Суббота, 4 апреляВместе создадим светлое будущее!


Советы и постановления

Советы и постановления

100 панди хазрати Лукмони Хаким ба фарзанди арчмандашон

Советы и постановления
Дар сад панде, ки ҳазрати Луқмони Ҳаким ба фарзанди арҷмандашон намудаанд, чунин омадааст: 1. Эй ҷони падар, Худои азза ва ҷалларо бишинос; 2. Ҳарчӣ аз панду насиҳат гӯӣ аввал худ ба он амал кун; 3. Сухан ба андозаи хеш гӯй; 4. Қадри мардумро бидон; 5. Ҳаққи ҳама касро бишинос; 6. Рози худро нигоҳ дор; 7. Ёрро ба вақти сухан биозмой; 8. Дӯстро бо суду зиён имтиҳон кун; 9. Аз мардуми аблаҳу нодон бигрез; 10. Дар кори хайр ҷидду ҷаҳд намоӣ; 11. Дар корҳо таъҷил макун; 12. Тадбир бо мардуми муслиҳу доно кун; 13. Дӯсти зираку доно гузин; 14. Сухан ба ҳуҷҷат гӯй; 15. Ҷавониро ғанимат дон; 16. Ба ҳангоми ҷавонӣ кори ду ҷаҳонӣ рост кун; 17. Ёрону дӯстонро азиз дор; 18. Бо дӯсту душман абрӯ кушода дор; 19. Падару модарро ғанимат дон; 20. Устозро беҳтарин падар шумор; 21. Харҷ ба андозаи дахл кун;
10 панду андарзхои бехтарин

10 панду андарзхои бехтарин

Советы и постановления
1. Ҳамонгуна, ки оби чашма сабаби ҳаёти киштзор аст оби чашм сабаби ҳаёти қалб аст; 2. Ханда бузургтарин аслиҳа дар ҷанги зиндагист, умедворам ҳамеша мусаллаҳ бошед; 3. Шахсияти одамҳоро аз тариқи кирдорашон тавсиф кунед то ҳаргиз фиреби гуфторашонро нахуред; 4. Дусте, ки маънои ашкҳои шуморо мефаҳмад, арзиши хеле бештар аз ҳазорон дустест, ки фақат лабхандатонро мешиносанд; 5. Ҳаргиз касеро, ки пайваста дар ҳоли пешрафт аст, дилсард накунед, агар чӣ ин ки он пешрафт ба оҳистагӣ сурат гирад; 6. Тарзи сухангуии инсонҳо баёнгари тарзи тафаккури онҳост. Мусбат бияндешем ва мусбат бигуем то қувваи мусбати худро ба дигарон мунтақил кунем; 7. Агар бозингари зиндагии худ набошӣ, бозичаи он хоҳӣ шуд; 8. Хато кардан як кори инсонист, аммо такрори он як кори ҳайвонист; 9. Сарнавишти ояндаи мо аз куш

Панду андарзхои ниёгон

Советы и постановления
Аз ҳакиме пурсидаанд: Одамро чӣ заруртар аст? Гуфт: Ақл. Гуфтанд: Агар он ноқис бошад? Гуфт: Адаб. Гуфтанд: Гар аз он ҳам бебаҳра бошад? Гуфт: Пас, мурдан илоҷи ӯст. Илм дар хурдӣ, нақш бар санг аст. Мояи бузургӣ илму адаб аст, на аслу насаб. Ақлу давлат қарини якдигаранд. Ҳар киро ақл нест, давлат нест. Саъдӣ Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад, Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад. Ҷалолиддини Румӣ Шунидам, ки бошад забони сухан, Чу алмоси буррону теғи куҳан. Сухан бифканад минбару дорро, Зи сурох бурун оварад морро. Абӯшакури Балхӣ Тарҷумони дил аст нутқу забон, Марзбони тан асту суду зиён. Абулмаҷди Саноӣ Донӣ, ки сухандон кӣ бувад? Он ки бидонад, Бадро зи наку боз накуро зи накутар. Боядат мансаби баланд бикуш, То ба фазлу ҳунар кунӣ пайванд. На ба мансаб бувад баландии мард, Балки м

11 тарзхои дурусти одоби хурдан

Советы и постановления, Этика и эстетика
1. Шустани дасту даҳон қабл ва баъд аз хӯрдани ғизо мӯҷиби баракати ғизо аст; 2. Қабл аз хӯрдани ғизо «Бисмил-л-Лоҳ» бигӯй; 3. Бо дасти рост бихӯр; 4. Аз ҷулӯи худ ғизо бихӯр, яъне ба ҳар тарафи коса даст наандоз ва аз пеши худат бихӯр; 5. Ҳаргиз бо дасти чап хӯрду нӯш макун, зеро шайтон бо дасти чап мехӯрад ва менӯшад; 6. Ҳар касе дар косае ғизо бихӯрад ва баъди онро соф кунад (яъне ҳеҷ ғизое дар он намонад ва комилан тамиз шавад), коса барояш дуои хайр мекунад; 7. Ҳар гоҳ луқмае аз дастатон афтод (дар ҷои тамиз), он чиро, ки бар он часпида ҷудо намуда ва бихӯред ва барои шайтон нагузоред. Ҳар гоҳ аз ғизо фориғ шудед, қабл аз шустан ангуштонро билесед, зеро шумо намедонед дар кадом қисмати ғизо баракат вуҷуд дорад; 8. Аз васати коса нахӯред, балки аз канорҳо бихӯред, зеро дар васати коса

Тарзхои одоби шогирдон нисбати муаллимон

Советы и постановления, Этика и эстетика
Бидонед, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар ки бе устод коре кунад бебунёд бошад. Одоби шогирд ин аз муаллим вобастааст ва баъд аз оила сарчашма мегирад. Кӯдаке, ки аз хурди бо ақлу тамиз аст, то охири умр ҳамин хел меравад ва инсоне, ки аз хурди бе ақлу бе фаросат бошад, ҳамин тавр ба балоғат мерасад. Ва аз ӯ умеде пойдор намешавад. Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст, бигуй ҳашт: 1. Чун дарояд салом кунад ё салом диҳад; 2. Дар пеши устод кам сухан гуяд; 3. Сар дар пеш андозад; 4. Ба ҳар тараф нигоҳ накунад; 5. Агар хоҳад масъала пурсад, иҷозат гирад; 6. Чун ҷавоб гуяд эътироз накунад; 7. Дар пеши устод ба касе гушакӣ накунад; 8. Ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад. Ҳамаи ин одобро шогирд аз мактаб меомӯзад. Мактаб муқаддастарин ҷой, сарчашмаи дарёи ақл, махзани илму дон

25 панду хикматхои бехтарин

Советы и постановления
1. Чаҳор чиз обурӯйро мерезонад: дурӯғ, бешармӣ, пурсидан бе зарурат (гадоӣ) ва гуноҳи бисёр; 2. Китобҳо меҳмонони хубрӯи лол мебошанд, ки ҳеҷ гоҳ аз касе озурда намегарданд.., аммо онҳо ором ва ҳамсуҳбатонӣ нотакроранд; 3. Омӯзгорӣ ишқ аст. Чунин ҷойгоҳе ҳаргиз ба дасти ғайр мабод; 4. Дар талаби илм то ба гӯшаҳои олам низ роҳ рав; 5. Мероси гарон пурарзиштар аз ростӣ ва дурустӣ нест; 6. Ба аъмоле, ки пас аз маргат бароят фоида мерасонад, бикӯш; 7. Андешаҳо ба сўи умед мечарханд; 8. Умри ҷавонатро ғанимат дон, чун медонӣ ҷовидон нестӣ; 9. Пайваста дар кори хайр бикӯш ва гунаҳи дӯсти худ дидӣ, бипӯш; 10. Аз нодон бипарҳез, зеро дар рӯзи сахтӣ бароят зиён хоҳад овард; 11. Бузургонро қадр кун, аз онҳо боло магузар, ту худ андеша кун ва аз онҳо баҳра бубар; 12. Касе, ки хирад надорад ҳамвора а