Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикояи тамсилӣ №14

Тоҷире ба хотири тиҷорати худ ба Африка меояд, як марди африкоӣ барояш харидани санги қимматбаҳое, ки мисли зардии тухм ҳаҷм дошт, пешниҳод мекунад. Тоҷир он санги гаронарзиш – алмосро бо қимати нисбатан арзон мехарад. Чун аз сафар ба ватан баргашт, назди заргар рафт, то арзиши аслии алмосро муайян кунад. Заргар бо минокл муоина намуд, гуфт, ки ин алмос аз мобайнаш мӯй барин рах дорад, яъне шикастааст, ки бо чашм намебинед. Агар ин гуна нуқс намедошт, қимати баландро соҳиб буд. Заргар ҳамчунин афзуд, ки ин алмосро заргари бомаҳорат аз ҷойи рахи шикастааш ба ду тақсим карда тавонад, дар он сурат ду ашёи гаронбаҳои ороишӣ тайёр намудан мумкин аст ва ба ин роҳ арзиши аслиаш барқарор мегардад. Аммо худ иҷрояшро бар уҳда нагирифт. Ҳамин тавр, тоҷир ба ҳар шаҳр ва ё давлате мерафт, он ҷо заргари ботаҷрибаро меҷуст, то алмосашро ба ду ҳиссаи баробар тақсим намуда, аз он чизе бисозанд, вале аз он ки он санг гаронбаҳо буд, ҳама заргарон меҳаросиданд, ки шояд он санг нодуруст шиканад ва барои додани товонаш масъул гарданд. Иттифоқо, дар яке аз давлатҳои Аврупо заргари муйсафеде анҷоми ин корро бар душ гирифт. Тоҷир ва заргари муйсафед дар бобати аз алмос чиҳо бояд омода шавад ва хаққи хидмат ба мувофиқа расиданд. Ин ҳангом аз дасти тоҷир заргари куҳансол алмосро гирифту ба шогирдаш – писарбачаи тахминан 12-13 сола дод ва ба ӯ фармуд, то санги қимматбаҳоро ду тақсим карда диҳад. Писарбача сангро гирифта, ба матое печонд ва бо болғача бизад. Он ба ду ҳиссаи баробар тақсим гашт. Тоҷир дар ҳайрат афтод, ки агар ин шогирди муйсафед то ба ин ҳад моҳир бошад… Ва пурсид, ки ин шогирд чанд муддат аст, ки асрори заргарй меомузад. Муйсафед гуфт, ки се руз аст, ки шогирдӣ мекунад. Тоҷирро ҳайраташ боз афзуд ва пурсон шуд, ки агар ҳамин тавр аст, пас, чаро ба ин писарбача ҳамин қадар санги қимматбаҳоро бовар намуд. Заргари пир посух дод, ки аслан масъала дар ҳамин аст – ин шогирд қиммати сангро намедонад, аз ин хотир, бе ҳеҷ гуна андешаву тарс алмосро гирифту ду пора намуд. Чун худам гирифта мешикастам, аз тарси он, ки шояд нодуруст пора шавад, дастонам меларзиданд.
ИН ҲИКОЯТ ЧӢ ҲИКМАТ ДОРАД, ХОНАНДАИ АЗИЗ?!


Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.