Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикояи тамсилӣ №15

Як писарбачае тақрибан 7-8 сола ба тарабхона меояд. Пешхизмат назди ӯ ҳозир мешавад. Писарак аз ӯ мепурсад: – Яхмоси шоколадӣ доред?
– Албатта.
– Чанд сомонӣ?
– 5 сомонӣ.
Писарак пулашро аз кисааш мегирад, мешуморад ва мепурсад: – Яхмоси арзонтар доред? Пешхизмат ҷавоб медиҳад: – Ҳа, яхмоси 2,5-сомона низ дорем.
Вақте, ки писарак пули худро аз нав мешумурд, пешхизмат ба ӯ бо нигоҳи сард менигарист, зеро ӯро дар мизи дигар мизоҷон интизор буданд. Дар охир, писарак ба гирифтани яхмоси 2,5-сомона розӣ мешавад. Пешхизмат яхмосро меорад, ба руйи миз мегузорад ва тез аз назди ӯ меравад. Писарбача яхмосро мехурад, пулашро ба хазина месупорад ва меравад. Баъд аз рафтани ӯ пешхизмат барои тоза кардани мизи ӯ меояд ва дар ҳайрат мемонад, зеро дар назди қуттии яхмос – 2,5 сомонӣ чойпулӣ (чаевые) гузошта шуда буд. Ҳеч гоҳ ба шахс сабаби амалҳои уро надониста баҳо надиҳед!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.