Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Коидаҳои бархам додани бонк

То бархам додани бонки саҳомию тичорати, Бонки милли (маркази) чораҳои заруриро оид ба ислох кардани фаъолияти ин бонк ё ташкилоти молиявии гайрибонки меандешад. Яке аз ин чорачуиҳо таъин намудани маъмурияти муваккатй (мудири муваккати) аст.То бархам додани бонки саҳомию тичорати, Бонки милли (маркази) чораҳои заруриро оид ба ислох кардани фаъолияти ин бонк ё ташкилоти молиявии гайрибонки меандешад. Яке аз ин чорачуиҳо таъин намудани маъмурияти муваккатй (мудири муваккати) аст. Мудири муваккати барои идора намудани бонк ва ихтиёрдории амволи он дар сурати мавчуд будани як ё якчанд ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
Дар ҳолате, ки бонк гайри кобили пардохт бошад, яъне бонк аз ухдаи ичрои талаботи амонатгузорон ё пардохти ухдадориҳои худ баромада натавонад, арзиши пассивҳои он аз арзиши активҳояш зиёд бошад;
Бонк ба таври дигар, дар ҳолатҳои хатарнок ё гайри муътадил карор дорад.
Ба мудири муваккати хамаи ваколатҳо, аз чумла нисбати активҳои он, ки раиси бонк ва мудирон доранд, дода мешавад ва хамаи ваколатҳои онҳо худ аз худ боз дошта шуда, ба тартиби мукарраркардаи Конун ба мудири муваккати дода мешавад.
Мудири муваккати баъди таъин шуданаш фавран бояд чунин тадбирҳо андешад:
а) дар хамаи утокҳои кории бонк оид ба мукаррар шудани маъмурияти муваккати бо зикри таърих ва вакти таъин шудани ин маъмурият эълонҳо овезад;
б) хамин гуна эълонҳоро дар махалли мавчудияти бонк бо воситаи ахбор ё дигар навъи муҳобирот ба иттилои муштариёни бонк расонад:
в) ба Бонки милли (маркази) аз ичрои ин корҳо дар мухлати се руз хабар дихад.
Баъд аз анчоми ин корҳо мудири муваккати оид ба идора кардани бонк чанд кори дигарро низ бояд ба анчом расонад, яъне баъзе аз рохбарони бонк ё кормандони онро аз кори бонк барканор созад. Хамаи кулфҳоро иваз намояд, коди компютерҳоро тагйир дихад ва дигар корҳои заруриро барои бемамониат ичро намудани вазифааш анчом дихад.
Мудири муваккати баъди таъин шуданаш дар давоми панч руз оид ба вазъи молияви ва пешомади бонк ба Раёсати Бонки милли (маркази) хисоботи хатти пешниҳод мекунад. Дар рафти тахдили пешомади бонк мудири муваккати тавозунҳои (балансҳои) намунави тайёр намуда, руйхати норасоиҳои мавчударо тартиб медих.ад.
Баъди гирифтани хисоботи мудири муваккати Раёсати Бонки милли (маркази) яке аз карорҳои зеринро кабул мекунад:
а) агар хисоботи мудири муваккати бозҳонда гирифтани ичозатномаи (литсензияи) бонкиро тавсия кунад, Бонки милли (маркази) ичозатномаи бонкиро бозҳонда мегирад, мудири бархамдихии бонкро таъин мекунад ва дар бораи бархамдихии бонк амр медихад;
б) агар хисоботи мудири муваккати накшаи баркарор кардан ё дигаргунсозии сохтори бонкро талаб кунад, мувофики тартиботи муайяншуда Бонки милли (маркази) ё накшаи пешниҳодшударо рад карда, сабабҳои бад шудани онро нишон медихад ва ё накшаи пешниҳодшударо бо тагйироту иловаҳо аз руи салохдиди Раёсат тасдик мекунад ва ба мудири муваккати ичро намудани накшаро супориш медихад.
Агар Раёсати Бонки милли (маркази) ба бархамдихии бонк амр дихад, мудири бархамдихи таъин мекунад. Мудири бархамдихи:
1. Баъди таъин шуданаш якбора вориси хамаи хукукҳои мудири муваккати мешавад ва хамаи амалиёти бонкиро катъ мекунад;
2. Хамаи чораҳои заруриро барои ошкор кардани тамоми активҳо ва амволи бонк меандешад.
Ин гуна чорабиниҳо инҳоянд:
а) тахияи руйхати активҳо ва амволи бонк, ки кобили бархамдихи мебошанд ва тайёр намудани нусхаҳои чунин руйхат барои шинос намудани ахли чамъият;
б) баъди як муддати муайяни шинос шудани ахли чамъият бо ин руйхат, ба фуруш ва ё таксимоти активҳо ва амволи бонк шуруъ мекунад;
в) ба хар муштари, ки моликияти вай дар ихтиёри бонк карор дорад, барои баргардонида гирифтани он хабар медихад ва талаботи онҳоро мувофики дастуруламалҳои мавчуда конеъ мегардонад ва гайра.
Мудири бархамдихи, дар давоми се хафта пай дар пай дар рузномаҳои ба хамаи махалҳои аҳолинишин пахншаванда, ки дар он чо шуъбаҳои бонк амал мекарданд, дар бораи бархамдихии бонк огахинома чоп мекунад. Баъд аз он тартиб ва навбати пардохти талаботи муштариёни бонкро омода сохта, аз хисоби захираҳо ва фуруши амволи бонк талаботи муштариёнро конеъ мегардонад.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.