Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикояи тамсилӣ №16

Як ҷавонмарде назди хирадманд меояд, ба амалҳои норавои худ иқрор мешавад ва мегуяд:
– Ман дар назди одамон туро ғайбат кардам. Аз ту бахшиш пурсидан мехоҳам.
Хирадманд тасмим мегирад, ки ба он ҷавонмард роҳи ростро нишон диҳад. Аз ҳамин сабаб, ба ӯ мефармояд: – Ба хонаат рав, парҳои болинатро бигир, ба болои бино баромада, онро ҳаво деҳ ва баъд назди ман биё.
Ҷавон ба хонааш меравад, корҳои фармудаи хирадмандро иҷро мекунад ва баъд ба назди ӯ меояд. Ин навбат хирадманд мефармояд, ки акнун рафта, ҳамаи парҳои ҳавододаашро ҷамъ карда биёяд.
Ҷавон ҳайрон мешавад ва каме ба фикр фуру меравад: -Акнун ман чӣ тавр ҳамаи онҳоро ҷамъ мекунам? Охир, он ҳама пароканда аст: яке дар як кунҷи шаҳр, дуюмин дар кунҷи дигар, сеюмин дар шохи дарахт ниҳон аст ва ғайра.
Хирадманд ин ҳолати ҷавонро дарк карда, уро насиҳат мекунад: -Дидӣ, дусти азизам. Онҳоро ҷамъ кардан ғайриимкон аст. Ту намедонӣ, ки онҳо дар кадом ҳолатанд. Одамони ношинос онҳоро поймол мекунанд, дигарон месузонанд. Ҳамин тавр, сухане, ки аз даҳони мо мебарояд, базуди паҳн мешавад ва онро баргардонида намешавад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.