Пятница, Ноябрь 22Вместе создадим светлое будущее!


НИЗОМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ БОНКӢ

Қарзи байналхалкй ҷузъи муҳимтарини муносибатхои байналхалқии иқтисодй ва қувваи пешбарандаи инкишофи алоқаҳои хоҷагии ҷаҳонй ба ҳисоб меравад. Қарзи байналхалқй ин қарзест, ки онро давлат, бонкхо, дигар шахсони ҳуқуқй ва воқеъии як давлат ба бонкхо, дигар шахсони ҳуқуқи ва воқеии давлати дигар медиханд.Ташкилотҳои молиявии минтақавӣ
Ташкилотҳои молиявии минтақавӣ низ ташкилотҳои асъорию қарзие мебошанд, ки дар асоси шартномаҳои баӣ- нидавлатӣ ва бо роҳи муттаҳид кардани захираҳои асъории мамлакатҳои минтақаи муайян ташкил шудаанд. Мақсади ташкили онҳо ҷамъи захираҳои озод ва истифодаи онҳо барои пешрафти иқтисоди минтақа ва ҳалли масъалаҳои умумӣ дар соҳаи муносибатҳои асъорӣ мебошад.
Ба ин гурӯҳ Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки африкоии рушду Бонки баӣниамрикоии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки
Осиёи марказии хамкорию рушд, Хазинаи арабии асъор ва ғайра дохил мешаванд.
Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (European Bank for Reconstruction and Development) соли 1991 бо мақсади ёрӣ ба мамлакатҳои соҳибистиклолшуда таъсис дода шудааст. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Лондони Британияи Кабир ҷоӣ- гир аст. Бонк бештар хусусияти тиҷоратй дошта, ба соҳаҳои ғайридавлатй қарз медиҳад. Тоҷикистон низ дар қатори \’ дигар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравй саҳмдори ин бонк буда, аз қарзҳои он истифода мекунад. Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд дар Тоҷикистон ба ширкати «Оби зулол» ва бонкҳои тиҷоратй қарзҳои дарозмудцат додааст. Илова ба он, ин бонк соҳиби кисме аз саҳмияҳои бонкҳо, аз он ҷумла бонки «Эсхата» мебошад. %
Бонки аврупоии сармоягузорӣ (European Investment Bank) муассисаи молиявии Иттиҳоди Аврупоӣ буда, соли 1957 барои дастгирии рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоӣ таъсис дода шудааст. Маблағҳои асъории он барои таъмини рушди баробарвазни иқтисодиёти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоӣ равона шудаанд. Аслан он ба малакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупоӣ қарз медиҳад. Қисми ками қарзҳои он ба мамлакатҳои ҳамкори Иттиҳоди Аврупоӣ, ба монанди Туркия, Булгория ва ғайра дода шудааст.
Бонки осиёии рушд (Asian Development Bank) соли 1966 аз ҷониби кишварҳои осиёй (Чин, Ҷопон, Корея ва ғайра) таъсис дода шудааст. Баъдан ба он кишварҳои дигари аврупой (ба монанди Финландия, Фаронса, Олмон) ва осиё, аз он ҷумла Тоҷикистон (соли 1998) ворид шудаанд. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Манилаи кишвари Филиппин ҷоӣгир шудааст.
Бонк беҳтаркардани шароити зисти мардуми минтақаро вазифаи асосии худ дониста, онро бо роҳҳои зерин амалӣ мегардонад: додани қарзҳои имтиёзнок, ёрии техникй, маблағҳои бебозгашт, гаравномаҳо барои қарзҳои аз
кишвару ташкилотҳои молиявии дигар гирифташуда, сармоягузорӣ.
Тоҷикистон бо Бонки осиёии рушд ҳамкории зич дорад. Дар ин давра (аз соли 1998 то ба ҳол) Бонки осиёии рушд ба Тоҷикистон ба маблаги зиёд ёрии техники ва қарзй расони- дааст. Масалан, таъмири роҳҳои Душанбе – Қурғонтеппа- Кӯлоб, Душанбе – Вахдат –
Нуробод – сарҳади Қирғизистон, силсилаи обтаъминкунии ноҳияи Ёвон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Бо мақсади кам кардани сатҳи камбизоатй барномаҳои зиёди дигар дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ иҷро шудаанд. Бонки осиёии рушд то соли 2007 ба Тоҷи- кистон 56 ёрии техникй, 9 ёрии бебозгашт (грант) ва 24 қарз додааст, ки маблағи умумиашон 307.33 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад
Бонки африкоии рушд (African development bank) соли 1964 аз ҷониби
мамлакатҳои мингақаи Африқо бо мақсади мусоидат ба пешрафти
иқтисодиёти кишварҳои африқоӣ таъсис дода шудааст. Баъдан
қисме аз кишварҳои аврупой ба узвияти он ҳамроҳ шуданд. Аз
қарзҳои он аслан кишварҳои қафомондаи африқоӣ истифода мекунанд 21). Анбӯхи восита дар ҳоли пардохти ҳарсола
Бонки баӣниамрикоии рушд (InterAmerican Development Bank) соли 1959 бо мақсади дастгирии рушди иқтисодиёти кишварҳои Амрикои лотинй таъсис дода шудааст. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Вашингтони ИМА чоӣгир мебошад. Қарзҳои он ба рушди иқтисодиёт, дастгирии корхонаҳои хурду миёна, соҳаи маорифу тандурустӣ ва инфра-сохтор равона шудаанд.
Бонки исломии рушд (Islamic Development Bank) соли 1973 аз ҷониби кишварҳои исломӣ таъсис дода шудааст. Точикистон ба узвияти он соли 1997 (маҷлиси солонаи бонк дар шаҳри Конакри, Гвинея) қабул шудааст. Мақсади бонк мусоидат ба рушди иқтисодиёти кишварҳои аъзои он ва ҷаҳонӣ исломӣ мутобиқ ба қоидаҳои Шариат мебошад. Ба ҳайати бонк Иттиҳодияи исломӣ барои рушди бахши хусусӣ (Islamic Corporation for the Development of the Private Sector),
110
Иттиҳодияи исломй барои суғуртаи сармоягузорй ва қарзҳои содиротӣ (Islamic Corporation for Insurance of Investment and Export Credit), Пажӯҳишгоҳи исломии тадқиқот ва омӯзиш (Islamic Research and Training Institute) дохил мешаванд. Ҳар кадоми ин муассисаҳо вазифаҳои муаӣяни худро доранд.
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд соли 1998 шурӯъ шуда, то ба имрӯз давом дорад. Бонк бо қарзҳои бефоизи худ дар пешрафти иқтисодиёти кишвари мо саҳми хоса дорад. Қарзҳои он барои барқарор кардани мактабу касалхонахо, сохтмони иншоотҳои нав, хариди таҷҳизот ва мақсадҳои дигар сарф шудаанд. Масалан, қисми зиёди шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма (сарҳади Чин) аз
ҳисоби карзҳои Бонки исломии рушд сохта шудааст.
Бонки Осиёи марказии хамкорию рушд (Centralasian Bank for Cooperation and Development) соли 1995 аз ҷониби кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистону Узбекистан таъсис дода шуд. Баъдан ба он Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Қароргоҳи бонк дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон ҷойгир шуда, мақсади ташкили он татбиқи барномаҳои калони моҳияти минтақавӣ дошта мебошад. Бонк то ба имрӯз чандин барно- маҳоро дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя маблағгузорӣ кардааст.
Хазинаи арабии асъор (Arab Monetary Fund) соли 1976 аз ҷониби 20 мамлакати арабзабон (қароргоҳаш шаҳри Рабати кишвари Марокко) таъсис дода шудааст. Мақсади ташкили ин хазина таъмини устувории асъорҳои кишварҳои араб, ҳамоҳанг кардани сиёсати иқтисодию асъории онҳо мебошад.
Ба гурӯҳи бонкҳои минтақавӣ инчунин Бонки баӣнидав- латӣ (қароргоҳаш дар шаҳри Маскав, Федератсияи Русия), Бонки рушди Евразия (қароргоҳаш дар шаҳри Остонаи Қазокистон) ва ғайраро ворид намудан мумкин аст, ки аз ҷониби чанд кишвар таъсис дода шудаанду ба иқтисодиёти онҳо хизмат мерасонанд.
КОРҲОИ АМАЛИ
ИСТИЛОҲОТҲОРО ШАРҲ ДИҲЕД
1. Истилоҳот:
Низоми бонкӣ Бонкҳои тиҷоратй Амалиётҳои комиссионӣ Бонкҳои махсусгардондашуда Амалиётҳои пассивй Амалиётҳои депозита Меъёри расмии ҳисобгирй Амалиётҳои трастй Бонки марказӣ Бахшҳои бонк Амалиётҳои активӣ Қарзи байнибонкӣ Хадамоти иттилоотӣ Аккредитив Иттиҳоди бонкӣ
Амалиётҳои ҳисобй, хазинавй Клиринги байнибонкй Лигатура
Суратҳисоби ҷории асъорй
Қарзи молй
Қарзи тиҷоратй
Ҳисоби филизй
Лизинг
Ипотека
Бозори дохилии асъор Амалиётҳои хазинавй Форфетиркунонй
Аффинаж 21). Анбӯҳи восита дар ҳоли пардохти ҳарсола
Ҳисоби транзитаи асъор Қарзи онколӣ
Шарҳи истилоҳотҳо:
Амалиёти бонк нисбати ҷалби воситаҳои пулии шахсони ҳуқуқӣ ва воқей барои амонат ба мӯҳлати муайян ё то дархост кардан.
Шакли асосии ҳисоби ғайринақцӣ.
Ба Идораи боваринок гузаронидани коғазҳои қиматноки алоҳида ва сандуқи онҳо; иҷрои вазифаи пардохт нисбат ба хизматрасонии коғазҳои қиматнок; идора кардани активҳои фондҳои нафақа, сармоягузорӣ ва ғайраҳо.

Амалиёте, ки бонк онро бо супориши муштариёнаш иҷро карда, барои ин кор аз муштарӣ подош мегирад.
Қарзе, ки як бонки тиҷоратй ба бонки дигар медиҳад.
Маҷмӯи амалиётҳое, ки ба мақсади фароҳамоварии захираҳои бонки тиҷоратй истифода бурда мешавад.
Ҷобаҷокунии захираҳои худӣ ва ҷалбшудаи бонк ба мақсади ҳарчӣ бисёртар ба даст даровардани фоида.
Аз тарафи бонк ба ивази подоши хизмат муштариёнро таъмин кардан аз ахбороти характери тиҷоратй ва ғайри- тиҷоратй дошта.
Ин бонки марказй, муассисаи қарзй ва ассотсиатсияи онҳо ба ҳисоб меравад.
Муассисаи қарзии кулле, ки дар бозори молӣ доираи васеи
амалиётҳоро иҷро мекунад.
Сохтори бонки тиҷоратие, ки берун аз ҷой ҷойгир- шавии бонк мавқеъ дошта, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ҳукми қонунӣ ва тавозуни худихтиёр надорад.
Муассисаи ҷамъиятии ғайритиҷоратиест, ки аъзои он бонкҳои тиҷоратй буда, ба мақсади ҳимояи манфиатҳояшон дар мақомотҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва додгоҳи ҳакамият, инчунин якҷоякунию такмилкунии фаъолияти онҳо таъсис дода мешавад.
Фоизи қарз, ки Бонки марказӣ дар вақти ба бонкҳои тиҷоратй додани қарзҳо истифода мебарад.
Бонке, ки ҳамчун эмиссиягар ба таври расмӣ сиёсати пулӣ- қарзии давлатро мебарад.
Бонкҳое, ки фаъолияташон маҳдуд буда, танҳо як ё якчанд амалиётҳои бонкиро иҷро мекунанд.
Фулузотҳое, ки ба мақсади ба онҳо додани сифати гудозиши беҳтар ба қатори фулузоти қиматбаҳо дохил карда мешаванд.
Ҳисоби бонкие, ки дар он тозагии миқцори муайяни фулузоти он бо грамм чен карда мешавад.
Тарзи ба даст даровардани фулузоти қиматбаҳои аълосифат ба воситаи ҷудокунӣ ва тозакунии он аз ҳар гуна ахлотҳо.
Амалиёте, ки бо бурдани ҳисобҳо бо пули миллӣ ва асъорӣ хориҷй, бурдани ҳисобҳо ва пардохтҳои муштариён, аз як ҳисоб ба ҳисоби дигар гузаронидани маблағ бо шакли ғайринақдӣ, додани пули нақц аз суратҳисоб ва ба сурат- ҳисоб дохил кардани он, нигоҳ доштан ва ҳамлу нақл кардани маблағи пулӣ вобастанд.
Фаъолияти бонк ба ҳамлу нақл, нигоҳ доштан ва интиқолу додани пули нақц вобаст аст.
Низоми ҳисоби ғайринақдӣ байни бонкҳо бо роҳи ба ҳисоб гирифтан ӯхдадориҳои пулии дутарафаи шахсони воқеъӣ.
Шакли иҷораи дарозмуддат ки мутобиқи он молу мулк барои фаъолияти тиҷоратй ба мӯҳлати муайян дода мешавад.
Шакли кдрздиҳии экспортёр бо роҳи аз тарафи бонк бе гардиш харида гирифтани васиқаҳо аз ҳисоби амалиётҳои савдои берунӣ.
Шакли қарздиҳй, ки тибқи он қарз барои харидор дар шакли зам кардани мӯҳлати пардохт дода мешавад.
Гарави воситаи ғайриманқул барои таъмин кардани ӯхдадориҳои пулии кредитор нисбати қарздор.
Ҳисобе, ки ба мақсади ҳисоб кардани амалиётҳои асъории аз ҳисоби воридоти мол (кор ва ҳизматрасонй) до- хилшуда кушода мешавад.
Ҳолатҳои ташкил ва идоракунии муносибатҳои пу- лие, ки дар вақти гардиши асъор ва когазҳои қиматнок бо асъор ба амал меоянд.
Ҳисобе, ки ба мақсади бурдани ҳисобу китоби амалиётҳо бо асъорӣ дар бозори дохилии асъор ба даст даро- вардашуда кушода шудааст.
Бозоресг, ки аз бонкҳои ваколатдор ва дигар ташкилотҳои молиявии ғайрибонкии ваколатдор, мубодилаи асъор ва барномаҳои асъор иборЛ восита даРхРли Щдхти
Қарзе, ки барои таъминоташ коғазҳои қиматнок ва мол гузошта шуда, дар ҳолатҳои зарурӣ бо талаби қарздиҳанда дарҳол пардохт карда мешавад.
4.2. МАСЪАЛАҲОРО ҲАЛ НАМОЕД:
Дар ҳолати зиёд кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ аз 20% то 30% маълум гардид, ки барои низоми бонкӣ ба таври илова захира ба маблағи 60 млн. сомонӣ зарур аст?
Дар ҳолате, ки маблаги захираро зиёд кардан номумкин аст, пас ҳаҷми маҷмӯи пулро бояд чӣ қадар кам кардан лозим аст?
Меъёри захираи ҳатмӣ – 30%-и маблағи амонатҳои бе мӯҳлатро ташкил мекунад.. Низоми бонкӣ ба маблағи 15 млн. сомонӣ захираҳои барзиёдро доранд. Дар ин ҳолат низоми бонкӣ маблаги амонатҳои бемӯҳлатро чӣ қадар зиёд карда метавонанд?
Дар оғози рӯзи амалиётй пули нақц дар хазинаи бонк 32 млн. сомониро ташкил дод. Дар давоми рӯз аз ҳисоби муштариёни бахш 197,5 млн. сомонӣ пули нақц дохил шуд. Дар худи ҳамин рӯз бонк ба муштариён 184,9 млн. сомонӣ пули нақц медиҳад. Меъёри бақияи хазинаи гардишии ин бонк – 40 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Бақияи хазинаи гардиширо дар охири рӯзи амалиёти ҳисоб кунед.
Ҳисоби тавозунии бонкро тартиб диҳед, агар (ба ҳисоби ҳазор сомонӣ): сертификатҳои тиллоӣ – 10; дигар ӯҳдадориҳо ва сармояи худй – 5; коғазҳои қиматнок – 100; банкнотҳои барои ғардиш интишор кардашуда – 90; захираи бонкҳои тиҷоратй – 30; дигар активҳо – 10; депозита вазорати молия – 5; қарз барои бонкҳои
тиҷоратй – 10-ро ташкил диҳад.
Дар асоси ҳисоби тавозунии содца карда шудаи бонк ба аввали сол ҳисоби тавозунии солҳои А, Б, В, Г – ро тартиб диҳед, агар:
а) яке аз амонатгузорон тибқи чек маблағи 50 сомониро аз бонк гирифта, ба бонки дигар интиқол кардааст;
б) амонатгузор аз суратҳисобаш 50 сомониро гирифт. Бонк камомадашро аз ҳисоби БМТ ба маблағи 50 сомонй аз ин ҳисоб ҷобаҷо кард;
в) чеки ба маблағи 60 сомонӣ аз тарафи дигар бонк до- дагӣ дар ин бонк ҷой дода шуд;
г) бонк коғазҳои қиматнокро ба маблағи 100 сомонӣ мефурӯшад.
Дар асоси ин нишондиҳандаҳо тавозуни бонкро тартиб диҳед (сомонӣ):
Саҳмияи оинномавӣ – 2 227 305 Фоида – 8 154 894 Хазина – 2 695 503
Ҳисобҳои муросилотӣ дар дигар бонкҳо – 8 625 924 Воситаҳои пулӣ дар БМТ – 7 681 650 Қарзҳои додашудаи бонк – 59 908 900 Воситаҳои пулӣ дар ҳисоби дигар бонкҳо – 1 523 683 Дигар пассивҳо – 7 855 415 Дигар фондҳо – 4 575 298 Пасандозу амонатҳо – 6 293 671
Асъорӣ хориҷй ва ҳисобҳо бо амалиётҳои асъорӣ (пассив) – 2 991 709
Хариди когазҳои қиматнок – 1 262 603 Дигар активҳо – 14 649 731
Асъорӣ хориҷй ва ҳисобҳо бо амалиёти асъорӣ (актив) – 3
691 604
Иморат ва фондҳои асосй – 768 121 Иштирок дар фаъолияти муштарак (якҷоя) – 110 458 Қарзҳои аз дигар бонкҳо гирифташуда — 30 013 078 Бақия дар ҳисобҳо – 35 759 631
Ба бонки тиҷоратй аз корхонаи савдо 4 моҳ пеш аз тайёр шудани мӯҳлати пардохт васиқа ба маблағи 16 млн.
сомонӣ дохил шуд. Меъёри ҳисобии БМТ – 13%. Кадом маблағ аз
тарафи бонк барои васиқа пардохт мешавад?
Амалиёти дисконткунонии васиқа барои бонк чӣ гуна ба роҳ монда мешавад?
Агар таносуби фоида ва активҳои бонк – 3,45% ва воситаҳои худй ва ҷалбшуда 27,1% бошанд, вазъи фоида ва воситаҳои худии бонк чӣ гуна аст?
Шахси воқеӣ ба бонк маблағи 5 ООО сомонро аз рӯи меъёри 14% солона аз 11 феврал то 11 августа ҳамин сол ба амонат гузошт.
Маблаги андозро ҳисоб кунед.
Ю.Ба ҳолата 1 январ бақияи асъор дар ҳисоби ҷории корхона 3 400 доллари ИМА-ро ташкил дод. Қурби асъор ба ин давра – 28, 65 сомониро ташкил дод. Ба 1 апрел бақия дар ҳисоб дигар нашуд, вале қурби асъорӣ БМТ ^^АИЙЙШЩ РраЖ НРЙВЖ» ҳОсола
Фарқи қурби асъорро ҳисоб кунед. Ин фарқ мусбатаст, ёманфӣ?
2 июл БМТ ба бонки тиҷоратй ба маблағи 10 млн. сомонӣ барои 10 рӯз аз рӯи меъёри солонаи 16% қарзи ломбардӣ медиҳад.
Маблаги фоизҳоро барои истифодабарии қарз ҳисоб кунед.
БМТ 12 марта 2008 сол ба бонки тиҷоратй ба мӯҳлати 10 рӯз бо меъёри 14% солона ба маблағи 720 млн. сомонӣ қарзи ломбардӣ медиҳад. Мӯҳлати баргардондани қарз
22 марта 2008 сол. Дар асл қарз 26 марта 2008 сол пардохт карда
шуд.
Маблаги ҷарима ва фоизи барзиёдро ҳисоб кунед.
ҶС «Вимпел» аз бонки «Сатурн» 300 000 доллари ИМА ба мӯҳлати 3 моҳ аз рӯи меъёри солона 9% қарз гирифта, фоизҳо якбора пардохт шуданд.
117
Меъёри фоизии солона 22%. Мӯҳлати гардиши миё- наи восита дар ҳоли ҳисоб бо харидор – 14 рӯз. Харидор ҳисоб- фактураро ба маблағи 300 ООО сомонӣ пешниҳод кар- дааст.
Меь\’ёр ва маблаги пардохтро барои факторинг муайян кунед.
Нархи номиналии васиқа – 1,2 млн сомонӣ. Бонк онро харида, 6 моҳ пеш аз мӯҳлати пардохти васиқа 1 млн. сомониро пардохт мекунад.
Ҳисоби фоизӣ ва меъёри ҳисобии қарзи васиқаро ҳисоб кунед.
Бақияи воситаи пулӣ дар ҳисоби муштарй дар бонк 270 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар бонк ҳуҷҷатҳои муштарй барои пардохт ба маблағи 315 ҳазор сомонй дохил шуд. Фоизи овердрафт 13,5% – солонаро ташкил мекунад. Дохил- шавии пул ба ҳисоби муштарй баъди ҳар як 10 рӯзи баъди пардохт қарор мегирад.
Маблаги овердрафт ва пардохти фоизии онро ҳисоб кунед.
Қарзгиранда аз қарздиҳанда (кредитор) ба маблағи 1 млн. сомонӣ бо меъёри 3%-солона вом мегирад. Дар ин дав- ра таваррум (беқурбшавии пул) – 2%-ро ташкил медод.
Даромади кредиторрро дар як сол ҳисоб кунед.
Маблағи қарз – 50 ҳазор сомонӣ, меъёри фоизи ҳар- моҳҳа – 1,5%, мӯҳлати адои қарз – 6 моҳ мебошад.
Миқдори баробари маблаги пардохти ҳармоҳҳаи қарзро ҳисоб кунед.
Форфетор аз муштарй партияро иборат аз 4 васиқа, бо нархи номиналии ҳар кадомашон 750 ҳазор сомонӣ меха- рад. Пардохт аз рӯи ин васиқа соле ду маротиба, баъди ҳар як 180 рӯз амалӣ мегардад. Вобаста ба ин форфетор ба муш-
118
тарй 3 рӯзи иловагй имтиёз медиҳад. Меъёри ҳисоби васиқа
10%-и солонаро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми дисконт ва маблаги пардохти форфетор ба муштарй пардохт шавандаро ҳисоб кунед. Ба ин мақсад, формулаи дисконт, рақамҳои фоиз ва мӯҳлати миёнаи форфеткуниро истифода баред.
Ҳаққи хизматҳои факторинга 2500 сомонӣ, фоизи со- лонаи қарз – 15% – ро ташкил дод. Гардиши миёнаи восита дар ҳисоб – 10 рӯз.
Маблаги қарзи факторингиро ҳисоб кунед.
Манбаи пардохти солона барои таҳсил дар До- нишгоҳ 2000 сомонӣ буда он вобаста ба меъёри тавваррум 10% зиёд мешавад. Мӯҳлати таҳсил – 5 сол. Донишгоҳ так- лиф мекунад, ки барои 5 сол яку якбора 10 000 сомонӣ пардохт карда шавад.
Дар ҳоли дар ҳамин давра фоизи бонкии амонатҳо – 12% ва маблаги амонат – 12 000 сомонӣ будан, ин амал ба донишҷӯ фоида меоварад, ё зарар?
Манбаи пардохти солона барои таҳсил дар Донишгоҳ 2000 сомонӣ буда он вобаста ба меъёри тавварум (инфи- ласия) 15% зиёд мешавад. Мӯҳлати таҳсил – 5 сол. Донишгоҳ таклиф мекунад, ки барои 5 сол яку якбора 10 000 сомонӣ пардохт карда шавад.
Дар ҳоли дар ҳамин давра фоизи бонкии амонатҳо – 13 % ва маблаги амонат – 14 000 сомонӣ будан, ин амал ба донишҷӯ фоида меоварад, ё зарар?
Дар натиҷаи маблағгузории 2. 250 000 сомонӣ дар на- зар дошта шудааст, ки маблағи 450 000 сомонӣ фоида ба даст дароварда шавад. Дар ин давра меъёри андоз аз фоида 30 % ва меъёри қарзи бонкӣ 15 %-ро ташкил медод.
Даромаднокии пешомадаи воситаҳои худиро дар ҳолатҳои зерин ҳисоб кунед:
а) Дар ҳолати истифодабарии танҳо воситаҳои худӣ
б) Дар ҳоли истифодабарии маблагҳои қарзӣ – 750000 сомонӣ
Нишондодҳои дар масъалаи пешомадаро истифода бурда, даромаднокии воситаи худдиро ҳисоб кунед, дар ҳолате, ки воситаи ҷалбшуда 1 500 ООО соЖ! АфЩМШ дОйҲЙЖ п<рохти ҳ№ста
Сармоягузор корхонаеро ба маблағи 15 млрд. сомонӣ бояд харад. Дар сохтори пардохтҳо воситаҳои худии сармоягузор 3 млрд. сомониро ташкил доду боқимондааш – 12 млрд.сомонӣ аз ҳисоби қарзи ипотекӣ пардохт карда мешавад.
Зариби (коэффисенти) қарзи ипотекиро ҳисоб кунед.
Маблағи қарзи гирифташуда – 20 ООО сомонӣ, меъёри солона – 18%, пардохти қарз – 1 500. сомонӣ.
Мӯҳлати гардиши воситаҳоро ба воситаи амалиёти факторингӣ муайян кунед.
ҶСК «Заря» тасмим гирифт, ки ба мӯҳлати 6 моҳ маблағи 10 000 сомониро қарз гирад. Бонки «А» таклиф мекунад, ки қарз ҳармоҳа ба миқцори баробар пардохт карда шавад. Фоизи солонаи қарз – 18% (моҳона – 1,5%). Бонки «Б» ҳамин маблағи қарзро бо меъёри 15% -ии солона бо пардохтҳои гуногун, баъди тамом шудани мӯҳлати шартно- ма пешниҳод мекунад.
Маълум кунед, ки кадоме аз ин амалиётҳо барои ҶСК «Заря» қимматтар меафтад?
Баъди маблағгузории 1 500 000 сомонӣ дар назар дошта шудааст, ки ба маблағи 300 000 сомонӣ фоида ба даст дароварда шавад. Дар ҳоли дар ҳамин давра меъёри андоз аз фоида – 30%, меъёри қарзи бонкӣ – 12%, воситаҳои ҷалбшуда 500 000 сомонӣ будан, даромаднокии иқтисодӣ, тафриқаи фишанги молӣ, китфи фишинги молӣ ва самараи фишанги мо- лиро ҳисоб кунед.
Дар ҳолати маблағи қарз – 75 ООО сомон, мӯҳлати қарз – 4 моҳ, фоизии ҳармоҳа – 0,06% ва пардохти якхелаи қарз будан,
маблаги пардохти қарз ва фоизҳои ҳармоҳаро ҳисоб кунед.
Пардохти маблағи солонаи хизмати қарзӣ 180 000 сомонӣ, маблағи қарзи ипотекӣ – 1 800 сомонро ташкил дод. Қарзи ипотекӣ ба мӯҳлати 10 сол, бо меъёри 8% солона гирифта шудааст.
Меъёри доимии ипотекаро муайян кунед ва онро таҳлил намоед.
Пардохти фоизии овердрафт – 438 000 сомонӣ, бақияи маблағ дар суратҳисоби муштарии бонк – 270 000 000 сомонӣ. Ба бонк оиди аз тарафи муштарй пардохт кардани 315 000 000 сомонӣ ҳуҷҷат дохил шуд. Дохилшавии пул ба ҳисоби муштарй ҳар як 10 рӯзи баъди пардохти ӯҳдадориҳо сурат мегирад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.