Четверг, Ноябрь 21Вместе создадим светлое будущее!


Ҳикояи тамсилӣ №11

Кӯдаке бо шӯхӣ ва ҷиддӣ бисёр дурӯғ мегуфт. Рӯзе канори дарё шино менамуд ва худро ғарқшаванда вонамуд карда, фарёд мезад: кӯмак! кӯмак!…. ғарқ мешавам. Дӯстонаш ба ёриаш шитофтанд ва диданд, ки ӯ онҳоро фиреб дода, механдад. Писарак ин амали худро чанд бор такрор намуд. Дар яке аз ин мавридҳо мавҷе боло омад ва қариб буд, ки писарак ғарқ шавад. Писарак ба фарёд задан ва кӯмак хостан шурӯъ кард, вале дӯстонаш гумон карданд, ки ӯ боз мисли ҳамеша ба онҳо дурӯғ мегӯяд, аз ин рӯ ба кӯмаки ӯ нарафтанд. То он, ки раҳгузаре фарёди ӯро шуниду ба ёриаш шитофт ва наҷоташ дод. Писарак ба дӯстонаш гуфт: “Худованд маро ба хотири дурӯғ гуфтанам муҷозот кард. Баъд аз ин дигар ҳаргиз дурӯғ нахоҳам гуфт. Аз он пас он писар дигар ҳаргиз дурӯғе нагуфт”.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Уважаемые читатели! Просим вас, оставляя комментарии, уважать друг друга и не злоупотреблять свободой слова.
Администрация сайта будет удалять:
1. Комментарии с грубой и ненормативной лексикой.
2. Оскорбления, угрозы и непристойные высказывания.
3. Высказывания, разжигающие национальную, религиозную и прочую рознь и вражду.
4. Комментарии, содержащие другие нарушения законодательства и прав граждан.
5. Комментарии, рекламирующие и продвигающие другие веб-ресурсы, товары и услуги, а также комментарии, не имеющие отношения к дискуссии.

Пользователи, которые нарушают эти правила грубо или систематически, будут заблокированы.