Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Додани қарз ва назорати истифодаи он

Додани қарз ва назорати истифодаи онЗинаи дигари раванди қарздиҳӣ қабули қарор оид ба додани қарз мебошад. Вобаста аз сиёсати қарзии бонк ва маблағи қарз қарор аз ҷониби комиссияи махсуси шӯъба, идораи вилоятӣ (минтақавӣ) ва ё кумитаи қарздиҳии раёсати бонк (кредитный комитет) қабул карда мешавад.
Агар қарори сохтори дахлдори бонк мусбӣ бошад, корманди бонк ба қарзгиранда дар ин бора хабар медиҳад. Баъд аз ин шартномаи қарзӣ аз ҷ ониби бонку қарзгиранда ба имзо мерасад, ки дар он шартҳои қарз: мақсад, маблағ, мӯҳлат, мизони фоиз, тартиби истифодаи қарзу баргардонидани он, тартиби додани фоизи қарз, тартиби назорати таъминнокии қарз, ҳуҷҷатҳои аз ҷониби қарздор дар давраи истифодаи қарз пешниҳодшаванда, ӯҳдадориҳои тарафайн ва шартҳои дигар қайд мешаванд.
Бонк маблағи қарзро дар мӯҳлати дар шартнома нишондодашуда ба суратҳисоби қарзгиранда ё суратҳисоби дигари аз ҷониби он пешниҳодшуда мегузаронад.
Истифодаи самаранок ва таъмини бозгашти қарз яке аз вазифаҳои асосии қарздор мебошад. Барои ин муҳим аст, ки қарз дар раванди истеҳсолӣ истифода шуда, баробари озод шудани воситаҳои пулӣ баргардонида шавад.
Формулаи ҳаракати қарз:
П…..И….П*
Дар ин ҷ о: П- маблағи пули ба қарз дода шуда,
И- истифодаи қарз дар истеҳсолот ё соҳаи дигар,
П*- қарзи баргардонидашуда бо фоизи он.
Зарурати риояи қоидаҳои қарздиҳӣ низ талаб мекунад, ки маблағи ба қарз додашуда ҳама марҳилаҳои болоиро гузарад, вагарна иҷрои талаботи шартномаи қарзӣ (баргардонидани қарзу фоизи он) амри маҳол мегардад.
Зинаи дигари раванди қарздиҳӣ – назорати бонкӣ аз болои истифодаи қарз мебошад. Дар ин амал корманди бонк аз парвандаи қарзии қарздор (кредитное досҳе) истифода мекунад, ки дар он маълумотҳои зарурӣ дар пайдарҳамии зерин ҷ амъоварӣ шудаанд:

маводи ба қарз дахлдошта (нусхаҳои шартномаи қарзӣ, ӯҳдадориномаи қарзӣ, кафолатномаҳо ва ғайра);
маълумотҳои молиявию иқтисодӣ (ҳисоботҳои молиявӣ, маълумотномаҳои сохтори андозу бонкҳои дигар, нақшаи корӣ ва ғайра);
мавод оид ба қобилияти қарзадокунии мизоҷ (маводи таҳлилӣ, маълумотҳои аз муассисаҳои таҳлилӣ (шикатҳои аудиторӣ, муассисаҳои маълумоти қарзӣ) гирифташуда ва ғайра);
маводи таъмини бозгашти қарз (ҳуҷ ҷ атҳо барои ба гарав гузоштани амвол, барои додани ҳуқуқи истифодаи қоҷ азҳои қимматноки қарздор ва ғайра);
мукотиба оид ба истифодаи қарз (мукотиба бо мизоҷ, навишти гуфтугӯйҳои телефонӣ ва ғайра).
Бонкҳо барои ҳамаи мизоҷ они худ, ки истифодабарандаи қарзанд, чунин парвандаҳо мекушоянд ва дар онҳо маълумотҳои дахлдорро ҷ амъ мекунанд.
Назорати бонкӣ ба чанд намуд ҷ удо мешавад:

назорат дар асоси таҳлили маълумотҳои пешниҳодшуда;
назорати бевосита дар худи корхона;
назорат дар асоси маълумотҳои аз шахси сеюм гирифташуда.
Қарздор мувофиқи талаби шартномаи қарзӣ ҳар моҳ ё вақтҳои дигар ба бонк тавозун, ҳисоботҳои молиявӣ ва маълумотҳои дигари заруриро пешниҳод мекунад. Корманди бонк дар асоси онҳо фоиданокии фаъолияти мизоҷ , пардохтпазирии он, дараҷ аи иҷ рои ӯҳдадориҳо дар назди фурӯшандагон ва нишондиҳандаҳои дигарро муаяйн карда, хулосаи дахлдор мебарорад. Агар сатҳи хатари баргаштани қарз боло рафта бошад, он ба дидани чораҳои дахлдор шурӯъ мекунад.
Корманди бонк инчунин имкон дорад хатари бозгашти қарзро дар худи корхона тафтиш кунад. Ин амал бо роҳи шиносоӣ бо тартиби нигаҳдошти ашёи хом, молҳои тайёр ва захираҳои дигари истеҳсолӣ, амволи корхона ва ғайраҳо, ки гарави баргашти қарз мебошанд, анҷ ом дода мешавад. Натиҷ аи чунин зарурият пешниҳоди хулосаи корманди бонк ба роҳбарияти худ ва корхона оид ба вазъи таъмини бозгашти қарз ва зарурати чораҷ ӯйиҳои дахлдор мебошад.
Илова бар он, корманди бонк барои доштани маълумоти зарурӣ оид ба вазъи молиявии корхона аз сарчашмаҳои берунӣ истифода мебарад. Барои ин мақсад он метавонад ба муассисаҳои махсуси ҷ амъкунандаи маълумот оид ба фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳои андоз, гумрук, бонк (агар қарздор мизоҷ и бонки дигар бошад), корхонаҳои болоии қарздор муроҷ иат карда, маълумоти дахлдорро ҷ амъ оварад. Ин имкон медиҳад, ки корманди бонк оид ба вазъи молиявии қарздор хулосаи зарурӣ барорад.
Мақсади ҳама намудҳои назорати бонкӣ сари вақт муаяйн кардани хатари бознагаштани қарз, чораҷ ӯйӣ оид ба ҳар чӣ тезтар бартараф кардани он ва ё баргардонидани қарзу фоизи он мебошад.
Зинаи охирини раванди қарздиҳӣ баргардонидани қарзу фоизи он мебошад. Риояи қоидаҳои қарздиҳӣ дар байни одамони алоҳида низ аҳамияти хоса дорад. Боварӣ ба мизоҷ , пеш аз ҳама, аз иҷ рои ӯҳдадориҳои қарзии он вобаста аст. Дар асоси он боварӣ бонкҳо ба мизоҷ он имтиёзҳо дода, дар ҳолати зарурӣ гарави пардохти пули моли харидаашонро ба ӯҳдаи худ мегиранд. Бинобар ин, зарур аст, ки қарздор қарзашро дар мӯҳлати муаяйншуда баргардонад.
Баргардонидани қарзу фоизи он маънои ба итмом расидани муносибатҳои қарзии бонку мизоҷ ро надорад, зеро фаъолияти давомдори корхона дар шароити номӯътадилии вазъи иқтисодӣ онро боз мӯҳтоҷ и қарз карда, ба бонк меорад. Илова ба он, хизматҳои бонкӣ танҳо аз додани қарз иборат нестанд. Корхонаҳо аз хизматҳои дигари онҳо низ истифода мекунанд. Бинобар ин, зарур аст, ки байни бонку мизоҷ муносибатҳои доимии боваринок барқарор шаванд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.