Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


Рафтори низоми бонкӣ ҳангоми бўҳронҳои молиявӣ

Дар давраи бўҳрони молиявӣ тамоюли афзоиши талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ мушоҳида мегардад, инрчунин аз ҷониби шахсони воқеӣ…Нақша:

1. Тамоюли рушди низоми бонкӣ ҳангоми бўҳрони молиявӣ.
2. Таъсири бўҳрони молиявӣ ба сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон.
3. Таҳлили вазъи молиявии бонк ҳангоми бўҳрони молиявӣ.

Адабиёт
1. Г.Н. Белоглазова, Л.П. Кроливеӣской «Банковское дело». М: «Финансы и статистика» 2006-592с.
2. Е.П. ҷарковская «Банковское дело». учебник М: ОМЕГА –Л. 2005г – 440с.
3. И.Т. Балабанов «Банки и банковское дело». Санкт – Петербург «Питер» 2002 – 256с.
4. О.И Лаврушин «Банковское дело». М: «Финансы и статистика» 2006 – 670с.
5. Основы банковского дела: конспект лекӣий. Д.А. Шевчук. Ростов – на – Дону: «Феникс», 2007. – 316с.
1. Тамоюли рушди низоми бонкӣ ҳангоми бўҳрони молиявӣ.
Дар давраи бўҳрони молиявӣ тамоюли афзоиши талабот ба хизматрасониҳои бонкӣ мушоҳида мегардад, инрчунин аз ҷониби шахсони воқеӣ. Дар ин давра бонкҳо намуди хизматрасониҳои худро зиёд намуда, сифати хизматрасонӣ ва ҳудуди хизматрасониҳои бонкиро васеъ мегардонанд. Барои дар ин давра ба тамоюли муқаррар гардида мувофиқат намудан ва самаранок барои ҳам бонк ва ҳам мизоҷ самти дурнамои рушди фаъолияти бонкро амалӣ намудан низоми бонкӣ бояд чунин масъалаҳои актуалиро ҳал намояд:
• азнавтақсимкунии захираҳо ва хавфҳо бо ёрии чунин воситаҳо: активҳо,табдилнамоии активҳо ғайрибозоргир ба шакле, ки бозор зарур меҳисобад;
• васеъ намудани хизматрасониҳои ҷудогона бо воситаи шўъбаҳои хурд;
• пасткунии хатарҳои хизматрасонии бонкӣ, аз он ҷумла дар асоси истифодаи усулҳои хориҷӣ ва мутобиқкунии он ба шароитҳои ҷумҳурӣ;
• ҳакории сердаромади тиҷорати бонкӣ бо фаъолияти суғурта ва сармоягузорӣ.
Ба ҳайати муносибати ғайрианъанавӣ дохил мешавад:
• пайдо намудани сарчашмаи ташкили сармояи бонкҳои хусусии миллӣ;
• муайян намудани соҳибони ҳақиқии бонк;
• устувор намудани истиқлолияти Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун гарави устувории пули миллӣ, болобардории нақши Шўрои Раёсат аз ҳисоби камкунии ваколатҳои шўрои дохилии бонк;
• додани якқатор ўҳдадориҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон (таҳияи санадҳои меъёрии иқтисодӣ, назорат ва танзими бонкҳо) ҳамчун мақомоти мустақил;
• таҳияи нақша – чорабиниҳо доир ба рушди соҳаи бонкӣ ва низоми бонкӣ.
ҷалби воситаҳои сармоягузорони хориҷӣ метавонад, барои пешрафти иқтисодиёти давлат, алалхусус соҳаи бонкӣ ва баромадани давлат аз бўҳрони молиявӣ замина гузорад. Васеъкунии фаъолияти бонкҳо, инчунин метавонад сабаби даромаднокии бонкҳо гардад.
Дар низоми бонкӣ мавқеӣ Бонки миллии Тоҷикистон ва Амонатбонк асоси мебошад, зеро ҳама воситаҳои давлат дар ин муассиса муттаҳид карда мешавад ва ҳамчун хазинадорӣ давлат арзёбӣ шудааст.

2. Таъсири бўҳрони молиявӣ ба сиёсати пулию қарзӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон.
Низоми бонкии муосири ҷумҳурии Тоҷикистон ин соҳаи муҳими хоҷагидории миллии давлат мебошад. Нақши амалии он дар идоракунии низоми пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо муайян карда шудааст:
• қисми зиёди муомилоти тиҷоратиро бонкҳо бо кўмаки воситаҳои ҷалбшуда, амалиётҳои сармоягузорӣ ва қарзӣ амали мегардонанд;
• маблағҳои ҷалбшударо бонкҳо ба корхонаҳо, иттиҳодияҳо, савдо, истеҳсол, соҳаи кишоварзӣ, ширкатҳо ва дигар сохторҳо равона мекунанд.
Фишангҳои сиёсати пулӣ-қарзӣ усулҳои мухталифи таъсир ба бозорӣ молиявӣ ба ҳисоб рафта, барои ба даст овардани мақсадҳои гузошташудаи амалиётӣ, лаҳзавӣ ва ниҳоии БМТ истифода бурда мешаванд.
Бонкҳои тиҷоратӣ мувофиқи сиёсати пулию қарзии давлат фаъолият намуда, ҷараёни ҳаракати пулҳоро танзим намуда, ба сурати гардиши он, эмиссия, ҳаҷми умумӣ, инчунин бо миқдори пулҳои нақди ҷдар гардиш буда, таъсир мерасонад.
Устувор намудани болоравии ҳаҷми пул ин гарави пастгардии сатҳи таваррум, таъмини устувории сатҳи нарх яке аз самараи муносибатҳои хоҷагидорӣ дар иқтисодиёти бозорӣ мебошад.
Низоми бонкии муосири ҷумҳурӣ – ин соҳаи хизматрасониҳои гуногун ба мизоҷони худ – аз амалиётҳои анъанавӣ қарзӣ – амонатӣ, хазинавӣ – ҳисоббаробаркунӣ, ки асоси кори бонкиро муайян мекунад, то шаклҳои нави воситаҳои пулию қарзӣ ва молиявӣ.
Дар механизми фаъолиятбарии низоми бонкии давлат нақши бонкҳои тиҷоратӣ зиёд мебошад. Бонкҳои тиҷоратӣ муассисаи куҳантарине мебошад, ки амалиётҳои зиёди молиявй ва хизматҳоро, ки дар таҷрибаи соҳибкорӣ дар иқтисодӣ бозорӣ иҷро мекунад.
3. Таҳлили вазъи молиявии бонк ҳангоми бўҳрони молиявӣ
Бўҳрони молиявии муосири ҷаҳонӣ марҳила ба марҳила давлатҳои гуногуни ҷаҳонро фаро гирифта, ба рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишварҳо зарари моддӣ ва маънавӣ расонида истодааст. Бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба соҳаи бонкӣ низ таъсир расонида, муаммоҳои молиявӣ пайдо намуда, сабабгори асосии паст гардидани қурби пули миллӣ, бе ҷои кор мондани аҳолӣ ва ё баръакс нокифоягии даромад гардид, ки дар ин марҳила муфлисшавии якқатор бонкҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ ба назар расид.
Бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсир расонида, сабабгори кам гардидани қисми даромади соҳибкорон ва алалхусус бархе аз бонкҳо ва ташкилотҳо гардид. Сатҳи муфлисшавии натанҳо корхонаҳо инчунин бонкҳо низ мушоҳида гардид.
Рушди босурати низоми бонкии ҷумҳурӣ, ки бист соли охир мушоҳида мегардад, бо раванди табдилдиҳии иқтисодиёти нақшавӣ ба бозорӣ муайян карда шудааст.
Дар соли ҷорӣ аз рўи таҳлили натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар, ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи бўҳронӣ баромада, ба тамоюли рушди давраи пеш аз бўҳронӣ рўй ниҳод. Ба ин раванд дар мадди аввал татбиқи тадбирҳои иловагии баъдибўҳронӣ дар самти вусъатёбии бахши воқеии иқтисодиёт мусоидат намуд, ки аз ин барқарорёбии рушди истеҳсолот, афзоиши даромадҳои пулии аҳолӣ, мўътадилии нисбии сатҳи нархҳо, беҳтар гардидани вазъи тавозуни пардохт ва устувории низоми молиявии кишвар шаҳодат медиҳанд.
Дар муддати кўтоҳ низоми бонкии дузинагӣ дар ҷумҳури ташкил карда шуд. Дар рушди марҳилаи якум, солҳои 1991 – 1993 рушди фаъоли низоми бонкӣ, тақсимоти мутамаркази қарзҳо, дефисити хизматҳои бонкӣ мушоҳида гардид. Дар ин давра ҳамагӣ шаш бонки тиҷоратӣ ташкил карда шуда буд.
Аз оғози соли 1997 дар Тоҷикистон рушди босурати низоми бонкӣ оғоз ёфт, дар навбати аввал бозори қоғазҳои қиматноки давлатӣ.
Аз соли 1992 дар ҷумҳурӣ 28 адад бонки фаъолияткунанда, дар соли 2011 ҳамагӣ 14 бонк дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад, инчунин дар ҷумҳурӣ 138 адад ташкилотҳои қарзӣ фаъолият мекунад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.