Контактная информация

Шарму ҳаё ҳусну зиннати инсон аст. Ҳар шахсе, ки бошарму ҳаёст ҳамеша аз хислати ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархурдор аст. Аслан ин қабил одамон фурутану боҳиммат ва дуран­дешу донишманд мешаванд. Фурутаниву боҳимматӣ тоҷи сари шахси бошарму ҳаё буда, ба ҳусни ӯ ҳусни дигаре зам мекунад. Хусусан шарму ҳаё ба зебогии духтарон ҳусни дучанд ато намуда, онҳоро боз ҳам зеботару дилкаш месозанд. Аз ин рӯ, аз чеҳраи шахсоне, ки ба худ фурӯтаниву боҳимматиро пеша карданд, мудом нур меборанд. Нуре, ки онро ҳамчун нури адаб эътирофаш карданд. Нурест, ки шахсро аз ҳаргуна нокомиҳо нигоҳ медорад. Вобаста ба ин ингуна шахсон ба хубӣ медонанд, ки бузурге гуфта:

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки шарму ҳаё аст, манманиҳо нишонае набуда, пешрафту нумӯъ ба назар мерасад. Аз ин хотир адаб, шарму ҳаё роҳнамоӣ зиндагӣ буда, онро ҳамчун чароғаки раҳнамо ба низоми муайян медарорад. Бинобар ин дар оилае, ки одоб бошад, шарму ҳаё бошад шодиву нишот низ ҳукм меронад. Дар ингуна хонадон мудом файзу барака ҳукм меронад. Нисбати ин хонадон шахсони дигар бо ҳавас менигаранд.
Аз ин андешаҳо чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб, ки худ ифодагари шарму ҳаёст, худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Зиндагӣ ҷоме моро водор месозад андеша ва нигоҳи худро нисбати мароми зиндагӣ дигар кунем. Онро аз нуқтаи назари адаб, илму маърифат баҳодод намоем. Ҳар як ҳодисотро бо тарозуи ақл, адаб, шарму ҳаё баркашем. Дар ин маврид як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирӯз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рўӯз маҳв мекунад. Мисли оне, ки равшании офтоб пардаи торикии шабро медарад.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, адабро ганҷи қиммат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд, ки ин бешубҳа сарчашмаи шарму ҳаёи инсонӣ ба шумор меравад. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,
Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Мутассифона дар шароити кунунӣ на ҳама наврасону ҷавонон бошарму ҳаёанд. Хусусан ҷавондухтарон аз доираи одобу ахлоқ кайҳо берун шуда шарму ҳаёи шарқиёнаи худро фаромӯш кардаанд. Аз даҳони онҳо шахс суханҳои қабеҳро шунида нисбати онҳо нафрат пайдо мекунад. Нафрат ба оне, ки сарчашмаи ҳусну ҷамол, зебоиву латофат ба сарчашмаи бадбахтиҳо, фисқу фуҷур табдил ёфтааст. Шумораи ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, кӯдакону наврасон, ҷавондухтарон рӯз ба рӯз афзуда истодааст, ки ин ба ҳастии миллат хатари ҷиддиро эҷод мекунад. Ғайр аз ин вақтҳои охир теъдоди ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти одоби ҳамида ҳастанд ба маротиб афзуда истодааст. Дар кӯчаю хиёбонҳо бо овози баланд ҳарф мезананд, ҳамдигарро ҳақорат мекунанд, гӯё ин суханон суханони муқаррарии онҳо бошад. Ин амали бемавқеъ ба манфиати ҷомеаи навину демократӣ нест. Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар руҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин са­раввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебоӣ, ки моломоли адаб, шарму ҳаёст ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядат аввал адаб андӯхтан,
Пас дигар касро адаб омӯхтан.

Оре, шарму ҳаё, иффату покдоманӣ, хислатҳои бузурги инсонианд, ки одамиятро зебу зиннат, обрӯю эьтибор ва фаросат мебахшанд. Шахсе, ки дорои ин хислатҳо нест, дар шумори инсонҳои асил буда наметавонад, зеро шарму ҳаё ҳамчун зару зевар ва ороишоти бузург инсонро зебоиву фасоҳат ва бузургиву ҳашамат мебахшанд. Аз ифодаи Бедили бузург:

Ҳуснро бо арақи шарм тароват набувад,
Гули коғаз беҳ аз он гул, ки дар он шабнам нест.

Барҷост, ки гули коғазин низ дар шумори гулҳост, лекин чун рангу бӯ надорад, гулҳои зиндаро ҷойгир буда наметавонад. Инсон низ чӣ зану чӣ мард дар ҳолате, ки дорои хислатҳои бузурги инсонӣ, аз қабили иффату покдоманӣ, номусу ор, виҷдон, шарму ҳаё набошад, гумкардаи ҳаёти солим аст ва зиндагӣ дар ягон давру замон барояш таровате бахшида наметавонад.

Гарчӣ гул дар нозукӣ машҳур дар баҳру бар аст,
Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст.

Одамият дар зиндагӣ аз дигар махлуқоти зинда маҳз бо ана ҳамин хусусиятҳояш фарқ мекунад. Зеро ин хусусиятҳои ба инсон хос дар ҳама мавридҳо одамиятро ҳамчун зару зевар ва либосҳои киматбаҳо оро медиҳанд. Инсоне, ки орӣ аз ин гуна хислатҳост бевосита дар шумори ғайри одамиён аст. Шарму ҳаё ҳадди эътидолест, ки инсониятро то як андоза дар чорчӯбаи муайян нигоҳ медорад, намегузорад, ки беиффатона рафтор намояд, сухани беҷо гӯяд.
Мирзо Абдулқодири Бедил чун омӯзандаи хақиқати бузурги зиндагии ҷаҳону инсонофаранда қайд кардааст:

Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,
Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.

Бале, шарму ҳаё хислатҳои ҳамидаи ҳам занону ҳам мардон аст. Аз бадиҳо ҳазар ва аз носазоиҳо ор кунанд. Бо амали носазо намебояд даст зад. Аз пероҳани ҳаё мебояд пӯшид. Махсусан, занону духтаронро ҳаё, зебу зинат ва бузургӣ мебахшад. Бузурге гуфтааст: “Зани беҳаё ваҳшатнок аст, чун аждаҳор. Ин зан на лоиқи муҳаббат бувад на ҳурмат. Марди бономусу ор аз ин гуна зан мегурезад”. Бо зани беҳаё ҳатто дӯстӣ намебояд. Ҳамеша аз касони беҳаё ҳазар бояд кард, то покизаву осоишта, баору номус ва бо иффати баланд зиндагӣ кард.
“Аз сӯҳбати нокасону беҳаёҳон бипарҳез! Бо саҳро сӯҳбат кун, бо дарё сӯҳбат кун, бо дунё сӯҳбат кун” – гуфтааст соҳибхираде. Инсони соҳиби ақлу заковати бузург ҳамеша мекӯшад, ки аз амалҳои бад дар парҳез бошад. Ҳар як кас бояд ба андозаи худ дӯст, ёвар, маслиҳатчӣ ва ёр интихоб намояд. Чун ҳамқадам сазовори ӯ набошад, набояд бо ӯ дустӣ варзид, то нодону зишту бадкору беҳаё нагардид. Зеро бузургон гуфтаанд:

Бад бошӣ аз он, ки бо бадон омезӣ,
Бо дег чу биншастӣ сияҳ бархезӣ.

Имрӯзҳо дар ҷомеа бисёр касонеро вомехӯрем, ки новобаста аз муҳит, шароит ва шахсияти хеш ба амалҳои нохубу зиёновар, аз қабили кӯчагардӣ, дуздӣ, куштор, истеъмоли ҳар гуна маводи нашъаовар ва монанди ин амалҳое, ки шахсияти инсонро поймол мегардонанд, даст мезананд. Ҳатто аксарияти ин гуна афрод занону духтарони маҳаллии тоҷиканд, ки нангу номус ва ори ин миллати бузурги башариро паст менамоянд. Албатта, ин гуна касон мардумони бехирадешанд, ки чӣ будани шарму ҳаё, иффату риёро намедонанд.
Албатта, нокасонеанд, ки на танҳо кӣ будани худ, балки бузургии миллату давлату қавми хешро намедонанд.
Хулоса шарму ҳаё нишонаҳои инсони бузургеанд, ки аз хираду маънавиёт, номусу виҷдон – иффату риё ва поктинатию покдоманӣ хабар доранд.
Бо вуҷуди ҳамаи гуфтаҳои боло наметавон бо насиҳат дар вуҷуди ҳамаи касони беҳаё бузургии ин хусусияти инсони асилро ҷо кард. Наметавон аз нокасе покизакирдоре офарид, агар аз рӯзи азал Худованди мутаол ӯро дар дилу тинаташ ин хислатҳои бузургро ҷой надод. Танҳо ва танҳо бояд аз онон дар канор буд:

Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод!


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.