Бидонед, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби шогирд ин аз муаллим вобастааст ва баъд аз оила сарчашма мегирад. Кӯдаке, ки аз хурди бо ақлу тамиз аст, то охири умр ҳамин хел меравад ва инсоне, ки аз хурди бе ақлу бе фаросат бошад, ҳамин тавр ба балоғат мерасад. Ва аз ӯ умеде пойдор намешавад.
Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст, бигуй ҳашт:
1. Чун дарояд салом кунад ё салом диҳад;
2. Дар пеши устод кам сухан гуяд;
3. Сар дар пеш андозад;
4. Ба ҳар тараф нигоҳ накунад;
5. Агар хоҳад масъала пурсад, иҷозат гирад;
6. Чун ҷавоб гуяд эътироз накунад;
7. Дар пеши устод ба касе гушакӣ накунад;
8. Ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад.
Ҳамаи ин одобро шогирд аз мактаб меомӯзад. Мактаб муқаддастарин ҷой, сарчашмаи дарёи ақл, махзани илму дониш ва даргоҳи илму адаб аст. Мактабу китоб ин беминнат аст ва инсонро ба қуллаи баланди муродаш мерасонад. Зебогии инсонро мо дар одобу ахлоқ ва сират мебинем на дар сурат.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.