Аз ҳакиме пурсидаанд:
Одамро чӣ заруртар аст?
Гуфт: Ақл.
Гуфтанд: Агар он ноқис бошад?
Гуфт: Адаб.
Гуфтанд: Гар аз он ҳам бебаҳра бошад?
Гуфт: Пас, мурдан илоҷи ӯст.


Илм дар хурдӣ, нақш бар санг аст.
Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб.


Ақлу давлат қарини якдигаранд.
Ҳар киро ақл нест, давлат нест.
Саъдӣ


Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад,
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад.
Ҷалолиддини Румӣ


Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чу алмоси буррону теғи куҳан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сурох бурун оварад морро.
Абӯшакури Балхӣ


Тарҷумони дил аст нутқу забон,
Марзбони тан асту суду зиён.
Абулмаҷди Саноӣ


Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? Он ки бидонад,
Бадро зи наку боз накуро зи накутар.


Боядат мансаби баланд бикуш,
То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд.
На ба мансаб бувад баландии мард,
Балки мансаб шавад ба мард баланд.
Абдураҳмони Ҷомӣ


Ҳеҷ алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба Ватан нест.
Афлотун


Ҳар киро ҳубби ватан нест, номус не,
В-ар киро номус нест, саодат не.


Бикун некию дар дарёш андоз,
Ки рӯзе дар канорат оварад боз.
Фахриддини Гургонӣ


Ба даст овардани дунё ҳунар нест,
Якеро гар тавонӣ дил ба даст ор.
Саъдӣ


Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.