Вторник, Ноябрь 12Вместе создадим светлое будущее!


Низоми бонкии Ҷумхурии Тоҷикистон дар замони ҳозира

Хар мамлакати мустакил, ки бо усулҳои иктисоди бозори амал менамояд ё ба ин бозор дохил шуда истодааст, бояд низоми инкишофёфтаи бонки дошта бошад. Зеро барои фаъолият намудан дар шароити иктисоди бозори бонкҳо накши асосиро ичро мекунанд. Бонкҳо на танҳо амонат ва пасандозҳоро кабул менамоянд, балки тавассути бонкҳо тамоми пардохтҳои пули амали мегарданд.
Имруз дар Чумхурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон хамчун бонки маркази ва теъдоди зиёди бонкҳои саҳомию тиҷорати амал менамоянд.Хар мамлакати мустакил, ки бо усулҳои иктисоди бозори амал менамояд ё ба ин бозор дохил шуда истодааст, бояд низоми инкишофёфтаи бонки дошта бошад. Зеро барои фаъолият намудан дар шароити иктисоди бозори бонкҳо накши асосиро ичро мекунанд. Бонкҳо на танҳо амонат ва пасандозҳоро кабул менамоянд, балки тавассути бонкҳо тамоми пардохтҳои пули амали мегарданд.
Имруз дар Чумхурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон хамчун бонки маркази ва теъдоди зиёди бонкҳои саҳомию тиҷорати амал менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон, чи тавре, ки дар боло зикр кардем, дар заминаи Бонки давлатии собик Иттиҳоди Шурави дар соли 1991 таъсис дода шудааст. Бонкҳои сохавие, ки вучуд доштанд аз 1 январи соли 1992 ба бонкҳои саҳомию тиҷорати табдил гаштанд. Имруз дар чумхури бонкҳои тиҷорати ва саҳомию тиҷоратии зерин фаъолият мекунанд:
Бонки саҳомию тиҷоратии саноату сохтмони \”Ориёнбонк\”;
Бонки саҳомию тиҷоратии сармоягузории зироат ва саноати \”Агроинвестбонк\”;
Бонки саҳомию тиҷоратии тараккиёти ичтимоиёт ва сохибкори \”Тоҷикбонкбизнес\”,
Вазъи молиявии ин бонк дар натичаи риоя накардани коидаҳои доду ситони карз бисёр кохиш ёфт ва теъдоди зиёди муштариёни он хисобҳои худро аз ин бонк гирифта, дар бонкҳои дигар ифтитох намуданд ва дар охир ин бонк имконияти фаъолият карданро аз даст дод ва аз мохи июни соли 1999 чихати бархам додани он Бонки миллии Тоҷикистон карор кабул кард.
Соли 1990 дар Чумхурии Тоҷикистон Шуъбаи Бонки фаъолияти иктисоди ҳоричии ИЧШС ташкил дода шуда буд ва мохи марти соли 1992 ба Бонки давлатию саҳомии фаъолияти иктисоди ҳоричии Чумхурии Тоҷикистон \”Тоҷиксодиротбонк\” табдил дода шуд.
Бонки амонатгузории Чумхурии Тоҷикистон соли 1992 дар асоси шуъбаи чумхуриявии Бонки амонатгузории собик Иттиҳоди Шурави ташкил карда шуд. Баъдтар мувофики Фармони Президенти Чумхурии Тоҷикистон тахти №1123 аз 26 ноябри соли 1998 \”Дар бораи азнавтаъсисдихии Бонки амонатгузории Чумхурии Тоҷикистон\”, ин бонк ба Бонки давлатии амонатгузории Чумхурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
Бонкҳои саҳомию тиҷоратии мустакил дар кишварамон аз соли 1992 таъсис дода шуданд, ба монанди: Бонки саҳомию тиҷоратии \”Тоҷбонк\”, Бонки тиҷоратии \”Фонон\”, Бонки тиҷоратии \”Хучанд\”.Соли 1993 бонки тиҷоратии \”Сомонбонк\”, Бонки саҳомию тиҷоратии \”Ганчина\”, Бонки саҳомию тиҷоратии \”Акбарбонк\”,Бонки кооперативию колҳозии \”Дехконбонк\” таъсис ёфтанд.
Соли 1994 Бонки тиҷоратии \”Эсхата\”, Бонки тиҷоратиикооперативию универсалии \”Айём\” ва дар соли 1995Бонки тиҷоратии \”Текстинвестбанк\”, Бонки саҳомию тиҷоратии тачдид ва инкишофи саноати Тоҷикистон \”Тоҷпромбонк\” таъсис дода шуданд. Хамин тавр, таъсисдихии бонкҳо давом ёфта, дар солҳои 1996-1997 боз бонкҳои нав созмон дода шуданд ва дар ин сол ба системаи бонкии кишвар Бонки универсалии саҳомию тиҷоратии тараккиёти савдо ва хуроки умуми \”Торибонк\”, Бонкитиҷоратии \”Душанбе\”, Бонки тиҷоратии \”Ришта\”, Бонкитиҷоратии \”Зироат\”, Бонки муштараки Люксембургу Тоҷикистон \”Исткредитбонк\” ва Бонки саҳомию тиҷоратии \”Илҳом\” хамрох гардиданд.
Кобили тазаккур аст, ки фаъолият намудан дар шароити иктисоди бозори, талаб менамояд, ки бонк бояд барои хаматарафа дар ин бозор фаъолият намудан тайёр бошад. Мутаассифона, баъзе аз бонкҳои навташкил аз ухдаи дар иктисоди бозори амал кардан баромада натавонистанд, меъёрҳои иктисодии аз тарафи Бонки милиии Тоҷикистон мукарраршударо риоя накарданд ва дар натича кисме аз онҳо ба бонкҳои дигар хамрох шуданд ва кисми дигарашон бархам дода шуданд. Ҳоло низ бархам додани теъдоди бонкҳои тиҷоратие, ки барои фаъолият намудан сармояи кофи надоранд, давом дорад ва дар оянда хамон бонкҳое амал карда метавонанд, ки ба талаботи иктисоди бозори чавобгу мебошанд. Фаъолияти Бонки сахҳомию тиҷоратии тараккиёти ичтимоиёт ва сохибкории \”Тоҷикбонкбизнес\” бинобар суст шудани вазъи молиявиаш аз 15 сентябри соли 2000 катъ гардид.


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.