Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


Бозорхои байналхалкии асъор ва молиявию карзи

Бозори байналхалкии асъор: мохият ва хусусиятхои он.Доираи махсуси муносибатхои бозори, ки ба сифати объекти додугирифти сармояи пули хизмат мекунад, бозорхои чахонии асъорро ташкил мекунад.Бозори байналхалкии асъор: мохият ва хусусиятхои он.Доираи махсуси муносибатхои бозори, ки ба сифати объекти додугирифти сармояи пули хизмат мекунад, бозорхои чахонии асъорро ташкил мекунад. Онхо дар заминаи ташаккули муносибатхои иктисодии байналхалки баркарор гаштанд. Бозори чахонии асъор ба додугирифтхои асоси оид ба хариду фуруши асъорхо, хам барои таъмини тичорати байналхалки ва хам барои гирифтани фоида ва инчунин гардиши пардохтхои байналхалкии ба пардохти пулии ухдадорихои шахсони хукуки ва вокеъии мамлакатхои гуногун вобаста буда, хизмат мекунад.
Бозорхои асъор аз ду нуктаи назар омухта мешаванд.
Аз нуктаи назари функсионали – бозори асъор ин доираи муносибатхои иктисодиест, ки хангоми гузаронидани амалиёт оид ба хариду фуруши асъори милли ва хоричи ба вучуд меояд.
Аз нуктаи назари институтсионали – бозори асъор, ин мачмуи бонкхо, муассисахои махсуси молиявию кредити, биржахои фонди, шабакахои муосири алока ва инчунин марказхои расмие мебошанд, ки дар онхо хариду фуруши асъорхои хоричи ба милли аз руи курби дар заминаи такозо ва арза баркароргашта гузаронида мешавад.
Бозори асъор дар тобеъияти конунхои ракобат карор дорад. Ба рафтори иштирокчиёни он хохиши максимизатсияи фоида бо назардошти фаркият дар курби асъорхо таъсир мерасонад. Бузургии ин фоидахо ба мувофикати доираи васеъи хатархои сиёси ва иктисоди вобаста аст. Бозорхои миллии асъор, ки ба харакати маблагхои пулии дохили мамлакат хизмат мекунанд, ба бозори чахонии асъор пайваст шуданд, дар онхо амалиёти асъори ва хисоббаробаркуние гузаронида мешаванд, ки ба харакати байналхалкии молхо, хизматхо ва сармояхо вобастаанд. Бозори чахонии асъор, ки аз душанбе то чумъа шабонарузи амал мекунад, ба як чо бозорхои миллии асъорро ба ёрии воситахои муосири коммуникатсия, ба монанди телефон, телеграф, телекс, шабакахои компютери пайваст мекунад.

Бозорхои чахонии асъор дар марказхои чахонии молияви чамъ омадаанд. Дар байни онхо бозорхои асъори Лондон, Нью-Йорк, Франкфурт-на-Майне, Париж, Сюрих, Токио, Сянган, Сингапур, Бахрайн нуфузи махсус доранд.
Бозорхои муосири чахонии асъор бо хусусиятхои асосии зерин тавсиф дода мешаванд.
1. Байналмилалишавии бозорхои асъори дар заминаи байналмилалишавии робитахои хочаги, истифодаи васеъи воситахои электронии алока ва гузаронидани амалиёт ва хисоббаробаркуни ба воситаи онхо.
2. Амалиёти пай дар пай дар давоми шабонаруз дар хамаи кисмхои чахон аз паси якдигар гузаронида мешавад.
Кор дар бозорхои асъор мувофики шабонарузхои календари бо назардошти минтакахои соати аз меридиани нули, ки аз Гринвич- Greenwich Meridian Time(GMT) мегузарад, аз Зеландияи Нав (Веллингтон) огоз шуда ва пайваста ба воситаи минтакахои соати аз Сидней, Токио, Гонконг, Сингапур, Москва, Франкфурт-на-Майне, Лондон, Ню-Йорк ва Лос-Анчелес мегузарад.
3. Техникаи амалиёти асъори ба як шакл оварда шудааст, хисоббаробаркунихо ба истифода аз хисобхои муросилотии бонкхо гузаронида мешаванд.
4.Амалиёти ханноти (спекулятиви) ва арбитражи аз амалиёти асъории ба муомилоти тичорати вобаста хеле зиёд аст, теъдоди иштирокчиёни онхо якбора зиёд шуд ва на факат бонкхо ва КФМ, балки дигар шахсони хукуки ва хатто вокеъиро дарбар мегирад.
5.Ноустувории курби асъорхо, ки ба монанди молхои махсуси биржавист, тамоюлхои аз омилхои фундаменталии иктисоди новобастаи худро дорад. Бозори чахонии асъор-бозори пуриктидор ва фаъол, аммо хеле дакик ба навигарихои иктисоди ва сиёси мебошад.

Мавкеи пешсафро бозори асъори Лондон (400 – 460 млрд. долл., ё ин ки зиёда аз 30%-и муомилоти харрузаи асъор дар чахон) нигох медорад. Ин нишондиханда 9 маротиба аз хачми амалиёти асъори дар Париж, 5 маротиба дар Франкфурт – на –Майне, 2 маротиба – дар Ню-Йорк зиёд аст. Дар замони муосир 40%-и гардиши чахонии асъорро бозори Европа, 40% -ро Америкои, 20%-ро бозори Осиёги ташкил мекунад.
Дар минтакаи Осиё бо суръати баландтар бозори асъори Сингапур ташаккул ёфта истодааст, ки аз руи гардиши рузона (139 млрд. долл.) чои дуюмро баъди Токио (149 млрд. долл.) ишгол мекунад.
2.Иштирокчиёни асосии бозори чахонии асъор
Дарачаи тараккиёт ва хачми бозори асъор ба хайъати сахмдорони он, сатхи иштирок ва микдори амалиёти онхо вобаста аст. Сахмдорони бозори асъор бонкхои тичорати ва маркази, биржахои асъор, агентии брокери, корпоратсияхои байналхалки мебошанд.
Бонкхои тичорати на факат портфели худро аз хисоби дороихои хоричи диверсификатсия мекунанд, балки муомилоти асъориро аз номи ширкатхои ба бозорхои хоричи ба сифати содиркунанда ва воридкунанда шомилшуда мегузаронанд.
Мувофики конунхои миллии бонки ё ин ки асъори, бонкхои тичорати амалиёти байналхалки ва муомилаи асъориро дар сурати гирифтани ичозатномаи махсус (литзенсия) гузаронида метавонанд. Бонкхое, ки ба онхо хукуки гузаронидани амалиёти асъори дода шудааст, бонкхои намояндаги, девизи ё ин ки асъори номида мешаванд.

На хамаи бонкхои девизи метавонанд дар сатхи баробар дар амалиёти бозори асъор иштирок намоянд. Вусъати бонк, шухрати бонк, дарачаи ташаккули шабакаю шуъбахо ва филиалхои хоричи, хачми хисоббаробаркунии байналхалкии ба воситаи бонк амалишаванда – омилхое мебошанд, ки ба андозаи хеле калон накши онро дар бозорхои асъор муайян мекунанд. Накши муайянро махдудиятхои асъории (даври) вакт –вакт такроршаванда, вазъи алокаи телекси ва телефони дар махалхои чойгиршудаи бонк ва инчунин сиёсати он ичро мекунад. Бинобар ин хачми зиёди амалиёти асъориро хиссаи бонкхои фаромилали (БФМ): Citibank^Chase Manhattan Bank^ Deutsche Bank^ Dresden Bank^Barclays Bank^Union Bank of Switzerland^ Sumitomo Bank^ Mitsubishi Bank^ ABN Amro ва дигархо ташкил менамояд. Ин бонкхо муомиларо дар хачми хеле калон (100-500 млн. долл.) мегузаронанд, хол он ки муомилаи стандарти аз 1 то 10 млн. долл. ба вазъи бозори асъор таъсири зиёд мерасонад ва дар гузаронидани муомилаи фоидаовар бартарияти ракобати дорад. Онхо дорои шабакахои шуъбаи хоричи буда, шабонарузи амалиёти асъориро муттасил ба воситаи шуъбахои хоричии худ мегузаронанд.
Бонкхои калон, дар мадди аввал БФМ, шуъбаи асъори бо МЭХ, алокаи телефони ва телексии мучаххаз дорад ва ба дигар бонкхо, ширкатхои миёнарави брокери ва марказхои молиявии чахони робитаи доими дорад. Онхо бо алокаи тасвири ба агентии телеграфи (Рейтер ва гайра) пайваст мебошанд, ки доимо оид ба ходисахои сиёси ва иктисоди ва инчунин оид ба курби асъорхо хабар медиханд.
Дар Чумхурии Точикистон якчанд бонкхои тичорати литсензияи генерали барои гузаронидани амалиёти асъори доранд ва онхо дар бозори байнибонкии асъор иштирок менамоянд. Дар катори онхо БДСТ «Точиксо-диротбонк», БСТСС «Ориёнбонк», БСТСС «Агроинвестбонк», БДА «Амонатбонк», БТ «Кафолат», БСТ «Эсхата», БТ «Хучанд» ва дигархо.
Бонкхои маркази (милли) дар бозори асъор иштирок намуда, захирахои асъориро идора мекунанд, курби асъори миллиро дастгири менамояд, мудохилаи асъори мегузаронанд ва инчунин меъёри фоизи маблаггузориро дар асъори милли, хамчун воситаи конунии пардохт танзим менамояд.
Чадвали 19
Мархалахои гузариши мамлакатхои собик
Чамохири Шурави ба асъорхои милли

Усули гузариш ба асъорхои милли
Давлат

Мархалахои гузариш ба асъорхои милли

Гузариши якбора ба асъори милли дар гардиши накди ва гайринакди

Эстония, Киргизистон, Туркманистон, Казокистон, Армения

20.06.02 с – крона
10.05.93 с. – сом
01.11.93 с. – монат
15.11. 93 с. – тенге
22.11.93 с. – драм
Дар давраи аз 22.11. 93 с. то 16.03.94 с. барои истифодаи параллелии рубли советии на-мунаи солхои 1991-1992 дар гардиши накди ичозат буд. Аз 16.03.94 с. онхо аз гардиш гирифта шуда, бо вохидхои пули милли иваз карда шуданд.

Усули мобайни: гузариши якбора ба воситаи транзити ва пардохт дар гардиши накди ва гайринакди бо минбаъд гузаштан ба асъори милли

Гурчистон,
,збекистон

01.08.93 с. – купон. Ба истифодаи параллелии рубли русии намунаи соли 1993 дар гардиши накди ичозат буд.
02.10.95 с. – лари
15.11.93 с. – сум – купон. Ба истифодаи параллелии рубли русии намунаи соли 1993 дар гардиши накди ичозат буд.
01.07.94 с. – сум

Модели дуусулии гузариш: «рубли совети-воситаи транзитии пардохт- асъори милли».

Литва

01.10.92 с. – гузариш ба воситаи мобайнии пардохт дар гардиши накд ва гайринакди.
25.06.93 с. – ворид кардани асъори милли (лита) ба гардиши параллелии накд.
20.07.93 с. – гузариши пурра ба лит дар гардиши накд ва гайринакди

Латвия

07.05.92 с. – ворид кардани воситаи мобайнии пардохт (рублис) ба гардиши параллелии накд.
20.06.92 с. – гузариши пурра ба рублис дар гардиши накд ва гайринакди
05.03.93 с. – ворид кардани асъори милли (лат) ба гардиши параллелии накд.
28.06.93 с. – гузариши пурра ба лат дар гардиши накд ва гайринакди

Молдова

01.07.93 с. – ворид кардани воситаи мобайнии пардохт (рубли молдови) дар гардиши гайринакди
20.07.93 с. – ворид кардани воситаи мобайнии пардохт (купон) ва асъори милли (лея) дар гардиши параллелии накд.
29.11.93 с. – гузариши пурра ба лей дар гардиши накд ва гайринакди

Мархала ба мархала гузаштан ба асъори милли
А) азнавсозии гардиши гайринакди кабл аз баркароршавии гардиши накди ба миён меояд.

Россия

01.07.92 с. – гузариш ба рубли руси дар гардиши гайринакди
26.07.93 с. – гузариш ба рубли руси дар гардиши накд.

Точикистон

Дар муомилоти гайринакди – рубли милли
Дар муомилоти накд – рубли русии намунаи соли 1993
10.05.95 с.- рубли точики дар гардиши накд ва гайринакди
30.05.2000 с. – рубли точики ва сомони дар гардиши накд ва сомони дар гардиши гайринакди
01.04.2001 с. – сомони дар гардиши накд ва гайринакди

б) азнавсозии гардиши накд кабл аз баркароршавии гардиши гайринакди ба миён меояд.

Украина

10.01.92 с. – ворид кардани воситаи махсуси пардохт (купон) бо гардиши параллелии накд.
12.11.92 с. – гузариш ба воситаи мобайнии пардохт (карбован) дар гардиши накд (ва гайринакди).
Аз соли 1996 асъори пурарзиши милли – гривна ворид шуд.

Беларус

Майи соли 1992 – ворид кардани воситаи мобайнии пардохт (рубеля) дар гардиши параллелии накд.
Июли соли 1993 – гузариши пурра ба асъори милли (рубли белоруси) дар гардиши накд ва гайринакди.

Озарбойчон

15.08.93 с. – ворид кардани асъори милли (манат) дар гардиши параллелии накд.
01.01. 94 с. – гузариши пурра ба манат дар гардиши накд ва гайринакди

Бонкхои Маркази дар танзими бозори миллии асъор, хусусан дар мамлакатхои иктисодиёти давраи гузариш накши хеле калон мебозанд. Вазифаи асосии Бонки миллии Точикистон дар доираи сиёсати асъор – ин нигох доштани курби асъори милли мебошад, ки он то андозае бо рохи иштирок ва фаъолияти бонк дар бозори асъор ба амал бароварда мешавад.
Сахмдори нави бозори асъор институтхои характери гайрибонкидошта (фондхои сугуртави ва нафакави, ширкатхои сармоягузори) мебошанд, ки идораи диверсификатсионии портфелии дороихоро бо чойгирнамоии асъор дар когазхои киматноки бозоргир ва эътимодноки хукуматхо ва корпоратсияхои мамлакатхои гуногун гузаронида истодаанд.

Аз хама зиёдтар фонди «Quantum» –и Чорч Сорос, фонди ”Dean Witter”, хедч-фонди байналхалкии «Long – Term Capital Management” шухрати баланд доранд. Дар шароити либерализатсияи бозорхои асъор пайдоиши онхо ба зарурияти сугуртаи рискхои зиёдшудаи асъори ва кредити вобаста аст. Дар таъсиси онхо, одатан, БФМ ва фондхои сармоягузори иштирок мекунанд. Бинобар ин дар хедч-фондхо маблагхои хеле калон чамъ мешаванд, ки на факат сугуртаи рискхо, балки бастани карордодхои ханнотии калонро имконпазир мегардонад, ки кобилияти паст кардани курби асъори мамлакатхои начандон калонро дорад. Чунин холат ба асъори Малайзия, Индонезия ва Гонконг тобистони соли 1998 рух дод, ки боиси реаксияи тези ин мамлакатхо гардида, барои манъ кардани чунин ханнотии калон дар территорияи онхо овард.
Халкаи таркиби дар сохтори институтсионалии бозори асъор фирмаи брокери мебошад, ки ба воситаи вай тахминан 30%-и амалиёти асъори (дар бозори Лондон – 35%) гузаронида мешавад ва вазифаи миёнаравиро дар байни фурушандагон ва харидорони асъор ичро менамояд. Дар катори бартариятхои кор ба воситаи брокер – нихонгузарии (хариду фуруш), муттасилии чараёни муайянкунии нархи асъор, имконияти пешниходи хусусии нарх мансуб мебошад. Ширкатхои брокери барои миёнарави комиссия меситонанд (то 20 долл. ШМА ба хар як миллион доллари харидшуда ё ин ки фурухташуда ва ё эквиваленти он). Бо ташаккули воситахои электронии алокаи байнибонки ва такмилёбии муомилоти асъор (Рейтер – дилинг, Телерейт) накши ширкатхои брокери дар бозори байнибонки паст шуд, гарчанде онхо накши мухимро дар амалиёти шахсони хусуси ва ширкатхои начандон калон ичро карда истодаанд.
Мавкеи асосиро дар байни ширкатхои брокери-дилери «Mеррил-Линч» (Merrill Lynch Pierce Fenner & Smith), И.Ф.Хаттон (Е.F&Hutton)^ «Голдман Сакс» (Goldman Sachs)^ «Морган Стэнли» (Morgan Stanly) ишгол менамоянд.
Аз нуктаи назари институтсионали биржахои асъори низ сахмдорони бозори асъор мебошанд. Аммо дар солхои охир онхо дар бозори асъор накши хеле ночиз мебозанд. Онхо факат дар баъзе мамлакатхо (РФГ, Фаронса, Япония, мамлакатхои Бенилюкс, Скандинавия) боки мондаанд ва амал мекунанд ва вазифаи асосии онхо аз ташкили тичорати асъор, чалби захирахои (ресурсхои) озод, сабти курби маълумотии асъорхо иборат аст.
Муомилот бо асъори хоричи мавкеи махсусро дар фаъолияти корпоратсияи фаромилали ишгол мекунад. Онхо ба сифати сахмдорони асосии бозорхои асъор баромад менамоянд.

Ин мувофики сиёсати онхо – диверсификатсияи дороихои асъори, такмили идоракунии воситахои зудфурушии худи, кушиши кам кардани риски зарар аз бекурбшавии дороихо дар асъорхои ноустувор, гирифтани фоида аз ханноти дар тафовути курби асъорхо муайян карда мешавад. Агар курби ин ё он асъор тамоюли пастрави дошта бошад, он гох КФМ дороихои худро ба вохиди пулии нисбатан устувор мегузаронад ва, хамин тавр, онхоро аз хисоби минбаъд бад кардани мавкеъи асъори сустшуда мустахкам месозад. Амалиёти КФМ дар бозори асъор яке аз омилхои тагйирдихандаи курби асъорхои асоси ба шумор меравад.
Ба хизматрасонии бонкхо ва муассисахои молиявии гайрибонки сахмдорони индивидуалии бозорхои асъор низ мурочиат менамоянд, гарчанде онхо хеле кам ба хачми амалиёти бозори асъор таъсир мерасонанд. Масалан, сайёхони берун аз марзи мамлакати худ ба саёхат рафта; шахсони гирандаи маблагхои пулии интиколи аз хешовандони дар хорича икоматдошта; сармоягузорони хусусии ба иктисодиёти хоричи сармоя гузошта ва гайра.
3.Намудхои асосии бозори чахонии асъор ва карз.
Дар вобастаги ба хачм ва хислати амалиёти асъори намудхои зерини бозорхои асъор, яъне милли, минтакави, чахониро фарк мекунанд. Бозорхои милли ва минтакавии асъор додугирифтро ба мачмуи муайяни асъорхои кобили табдили озод ва баъзе вохидхои махалии пардохт дар микдори махдуд мегузаронанд, хол он ки дар бозорхои чахони амалиёти якхела факат ба асъори кобили табдили озод ва дар хачми хеле бисёр гузаронида мешавад, ки хачми умумии он то ба 1,6 – 2 трлн. доллари ШМА харруз мерасад.
Вобаста ба мухлати гузаронидани амалиёти асъори фарк мекунанд:

бозори «spot), спот» (ё ин ки бозори тахвили фаврии асъор дар давраи 2 рузи кори, яъне хисоббаробаркунии фаври аз руи муомилот гузаронида мешавад.
бозори мухлатнок (форвардии) асъор, ки дар он хисоббаробаркуни аз руи шартнома баъд аз давраи муайяни вакт (дар оянда) бо истифодаи карордодхои мухлатнок дар бораи хариди асъор гузаронида мешавад.
Дар сохтори бозори асъор секторхои муайян чудо карда мешаванд, ки микёси амалиёти асъориро муайян мекунанд. Сектори аз хама инкишофёфтаи бозори асъор бозори байнибонки (то 90%-и хачми муомила) мебошад, ки ба бозори мустаким ва брокери (наздик 30% -и амалиёти асъори) таксим мешавад. Секторхои дигари бозори асъор бозори биржави (тахминан 9-10%-и хачми муомила) ва клиенти таксим мешавад, ки ба он 1% -и маблаги пардохтхо мувофик меояд.
Евробозор-ин бозоре мебошад, ки дар он амалиётхои карзию молияви дар евровалюта гузаронида мешаванд. Евроасъор ин асъори озодбадалшавандаи дилхох мамлакате мебошад, ки ба суръатхисобхои бонкхои хоричи гузаронида шуда дар амалиётхои хамами мамлакатхо аз он чумла мамлакати асъори додашуда истифода бурда мешавад.
Евробозор бозори хукумати ва ё давлати набуда пайдоиши онхо бо талаботи корхонахо, сармоягузорон ва мамлакатхои гуногун асоснок карда мешаванд. Амалиётхо дар евробозор аз зери танзими асъории давлат ва конунгузории андозии мамлакати муайян мебароянд. Евробозор дар охирхои солхои 50-ум ба миён омада ба сабабхои пайдоиши он дохил мекунанд:

ба миён омадани таклифот барои чойгиркунии доллархои ШМА берун аз бозори асъори он,
талаботи калон ба доллархои ШМА дар Аврупо,
регламентацияи хукуматхои ШМА, ки амалиётхои асъориро бо доллар дар бозори озод дар дохили мамлакат нисбат ба хорича мушкил мегардонанд,
4)хохиши бонкхои аврупои барои ёфтани воситаи молиякунонии амлаиётхои байналхалки.
Инкишофи фаъолонаи евробозор дар солхои 60-70-ум ба он оварда расонид, ки дар давоми солхои 80-ум ва ибтидои солхои 90-ум онхо фаъолияти худро васеъ намуданд. Аз солхои 80-ум сар карда инкишофи босуръати бозори когазхои кимматнок – бозори еврооблигацияхо, евроакцияхо ва воситахои нави молияви ба амал омад. Еврооблигацияхо барои амалигардонии еврозаймхо истифода бурда мешаванд.
Вазифахои бозорхои асъор.
1. Бозори асъор, пеш аз хама, хизматрасонии асъорию кредити ва хисоббаробаркунии амалиёти содироту воридот ва инчунин амалиёти асъории ба сармоягузори берун аз марзи иктисодиёти милли вобаста хизмат мерасонад.
2.Вазифаи дигари бозори асъор диверсификатсиякунонии (баркароршавии дороихо дар асъорхои гуногуни устувор) захирахои асъории бонкхо, корхонахо, давлат ва субъектхои дигари муносибатхои иктисодии байналхалки мебошад.
3. Амалиёт дар бозори асъор имконияти танзими курби асъорро (бозори ва давлати) барои халли масъалахои гуногуни макроиктисоди фарохам меоварад.
4. Ба гайр аз ин, бозори асъор имконияти хечкунони, яъне сугуртаи хатархои асъориро медихад. Дар вакти хечкунони агентхои иктисоди кам кардани риски ба пасту баландашвии курби асъор вобастаро, ки ба сармояи онхо таъсири манфи расонида метавонад, дар назар дошта, кушиш ба харч медиханд, ки аз ухдадорихои соф дар асъори хоричи озод бошанд, яъне баланси байни активхо ва пассивхо дар ин асъор таъмин шавад.
5. Нихоят, бозори асъор имконияти гузаронидани ханнотии асъориро медихад, яъне бози кардан бо нархи минбаъдаи асъор. Рафтори сахмдорони бозори асъор, ки хохиши гирифтани бурди максимали аз муомилаи асъор доранд, ба тафовути байни ставкаи фоиз дар бозори милли ва хоричии пул ва инчунин ба дигаргунихои чашмдошти курби асъор вобаста аст.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.