Суббота, Ноябрь 16Вместе создадим светлое будущее!


Танзим ва назорати фаъолияти ташкилотхои карзи

Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:
– ба ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома медиҳад, онҳоро дар феҳристи бақайдгирӣ сабт мекунад, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд;Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон – мақоми танзим ва назорати
фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:
– ба ташкилотҳои қарзӣ иҷозатнома медиҳад, онҳоро дар феҳристи бақайдгирӣ сабт мекунад, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд;
– ташкилотҳои қарзиро бо қувваи кормандони худ ё мутахассисони ба ин мақсад ҷалбгардида, аз ҷумла амалиёт, феҳристҳо, ҳуҷҷатҳо ва суратҳисобҳои онҳоро санҷида, риояи талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи фаъолияти бонкӣ\”, \”Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд\” ва қонунҳои дигари ба фаъолияти бонкӣ дахлдоштаро мунтазам назорат менамояд;
– аз ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди иттилооти заруриро барои танзим ва назорати фаъолияти онҳо, инчунин оид ба ислоҳи вазъи кунунии онҳо чора диданро талаб мекунад.
2. Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон мебошад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзӣ мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст.
4. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ тартиби ҳатмии ҳисобдорӣ, таҳия, пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва маълумоти омориро муқаррар мекунад.
5. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзӣ тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намояд.

Моддаи 43. Ҳамкории иттилоотӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи омори бонкӣ, молиявӣ ва таҳлили вазъи иқтисодӣ бо мақомоти давлатӣ дар ҷамъоварӣ ва нашри маълумоти оморӣ ва дигар маълумот ҳамкорӣ менамояд ва метавонад аз мақомоти давлатӣ иттилооти даркориро дархост ва дастрас намояд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон маводи зеринро нашр менамояд:
– иттилооти умумии оморӣ ва таҳлилӣ дар бораи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– ҳуҷҷатҳо оид ба усулҳои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти оморӣ;
– маълумоти дахлдори оморӣ ва консепсияе, ки ба гузарондани таҳқиқу санҷиши берунии омории анҷомдодаи Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳанд.

Моддаи 44. Пешниҳоди иттилоот

1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тавассути дархости хаттӣ аз ташкилотҳои қарзӣ пешниҳоди ҳама гуна иттилоот ва маълумотро дар бораи фаъолияташон, тавзеҳи онҳо ё пешбиниҳои зеринро талаб намояд:
– оид ба масъалаҳои идоракунии корпоративӣ, молиявӣ, меъёрҳои мақбул ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолият ва идоракунии ташкилоти қарзӣ;
– оид ба дороиҳо ва ўҳдадориҳо, даромад ва хароҷот, аз ҷумла меъёри фоизии гирифташаванда ва пардохтшаванда, ҳаққи хизмати гирифташаванда ва пардохтшаванда, ўҳдадориҳо ва тамоми хавфҳои ба вай таҳдидкунанда;
– нисбати ҳар гуна шахси алоқаманди ташкилоти қарзӣ ва ё ҳар гуна шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирифташуда, ки дар ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзӣ нуфузи калон дорад.
2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад иттилооти пешниҳодшударо, ки ба феҳристи иттилоот ё маълумоти махфӣ дохил намешавад, мувофиқи категорияҳои ташкилотҳои қарзӣ ва аз рўи навъи фаъолияташон дараҷабандӣ шудаанд, пурра ё қисман нашр намояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шабакаи иттилоотиро барои зарурати низоми бонкӣ таъсис диҳад ва нигоҳ дорад.
4. Ташкилотҳои қарзӣ вазифадоранд, ки ҳама гуна маълумоти аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дархостшавандаро саривақт пешниҳод намоянд.

Моддаи 45. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти назоратии
дохилию хориҷӣ

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо дигар бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё мақомоти назоратии дохилию берунӣ шартнома баста, дар асоси он мубодилаи маълумот намояд. Мубодилаи чунин маълумот метавонад маълумоти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки шартномаи басташуда махфиятро талаб кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон боварӣ дошта бошад, ки барои таъмини махфияти чунин маълумот чораҳои оқилона андешида шудаанд.

Моддаи 46. Меъёрҳои мақбул

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзӣ меъёрҳои мақбул тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи фаъолияти бонкӣ\” муқаррар карда мешаванд.

Моддаи 47. Санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон назорати маҷмўии фаъолияти ташкилотҳои қарзиро бо тартиби зерин анҷом медиҳад:
– ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;
– аз ташкилотҳои қарзӣ ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ, ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб мекунад;
– дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмдорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзӣ ва оид ба шахсе, ки барои ба даҳ ва зиёда фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ соҳиб шудан муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;
– санҷиши ташкилоти қарзӣ, ҷамъиятҳои вобастаи он ва бонкҳои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.
2. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба талаботи Қонуни мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи фаъолияти бонкӣ\”, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзиро дар бар мегирад.
3. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзиро аз санҷиш мегузаронад, ба истиснои намояндагиҳои онҳо, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд.
4. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда, барои риояи талаботи махфияти маълумот масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзӣ ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳои электрониро ба шахсони мазкур таъмин намоянд.
5. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки санҷишгарон талаб мекунанд, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ вазифадоранд ба гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
6. Бонки миллии Тоҷикистон Шўрои нозирони ташкилоти қарзиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.
7. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳукуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
8. Узви Раёсат, корманд ва намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳар шахсе, ки тибқи талаботи Қонуни мазкур барои гузаронидани санҷиш, инчунин ба сифати мудири муваққатӣ таъин ё ҷалб гардидааст, барои зиёни ҳангоми дар доираи Қонуни мазкур софдилона иҷро кардани ўҳдадории вазифавӣ расонидашуда, масъул намебошад.
9. Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони мазкур ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳо аз даъвои судии вобаста ба софдилона иҷро кардани ўҳдадориҳои вазифавиашон пешниҳодшударо кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста шудани онҳо.

Моддаи 48. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти қарзӣ, кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:
– талаботи Қонуни мазкур, қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
– ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо сари вақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;
– амалиёти бонкии дорои хавфи аз меъёр зиёд ё нодурустро анҷом додаанд.
2. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти қарзӣ як ё якчанд чораҳои ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
– ба ташкилоти қарзӣ амрнома фиристад;
– ба ташкилоти қарзӣ дастур диҳад;
– аз ташкилоти қарзӣ таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ислоҳи вазъи ба амаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;
– аз ташкилоти қарзӣ қатъ кардани анҷомдиҳии баъзе амалиётро талаб кунад;
– тақсими ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро манъ намояд;
– ҳама гуна маҳдудиятро барои додани қарз муқаррар созад;
– илова ба маблағи захираҳои ҳатмие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар мўҳлат ва ба маблағи муайян зиёд кардани онҳоро аз ташкилоти қарзӣ талаб намояд;
– аз раиси Шўрои нозирон даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади бартараф кардани онҳо талаб намояд;
– аз раис ё раёсати ташкилоти қарзӣ талаб намояд, ки солимгардонии молиявии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бо усули тағйирдиҳии таркиби дороиҳои онро амалӣ намояд;
– аз ташкилоти қарзӣ муваққатан ё пурра аз кор барканор кардани як ё якчанд корманди роҳбарикунандаро талаб намояд;
– аз ташкилоти қарзӣ аз вазифа сабукдўш кардани раис ё дигар узви Шўрои нозиронро дархост намояд;
– азнавташкилдиҳӣ (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, ҷудошавӣ, табдилдиҳӣ)-и ташкилоти қарзиро талаб намояд;
– барои ташкилоти қарзӣ меъёрҳои мақбулро ба мўҳлати то шаш моҳ, тағйир диҳад;
– ба ташкилоти қарзӣ иҷрои баъзе амалиёти дар иҷозатномаи он муайяншударо ба мўҳлати то дувоздаҳ моҳ боздорад;
– кушодани филиал ва воҳиди дигари сохториро ба ташкилоти қарзӣ манъ кунад;
– қабул ва интиқоли дороиҳоро аз ҷониби ташкилоти қарзӣ, инчунин пардохти суди саҳмияҳоро маҳдуд намояд;
– мутобиқи қонун нисбат ба кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ муҷозоти ҷаримавиро татбиқ кунад;
– ваколатҳои мақомоти идоракунии ташкилоти қарзи (Маҷлиси умумии саҳмиядорон (иштирокдорон), Шўрои нозирон, мақомоти иҷроия)-ро боз дошта, барои солимгардонии ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни мазкур маъмурияти муваққатӣ таъин намояд;
– ба ташкилоти қарзӣ ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавӣ ҷарима бандад;
– аз саҳмдорони ташкилоти қарзӣ пурра кардани сармояи онро талаб кунад;
– иҷозатномаи ба ташкилоти қарзӣ додашударо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи фаъолияти бонкӣ\” бозхонд намояд.
3. Бонки миллии Тоҷикистон инчунин метавонад ташкилотҳои қарзиро дар ҳолатҳои зерин ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақали сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад ва бартараф намудани камбудӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳоро дар мўҳлати муқарраргардида талаб намояд:
– агар ташкилоти қарзӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳар гуна ҳисобот, маълумоти оморӣ, дигар иттилооти нопурра ва носаҳеҳро пешниҳод намояд;
– агар ташкилоти қарзӣ маълумот оид ба муштарӣ, хавфҳои муайяни муштариёни хосааш ва ҳар гуна иттилооти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дархостшударо пешниҳод накунад ё пешниҳоди онро ба таъхир андозад;
– барои камбудӣ ва қонунвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи санҷиши бевоситаи фаъолияти ташкилоти қарзӣ ошкор гардидаанд.
4. Дар ҳолати талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро накардани ташкилоти қарзӣ, ҷаримабандӣ мутобиқи қисми 3 моддаи мазкур то бартараф кардани камбудиҳо идома меёбад.
5. Маблағи ҷарима аз суратҳисоби муросилотии (корреспондентии) дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодаи ташкилоти қарзӣ, бе супориши он ситонида мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани чунин суратҳисоб дар Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи ҷарима аз ташкилоти қарзӣ тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад.
6. Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз чониби Раёсат муайян карда мешавад.
7. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар моддаи мазкур пешбинигардидаро Бонки миллии Тоҷикистон дар мўҳлати як сол аз рўзи аз ҷониби ташкилоти қарзӣ содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо, аммо на дертар аз се моҳ баъди ошкор шудани онҳо амалӣ менамояд.
8. Татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, масъулияти ташкилоти қарзиро тибқи дигар қонунҳо истисно намекунад.

Моддаи 49. Маъмурияти муваққатӣ

1. Маъмурияти муваққатӣ мақоми махсуси идоракунии ташкилоти қарзӣ мебошад, ки бо мақсади пешгирӣ кардани муфлисшавии он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мўҳлати то шаш моҳ таъин карда мешавад.
2. Мўҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ имкон дорад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон то шаш моҳ тамдид карда шавад.
3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ (ё тамдид кардани мўҳлати ваколатҳои он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мўҳлати на дертар аз панҷ рўз аз санаи қабули он тавассути ду рўзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
4. Роҳбарии маъмурияти муваққатиро мудири он (мудири муваққатӣ), ки аз номи ташкилоти қарзӣ бе ваколатнома амал мекунад, анҷом медиҳад.
5. Мудири муваққатӣ аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ё мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, таъин карда мешавад ва:
– намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба дастурҳои он итоат мекунад ва дар тамоми давраи иҷрои ўҳдадориҳояш ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;
– ба муқаррароти Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, дастурамалу амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ташкилоти қарзӣ итоат менамояд. Мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, бояд ба талаботи тахассусӣ, ки нисбат ба роҳбарони ташкилотҳои қарзӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи фаъолияти бонкӣ\” татбиқ мегарданд, ҷавобгў бошанд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолати зарурӣ мудири муваққатиро иваз ё аз вазифа барканор намояд.

Моддаи 50. Асос барои таъин намудани маъмурияти муваққатӣ

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад маъмурияти муваққатиро дар ҳолатҳои зерин таъин намояд, агар:
– Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки ташкилоти қарзӣ ягон муқаррароти қонун, санади меъёрии ҳуқуқӣ, амрнома ё дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон ро риоя накардааст ё бо ягон намуди фаъолияти шубҳаовар (беэътимод), ки вазъи ташкилоти қарзиро заиф намуда, манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ қарор додааст ё боиси талаф шудани дороиҳои ташкилоти қарзӣ гардидааст, машғул шудааст;
– Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки ташкилоти қарзӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
– Бонки миллии Тоҷикистон ошкор кунад, ки ташкилоти қарзӣ барои пешбурди амалиёти бонкӣ дар ҳолати ноустувор қарор дорад ва ин ҳолатро зуд беҳтар карда наметавонад;
– ташкилоти қарзӣ аз ўҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш монеъ гардад;
– ташкилоти қарзӣ бо қарори Шўрои нозирон ё саҳмдорон таъини маъмурияти муваққатиро талаб кунад;
– сармояи ташкилоти қарзӣ аз 50 фоизи ҳадди муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон барои кифоятии сармоя тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон \”Дар бораи фаъолияти бонкӣ\” камтар шавад;
– фаъолияти ташкилоти қарзӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфовар бошад.

Моддаи 51. Натиҷаҳои таъин намудани маъмурияти муваққатӣ

Баъди таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ:
– ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмдорон, пасандоздорон ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ доранд, боздошта шуда, ба мудири муваққатӣ дода мешаванд. Касе ҳақ надорад барои додани ҳуқуқҳо ба мудири муваққатӣ ё амалӣ намудани онҳо аз тарафи вай монеъ гардад;
– ҳар гуна амал ё қароре, ки аз тарафи ташкилоти қарзии дар итоати маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё аз номи он (ё аз тарафи саҳмдорон ё роҳбарони он) қабул мешавад, беэътибор мебошад, агар он аз тарафи мудири муваққатӣ ё таҳти роҳбарии вай қабул нашуда бошад, аз ҷумла интиқоли пул ё коғазҳои қиматнок, ки бонкҳо тавассути низоми ҳисоббаробаркунии пардохт ё низоми ҳисоббаробаркунии коғазҳои қиматнок анҷом додаанд ва онҳо қабл аз ба кор оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ бебозхонд шудаанд;
– мўҳлати муқарраркардаи қонун, шартнома ё ба таври дигар муқарраршуда, ки баъди ба охир расидани он ҳар гуна талабот ё ҳуқуқи ташкилоти қарзӣ қатъ меёбад ё пардохт карда мешавад, худ аз худ аз рўзи сипаришавии он ба мўҳлати шаш моҳ тамдид карда мешавад.

Моддаи 52. Вазифаҳои маъмурияти муваққатӣ

Маъмурияти муваққатӣ нисбат ба ташкилоти қарзӣ фавран чораҳои зеринро меандешад:
– ҳамаи кўшишҳои худро софдилона барои таъмини нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзӣ ба харҷ медиҳад;
– ҳисобрасии муфассали (инвентаризатсияи) дороиҳо, аз ҷумла дороиҳои воқеӣ ва ўҳдадориҳои ташкилоти қарзиро оғоз менамояд;
– ба тамоми воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ оид ба ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзӣ огоҳиномаро бо зикри санаи ба иҷрои ўҳдадориҳои худ оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ, ки он набояд аз санаи ирсоли огоҳинома пештар бошад, ирсол менамояд;
– тавассути рўзномаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ, он ҷойҳое, ки воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзӣ ҷойгиранд, оид ба оғози фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзӣ эълон менамояд;
– ҳамаи молу мулки воқеӣ, сабтҳо ва дигар дороиҳои ташкилоти қарзиро, аз ҷумла аз бонкҳои фаръии он бозпас мегирад;
– ҳуқуқ дорад кормандони роҳбарикунанда ва кормандони дигари ташкилоти қарзиро аз вазифа барканор ва ё озод намояд;
– иваз намудани ҳамаи қулфҳо, маҳдуд намудани иҷозати гирифтани калидҳои онҳо, тағйир додани рамзҳои истифодаи компютерҳо, додани рухсатномаҳои нав, бекор кардани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзӣ амал мекарданд, инчунин муқаррар намудани маҳдудиятҳои дигарро барои дастрасии объектҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзӣ анҷом медиҳад;
– ташкилотҳои қарзӣ, бақайдгирандагон, намояндаҳо ва агентҳо, ки ба коғазҳои қиматнок сару кор доранд, инчунин идоракунандагони дороиҳои берунии ташкилоти қарзиро дар бораи тағйир ёфтани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзӣ дастурҳо медоданд, огоҳ менамояд;
– ҳама гуна пардохтҳоро ба моликон, саҳмдорон ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ба истиснои музди меҳнати онҳо бозмедорад;
– дар тамоми филиалҳои ташкилоти қарзӣ намояндаҳои худро таъин менамояд.

Моддаи 53. Ҳисоботи мудири муваққатӣ

1. Мудири муваққатӣ дар давоми сӣ рўз пас аз санаи таъин шуданаш ба Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи вазъи молиявӣ ва нақшаи солимгардонии ташкилоти қарзӣ ҳисоботи пешакӣ пешниҳод мекунад, ки иборат аз:
1) ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзӣ, ки аз ҷониби мудири муваққатӣ таҳия гардида, дар он вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзӣ нишон дода мешавад;
2) тавсияи андешидани яке аз чораҳои зерин нисбат ба ташкилоти қарзӣ:
а) солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ на танҳо бо роҳи таҷдиди сохтори он, балки бо истифода аз ваколатҳои дар моддаҳои 55-58 пешбинишуда;
б) бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ.
2. Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи мудири муваққатӣ дар муддати понздаҳ рўз қарори дахлдор қабул мекунад.
3. Мудири муваққатӣ вазифадор аст, ки ҳар моҳ оид ба фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот диҳад.

Моддаи 54. Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон ва
иҷрои ўҳдадориҳои дигари ташкилоти қарзӣ

1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, ки дар он маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст, метавонад пардохти маблағро аз рўи ҳар гуна ўҳдадории ташкилоти қарзӣ то як моҳ боздорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин мўҳлатро ба як моҳи дигар тамдид намояд, вале ин мўҳлат набояд аз се моҳ зиёд бошад.
2. Дар давраи мораторияи пардохтҳо ба оғози парвандаи судӣ, идомаи парвандаҳои оғозшуда ё таъқиби судӣ барои иҷрои маҷбурӣ ё ба иҷро кардани ҳуқуқи гарав нисбат ба молу мулки ташкилоти қарзӣ роҳ дода намешавад. Дар ин давра бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзӣ ҳамчун гарав, соҳиб шудани қарздеҳ ба ҳуқуқи қонеъгардонии афзалиятнок аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои мавҷуд будани санадҳои судӣ, ки қабл аз таъини маъмурияти муваққатӣ қабул шудаанд, манъ аст.

Моддаи 55. Амалӣ намудани нақшаи солимгардонии вазъи молиявии
ташкилоти қарзӣ

1. Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудани қарор дар бораи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ бо истифода аз ваколатҳои махсус, мудири муваққатӣ метавонад таҷдиди сохтори ташкилоти қарзиро тибқи моддаҳои 56-59 тариқи зайл анҷом диҳад:
– пурра кардани сармояи ташкилоти қарзӣ;
– ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавии ташкилоти қарзӣ бо дигар ташкилоти қарзӣ ё додани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилоти қарзӣ ба ташкилоти қарзии дигар;
– интиқол ё фурўши ҳар гуна дороӣ ё ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ба ташкилоти қарзии дигар.
2. Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ваколатҳои назорат ё имтиёзҳои саҳмдорон (ҳукуқи афзалиятнок) харид нисбат ба барориши саҳмияҳо, талаботи аз ҷониби саҳмдорон тасдиқ шудани амалиёте, ки ба сармоя ё молу мулки ташкилоти қарзӣ таъсир мерасонад ва ғайра) ба таҷдиди сохтор, ки мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад, монеъ намегарданд.
3. Ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ, ки аз рўи созишномаҳояш сари вақт иҷро нашудаанд ва ё бекор карда шудаанд, ҳангоми татбиқи чораҳо оид ба таҷдиди сохтор ба инобат гирифта намешаванд.

Моддаи 56. Пурра кардани сармоя

Бо мақсади пурра кардани сармояи ташкилоти қарзие, ки дар он маъмурияти муваққатӣ таъин шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои андешидани чораҳои зарурӣ ё қобили қабули зерин ваколатдор намояд:
– аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои бекурбшуда ва мутаносибан кам кардани сармояи ташкилоти қарзӣ;
– барориши саҳмияҳои иловагии навъҳои мавҷуда ё саҳмияҳои нав ё ҳар ду;
– ба саҳмияҳои оддӣ табдил додани қарзи субординарии ташкилоти қарзӣ;
– кам кардани сармояи ташкилоти қарзӣ тавассути бозхариди саҳмияҳои мувофиқи обуна баровардашуда ё безътибор донистани саҳмияҳо бидуни қонеъгардонии талаботи мутақобил;
– дигар ваколатҳое, ки барои пурра кардани сармояи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода мешаванд.

Моддаи 57. Харидан, ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавӣ

Харидани ташкилоти қарзии аз тарафи маъмурияти муваққатӣ идорашаванда аз ҷониби дигар ташкилоти қарзӣ (ё ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавии он бо дигар ташкилоти қарзӣ) имкон дорад бо роҳи интиқол додани қисми зиёди саҳмияҳои ташкилоти қарзӣ ба дигар ташкилоти қарзӣ ба ивази саҳмияҳо ё маблағҳои пулии он ё ба ивази ҳар ду анҷом дода шавад.

Моддаи 58. Интиқоли дорои ва ўҳдадориҳо

Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои интиқол додани ҳамаи дорои ва ўҳдадориҳои ташкилоти қарзие, ки аз тарафи маъмурияти муваққатӣ идора мешавад ё интиқол додани як қисми онҳо ба дигар ташкилоти қарзӣ ваколатдор намояд.

Моддаи 59. Ҳимояи қарздеҳ ва тартиби пардохти ҷуброн

1. Интиқоли дороиҳо ҳангоми таҷдиди сохтор дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
– интиқоли молу мулки таҳти гарав қарордошта (дар доираи ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдории ҳар гуна дорои ё молу мулк, гарави молу мулки ғайриманқул ё ҳар гуна намуди дигари ҳуқуқи гарав), агар дар баробари он ўҳдадории ташкилоти қарзӣ ва манфиати ба ҳуқуқи гарав вобастаи он низ интиқол дода нашавад;
– додани танҳо як қисми ҳуқуқу ўҳдадориҳое, ки дар қарордод ҷиҳати ҳисоббаробаркунии талаботи мутақобила зикр шудаанд.
2. Агар мутобиқи арзёбии мустақил қарздеҳи ташкилоти қарзие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, бинобар таҷдиди сохтор дар ҳолати бадтар аз ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ қарор дошта бошад, он гоҳ қарздеҳи мазкур барои гирифтани ҷубронпулӣ ва маблағе, ки қарздеҳро дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ баробар мекунад, ҳуқуқ дорад.

Моддаи 60. Ваколатҳои мудири муваққатӣ

1. Мудири муваққатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) давом додани иҷрои амалиёти бонкӣ аз номи ташкилоти қарзӣ ё қатъ намудани онҳо;
2) ҷалби қарзҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон;
3) иҷрои ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ё маҳдуд кардани онҳо;
4) тағйир додани меъёрҳои фоизӣ аз рўи ўҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ то меъёрҳои дахлдори дар бозор амалкунанда;
5) ба кор ҷалб кардани шахсони мансабдор, кормандон ва мушовирони зарурӣ;
6) қатъ намудани шартномаи кироя барои хизматрасонӣ ё шартномаи иҷора, ки ташкилоти қарзӣ иштирокчии он мебошад;
7) ифшои иттилоот дар бораи ташкилотҳои қарзӣ ва амалиёти онҳо, аз ҷумла иттилооти дорои хусусияти махфӣ бо мақсади солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ;
8) хариду фурўши мол, хизматрасонӣ ё молу мулки дигар аз номи ташкилоти қарзӣ;
9) барориши ҳама гуна воситаҳои пардохтӣ аз номи ташкилоти қарзӣ;
10) ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намудан аз номи ташкилоти қарзӣ дар суд;
11) анҷом додани амалҳои зерин дар бораи баргардонидани маблағҳои мўҳлати пардохташон гузашта:
а) фурўши молу мулки ба гарав гирифташуда;
б) аз қарздорон талаб намудани пардохти қарзҳои мўҳлаташон гузашта, пешниҳоди таъминот ва кафолатҳои иловагӣ;
12) ба имзо расондани қарордод бо қарздорон дар бораи пеш аз мўҳлат пардохт намудани қарз;
13) пешниҳод намудани харидории қарзҳои пардохтанашуда ба шахсони дигар;
14) андешидани чораҳо дар бораи баргардонидани дигар қарзҳои қарздорони ташкилоти қарзӣ;
15) анҷом додани чораҳои зарурии дигар на танҳо тавассути азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзӣ бо роҳи тағйир додани шакли ташкилию ҳукуқии он ва табдилдиҳии он ба ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ.
2. Мудири муваққатӣ ҳуқуқи боздоштан ё бекор кардани ҳар гуна қарори мақомоти идоракунии ташкилоти қарзиро, ки мухолифи манфиати муштариён ва пасандоздорон аст, дорад.

Моддаи 61. Анҷоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ

1. Фаъолияти маъмурияти муваққатӣ баъди ба охир расидани мўҳлати ваколатҳо (ё мўҳлати тамдиди он) ё қабл аз ба охир расидани ин мўҳлат (ё мўҳлати тамдиди он) бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки асосҳои таъин шудани он бартараф шудаанд ё мутобиқи моддаи 53 Қонуни мазкур барқарор кардани ташкилоти қарзӣ имконнопазир аст.
2. Баъди ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ бинобар беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ:
– тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбат ба ташкилоти қарзӣ, мақомоти идоракунӣ, кормандони роҳбарикунандаи он муқаррар шуда буданд, бекор мегарданд;
– ҳамаи тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, мақомоти идоракунӣ ва ҳайати кормандони ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун ҳангоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ворид шудаанд, амал мекунанд.

Моддаи 62. Барҳам додани ташкилоти қарзӣ

Агар фаъолияти маъмурияти муваққатӣ боиси беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкии онро бозхонда, ба суд бо ариза дар бораи барҳам додани ташкилоти қарзӣ тибқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.