Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Вазифа ва амалиётхои Бонки Миллии Чумхурии Точикистон

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни ҶТ «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ»,Вазифа ва амалиётҳои Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни ҶТ «Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи бонки Милли ҶТ», «Дар бораи танзими асъорӣ ва назорати асъорӣ» дар ҶТ ҳамчунин бонки марказӣ – бонки эмиссионӣ Бонки Милли ҶТ баромад мекунад. Раиси Бонки Милли ва муовинони онро президенти ҶТ бо фармони худ ва розигии Маҷлиси Олии ҶТ вазифадор мекунад ва ё озод мекунад. Аз сабаби он, ки ба бонки Миллӣ ҳамчун Бонки Марказӣ ҳуқуқи ба гардиш баровардани пулҳои қоғазин ва танга, ташкил кардани гардиши самаранокии он ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз гардиш гирифтани пул дода шудааст, Бонки Миллӣ Бонки Эмиссионӣ номида мешавад, яъне ба ин бонк аз тарафи ҳуқуқи монополии барориши пул дода мешавад. Дар марзи ҶТ ягон дигар бонкҳо ва ташкилотҳои ғайрибонкӣ ҳуқуқи барориши пули миллиро надоранд. Бинобар ин Бонки Миллӣ дар назди Маҷлиси Олии ҶТ ҳисоботдиҳанда буда, ба ҳукумати ҶТ тобеъ намебошад. Бонки Милли ҶТ барои ба танзим даровардани системаи қарзии пули ҷумҳурӣ корҳои зеринро басомон мерасонад: – қурби пули миллиро устувор нигоҳ дошта, онро аз ҳар гуна хатарҳо нигоҳ медорад. – ҷиҳати самаранокиӣ ва бефосилагии системаи ҳисобу китоби байни бонкҳои тиҷоратии ҶТ ва бонкҳои хориҷаро таъмин мекунад. – барои системаи бонкии ҶТ-ро пурқувват кардан ва тараққӣ додани чораҳои зарурӣ ва тағийрнопазириро меандешад. Бонки Миллии ҶТ аз тарафи раёсати он ва шӯрои бонкӣ идора карда мешавад. Аъзоёни шӯрои бонкӣ аз тарафи президенти ҶТ бо тасдиқ намудани фармонҳо дар Маҷлиси Олӣ, ба вазифа таъмин ва ё озод карда мешаванд. Шӯрои Бонки Миллӣ масъалаҳои зеринро баррасӣ менамояд: Ҳисоботи солонаи Бонки Миллиро тайёр намуда, барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагон бо якҷоягии хулосаи аудиторӣ пешниҳод менамояд. Роҳҳои асосии системаи пулии қарзии ягонаи давлатӣ ва сиёсати ҷорӣ кардани онро пешниҳод мекунад. Сметаи хароҷотҳои Бонки Миллӣ ва ҳисобот дар бораи иҷроиши онро тасдиқ менамояд. Масъалаҳои дар сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳои хориҷӣ иштирок намудани Бонки Миллиро ҳамчун сармоягузор ҳаллу фасл менамояд. Таҳлили натиҷаҳои тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии ҶТ-ро барои мӯҳлатҳои муайян(1 сол, 3 сол, 5 сол) тайёр менамояд. Бонки Миллии ҶТ инчунин вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: Дар ҶТ бо якҷоягии ҳукумати ҶТ сиёсати ягонаи пулию қарзиро ҷорӣ менамояд. Ба таври монополӣ барориши пулҳои нақдро таъмин намуда, гардиши онро ташкил мекунад. Зинаи охирин ва баландтарини қарздиҳанда барои ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Меъёр ва фоизи системаи қарздиҳиро ба танзим медарорад ва назорат мебарад. Дар ҶТ тартиботи ҳисоббаробаркуниро байни бонкҳо ва дигар воҳидҳои соҳибкорӣ муқаррар мекунад. Барои системаҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, қоидаю қонуниятҳои гузаронидани амалиётҳои бонкӣ, тартиб додани ҳисоботҳои бухгалтерӣ ва молиявиро муқаррар менамояд Ба таври самаранок захираҳои тиллоию асъории мамлакатро идора мекунад. Қурби расмии асъори миллиро нисбати асъори хориҷӣ муайян ва нашр мекунад. Барои бурдани фаъолият ва гузаронидани амалиётҳои бонкӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои ғайрибонкӣ иҷозатномаҳо медиҳад ва дар ҳолати иҷро накардани меъёрҳои муқаррар намудааш иҷозатномаҳоро бозхонд мекунад. Тартиботи вфаъолият бурдани бирҷаҳои асъорӣ ва тартиботи хариду фурӯши асъори хориҷиро муайян мекунад. Қоғазҳои қимматноки ташкилотҳои қарзиро ба қайд мегирад. Амалиётҳои арзиро ба танзим медарорад ва тартиботи ҳисобу китоб бо асъори хориҷиро муайян мекунад. Назорати асъориро ҷорӣ мекунад. Ҳисобу китоби байнибонкиро ташкил ва назорат мекунад. Нақшаи баланси пардохти ҶТ-ро тартиб медиҳад, барои ҳар як квартал ва солона баланси пардохтро тартиб дода нашр мекунад ва барои ба танзим даровардани он чораҳои зарурӣ меандешад. Бонки Миллӣ ҳамчун Бонки Марказӣ 3 вазифаро иҷро мекунад: батанзимдарорӣ; назоратӣ; ахбороти тадқиқотӣ; Вазифаи батанзимдарорро Бонки Миллӣ бо роҳи миқдори пули дар гардиш бударо ба танзим даровардан иҷро мекунад. Ин бо воситаи кам кардан ва ё зиёд кардани барориши пули нақд ё гардиши ғайринақдии пулӣ, сиёсати кам кардани захираҳои ҳатмии бонкӣ, иштирок кардан дар бозори хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок ва бо роҳи бурдани сиёсати арзӣ, яъне баланд ё паст кардани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ бурда мешавад. Функсияи назоратии Бонки Миллӣ бо роҳи ба бонкҳои тиҷоратӣ додани литсензия, бозхондани он, муқаррар намудани меъёри ҳатмии захираи бонкӣ, муқаррар намудани меъёри сармояи уставии бонкҳои тиҷоратӣ иҷро карда мешавад. Вазифаи ахборотии тадқиқотии Бонки Марказӣ бо воситаи ҷамъ намудани ҳисоботҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ бо роҳи гузаронидани таҳлили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии мамлакат ва Чоп намудани маълумотҳои зарурӣ дар газетаю ҷурналҳои махсус ва дар замони иқтисоди бозоргонӣ кушодани сайтҳои махсус дар интернет ба амал бароварда мешавад. Бонки Миллии ҶТ ҳуқуқ дорад, ки амалиётҳои зеринро иҷро намояд: Ба мӯҳлати на зиёда аз 1 сол ба бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қарз диҳад, дар ҳолати таъминотӣ будани қарзҳо бо воситаи қарзҳои қимматнок ва дигар активҳо. Ҳамаи намуди қоғазҳои қимматнокро хариду фурӯш кунад. Вомҳо ва сертификатҳои депозитивии худро хариду фурӯш кунад. Ҳамаи намуди металлҳои қимматбаҳоро(тилло, нуқра,…) ва дигар маводҳои қимматноки арзиро хариду фурӯш кунад. Ҳамаи намуди асъори хориҷаро ва ҳуҷҷатҳои пули бо арзи хориҷӣ ифодаёфтаро хариду фурӯш кунад. Амалиётҳои ҳисоббаробаркунӣ, депозитивӣ ва хазинавиро гузаронад. Барои нигоҳ доштан ва идора кардани ҳамаи намуди қоғазҳои қимматнок ва дигар арзишҳои қимматнокро барои нигоҳ доштан қабул кунад. Дар ҳолати зарурӣ ба дигар бонкҳо ва ё шахсони ҳуқуқию инфиродӣ барои гирифтани маблағҳои пулӣ кафолат диҳад. Дар марзи ҶТ ва дигар бонкҳои хориҷӣ ҳамаи намуди суратҳисобҳоро кушояд Бонки Миллӣ амалиётҳои активӣ ва пассивии бонкиро мегузаронад. Ба амалиётҳои активии Бонки Миллӣ инҳо дохил мешаванд: А) амалиётҳо оид ба ҷой ба ҷоӣ кардани захираҳои моли қарзии бонк. Б) додани қарзҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ. В) харидани қоғазҳои қимматнок аз он ҷумла векселҳо аз бонкҳои тиҷоратӣ ва давлат. Г)харидани қоғазҳои қимматноки давлатӣ. Ба амалиётҳои пассивии Бонки Миллӣ ё, ки ҷалб намудани маблағҳои молиявии беруна инҳо дохил мешаванд: А) сармояи худии Бонки Миллӣ. Б) барориши пулҳои қоғазин. В) ҳиссагузории бонкҳои тиҷоратӣ ва маблағҳои захираи ҳатмии онҳо, ки дар Бонки Миллӣ нигоҳ дошта мешавад. Г) фоидаи софи Бонки Миллӣ. Д) маблағҳои аз буҷет воридшуда ва дигар маблағҳои аз бонкҳои хориҷӣ ва давлатҳои хориҷӣ ворид шуда.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.