бозоргирии бонк” васеътар мегардад. Дар замони муосир барои низоми бонкии рушд намуда бозоргирии бонк ҳамчун қобилияти дар вақташ бо ҳаҷми умумӣ ва бо хароҷотҳои минималӣ иҷроиши ўҳдадориҳо назди қарздиҳандагон ва қонеъ гардонидани талаботи қарзгирандагон ба воситаи пулӣ мебошад.
Бозоргирии бонк бо баробарии тавозуни қисми дороӣ ва ғайрифаъол ва бо муайян намудани сатҳи мувофиқоии мўҳлати ҷойгаркунии дороиҳо ва пассивҳои ҷалбшуда муайян карда мешавад. Алоқамандии бозоргирӣ, пардохтпазирӣ ва эътимодӣ дар схемаи 2 нишон дода шудааст.
Сарчашмаи воситаҳо барои иҷроиши ўҳдадориҳо пули нақдии бонк, қарзҳои байнибонкӣ аст.
+ҳдадориҳои бонк аз ўҳдадориҳои ҳақиқӣ ва эҳтимолӣ иборат аст:
1. ўҳдадориҳои ҳақиқӣ дар тавозуни бонк дар намуди амонатҳои дархостӣ, амонатҳои мўҳлатнок, ҷалби захираҳои байнибонкӣ, маблағҳои қарздиҳ андагон ба назар гирифта мешавад;
2. ўҳдадориҳои эҳтимолӣ. Ба ўҳдадориҳои эҳтимолӣ амалиётҳои пассивии (кафолат ва замонати додаи бонк) паситавозунии бонк (берун аз тавозун), паситавозуни амалиётҳои активии бонк (маблағҳои қарзҳои истифоданашуда) дохил мешавад.
ҷой доштани намудҳои дар боло зикр гардидаи бозоргирии бонкҳо омилҳои бисёри тартиби дохилӣ ва беруниро, ки сифати фаъолияти бонкро муайян мекунад, ифода менамояд. Ба омилҳои тартиби дохилӣ дохил мешавад:
1. базаи сармояи устувории бонкӣ;
2. сифати дороиҳо (активҳо) ва амонатҳо;
3. менеҷменти соҳибмаълумот;
4. нуфузи аввалиндараҷаи бонкӣ.

Базаи сармояи устувории бонкӣ андозаи сармояи худиро ҳамчун сарчашмаи асосии муҳофизаткунандаи таваккалияти хавфҳои дороӣ ифода мекунад. Сармояи худиро асосан фонди оинномавӣ ва дигар фондҳо, ки барои таъмини устувории бонк пешбини шудааст, ташкил мекунад.
Сифати дороиҳо дар асоси чор меъёр муайян мешавад:
• бозргирӣ;
• даромаднокӣ;
• таваккалияти хавф;
• диверсификатсиякадашуда (васеъ намудани соҳаи фаъолия).

Бозоргирии дороиҳо – ин қобилияти дороиҳо дар натиҷаи амал ё фурўш ба пули нақдӣ табдил гардиданро ифода мекунад. Дороиҳои бонк, ки дар намуди пулӣ мебошад барои иҷроиши вазифаи пардохт пешбини шудааст. Ба ҷиҳати бозоргирӣ дороиҳои бонк чунин гурўбанди карда шудааст:
1. дороиҳои бозргирӣ аввалиндараҷа;
а) воситаҳои пулии бонкие, ки дар хазина ё дар суратҳисоби муросилотӣ ҷойгиранд;
б) қоғазҳои қиматноки давлатие, ки дар сандуқи бонк ҷойгиранд ва дар шароити кифоя набудани пули нақдӣ ё иҷроиши ўҳдадориҳо метавонад ба фурўш гузоранд;
2. дуюмин гурўҳи дороиҳои бозоргирро қарзҳои кўтоҳмуддат ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, қарзҳои байнибонкӣ, қоғазҳои қиматноки тиҷоратии ҷамъияти саҳҳомӣ ташкил мекунад;
3. сеюмин гурўҳи дороиҳо – маблағгузории кўтоҳмуддати бонкӣ ба қоғазҳои қиматнок аст;
4. ба гурўҳи чоруми дороиҳои бонкӣ дороиҳои ғайрибозоргирӣ, дар намуди қарзҳои мўҳлатгузашта, бино ва иншоотҳо дохил карда шудааст.
Ба ҳолати бозоргирии дороиҳои бонк инчунин омилҳои берунӣ низ таъсир мерасонад, ки ба онҳо муҳиту вазъияти сиёсиву иқтисодӣ давлат, рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бозори байнибонкӣ, самаранокии вазифаҳои назоратии Бонки миллии Тоҷикистон дохил мешавад.
Асосан пардохтпазирии бонк дар асоси кифоягии сармоя нисбат ба хавфи дороиҳо муайян карда мешавад. Меъёри пардохтпазирӣ ҳамчун кифоягии маблағ дар санаи муайян дар суратҳисоб муқаррар гардида, барои иҷроиши пардохтҳо, аз фоидаи бонк амали карда мешавад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.