Воскресенье, Декабрь 8Вместе создадим светлое будущее!


100 панди ҳазрати Луқмони Ҳаким ба фарзанди арҷмандашон

Дар сад панде, ки ҳазрати Луқмони Ҳаким ба фарзанди арҷмандашон намудаанд, чунин омадааст:
1. Эй ҷони падар, Худои азза ва ҷалларо бишинос;
2. Ҳарчӣ аз панду насиҳат гӯӣ аввал худ ба он амал кун;
3. Сухан ба андозаи хеш гӯй;
4. Қадри мардумро бидон;
5. Ҳаққи ҳама касро бишинос;
6. Рози худро нигоҳ дор;
7. Ёрро ба вақти сухан биозмой;
8. Дӯстро бо суду зиён имтиҳон кун;
9. Аз мардуми аблаҳу нодон бигрез;
10. Дар кори хайр ҷидду ҷаҳд намоӣ;
11. Дар корҳо таъҷил макун;
12. Тадбир бо мардуми муслиҳу доно кун;
13. Дӯсти зираку доно гузин;
14. Сухан ба ҳуҷҷат гӯй;
15. Ҷавониро ғанимат дон;
16. Ба ҳангоми ҷавонӣ кори ду ҷаҳонӣ рост кун;
17. Ёрону дӯстонро азиз дор;
18. Бо дӯсту душман абрӯ кушода дор;
19. Падару модарро ғанимат дон;
20. Устозро беҳтарин падар шумор;
21. Харҷ ба андозаи дахл кун;
22. Дар ҳама кор миёнарав бош;
23. Ҷавонмардӣ пеша кун;
24. Хидмати меҳмон ба воҷибӣ адо кун;
25. Дар хона ки дароӣ, чашму забон нигоҳ дор;
26. Ҷомаву тан пок дор;
27. Бо ҷамоат ёр бош;
28. Фарзандро илму адаб биёмӯз;
29. Маргро ҳамеша дар хотир дор;
30. Аз кафшу мӯза ки пӯшӣ, ибтидо аз рост кун ва баровардани он аз пои чап гир;
31. Бо ҳар кас кор ба андозаи ӯ кун;
32. Шаб чун сухан гуӣ, оҳиста ва нарм гӯй;
33. Кам хӯрдан, кам хуфтан ва кам гуфтанро одат кун;
34. Ҳар чӣ ба худ написандӣ ба дигарон маписанд;
35. Корҳо бо донишу тадбир кун;
36. Ноомӯхта устодӣ макун;
37. Бо кӯдакон роз магӯй;
38. Ба хайри касон дил манеҳ;
39. Аз бадаслон чашми вафо мадор;
40. Бе андеша дар кор машав;
41. Нокардаро карда машумор;
42. Кори имрӯзаро ба фардо магузор;
43. Бо бузургон аз худ мазоҳ макун;
44. Бо мардуми бузург сухан дароз магӯй;
45. Бо девонаву маст сухан магӯй;
46. Ҳоҷатмандро навмед макун;
47. Хусумати мардум ба хеш магир;
48. Хайри касонро ба хайри худ маёмез;
49. Моли худро ба дӯсту душмани худ манамой;
50. Хешовандӣ ва хешовандон мабур;
51. Касоне, ки нек бошанд, ба ғайбат ёд макун;
52. Ба худ манигар;
53. Ҷамоат, ки истода бошанд, ту низ мувофиқати ҳама кун;
54. Ангуштон ба ҳам магузор;
55. Дар пеши мардум хилоли дандон макун;
56. Оби даҳону бинӣ бо овози баланд маяндоз;
57. Дар фоза (хамёза) даст бар даҳон неҳ;
58. Ангушт дар бинӣ макун;
59. Сухан ба ҳазл омехта магӯй;
60. Баҳри суду зиён обрӯи худ марез;
61. Мардумро дар пеши мардум хиҷил макун;
62. Ғаммозӣ (чашмакзанӣ) бо чашму абрӯ макун;
63. Сухани гуфта дигар бор махоҳ;
64. Аз сухане, ки ханда ояд ҳазар кун;
65. Санои худ ва аҳли худ ба пеши кас магӯй;
66. Худро чун занон маёрой;
67. Ҳаргиз ба муроди фарзанд мабош;
68. Забон нигаҳ дор;
69. Дар вақти сухан даст маҷунбон;
70. Ҳурмати ҳама касро пос дор;
71. Ба бадомези касон ҳамдастон машав;
72. Мурдаро ба бадӣ ёд макун, ки суд надорад;
73. То тавонӣ ҷангу хусумат масоз;
74. Қувватозмой мабош;
75. Озмудаи касро ҷуз ба салоҳ мабар;
76. Нони худро бар сурфаи дигарон махӯр;
77. Аз моли касе тамаъ кун;
78. Барои дунё худро дар ранҷ маяфкан;
79. Ҳар кӣ худро бишиносад, ӯро бишинос;
80. Дар ҳолати ғазаб сухан фаҳмида гӯй;
81. Бо остин бинӣ пок макун;
82. Ба вақти баромадани офтоб махусп;
83. Пеши мардум ғизо махӯр;
84. Аз бузургон ба роҳ пеш марав;
85. Миёни сухани мардум маё;
86. Пеши кас сар ба зону манеҳ;
87. Чапу рост манигар, балки назар ба сӯи замин бидор;
88. Бо фориғон ва авбошон ба сари маҳалҳо манишин;
89. Пеши меҳмон ба кас хашм макун;
90. Меҳмонро кор мафармой;
91. Аз ҷангу фитна бар канор бош;
92. Фурӯтан(хоксор) бош;
93. Бо халқи Худо боинсоф бош;
94. Бо бузургон ба хидмат бош;
95. Бо хурдон ба шафқат бош;
96. Бо дарвешон бо саховат бош;
97. Бо дӯстону ёрон ба насиҳат бош;
98. Бо душманон ба ҳилм бош;
99. Бо ҷоҳилон ба хамӯшӣ бош;
100. Бо оламиён ба тавозӯъ(хоксор) бош.
Баъди ин насиҳатҳо ҳазрати Луқмон(р) писари хешро гуфтанд:
“Эй нури чашмонам, ман ин се ҳазор калима, ки дар насиҳат гуфтам, се калима аз он баргузидам, аз он дуяшро ёддор ва якеашро фаромӯш кун. Он дуро, ки гуфтам ёд дор, яке Худои таъоло ва дигаре маргро ёд дор. Ва он якеро, ки гуфтам фаромӯш кун, агар ба касе некӣ кунӣ, онро фаромӯш кун”.
(Пандномаи Луқмони Ҳаким)

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.