Пятница, Ноябрь 15Вместе создадим светлое будущее!


Ташкили раванди карздихи

Раванди қарздиҳӣ ҷамъи амалиёти ба ҳам пайвастаест, ки аз пешниҳоди дархост барои гирифтани қарз шурӯъ шудаТашкили раванди қарздиҳӣ Раванди қарздиҳӣ ҷамъи амалиёти ба ҳам пайвастаест, ки аз пешниҳоди дархост барои гирифтани қарз шурӯъ шуда, бо баргардонидани он ба анҷ ом мерасад. Он дар асоси сиёсати қарзии бонк ба роҳ монда мешавад. Раванди қарздиҳиро ба чанд марҳила ҷудо намудан мумкин аст: 1) омӯзиши дархости мизоҷ оид ба гирифтани қарз (дархости қарзӣ); 2) муайян намудани хатари барнагаштани қарз; 3) таҳлили қобилияти қарзадокунии қарзгириранда; 4)интихоби гарави қарз; 5) қабули қарор оид ба додани қарз ва шартҳои он; 6) бастани шартномаи қарзӣ ё гирифтани ӯҳдадориномаи қарзӣ (кредитное обязательства) ва додани қарз; 7) назорати иҷрои шартҳои шартнома ва баргардонидани қарз (дар ҳолати қисм-қисм баргардонидани он); 8) пурра баргардонидани қарз. Барои дуруст ба роҳ мондани раванди қарздиҳӣ зарур аст, ки кормандони бонк дар масъалаҳои таҳлили фаъолияти қарзгирандагон, муайян намудани пардохтпазирию даромаднокии фаъолияти онҳо ва нишондиҳандаҳои дигар донишу малакаи кофӣ дошта бошанд. Дар кишварҳои алоҳида вобаста ба пешрафти ҳисобдорӣ, тартиби ташили муносибат байни мизоҷону бонкҳо, мавҷудияти сохторҳои махсуси ҷ амъкунандаи маълумот оид ба фаъолияти корхонаҳо ва ғайра барои гирифтани фарз миқдору намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳо ба бонк пешниҳод мешаванд. Дар мамлакатҳои пешрафта вобаста ба сатҳи баланди истифодаи воситаҳои хозирзамони компютерӣ ва озодона чоп шудани ҳисоботҳои ширкатҳо дар матбуоти даврию электронӣ барои гирифтани қарз дархост лозим асту бас. Маълумоти дигари заруриро худи бонкҳо аз сайтҳои ширкатҳо ва муассисаҳои махсуси ҷамъкунандаи маълумот оид ба фаъолияти онҳо ба даст меоранд. Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз он ҷ умла Тоҷ икистон, бо сабаби қафомондогии соҳаи ҳисобдорӣ ҳангоми зарурати истифодаи қарз ба бонкҳо миқдори зиёди ҳуҷҷатҳо пешниҳод мешаванд. Ташкили раванди қарздиҳӣ дар Тоҷ икистон ба тартиби дар кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии пешин истифодашаванда монанд аст. Барои гирифтани қарз қарзгирандаро зарур аст, ки ба бонки дахлдор дархости қарзӣ (кредитная заявка) ва ҳисоботҳои молиявию ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод кунад. Дархости қарзӣ ҳуҷҷатест, ки аз ҷ ониби қарзгиранда пур карда шуда маълумотҳои зеринро дар бар мегирад: а) маблағи қарз; б) асъори қарз (бо пули миллӣ ё асъорӣ хориҷ ӣ); в) намуди қарз (нақӣ, ғайринақдӣ, таъминбуда, ё таъминнамуда ва ғайра); г) мӯҳлати қарз; д) мақсади истифодаи қарз (барои таъмини гирдгардиши воситаҳои гардон, хариди таҷ ҳизот, додани музди меҳнат ва ғайра); е) тартиби баргардонидани қарз (қисм-қисм ё дар охир); ҷ ) тартиби баргардонидани фоизи қарз (дар аввал, қисм-қисм ё дар охир); з) таъмини қарз (бо амвол, замонатномаи ширкатҳои дигар, кафолатномаи ҳукумату бонкҳо ва ғайра). Илова ба дархости қарзӣ корхонаҳо ба бонк ҳуҷҷатҳои зеринро низ пешниҳод мекунанд: Ҳисоботи молиявӣ, ки тавозун (баланс) ва ҳисоботи фоидаю зарари корхонаро барои се соли охир дар бар мегирад. Таҳлили моддаҳои тавозун ба корманди бонк имкон медиҳад, ки вазъи молиявии қарзгиранда, сармояи он, дороию (активқ) ӯҳдадориҳои онро муайян намояд. Ҳисоботҳои фоидаю зарар дар се соли охир маълумотҳои заруриро оид ба даромаду хароҷ отҳои қарзгиранда, маблағи фоида ва тақсими онро дар бар мегиранд. Дар асоси ин маъмулотҳо корманди бонк метавонад оид ба пардохтпазирии қарзгиранда хулосаи зарурӣ барорад. Ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ (Cash flow). Таҳлили гардиши витаҳои пулӣ – вақту маблағи даромади воситаҳои пулӣ ба суратҳисобу кассаи корхона ва харҷ и онҳо ба мақсадҳои гуногун имкон медиҳад, ки давраҳои зиёдшавии талаботи корхона ба қарз ва вақти муваққатан озод монанди воситаҳои пулии он муайян карда шаванд. Ин маълумотҳо барои муайян кардани мӯҳлати аслии қарз ва таъмини баргардонидани он заруранд. Ҳисоботҳои молиявии семоҳа. Таҳлили онҳо имкон медиҳад, ки вазъи молиявии қарзгиранда ва талаботи иловагии он дар дохили сол муайян карда шаванд. Гувоҳномаҳои (справка) бонку сохторҳои андоз. Гувоҳномаи бонк барои муайян кардани маблағи ӯҳдадориҳои пардохтнашудаи қарзгиранда, гарави онҳо (таъмини қарзҳои тиҷ оратию бонкии аллакай гирифташуда) ва сатҳи хатари барнагаштани қарзи нав зарур аст. Гувоҳномаи сохтори андоз қарздор будан ё набудани қарзгирандаро аз сохторҳои андоз нишон медиҳад. Нақшаи корӣ (бизнес-план). Дар он қарзгиранда тартиби истифода ва сарчашмаҳои баргардонидани қарзу фоизи онро нишон медиҳад. Дар асоси нақшаи кори қарзгиранда корманди бонк метавонад маълумоти зарурӣ оид ба фаъолияти он, имконоти гирифтани фоидаю баргардонидани саривақтии қарзро ба даст орад. Илова ба маълумотҳои дар асоси таҳлили ҳуҷҷатҳои болоӣ гирифташуда бонкҳо аз сарчашмаҳои дигар низ истифода мекунанд. Дар кишварҳои аврупоӣ ва қитъаи Амрико муассисаҳои махсусе вуҷ уд доранд, ки маълумотҳои заруриро оид ба вазъи молиявии ширкату соҳибкорон ҷ амъ карда, ба бонкҳою ширкатҳои талабгор мефурӯшанд. Масалан , дар ИМА муассисаи номдори «Dun & Bradstreet», TRW, «Equifax», «Trans Union», ба чунин намуди фаъолият машғуланд, Дар Русия низ солҳои охир чунин намуди муассисаҳо ба фаъолият шурӯъ намуданд. Маълумотҳои иловагии аз ин муассисаҳо ба даст омада, барои муайян намудани қобилияти қарзадокунии қарзгиранда ва қабули қарор оид ба додан ва ё надодани қарз ба он заруранд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.