Среда, Ноябрь 20Вместе создадим светлое будущее!


АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИ

Низоми ҳозираи қонуниятҳои пайдоиш ва зарурияти бонк Фаҳмиши ҳозираи моҳияти бонк, тарзи фаъолияти он ва мақоми бонкҳоро дар иқтисодиёт сохтор ва мазмуни асосии қонуниятҳои бонкӣ муайян месозад.АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКИ
Нақша:

Низоми ҳозираи қонуииятҳои пайдоиш ва зарурияти бонк
Фаҳмиши у мумии қонуниятҳои бонкӣ
Асосҳои қопупии фаъолияти бонкҳои ҳозиразамоп
Низоми ҳозираи қонуниятҳои пайдоиш ва зарурияти бонк
Фаҳмиши ҳозираи моҳияти бонк, тарзи фаъолияти он ва мақоми бонкҳоро дар иқтисодиёт сохтор ва мазмуни асосии қонуниятҳои бонкӣ муайян месозад. Ин равандҳо худ аз худ пайдо намешаванд. Баръакс, онҳо акси раванди таърихиро инъикос намуда, ҳолатҳои тараққиёти хоҷагии халқро инъ- икос менамоянд.
Қонуниятҳои бонкӣ дар чорчӯбаи сохти ҷамъиятии мав- ҷуда ташаккул меёбад. Дар ин марҳила талаботҳои хоҷаги- дорӣ таъсири махсус мерасонанд.
Фаъолияти бонкҳои марказӣ талаб ба миён меоварданд, ки давлат бояд чунин қонунҳои алоҳидаи бонкиеро тартиб диҳад, ки он вазифа ва ҳуқуқҳои бонкҳоро муайян намояд. Муомилоти пулӣ талаб ба миён овард, ки ба воситаи қонун мавқеи бонки марказиро чун муассисаи интишории ягонае, ки бояд таъмини доимии пулро ба зима гирад, муайян со- зад.
Дар натиҷаи тараққиёти бозори амволи ғайриманқул талабот ба миён омад, ки бонкҳои гаравӣ (ипотекӣ) ташкил карда шаванд.
Қонунҳои бонкӣ асосан дар се марҳила ташкил карда шудаанд.
Марҳилаи якум ду қонунро дар мегирад:

Қонун дар бораи бонки миллӣ;
Қонун дар бораи фаъолияти бонкӣ.
Дар марҳилаи дуюм дар низоми қонунбарории бонкӣ бояд қонунҳое интишор шаванд, ки дар якҷоягӣ ҳам танзим ва ҳам фаъолияти бонкиро дар бар гиранд. Ба ин қабил қо- нунҳо қонун дар бораи коғазҳои қиматнок ва бозори ко- ғазҳои қиматнок, гарав (ипотека), амалиётҳои боваринок (траст) ва ғайраҳо дохил мешаванд.
Дар марҳилаи сеюм қонунҳои таъсироти умумӣ дошта нашр карда мешаванд. Ба онҳо инҳо дохил мешаванд: Ко- декси шаҳрвандӣ, Конститутсия ва ғайраҳо
Қонунҳои танзими фаъолияти бонкӣ асосан барои бонк- ҳо зарур аст, дар онҳо меъёрҳои қонунй, амаликунони онҳо, доираи гузарондан ва нагузаронидани амалитётҳои бонкй, қоидаҳои додани иҷозатномаҳо, ҷавобгариҳо ва ӯҳдадориҳо, назорат ва ғайраҳо дарҷ мегарданд. Маълум аст, ки қонунҳои бонкй худ аз худ амал намекунанд, онҳо ба воқеъаҳои иқтисодй ва сиёсй таъсир мерасонанд, ба қонунҳои умумй такя мекунанд. Бинобарин муҳим аст, ки қонунҳои бонкй ба қонунҳои умумй такя намоянд. Бонкҳои тиҷоратй тарафдори онанд, ки ҳамаи масъалаҳои зарурие, ки дар Бонки миллй баррасй мешаванд, бояд дар қонун дар бораи Бонки миллй таҷассум ёбад.
Қонунҳои бонкй барои мизоҷони бонк низ хело ҳам за- руранд, зеро, ки тамоми муносибатҳои бонк бо мизоҷон дар асоси шартнома мувофиқи қонун бе ягон шахси сеюм амалй мегардад.
Ғайр аз қонунҳои бонкй барои танзими фаъолияти бонкй Дастурамалу Низомномаҳои Бонки миллй нашр карда мешаванд, ки мизоҷон бояд бо онҳо шинос шавад, зеро онҳо хуб медонад, ки ҳар як талаботҳои бонкй асосҳои ҳуқуқиро доранд.
Қонуниятҳои бонкй барои тараққиёти хоҷагии халқ низ аҳамияти калон дорад. Бонкҳо дар масъалаи тақсимоти за- хираҳои пулй, ҷалби онҳо, маблағгузориҳо ва додани қарзҳо роли калонро мебозанд. Онҳо қодиранд суръати тараққиёти иқтисодиро боз доранд ё тезонанд.
Давлат муфлисшавии бонкҳоро намехоҳад, зеро ин муф- лисшавй ба кам шудани микдори ёрии молй, сустшавии му- омилоти иқтисодй таъсири манфй мерасонад.
Фаъолияти бонкй аз иҷрои амалиётҳои бонкй ва хизмат- расониҳои бонкй cap мешавад, ки онҳо дорой хусусиятҳои хосанд.

Ҳамчун жуассисаи пулй-қарзй, бонкҳо ба воситаи пул амалиёту хизматрасониҳои бонкиро иҷро мекунанд.
Ин амалиёту хизматрасониҳо характери тиҷоратй доранд, ин аст ки барои иҷрои кор бонкҳо подош мегиранд
Амалиёту хизматрасониҳои бонк дар шакли худ- ихтиёри амалй мегарданд. Бонк ва мизоҷон мувофиҳи хо- ҳишашон худашон якдигарро интихоб мекунанд. Мизоҷон ҳақ дорад дар бонкҳои гуногун суратҳисоб кушояд
Амалиётҳо ва хизматрасониҳо ба бонкй, иловагй ва
ғайрибонкй тақсим мешаванд.

Иҷрои амалиётҳо ва хизматрасониҳо аз тарафи бонкҳо маҳсулоти бонкй номида мешавад
Ҳар як бонк мувофиқи қонун дар он сурат метавонад бонк бошад, ки се амалиётҳои асосиро аз қабили амалиётҳои амонатй, қарзй ва ҳисоботй иҷро намояд ва ҳуқуқи гуза- ронидани ин амалиётҳоро дошта бошад, яъне иҷозатномаи Бонки миллиро дошта бошад.
Фаъолияти бонкҳои ҳозиразамон махдуд набуда, онҳо метавонанд ғайр аз амалиётҳои анъанавй дигар амалиётҳоро низ гузаронанд. Ба ин амалиётҳо дохил мешаванд:
амалиётҳое, ки ҳисобҳои клирингиро ҷорӣ менамоянд; амалиётҳое, ки вазифаи пулрасонӣ, васиқарасонӣ, ҳуҷ- ҷатҳои пардохтӣ ва ҳисобиро иҷро мекунанд;
амалиётҳо нисбати ҷалби металлҳои қиматбаҳо дар пасандозҳо;
амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷй ба тариқи накдӣ ва ғайринақдӣ;
амалиётҳо оиди додани кафолатҳои бонкӣ.
Дар қатори амалиётҳои анъанавии амоната, ҳисобӣ ва қарзӣ ин панҷ амалиётҳо ба худ мақоми амалиётҳои бонкиро гирифта ва ин амалиётҳоро мувофиқи қонун метавонанд танҳо бонкҳо иҷро намоянд.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.