1. Чаҳор чиз обурӯйро мерезонад: дурӯғ, бешармӣ, пурсидан бе зарурат (гадоӣ) ва гуноҳи бисёр;
2. Китобҳо меҳмонони хубрӯи лол мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ аз касе озурда намегарданд.., аммо онҳо ором ва ҳамсуҳбатонӣ нотакроранд;
3. Омӯзгорӣ ишқ аст. Чунин ҷойгоҳе ҳаргиз ба дасти ғайр мабод;
4. Дар талаби илм то ба гӯшаҳои олам низ роҳ рав;
5. Мероси гарон пурарзиштар аз ростӣ ва дурустӣ нест;
6. Ба аъмоле, ки пас аз маргат бароят фоида мерасонад, бикӯш;
7. Андешаҳо ба сўи умед мечарханд;
8. Умри ҷавонатро ғанимат дон, чун медонӣ ҷовидон нестӣ;
9. Пайваста дар кори хайр бикӯш ва гунаҳи дӯсти худ дидӣ, бипӯш;
10. Аз нодон бипарҳез, зеро дар рӯзи сахтӣ бароят зиён хоҳад овард;
11. Бузургонро қадр кун, аз онҳо боло магузар, ту худ андеша кун ва аз онҳо баҳра бубар;
12. Касе, ки хирад надорад ҳамвора аз кардаҳои худ пушаймон ва дар ранҷ аст;
13. Ин ки ташна бимирам беҳтар аз он аст, ки ваъдаамро хилоф кунам;
14. Тафовути инсонҳо дар доштан ва надоштани истеъдодҳо нест, балки дар чигунагии истифода аз он аст;
15. Қурбоққа, ки ба арши тилоӣ гузошта шавад боз ба ҳамон қулмоқ мепарад;
16. Одатҳои писандида зеварҳои тоза ва нав ҳастанд, ки куҳна намешаванд, фикр оинаи пок ва соф аст;
17. Сахтиҳои бузург ба одамӣ нерӯи дучандон мебахшад;
18. Дониш арзиши онро дорад, ки ранҷҳо бикашӣ;
19. Он қадар ташвиқ кунед, ки ташвиқ нашудан танбеҳ бошад;
20. Ҳеҷ чизе хубтар аз забон нест агар хуб шавад ва ҳеҷ чизе бадтар аз он нест агар бад шавад;
21. Худованд барои мо ду гуш ва як забон офаридааст, то шуниданамон бештар аз гуфтанамон бошад;
22. Мардумро дар ғайб ҳамон гӯй, ки дар пеши рӯй тавонӣ гуфт;
23. Агар ҳама метавонистанд аз истеъдодҳои худ дуруст баҳра бигиранд, дунё ҳамон биҳишти мавҷуда мешуд, ки ҳама мехоҳанд;
24. Аз иштибоҳоти худ шарманда нашавед ва онро ҷурм надонед;
25. Шикаст беш аз мувафақият омӯзанда аст, касе, ки ҳеҷ гоҳ иштибоҳ намекунад ҳаргиз ба ҷое намерасад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.


Уважаемые посетители! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.