Воскресенье, Ноябрь 17Вместе создадим светлое будущее!


Таъминнокии қарз ва интихоби гарави он

Таҳти мафҳуми «таъминнокии қарз» усулҳои таъмини бозгашти қарзу фоизи он ё ба таври дигар иҷ рои ӯҳдадориҳои қарзӣ фаҳмида мешавад.Таҳти мафҳуми «таъминнокии қарз» усулҳои таъмини бозгашти қарзу фоизи он ё ба таври дигар иҷ рои ӯҳдадориҳои қарзӣ фаҳмида мешавад.
Дар амал, бонкҳо ҳангоми ташкили муносибатҳои қарзӣ бо қарзгирандагон боэътимод таъминнокии хосаро талаб намекунанд. ӯҳдадориномаи қарзии қарзгиранданда (кредитное обязателҳство), ки пеш аз гирифтани қарз аз ҷ ониби он имзо мешавад, ба бонк ҳуқуқ медиҳад, ки дар мӯҳлати муайян аз суратҳисоби қарздор маблағи қарзу фоизи онро гирад.
Нисбати қарзгирандагони беэътимод, корхонаю шахсони алоҳидае, ки бори аввал қарз гирифтанианд ва ё бо бонк муносибати қарзии доимӣ надоранд, тартиби дигари муносибатҳои қарзӣ истифода мешавад. Кормандони бонк вазъи молиявии онҳоро пурра таҳлил карда, дар ҳолати зарурӣ гарави бозгашти қарзро дар шакли амволу замонатномаҳо талаб мекунанд.
*Қисме аз мизоҷ он ба қарз талаботи зиёд надоранд ва мумкин аст дар давоми сол ду ё се маротиба қарзро истифода кунанду халос, бинобар ин, кормандони бонк вазъи молиявии онҳоро хуб намедонанд. Аз ин рӯ, ҳар бор, ки онҳо қарз гирифтанӣ шаванд, кормандони бонк вазъи молиявии онҳоро аз нав таҳлил мекунанд. Албатта, агар аз вақти таҳлили фаъолияти онҳо ҳангоми гирифтани қарзи пешин муддати зиёд гузашта бошад. Агар қарзгиранда гарави боэътимод дошта бошад, (масалан, амволе, ки арзиши бозориаш басанда аст, кафолатномаи бонк ё ширкати боэътимоди дигар) қарздиҳанда метавонад бе таҳлили иловагии вазъи молиявиаш ба он қарз диҳад.
Усулҳои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои қарзӣ инҳоянд:

1.Ҷаримабандӣ.
Дар ҳама шартномаҳои қарзӣ барои сари вақт барнагардонидани қарзу фоизи он ҷ арима пешбинӣ мешавад. Мизони фоизи ҷ арима аз сатҳи хатари барнагаштани қарз вобаста аст.

2.Гарав (залог).
Гарав яке аз усулҳои беҳтарини таъмини иҷ роиши ӯҳдадориҳои қарзӣ ҳисобида мешавад. Бонкҳо ба сифати гарави баргардонидани қарз бино, таҷ ҳизот, воситаҳои нақлиётӣ, қоғазҳои қимматнок, амонат, ашёи хом, маҳсулотҳои нимтайёр ва амволи дигари қарзгирандаро қабул мекунанд. Вобаста ба қобилияти қарзадокунии қарзгиранда бонк метавонад қисме аз онҳоро дар бонк нигоҳ дорад. Масалан, қисме аз воситаҳои нақлиётӣ, амонат, қоғазҳои қиматноки қарзгирандаро дар бонк нигоҳ доштан мумкин аст (Нигаред ба замимаи 34). Қисми дигари моликияти ба гарав гузошташуда дар ихтиёри қарзгиранда монда, дар раванди истеҳсолӣ истифода мешавад.

3.Замонат (поручительство).
Таҳти мафҳуми «замонат» пурра ё қисман ба ӯҳдаи худ гирифтани гарави қарзи қарзгиранда аз ҷ ониби ширкати дигар – замонатшаванда (поручителҳ) фаҳмонида мешавад. Тартиби ба расмият даровардани он имзои шартномаи замонати байни ширкати замонатшуда ва бонки қарздиҳанда мебошад. Таҷ рибаи ҷ аҳонӣ нишон медиҳад, ки дар аксари ҳолатҳо ширкати замонатдиҳанда ҳамкор ё саҳҳамӣ қарзгиранда мебошад, вале барои бонк муносибатҳои байни замонатдиҳанда ва қарзгиранда аҳамият надорад. Муҳим аст, ки қарзи додашаванда гарави боэътимод дошта бошад.

4.Кафолатнома (гарантия).
Кафолатнома аслан аз ҷониби ҳукумат, бонкҳо ва муассисаҳои дигари қарзӣ дода мешавад.
Бонкҳои тиҷ оратию ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ҳангоми қарздиҳӣ ба сохторҳои давлатӣ ё ширкатҳои хусусие, ки хукумат ба фаъолияти онҳо манфиатдор аст, дар аксари онҳо кафолатномаи ҳукуматро талаб мекунанд. Кафалатномаи ҳукуматӣ ба тартиби дар таҷ рибаи ҷаҳонӣ қабулшуда пешниҳод мешавад. Сарчашмаи иҷ роиши ӯҳдадориҳои дар кафолатнома нишондодашуда буҷ ети кишвар мебошад.
Кафолатномаи бонкӣ – ӯҳдадории хатии бонк ё муассисаи қарзӣ оид ба додани маблағи муайян ба ташкилот, бонк ё ширкати дигар баробари ворид шудани дархости аввалини он мебошад. Кафолатномаи бонкӣ дар шакли номаи кафолатӣ (гарантийное писҳмо) ва ё дар шакли хабар ба қарздиҳанда (ба воситаи SWIFT ё телекс) дода мешавад. Ҳангоми омодасозии кафолатномаи бонкӣ иҷ рои талаботи аз ҷониби қонуни дахлдор муайяншуда ҳатмӣ мебошад, вагарна он беэътибор дониста мешавад. Масалан, қонун муайян мекунад, ки қайди маълумотҳои зерин дар кафолатнома ҳатмӣ аст: маблағи кафолат, мӯҳлати амали кафолатнома, номҳои қарзгиранда, қарздиҳанда, кафолатдиҳанда ва ғайра.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.